Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Стратегияи ояндабинии кори ташкилот ва давраҳои амалигардони

Ҷараёни интихоби стратегии ширкат чунин кадамҳои асосиро дар бар мегиранд: равшанидиҳии стратегияи ҷори; гузаронидани таҳлили сабади маҳсулот; интихоби стратегияи ширкат ва баҳодиҳии стратегияи интихобгашта.Шаклҳо ва қадамҳои муайянкуниии стратегияи ширкатҳо
Таҳлили стратегии фаъолияти корхона
Ҷараёни интихоби стратегии ширкат чунин кадамҳои асосиро дар бар мегиранд: равшанидиҳии стратегияи ҷори; гузаронидани таҳлили сабади маҳсулот; интихоби стратегияи ширкат ва баҳодиҳии стратегияи интихобгашта.
Равшанидиҳии стратегияи ҷорӣ хеле муҳим аст, зеро қабули қарор оиди ояндаи ширкат имконнопазир аст, дар ҳолатӣ надоштани маълумоти пурра оиди ҳолати ҷории ташкилот ва чигуна стратегияиро истифода бурдани он. Схемаҳои гуногунро барои равшанидиҳии стратегияи ҷори истифода бурдан мумкин аст. А. Томпсон ва А.Стрикланд чунин меҳисобанд: барои фаҳмидани стратегияи истифода шудаистода, баҳодиҳии панҷ омилҳои дохили ва беруна лозим аст.
Омилҳои беруна: муҳити паҳншавии фаъолияти ширкат ва дараҷаи гуногунии маҳсулоти истеҳсолшаванда, тақсимшавии ширкат; тавсифи умуми ва табиати дастовардҳои баназдикии ширкат ва фурўши қисми моликияти худ; сохтор ва равияи фаъолияти ширкат дар мўҳлати охир; имкониятҳое, ки дар вақтҳои охир ширкат ба он мекушид; муносибат бахавфӣ беруна.
Омилҳои дохилӣ: мақсади ширкат; сарҳади тақсимоти захираҳо ва сохтори ҳосилгашта аз маблағгузори оиди маҳсулоти истеҳсолшаванда; муносибат ба хавфи молиявӣ ҳам аз тарафи роҳбар ва ҳам мувофиқи таҷрибаи асли, ки дар асоси сиёсати молияви пайдо мешавад; дараҷа ва сатҳи кушиш дар сатҳи НИОКР; стратегияи соҳаҳои алоҳидаи фаъолият(маркетинг, истеҳсолот, кадрҳо, молия, тадқиқотҳои илми ва коркардҳо).
Гузаронидани таҳлили сабади маҳсулот яке аз воситаҳои муҳими идоракунии стратегӣ ба ҳисоб меравад. Гузаронидани таҳлили сабади маҳсулот имконият медиҳад, ки баъзе аз қисмҳои бизнес байни ҳам хеле алоқаманд мебошанд ва сабад ҳамчун сумма аз суммаи одии қисмҳои он фарқи кулли дорад ва барои ширкат заруртар аст, нисбат ба ҳолатӣ қисмҳои алоҳидаи он. Бо ёрии таҳлили сабади маҳсулот метавон чунин омилҳои муҳими бизнесро ба мувозинат овард: хавф, воридоти пул, навовари ва азбайнравӣ (отмирание)
Шаш қадами гузаронидани таҳлили сабади маҳсулот фарқ карда мешавад {4}.
