Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Этикаи муомилоти корӣ дар идоракунии кори ташкилот

Иштирокчиёни муносибати корӣ барои вазифаи дар пеш гузошта шуда, ба мақсад ва комёбиҳои назаррас ноил шудан аз рўи қонун баромад менамоянд. Дар процессии корӣ шарти асосии муносибати корӣ ин пеш аз ҳама муносибати шахсон мебошад.Нақша:
1. Муомилоти корӣ
2.Қоидахои самарабахши муносибат бо кормандон
Муомилоти корӣ – ин равиши мураккаби бисёрнақшаи вусъатёбии ҳамкории одамон дар соҳаи хизматӣ мебошад.
Иштирокчиёни муносибати корӣ барои вазифаи дар пеш гузошта шуда, ба мақсад ва комёбиҳои назаррас ноил шудан аз рўи қонун баромад менамоянд. Дар процессии корӣ шарти асосии муносибати корӣ ин пеш аз ҳама муносибати шахсон мебошад. Дар муносибати корӣ натиҷаи назаррас ин пеш аз ҳама муносибати муомилаи босаводона мебошад, ки ҳамсўҳбатро ба худ моил карда тавонистан аст.Муносибати корӣ бо муомила алоқаи зич дорад. Яке аз намуди муомилоти умумии иҷтимоӣ – ин фаъолияти истеҳсолоти дутарафа мебошад. Муносибати корӣ дорои соҳаҳои тиҷорат, маъмуриятчигӣ – ҳуқуқӣ, иқтисодию – ҳуқуқӣ ва муносибати дипломатӣ аст.
Шароити нави иқтисодиву иҷтимоӣ аксари аҳолиро баро ташкили тиҷорат ва фаъолият бурдан водор намуд. Ин ҳолат водор намуд, ки дар мадди аввал зарур аст тарзи забони муомилоти кориро омўзад. Дар рафтори одамон пеш аз ҳама баланд бардоштани кордонии шахси забоншинос, ҷорӣ намудани муносибати ҳуқуқии – иҷтимоӣ роҳбарикунанда бошад. Яке аз қисми таркибии кордонии забоншиносӣ дар шароити бозоргони – ин тайер намудани менеҷерҳои умуми касбӣ референтҳо ва ҳамаи дараҷаи роҳбарон мебошад. Имрўз муомилоти корӣ дар ҳамаи тамоми соҳаи хати ҷаъмияти дохил шуда истодааст. Тамоми корхонаҳои хусусӣ ва шахси дар муносибати корӣ тиҷорати ворид гашта истодаанд. Дар соҳаи муносибати кори кардани бевосита ба муваффақият, нобарори дар тамоми кор масалан илм, санъат, савдо истехсолот олока дорад.Робитаи кордони барои намояндагони касби чӣ ба менеҷерҳои соҳибкорон ташкилкунандагони истеҳсолот, шахсоне ки дар соҳаи идоракуни машғуланд ин касб яке аз қисми муҳими симои касбӣ мебошад. Муносибати корӣ аз руи хусусият ва мазмун расми ғайри расмӣ шуда метавонад. Муомилоти корӣ ин процесси алоқаи дутарафа ва якҷояамаликуни бошад ,ки дар он мубодилаи фаъолият ахборот ва таҷриба ба амал омада, ният доштан барои комёбшавии натиҷаҳои муайян ва ҳал кардани муаммои аниқ гузошташуда ба мақсад расидан мебошад. Умуман муомилоти корӣаз