Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Сохторҳои ташкилӣ дар идоракунии ташкилот

Мафҳуми системаи менеҷменти ташкилот – вазифаҳои махсуси роҳбари ва идоракунии кормандони гурўҳи меҳнати доир ба фаъолияти қонеъ гардонидани талаботи харидорон ба молҳои истеъмолӣ.1. Мафҳумҳои системаи менеҷменти ташкилот.
2. Марҳила ва усулҳои балоиҳагирии сохторҳои ташкилии корхонаҳо
3.Принсипҳои ташаккулёбии сохтори идоракунии ташкилот

1. Мафҳумҳои системаи менеҷменти ташкилот
Мафҳуми системаи менеҷменти ташкилот – вазифаҳои махсуси роҳбари ва идоракунии кормандони гурўҳи меҳнати доир ба фаъолияти қонеъ гардонидани талаботи харидорон ба молҳои истеъмолӣ.
Системаи менеҷменти ташкилот – ҷамъи унсурҳои системаи бутуни ба тартиб даровардашуда, бо ҳам алоқаманд, муносибати устувор доштаи сохтори корхона, ки фаъолиятгузаронӣ ва рушди онро таъмин менамояд.
Сохтори ташкилии корхона – системаи махсуси бутун, ки гурўҳи меҳнатӣ бо воситаи он ба мақсади гузошташуда мерасанд.
Сохтори идоракунии корхона – алоқаҳои ба тартиб даровардашудаи идоракунии унсурҳои алоҳидаи корхона ва қайати кормандони онҳо, ки барои ҳалли вазифаҳои мақсади ба миён меоянд.
Дар байни сохторҳои ташкилӣ ва идоракунии ташкилот алоқамандии зич мавҷуд аст. Сохтори ташкилӣ барои тақсимоти меҳнат дар байни шўъбаҳо, гурўҳҳо ва кормандони алоҳидаи корхона ташаккул меёбад. Сохтори идоракунӣ – ба воситаи эҷод намудани механизмҳои танзими ҷараёни идоракуни роҳҳои самараноки иҷрои вазифаҳои мақсадноки ташкилотро муайян менамояд.
2. Марҳилаҳо ва усулҳои ба лоиҳагирии сохторҳои ташкилии корхонаҳо
Раванди лоиҳагирии сохтори ташкилии корхонаҳо ба се марҳила тақсим мешаванд.
Марҳилаи якум – таҳлили сохтори ташкилии фаъолият дошта. Мақсади он – муайян намудани, талаботи ташкилот, дараҷаи сарфакории сохтори он ва баҳодиҳӣ ба фаъолияти он мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда. Ба ҷумлаи меъёрҳои баҳодиҳӣ принсипҳои зерин дохил мешаванд:
– риоя намудани таносубии принсипи идоракунии марказнок ва ғайримарказнок дар раванди лоиҳагирии сохтори ташкилии корхона;
– риоя намудани ҳаҷми меъёрии амалиётҳои назоратӣ аз тарафи сохтори идоракунии дараҷаҳои олӣ, миёна ва поёнии ташкилот;
– таҳлил ва баҳодиҳи ба фаъолияти дастгоҳи ташкилот (шумораи ҳамкорон, мавҷуд будани унсурҳои такроркорӣ, тақсимоти ваколатҳо ва ҷавобгариҳо);
– таҳлили амалиётҳои сохтори идоракунии дараҷаҳои олӣ, миёна ва поёнии ташкилот (усулҳо ва технологияи қабули қарорҳои идоракунӣ, принсипҳо ва усулҳои ҳавасмандгардонии коргарон);
– баҳодиҳи ба фаъолияти хоҷагидории ташкилот (тағйирёбии технология, чуқуртар ва васеътар намудани ҳамкории байнифирмагӣ, ҷорӣ намудани навовариҳо);
– муайян наудани камбудиҳо ва сабаби дараҷаи пасти самаранокии идоракунии ташкилот.
Марҳилаи дуюм – лоиҳагирии сохтори ташкилӣ корхона.
