Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


Хамкори бо дигар созмонхои байналмилали

Боназардошти сатхи кунунии камбизоати ва махдудияти бучети давлати, Точикистон ба кумаки калон, бахусус дар шакли карзхои беподош ниёз дорад. Хангоми чаласаи 4-уми Гурухи машварати мохи майи соли 2003 донорхои дучониба ва бисёрчониба ваъда доданд, ки дар се соли наздик 900 млн. долл. ИМА чудо намоянд, аз чумла 200 млн. долл. ИМА чун ёрии башардустона.Боназардошти сатхи кунунии камбизоати ва махдудияти бучети давлати, Точикистон ба кумаки калон, бахусус дар шакли карзхои беподош ниёз дорад. Хангоми чаласаи 4-уми Гурухи машварати мохи майи соли 2003 донорхои дучониба ва бисёрчониба ваъда доданд, ки дар се соли наздик 900 млн. долл. ИМА чудо намоянд, аз чумла 200 млн. долл. ИМА чун ёрии башардустона. Ин хачм назар ба хачми ваъдаи соли 2001 дар чаласаи дар Токио барпошуда эълонгашта хеле зиёд аст (дар Токио 400 млн. долл. ИМА ваъда шуда буд, вале то мохи майи соли 2002 танхо 233 млн. долл. ИМА чудо карда шуд). Кумак асосан ба БСМК асос меёбад ва барои максади бехдошти шароити ичтимои (тандурусти, маориф ва рафъи камбизоати), инфраструктура, идоракуни ва хадамоти давлати равона карда шудааст. Дар БСМК сектори хусуси мавкеи начандон калонро ишгол менамояд, вале дигар дорнорхо ахамияти мухими инвеститсияхои хусуси ва хусусияти пурракунии байнихамдигарии ин инвеститсияхоро бо инвеститсияхои БААР тасдик менамоянд. Дар сектори давлати новобаста аз хачми калони маблагхои чудошаванда, донорхоро чун пештара набудани афзалиятнокии аник муайяншудаи лоихахое, ки бояд тавре тахия карда шаванд, ки тадричан вобастагии кишварро ба грантхои беруна кам кунанд, ба ташвиш меоварад. Дар сохаи инфраструктура чой доштани чунин проблемахо ба мувофики максад будани услуби тичоратие, ки якчоягии инвеститсияхои хусуси ва маблаггузории ММБ ва грантхои донорхоро ба максади кам кардани таъсири ба истилох “мушкилоти дастраси” дар назар дорад, ишора менамоянд.
Точикистон яке аз кишвархое мебошад, ки дар ташаббуси ИДМ-7 – ташаббуси байналхалкие, ки барои рафъи камбизоати ва таъмини рушди бемайлони иктисоди ва хизматрасонии карзи берунаи кишвархои ИДМ бо хачми пасти даромад равона шудааст, иштирок менамояд. Ба ин ташаббус хафт кишвари ИДМ шомиланд, ки дарачаи пасти даромад ва карзи зиёди беруна дошта, он бо дастгирии чор сарпараст (БРО, БААР, ХБА ва БЧ) ва гурухи донорхо ва кредиторхои дучониба дастгири карда мешавад.
Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА)
ХБА бо Точикистон аз майи соли 1996 хамкори менамояд. Аз соли 1998 хукумати Точикистон барномаи ислохоти иктисодиро дар асоси муохидаи сесола дар чахорчубаи механизми мубориза бо камбизоати ва таъмини рушди иктисоди (100,3 млн. ХМИ) амали мегардонад. Тавассути ММКТР дар мачмуъ 78,3 млн. ХМИ чудо карда шуда буд, вале ин чараён аз сабаби суст шудани ислохот дар сохаи сохтор декабри соли 2001 вайрон карда шуд. Сарфи назар аз ин, хукумат ба таври каноатбахш барномаи мониторинги штатиро (БМШ) ичро намуд, ки он нимаи аввали соли 2002-ро дар бар мегирифт. Дар давоми як катор машваратхо аз руи моддаи IV ХБА ба пешрафти босуръати иктисоди дар Точикистон бахои мусби дода, аз дар дарачаи баланди сатхи бекурбшави ва проблемахо дар сохаи ислохоти сохтори изхори нигарони намуд. Мохи декабри соли 2002 ХБА ММКТР-и навро ба маблаги 65 млн. ХМИ (87 млн. долл. ИМА) барои се соли оянда тасдик намуд. Ин барнома дар чараёни татбикшави карор дошта, шархи нахустини натичахои он аз руи тахминхо мохи июли соли 2003 хотима меёбад. БААР бо ХБМ аз руи масъалахои макроиктисоди робитаи зич мукаррар кардааст.
Гурухи Бонки чахони
Точикистон соли 1993 узви БЧАР ва АБР ва соли 1994 аъзои КБМ гардид. То алхол кумак аз тарафи БЧ дар мубориза бо камбизоати, пешниходи машваратхо дар масоили сиёси, сохтмони ташкили, маблаггузори ба талаботи баъдичанги тавассути лоихахои баркарорсози ва чихозони, инчунин сафарбар кардани захирахо тачассум меёфт. Ба манфиати табакахои кашшоктарини ахолии дехот, ахамияти махсус ба таъсиси механизмхои додани воситахои истехсолоти махсулоти кишоварзи аз давлат ба ашхоси хукуки, тахкими хавасмандгардони ва маблаггузори ба инфраструктураи дехот дода мешавад. Ин амал бо инвеститсияхо ба системаи тандурусти ва маориф, инчунин сохаи ичтимои пурра гардонда мешавад. Дар холати мохи сентябри соли 2002 АБР барои 20 амалиёт 302 млн. долл. ИМА чудо намуд, ки аз онхо 45,5 млн. долл. ИМА аз худ карда шудааст. 11 амалиёт ба маблаги 151,1 млн. долл. ИМА дар чараёни ичроиш карор доранд. Нисбати карз барои азнавсозии сохтори (КСК II) хукумат натавонист, ки ду шарти мухимро ичро намояд ва чудо кардани навбати дуюми маблаг бинобар ичро нашудани шартхои зерин ба таъхир афтод: анчом додани аудити КАТ тибки СБХМ ва тахияи накшаи нави хусусигардонии корхона. Айни хол хукумат барои ичрои ин шартхо кор бурда истодааст. БААР ба омодасозии КСК II кумак расонида истодааст, аз чумла дар сохахои телекоммуникатсия ва наклиёти хавои.