1. Интихоби сатҳҳо дар ташкилот барои гузаронидани таҳлили сабади маҳсулот. Бояд иерархияи сатҳи таҳлили сабади маҳсулот муайян карда шавад, кадоме ки бояд аз сатҳи алоҳидаи маҳсулот оғоз гардад ва дар сатҳи болоии ташкилот ба охир расад
2. Кайди воҳидҳои таҳлил, ки воҳидҳои стратегии бизнес (ВСБ) номида мешавад, барои он ки онҳоро ҳангоми сохтани матритсаи таҳлили сабади маҳсулот истифода баранд. Аксар вакт ВСБ аз воҳидҳои истеҳсоли фарқ мекунанд. ВСБ метавонад як маҳсулотро дар бар гирад, метавонад якчанд маҳсулотҳоро, ки ниёзҳои монандро қонеъ менаноянд, дар бар гирад. Баъзе аз ширкатҳо ВСБ-ро ҳамчун сегменти маҳсулоти-бозори дида мебароянд.
3. Муайян намудани нишондиҳандаҳои матритсаи таҳлили сабади маҳсулот барои он гузаронида мешавад, ки равшани нисбати ҷамъи маълумотҳои лозими дошта бошанд, ва инчунин барои интихоби тағйирёбандаҳое, ки аз рўи он таҳлили сабади маҳсулот гузаронида мешавад. Масалан, ҳангоми омўзиши ҷалбкунии соҳа ба сифати чунин тағйирёбанда маълумотҳои зеринро истифода мебаранд: ҳаҷми бозор, дараҷаи ҳифз аз таваррум, фоидаоварӣ, суръати рушди бозор ва дараҷаи паҳншавии бозор дар миқёси ҷаҳон.
Барои чен намудани қувваи бизнес чунин тағйирёбандаҳоро метавонанд истифода баранд: ҳиссаи бозор, рушди ҳиссаи бозор, нисбияти ҳиссаи бозор нисбат ба маркаи пешбаранда, пешвоӣ дар сифат ва ё дигар таснифот, ба монанди хароҷотҳо, фоидаовари нисбат ба пешво. Хангоми муайян намудани ҳаҷми матритса интихоби воҳиди ченаки ҳаҷм, меъёри овардан ба базаи ягона, фосилаҳои вақти ва ғайра вазифаи муҳимро мебозад.
Ҷамъкунӣ ва таҳлили маълумотҳо, бо ҳар гуна роҳҳо гузаронидан, ки аз зиёда ҷаҳор роҳ иборат аст: ҷалбнамоии соҳавӣ бо мавзеи мавҷудии позитивӣ ва ҷиҳати манфӣ дар соҳа, хислат ва сатҳи хавф ва ғайра; ҷиҳати рақобатии ташкилот; имконият ва хатари ташкилот, ки барои татбиқ кардани ташкилот баҳо дода мешавад, на ин ки муносибат ба соҳа; захираҳо ва дараҷаи ихтисоси кадрҳо, муоинакуни бо мавқеи вуҷуд доштаи дар ташкилот барои гузаронидани мубориза бо рақобат дар ҳар соҳаи муайян.
2. Таҳлили стратегии фаъолияти корхона
Сарчашмаи самаранокии фикрронии стратегӣ ба ахбори аниқ фикру ақидаҳои боақлона ва кормандони фидоие, ки барояшон корхона ва тақдири ў муқаддас мебошад алоқаманд аст. Бинобар дар ин ҷода менеҷер бояд шахсиятҳои болаёқати касбиро ба кор ҷалб намоянд, ки қобилияти фикрронии стратегӣ дошта бошанд.
Дар асоси ташкили «мўҳорибаи асабӣ» аз ҳар як корманд ба чунин саволҳо ҷавоб гиред:
1.Оё ин кормандон барои ноил шудан ба мақсади стратегии корхона саҳми худро гузошта метавонад?
2.Чунин ёри аз тарафи кадом кормандон ба ман зарур мебошад?
3.Оё ин нақшаҳои стратегии мо аз мутахассисон донишу таҷрибаи махсусро талаб менамояд?
4.Оё ин корманд бо даста самаранок кор карда метавонад?
5.Боз кадом сарчашмаҳои ақлониро истифода бурдан мумкин аст.
Дар санъати менеҷмент таъкид карда мешавад, ки барои таъмини самаранокии тараққиёти стратегии корхона дастаи кории боқувват лозим аст.