муомилоти мукаррари пеш аз ҳама дар он фарқият дорад ,ки дар мақсад ва масъалаи муайян гузошта шуда ҳалли талаб менамояд. Дар муомилоти корӣ мо амали якҷояро бо ҳариф қатъ карда наметавонем. (эзоҳ дар ҳолати гум кардан дар ҳарду тараф ). Муносибати кориро шартан ба рост ба каҷ ҷудо кардан мумкин аст. Муносибати корӣ рост (ҳамвор) соҳиби натиҷаи баланди таъсири пурэҳсоси бузург дорад ки, дар он новобаста механизмҳои иҷтимоӣ–психологи амал менамоянд.Вақтҳои охир дар тиҷорат бо одобу ахлоқ диққати махсус дода шуда истодааст, ки ин пеш аз ҳама ин сабаби иқтисоди мебошад ки ба одоби этики кормандони ширкат ва харифонаш ҳамчун зарари иқтисодӣ, экологӣ,.ичтимоӣ ба чаъмият оварда мерасонад, ки барои паст кардани хароҷот ва баланд бардоштани рақобат алоқаманд аст.
Фаҳмиши умумии этика – ин кули қоидаҳои маънави ва арзишҳои ки рафтори одамон ё гурўҳи одамонро идора мекунанд ва баҳои мусбат ё манфи фикрии онҳоро муайян месозад. Аз дигар тараф этика кодекси қонунҳои дохилии одамон буда, муайян месозад, ки чӣ тавр рафторро набояд кард кадом қарорро бояд қабул кард кадомашро наҳудуд ё сарҳади байни некию бади чӣ гуна бошад.
Қоидаҳои самарабахши муносибат бо кормандон.
Ҳар як роҳбар хусусиятҳои хоси худро дорад ки аз сафияи донишу коллективӣ иттифоқ фазои ҳамдигар фахмию дустию рафоқат нақши роҳбар ниҳоят мумкин аст. Бисёр одамон хислатҳои хуби роҳбариро дар серталаби адолатноки ва нисбат ба кормандони худ гамхор буданро меписанданд.Дар ин самт барои роҳбар зарур аст ки пайваста малакаҳои муоширати хешро таакмил дихад. Аз ин рў ба роҳбар дар солим гардонидани муҳити кори коллектив риояи қоидаҳои зерин зарур аст:
Қоидаи якум
Мақсади муносибатро муайян созед ва ба онпайравӣ намоед.
Роҳбар кормандонро даъват намуда бояд пешаки мақсади мулоқотро муайян созад ва ба он пайрави намояд.
Мақсади мулоқот метавонад гуногун бошад.
а) пешниҳод ва ё гирифтани иттилоот;
б) ҳавасманд намудан.
в) дастур додан
г) танбеҳ додан ва ғайра.
Дар ҳар сурат хангоми муносибат мақсад ва шахси дигар қарор доранд.Дар бисёр ҳолат сабаби ба вуҷуд омадани ихтилоф аз носахехии мақсади гузошта шуда ба миён меояд.
Қоидаи дуюм: ҷалбнамоӣ
Агар шумо хохед,ки хамкори барқарор созед ба дигар кас тарзе муносибат намоед ки ба ў низ писанд бошад.
Дар раванди қабули кор кормандонро ҷалб намудан зарур аст, то ки онҳо масъулиятро ҳис намоянд. Сари вақт ба комёби ва муваффақияти корманд баҳои воқеи додан зарур аст. Муносибати самимонаи роҳбар бо кормандонаш ўро соҳибэҳтиром мегарданд.