Амалиёти идоракунии дар асоси истифодаи усулҳои ҳаммонандӣ, таҳқиқгарӣ (экспертӣ), тартибнокии мақсадҳо ва ташкилии тарҳрезӣ (моделирование) иҷрошаванда.
Усули ҳаммонандӣ – ба истифода бурдани таҷрибаи пешқадами лоиҳагирии намудҳои гуногуни сохтори идоракунии ташкилотҳои ҳаммақом, муайян намудани ҳудудҳои фаъолитяти онҳо фароҳам овардани шароит барои истифодаи механизмҳои идоракунӣ, мусоидат менамояд. Сохторҳои намунавӣ бояд хислати гуногунӣ (бисёрвариантӣ) дошта бошанд, ки ба онҳо дар мавриди зарурӣ, тағйир ёфтани шароит, ислоҳот дароварда шавад.
Усули таҳқиқгарӣ (экспертӣ) – омўхтан ва ҳамчун асос истифода бурдани тавсияҳо ва пешниҳодҳои муҳаққиқон, амалиётҳои роҳбарони пуртаҷрибаро тақозо менамояд. Мақсади ин усул аз муайян намудани хислатҳои махсуси кори дастгоҳи идоракунӣ, пешгирӣ намудани содиршавии камбудиҳо дар фаъолияти сохтори ташкилот ва пағнаҳои гуногуни он, асоснок намудани тавсияҳо доир ба такмил додани амалиётҳои корхона иборат мебошад.
Усули таркибнокии мақсадҳо – коркарди системаи мақсадҳои корхонаро мувофиқи сохтори ташкилии ва бо ҳам алоқамандии фаъолияти он аз рўи натиҷаи кор, новобаста аз тақсимоти он дар байни шўъбаҳои алоҳидаи ташкилот дар як вақти муқаррари муайян намуданро талаб менамояд.
Усули ташкилии тарҳрезӣ – таъсири худро барои аниқ ифода намудани меъёри баҳодиҳӣ ба дараҷаи такмилдиҳии қарорҳои ташкилии корхона мерасонад. Бо ёрии тарҳрезии ҳаммонандӣ роҳбарон метавонанд нақши сохтори ташкилии корхонаро хело аёнтар тасаввур намоянд, мақсади иҷрои фармонро аниқтар дарк намоянд, вобастагии низомии байни субъектҳои идоракунӣ ва шахсони соҳибмансабро муайян намоянд, такроршавии амалиётҳои пағнаҳои идоракуниро бартараф намоянд. Тарҳрезии ташкилӣ барои дар байни шахсони соҳибмансаб ва шўбаҳои мувофиқи меъёр тақсим намудани ваколатҳо ёрӣ мерасонад.
Дар вақти муайян намудани сохтори ташкилии корхона ба ҳисоб гирифтани таъсири тағйиротҳои доимо афзояндаи фаъолияти муҳити дохилӣ ва берунии зарур аст.
Дар раванди ба лоиҳагирии сохтори ташкилии идоракунии корхона бояд, вазифаҳои зерин ҳал карда шаванд:
– муайян намудани навъҳои сохтори идоракунӣ;
– аниқ намудани ҳайат ва шумораи шўъбаҳои дараҷаҳои олӣ, миёна ва поёнии идоракунии ташкилот;
– муайян намудани шумораи идоракунандагони дастгоҳи маъмурияти ташкилот;
– муайян намудани хислати ҳамтобегии шўъбаҳои ташкилот;
– ҳисоб намудани хароҷот барои ташаккул ва фаъолиятгузаронии дастгоҳи маъмурии ташкилот.
Дар ташкилот барои ҳар як сохтори шўъбаҳо ваколатҳои идоракунӣ, анбўҳи маълумот, гардиши ҳуҷҷатҳо, ваколат ва ҷавобгарӣ муайян карда мешаванд.
Марҳилаи сеюм – баҳо додан ба самаранокии сохтори ташкилӣ аз рўи дараҷаи ҳалли вазифаҳо, устуворнокӣ, муташаккилии системаи идоракунӣ, таъмин намудани суръатнокӣ ва қабули саривақтии қарорҳо. Барои ба самаранокии сохтори ташкилии ба лоиҳавии корхона баҳои нисбатан аниқ додан истифодаи меъёрҳои зерин лозиманд:
– баҳо додан ба самаранокии фаъолияти ташкилот дар асоси нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ (афзоиши ҳаҷми маҳсулот, фоида ва паст шудани арзиши аслии мол);
– сарфа намудани сармоя;
– ҷорӣ намудани мўҳлат ба истифодаи техникаи нав.
3. Принсипҳои ташаккулёбии сохтори идоракунии ташкилот
Сохтори идоракунӣ ташкилот бояд дар асоси мақсад ва вазифаҳои гузошта шуда ташаккул меёбад ва дар асоси дигаргун шудани шаклҳои ташкили меҳнат, муайян намудани давраҳои гуногуни ҳаёти корхона (барқароршавӣ, инкишофёбӣ, ба камолот расидан ва анҷоми фаъолият) тағйир меёбад.
Дар амал ду намуди муносибати намунавӣ мавҷуд аст – якум, ташаккули сохтори идоракунӣ аз рўи таркиби дохилии ташкилот, тақсимоти кор ва такмили ҷараёни идоракунӣ, дуюм – ба шароити муҳити беруна мувофиқ намудани сохтори идоракунии ташкилот.
Дар муносибати якум ба тақсимоти кор ба амалиётҳои алоҳида ва додани ваколатҳои идоракунӣ эътибор дода мешавад. Дар давоми даҳсолаҳо ташкилотҳо сохтори низомии идоракунии бисёрзинагии (бюрократӣ)-ро эҳё намуданд.
Дар сохтори идоракунӣ барои зинаҳои дараҷаҳои олӣ, миёна ва поёнии ташкилот ҷавобгарӣ аз рўи амалиётҳои умумӣ муқаррар карда мешавад.
Бо баробари инкишофи иқтисодиёт ва фаъолияти хочагидории корхона дар байни кормандон муносибатхои идоракуни ташаккул меёбанд, такмил мешаванд ва пай дар пай дигаргун мешаванд.
Дар амалиёти корхона муносибатхои идоракунии зерин ҷараён мегиранд:
1. Муносибати анъанавӣ – дар асоси қонунҳои умуми, қонуниятҳои идоракунии муайян намудани ҳар як унсури ба сохтори ташкилот хос бударо тақозо менамояд. Инкори ягонагии системаи идоракунии ташкилот, барои пурра истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда халал мерасонад.
2. Муносибатҳои равандӣ – фаъолияти идоракунии ташкилотро ҳамчун силсилаи амалхои бо якдигар бевосита алоқаманди пай дар пай иҷрошаванда муайян менамояд, ки онҳо аз панҷ вазифаҳои асосии менеҷмент: ташкил намудан, нақшагири, назорат, танзим намудан ва ҳавасмандкуни иборат мебошанд.
Дар худуди системаи ягонаи идоракунии ташкилот вазифаҳои муҳимтарини менеҷерҳо аз иҷро намудани ин вазифаҳои баҳам пайваст ва ҷудонашаванда иборат аст. Қайд намудан лозим аст, ки муносибатҳои анаъанави ба унсурҳои алоҳидаи мустақили раванди системаи идоракунии алоқаманд буда, ба он такя мекунад.
3. Муносибати мутаносибӣ -унсурои системаи фаъолияти идоракуниро муайян мекунанд, ки онҳо бо якдигар алоқамандии зич доранд. Тағйирёбии яке аз унсурҳо дар оқибат ба ҳамаи системаи идоракунии ташкилот дигаргуни меорад ва коркарди қарорҳои комплексиро талаб мекунад. Муносибати мутаносиби ба тағйирёбии вазъи иқтисоди бозорӣ, мавҷудияти захираҳо ва танзими давлати вобаста аст.
4. Муносибати вазъи – вобаста аз шароити мушаххаси вазифаҳои зерини идоракуниро муайян менамояд:

таҳлили ҳамаҷонибаи ҳар як шароит;
муайян намудани усулҳои ҳалли муаммоҳо;
арзёби ва бартараф намудани камбудиҳо;
истифодаи имкониятҳои ҳар як вазъи алоҳида.
Муносибати вазъи дар он вақт бомуваффақият амали мегардад, ки агар менеҷер дониши мукаммал, маҳорати зуд пазируфтани вазъияти хоҷагидории тағйирёбанда нисбат ба иҷрои вазифаи худ, доштани қобилияти коркард ва интихоби қарорхои самараноки идоракуни ва ғайраҳо дошта бошад.
Ҷараёни лоиҳагирии сохтори идоракунии ташкилот риоя намудани муқарраротҳои зеринро талаб менамояд:

муайян намудани ҳуқуқи сохторҳои дараҷаҳои олӣ, миёна ва поёнии идоракунии ташкилот (аз боло ба поён равона карда шуда, занҷири фармоишҳо);
риояи принсипи яккасардорӣ (дар ташкилот ҳар як корманд бояд дар тобеъи як роҳбари бевосита бошад);
саҳеҳ муайян намудани тобеъият ва ҳуқуқи ҳар як роҳбар;
ба қуқуқ ва ҷавобгарӣ мувофиқ будани фаъолият;
нисбат ба фаъолияти тобеъони худ ҷавобгарии мутлақ доштани роҳбарони дараҷаи олии сохтори идоракунии ташкилот;
вобаста кардани ваколатҳои ҳуқуқӣ аз тарафи роҳбарони дараҷаи олии сохтори идоракунӣ ба дараҷаҳои миёна ва поёнии ташкилот;
кам кардани шумораи кормандони сохторҳои идоракунӣ дараҷаҳои олӣ, миёна ва поёнии ташкилот;
муайян намудани амалиёти асосии ягона ва махсусгардонии кори ҳар як коргар:
гузаронидани амалиётҳои бевоситаи хаттӣ ва ситодӣ дар алоҳидагӣ;
маҳдудияти ҳудуди назорат (миқёси идорашавӣ) дар ташкилот;
мувофиқ будани ташкилот ба шароити тағйирёбандаи муҳити дохилӣ, берунӣ, оддигӣ ва мувозинатнокии он.
Назарияи сохтори идоракунии бюрократӣ муқарраротҳои зеринро дарбар мегирад:

иҷро кардани хизматрасонии пай дар пай дар асоси бефосилагӣ;
тақсимоти саҳеҳи меҳнат, ки дар ақибат барои ҳар як мансаб зарурати истифодабарии мутахассисони баландихтисос, муайян намудани ҳуқуқ ва ҷавобгарии онҳоро тақозо менамояд;
зинагии идоракунӣ, ки дар ин маврид дараҷаи поёнии сохтори идоракунӣ тобеъшаванда ва назоратшавандаи сохторҳои идоракунии дараҷаҳои миёна ва олии ташкилот мебошад;
мавҷуд будани қоида ва меъёрҳои низомӣ доир ба иҷрои вазифа ва маҷбуриятҳои менеҷерон;
мувофиқи талаботҳои тахассуси муайян намудани амалиётҳо барои мансабҳои алоҳида;
ба шакли корбай киро намудани матахассисон;
Муносибати дуюм дар ташкилот таъсири асосии алоқаҳои муҳити берунӣ ва тағйиротҳои ба онҳо вобаста бударо тавсиф менамоянд. Ингуна сохтор номи органикӣ гирифтааст ва тавсифи асосии он муайян намудани ҷавобгарии гурўҳӣ ва инфироди нисбат ба натиҷаи кори умумӣ мебошад.
Ташаккули сохтори органикӣ дар асоси риояи принсипҳои зерин амалӣ мегарданд.
– самтёбӣ ба муаммоҳо ва имкониятҳо;
– то ҳадди имкон кам кардани пағнаҳои идоракунӣ;
– аз рўи вазъият ҳал намудани муаммоҳои таъмин намудани ниммарказнокӣ ва иваз намудани пешвоён;
– дар шакли муваққати ба гурўҳҳо вобаста намудани амалиётҳо;
– таъмин намудани дараҷаи баланди муттаҳидшавии (горизонталӣ) дар байни ходимон;
– фароҳам овардани шароит барои самтёбии маданияти баланди муносибат ва ҳамкорӣ дар байни кормандон, ҳамогоҳии якдигари кормандон, таъмини иттилоотӣ, худинтизомнокӣ, худмуташакилӣ ва рушди эҷодии ходимон.
Бо ғояҳои васеъ ва муносибатҳои солим, дида баромадани бисёрии принсипҳои анъанави ва нави соҳаи ташкили меҳнат, пардохт ва баҳодиҳӣ ба натиҷаи меҳнат, таъмин намудани ҳалли муаммоҳои ба онҳо дахл доштаро талаб менамояд. Дар натиҷаи эҳёи шакли ташкили меҳнати гурўҳӣ дар ташкилот шумораи кормандони дастгоҳи идоракунӣ кам мешаванд, тахассуснокии мутахассисон дар дараҷаҳои олӣ ва миёна меафзояд, дар рушди муносибатҳои бозорӣ дар дохили ташкилот ҳавасмандӣ ва ташаббуснокии кормандон меафзояд ва дараҷаи ҷавобгарии онҳо баланд мешавад.