То айни замон КБМ амалиёти зеринро маблаггузори кардааст:
а) амалиёти калонро дар бобати истихрочи тилло (Зарафшон/Нелсон), ки аз ин амалиёт баъди якчанд ноомади хорич шуд,
б) ду амалиёти тичорати (магозаи калони хуроквори ва лоихаи коркарди мармар ва хоросанг),
в)ширкати аудитии Точикистону Италия ва г) маблаггузори ба сармояи ТСБ (аз он КБМ дар як вакт бо БААР баромад). Дар асоси хамкории БААР бо КБМ маблаггузори ба сармояи ТСБ анчом дода шуд, омодасозии лоихаи КХХ маблаггузори карда шуда, бо хукумат дар масъалаи КАТ муколамаи сиёси идома дорад.
Ба кариби стратегияи нави БЧ дар масъалахои кумак ба кишвархо (СКК) (80 млн. долл. ИМА барои солхои 2003-2005) кабул гардид, ки дар он се вазифаи асоси мукарар карда шудааст: тахкими кумак ба ахолии махалли, инкишофи фаъолияти сохибкории хусуси ва тахкими институтхои иктисоди бозори.
Бонки рушди Осиё
Мохи апрели соли 1998 Точикистон узви Бонки рушди Осиё (БРО) гардид ва то ба имруз БРО лоихахоро ба маблаги умумии 172,9 млн. долл. ИМА маблаггузори кард. Соли 1998 БРО лоихаи аввалини вобаста ба кредит барои барномаи инкишофи баъдичангии инфраструктураро (20 млн. долл. ИМА) ба максади дастгирии ислохот дар сохахои наклиёт ва энергетика тасдик намуд. Соли 1999 БРО ду лоиха – лоихаи баркарорсозии сохаи ичтимои (20 млн. долл. ИМА) ва лоихаи фавкуллодаи бартарафсозии окибатхои обхезиро (5 млн. долл. ИМА) маъкул донист. Соли 2002 боз се лоихаи дигар ба маблаги умумии 57,6 млн. долл. ИМА –лоихаи азнавсозии роххои автомобилгард, лоихаи азнавсози дар сохаи истехсоли неруи барк ва лоихаи таъмири бетаъхири системаи обёрикунии Ёвон тасдик шуданд. Соли 2002 БРО чор лоихаро тасдик намуд (ба маблаги умумии 70,3 млн. долл. ИМА) – лоихаи корхои тармиму таъмири, барномаи дастгирии инкишофи тичорати минтакави ва хамкории гумруки, баркарорсозии кишоварзи ва чихозонии шабакаи минтакавии интиколи барк. Дар стратегия ва барномаи охирини БРО барои Точикистон (барои солхои 2003-2005) хар сол чудо кардани 40 млн. долл. ИМА барои кумак ба сохаи тараккиёти ичтимои, энергетика, кишоварзи, идоракуни ва инфраструктура пешбини шудааст. Тавре ки каблан зикр шуда буд (хамкории минтакави), БААР алхол якчоя бо БРО лоихаи маблаггузории муштараки системаи минтакавии интиколи баркро кор карда баромада истодааст.
Барномаи рушди Созмони Милали Муттахид
Барномаи рушди Созмони Милали Муттахид (БРСММ) дар Точикистон аз соли 1994 дар се сохаи васеъ фаъолият мекунад – чори кардани меъёрхои софдилонаи идоракуни ва барпо кардани имконоти институтсионали дар микёси милли, баркарорсози, азнавсози ва инкишоф, инчунин хифз ва истифодаи окилонаи захирахои табии. Гайр аз ин, БРСММ барои ба даст овардани максади рушд дар пойгахи хазорсолаи нав кушиш намуда, ба ин сохахо, аз чумла шаклхои демократии идоракуни, рафъи камбизоати, пешгирии бухронхо, энергетика ва эколгия, ТИК ва НМБИ диккати асоси медихад.
Созмони рушди Ого Хон
Созмони рушди Ого Хон (СРОХ) дар Точикистон аз соли 1992 фаъолият дорад ва зиёда аз 150 млн. долл. ИМА-ро барои барномахои гуногун чалб намуд, ки онхо аз чониби худи Созмон, ташкилотхои “Имомати Исмоилиён” ва “Чамъияти исмоили” дар тамоми чахон, инчунин аз воситахои шарикони донораш маблаггузори мешаванд. Дар ибтидо он ба халли проблемахои марбут ба мубориза бо маводи мухаддир ва расонидани ёрии башардустона машгул буд. Имруз фаъолияти он ба ислохоти сохаи кишоварзи, тандурусти, маориф, баланд бардоштани сатхи инфраструктура ва масоили фарханги пахн мегардад. Гайр аз ин, СРОХ ба маблаггузори ба сектори молияви, аз чумла карздихи ба корхонахои хеле хурд шуруъ намуд ва дар ин чода БААР масъалаи дурнамои ба рох мондани хамкориро бо он мавриди барраси карор медихад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.