Қоидаи сеюм:
Ҷустуҷў ва пешниҳоди иттилоот.
Дар муҳосиба бояд донист, ки барои кормандон чӣ муҳим аст. Дар чунин маврид калиди сўҳбат бояд савлогузории кушода бошад.
Агар мақсади шумо гирифтани иттилоот бошад, аз додани саволҳои пўшида, ки ҷавобаш «ҳа» ё «не» аст худдорӣ кунед.
Тарзи саволгузории кушода ба роҳбар имконият медиҳад, ки на фақат аз натиҷаҳои кор иттилоот бигирад, балки дар бораи иҷроиши кор сабабҳои комёбию хатоиҳо муносибати кормандонро ба кор амиқ фаҳмад.
Намунаи якчанд саволҳои кушода.
1. Реҷаи рўзи кори Шумо чӣ гуна аст?
2. Дар сурати пеш омадани мушкилиҳо дар муносибат бо ҳамкасбон чӣ гуна рафтор мекунад.
3. Кадом вазифаҳо бештар муҳим меҳисобед?
4. Дар комёбии коллектив кадом омилҳо нақши муҳим доштаанд?
Ба ҳамсўҳбат пешниҳод намудани иттилоот дар бораи худ ақида ва мақсади хеш, ўро ба масъулият водор месозад. Агар мо чунин рафтор накунем вай худро ногувор ва гуноҳкор меҳисобад, на шарик ва ҳамкор.
Қоидаи чорум
Фикр кунед, ки чӣ гуфтаниед ва бокадом тарз бояд сухан гӯед. Дар хотир доред, ки мақсади муошиарти шумо аз чӣ иборат аст.
Аниқ фикр кунед, ки чӣ гуфтан мехоҳед, фаромӯш накунед, ки шумо дар назди худ кадом мақсадро гузоштабудед. Ба эҳсосот дода нашавед, эҳсосот моро аз мақсад дурмекунад;
Ҳамсўҳбат, ҳозирин-ро баҳо диҳед. Сухани худро ба ҳозирин равон кунед. Роҳбарони соҳибистеъдод ба ҳар як шахс аз рўи хусусияти касбиаш сухан мегўянд, ки хеле самарабахш аст.
Ақидаи худро фаҳмо ва дақиқ баён кунед, кўшиш кунед, ки сухани шумо содда, дилчасп ва фаҳмо бошад. Суханро аниқ ва бехато талаффуз кунед;
Интихоби дурусти калимаю мафҳумҳо, ки мо ҳангоми муошират истифода мебарем ва чӣ тавр бо ҳам алоқаманд мекунем, барои қабул ва рафти сўҳбат нақши асосӣ мебозанд.
Қоидаи панҷум.
Таваҷҷӯҳ намоед!
Аз рўи баъзе маълумот танҳо 20-25% нутқи баёншудаи ҳамсўҳбат қабул карда мешавад. Баъзеҳо эътироф мекунанд,ки ҳамсӯҳбатро гӯш карда, вале асосан дар бораи чизи дигаре фикр мекунанд,қисми ахборишунида,мазмуни сухани баёнгашта дигар мешавад. Маҳорати гӯшкарда тавонистан ба душворӣ ташаккул меёбад ва худназоратиро талаб мекунад. Роҳбар ин маҳорату малакаро бояд такмил диҳад;
Дар бисёр марид ҳангоми баёни мақсад тарзи гуфтор ва эҳсосот қабули иттилоот аз тарафи ҳамсӯҳбат тағйир меёбад, ҳатто шунавандагони бодиққат, баъзан мазмуни сухани гуфташударо такрор карда, ба хатоӣ роҳ медиҳанд;Вазифаи ҳамсӯҳбат: “шунидан – қабул кардан –фаҳмидан- дар хотир нигоҳ доштан” аст.