МАВЗЎИ СЕМИНАР: Сохтани сохтори ташкилӣ дар идоракунӣ
Сохтори идоракунӣ низ ба монанди сохтори ташкилии корхона дар асоси лоиҳаи зерин ташкил карда мешавад:

Параметрҳои умуми (гурўҳҳо ва функсияҳои онҳо,раванди ташкили ахбори идоракунӣ ).
Параметрҳои муайянкунанда (стратегия, техналогия идоракунӣ).
Параметрҳои муайяншаванда (миқдори табақаҳои идоракунӣ, меъёри идоракунӣ, тақсимоти вазифаҳо, коргарон ва вазифаҳои онҳо, робитаи байни онҳо).
Параметрҳои баҳодиҳанда (хароҷот, шидатнокии меҳнат, сарбории ахбори, вақти коркарди ахбор, мўҳлати ҳалли вазифа, хатоҳои имконпазир).
Шаклҳои аввалинӣ идоракунии корхонаҳо дар нимаи дуюми асри ХIХ ба миён омадааст ки аз рўи ченакҳои зерин ташкил карда мешуд:

кор кардани қоидаҳои қабули қарори идоракунӣ барои амали гардонидани он дар бораи ҳамон шакли фаъолияте ки хислати устувори такроршаванда доранд;
сохтори расмии идоракунӣ;
тақсимоти аниқи коргарон вобаста ба иштирок дар истеҳсоли маҳсулот;
аниқ кардани ҳуқуқу ўҳдадориҳои гурўҳҳо, барои сабук кардани вазифагузорӣ;
ташкил намудани алоқаҳои дарозмуддат дар дохили гурўҳ ва дар байни онҳо.
МАВЗЎИ КМРУ-и 1:ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ҲОЛАТӢ
Сохтори идоракунии корхона ё ширкате, ки дар он фаъолият мекунед нишон диҳед? Барои чӣ корхонаи Шумо чунин шакли сохтори идоракуниро интихоб намудааст? Афзалият ва камбудии он дар чист?
МАВЗЎИ КМРУ-и 2: Пурсиши мавзўъ
Ба саволҳои зерин дар шакли хаттӣ ҷавобҳои мухтасар нависед

Мафҳумҳои «системаи менеҷменти ташкилот», «сохтори ташкили корхона», «сохтори идоракунии ташкилот»-ро таъриф намоед.
Марҳилаҳои ба лоиҳагирии сохторҳои ташкилии корхонаро тавсиф намоед.
Усулҳои ба лоиҳагирии сохторҳои ташкили корхонаро таъриф намоед.
Принсипҳои ташаккулёбии сохтори идоракунии ташкилотро тавсиф намоед.
Муносибатҳои идоракунии ташкилотро номбар намоед.
Муносибати анъанавиро шарҳ диҳед.
Муносибати равандӣ ва мутаносибии унсурҳои системаи идоракуниро маънидод намоед.
Муносибати вазъи вабаста аз шароити мушаххаси кадом вазифаҳои идоракуниро муайян менамояд
Ҷараёни лоиҳагирии сохтори идоракунии ташкилот риоя намудани кадом муқарраротҳоро талаб менамояд.
Назарияи сохтори идоракунии бюрократӣ риояи кадом муқарраротҳоро талаб менамояд.
Вазифа. Муқарраротро оид ба лоиҳагирии сохтори идоракунии ташкилот ва сохти идоракунии бюрократӣ дар расм нишон диҳед.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.