Қоидаи шашум.
Ақидаҳоро ҷамъбаст кунед ванақшаҳои ояндаро муайян кунед.
Корманди ҳавасманд худро озод ҳис мекунад. Ў медонад, ки чӣ шуда истодааст, барои чӣ ва минбаъд чӣ хоҳад шуд;
Дар охир суханро ҷамъбаст карда, тарафҳои мусбат ва манфиро қайд намудан хуб аст.
Дар хотир доред!

Кор ва рафторро муҳокима кунед на шахсро;
Ба он коре диққат диҳед,ки тағйир додан мумкин аст.
Мухтасар ва аз рӯи моҳият сухан гӯед;
Таҳдид ва фишоровариро сарфи назар кунед;
МАВЗЎИ СЕМИНАР: Этикаи кории роҳбар танзимкунандаи кори ташкилот
Аксар роҳбарон барои беҳтар кардани муҳити этикии корхона, инчунин бо мақсади баланд бардоштани моҳияти масоили иҷтимоӣ диққати зиёд медиҳанд..Онҳо намехоҳанд, ки рӯзе дар назди ҳомиёни қонун мавқеи ҳимоятгариро дошта бошанд.Чи хеле ки экспертони бахши роҳбарӣ қайд мекунанд роҳбар бояд чунин шароитро ташкил карда, вазъиятро нигоҳ дорад, ки одамон худро ҳамчун одамони комилҳуқуқ нишон дода тавонанд. Бинобар ин рохбарияти ташкилот бояд тарафҳои маънавии фаъолияти роҳбаронро назорат намоянд бо истифода аз усулҳои зерин:
– усули рафтори шахсӣ;
– усули маънавӣ;
– сохтори гуногуни этикӣ.
Рафтори шахсӣ. Ассотсиасияи америкоии роҳбарони олии 250 корпоратсияи калонтарин ҳисоботи Мизи муддавари бизнесро оид ба сиёсати этикӣ ва таҷрибаи аъзоёни худ менависанд,ки оиди ҳалли ин масъала ягон қувва ба қувваи фаъолияти роҳбар баробар шуда наметавонад.
Директорон ва роҳбарони калони ташкилот бояд кушоду равшан ва бо боварӣ меъёрҳои рафтори этикиро дастгирӣ намуда, худашон бояд пешвобарони арзишҳои нави этикӣ гарданд.Тарафдори меъёрҳои этикӣ будани худро дар вақти баромадҳо, ҳуҷҷатҳои ҷорӣ ва директивии ташкилот нишон диҳанд. Агар менеҷер меъёрҳои этикиро бо мақсади фоидаҳои муваққатии худ истифода намояд, он гоҳ ин рафтори ӯ тез дар корхона паҳн мешавад чунки ҳайати корхона хело хуб рафтори ҳар як роҳбарро медонад ва баҳо медиҳад. Бо роҳи дурӯғ ҳеҷ гоҳ роҳбар соҳиби меъёрҳои этикӣ намегардад, бинобар ин сарчашмаи муҳити этикии корхона ин рафтори худи роҳбарияти корхона мебошад.
Кодекси маънавӣ- ин пешниҳоди шакли хатии арзишҳои этикӣ ва иҷтимоии корхона мебошад. Сиёсати ташкилот, ин тартиботи фаъолияти корхона ва аъзоёни он дар шароитҳои конкретии ҳолатхои этикӣ ва маънавӣ, риояи қонун, хавасмандии коргарон, имкони якхела ба коргарон мебошад.

МАВЗЎИ КМРУ-и 1: ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ҲОЛАТӢ
Барои чӣ муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон авҷ гирифтааст? Оё шаҳрвандони мо ба талаботҳои бозори меҳнат ҷавобгӯ ҳастанд?

МАВЗЎИ КМРУ-и 2:Тартиб додани кроссвордҳо

1

2

3

4

6

8

9

5

7

Илм дар бораи санъати идоракунӣ чист?
Мутахассиси махсус омоданамудаи соҳаи идоракунӣ
Субъекти мустақили хоҷагидорӣ буда, барои тавлид ва фурўши маҳсулот ва иҷрои ҳар гуна хадамот барои гирифтани фоида мебошад.
Асосгузори менеҷменти муосир
Яке аз функсияҳои менеҷмент, ки фаъолиятро ба намуди меъёрӣ ва сифатӣ нишон медиҳад.
Функсияи дигари менеҷмент, ки корманд ҳавасманд гардида ҳосилнокии ў бештар мешавад.
Мафҳуми ҳаммаънои ҷалбнамоӣ
Ҳолати ояндаи аниқи корхона
Яке аз омилҳои бавосита таъсиркунанда


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.