Ҳар як аъзои даста бояд худашро бевосита шахси масъулиятноки корхона ҳис карда бовари дошта бошад, ки тараққиёти корхона ба онҳо низ манфиатовар мебошад.
Стратегияи корхона – гуфта роҳи фаъолият ва сиёсати инкишофро дар давраи дарозмуддат меноманд, ки барои амали гардонидани миссия ва мақсади корхонаҳо равона карда шудааст.
Миссияи корхона – гуфта мақсади асосии вуҷуд доштани корхонаро меноманд. Мисол барои корхонаи нонпаз миссияи асоси таъмин намудани аҳолӣ бо нони гарми сифати баланд дошта мебошад.
Миссияи корхона бо роҳи ба мақсад расидан амалӣ мегардад .
Стратегия дар заминаи тактика ба вуҷуд омада барои фаъолияти корхона замина фароҳам меоварад.
Менеҷменти стратегӣ гуфта кулли накшаҳои стратегӣ ва қарорҳои ташкилиеро ки барои ояндаи дур ҳисоб карда шуда бо мақсади таъмин намудани миссия ва вазифаҳои корхона ба таври мушаххас ин фаъолият ҳисоб карда шудааст меноманд.
Барои менеҷменти стратегӣ чунин хислатҳо хос мебошанд:
Таъсир ба дигаргуншавии муҳити беруна бо роҳи тағийр додани муҳит.
Муайян кардани мақоми асосии фаъолият дар шароити номуайяни ва таваккалии он.
Диққати махсус додан ба ахбор гирифтани ахбор коркард ва ҷорӣ намудани он ҳамоҳангсозии истифодабарии тамоми усулҳои идоракунӣ, ояндабинӣ, банақшагирӣ ва оптималӣ будани қарорҳо бефосилагии раванду идоракуниро аз рўи вақт яъне менеҷменти стратегӣ на фақат дар доираи барномасозӣ ва ояндабинӣ балки дар ҷараёни иҷрои чорабиниҳо ва дар танзими доимии онҳо иштирок мекунад.

МАВЗЎИ СЕМИНАР: Назарияи ояндабинӣ дар ташкилотҳои ҷопонӣ
Ояндабинӣ дар фаъолияти кори ташкилотҳои ҷопонӣ нақши муҳим дорад. Корхона ва ширкатҳои ҷопонӣ дар омоданамоии кадрҳо, таҳияи стратеияи тараққиёт, ҷобаҷогузории кадрҳо нақши аввалиндараҷа дорад. Ҷопониҳо стратегияи ташкилотҳоро номуайян пешниҳод менамоянд, ки мафҳуми асосии он пешгўинамоии омил мебошад.

МАВЗЎИ КМРУ-и 1:Ҳалли масъалаҳои ҳолатӣ
БОЗИҲОИ НАҚШОФАРӢ ДАР МАВЗЎИ РОҲБАРИКУНӢ
Дар мусоҳибаи коргарон яке аз кормандон ҳамеша мавқеи тарафи муқобилро мегирад. Бо баробари ин ҳама маҷбуранд, ки шарҳдиҳи сабабҳои норозигии ӯро гӯш кунанд. Аз сабаби ин вақти зиёд беҳуда сарф мешавад. Оё суханони баромадкунандаро бурида ба вай алоқамандкунии гуфтаашро бо мавзӯи муҳокима пешниҳод намудан лозим аст? Боз чӣ тавр ба ин коргар таъсир расонидан мумкин аст?
МАВЗЎИ КМРУ-и 2: Кори мустақилона: варақаи супориш аз рўи мавзўъ ва таҳлили ҷавобҳо
Супориш барои кори мустақилона:
1.Принсипҳои ташкилот
2.Мақоми менеҷмент дар ташкилот
3.Мазмун ва қоидаҳои асосии банақшагирӣ
4.Мазмун ва қоидаҳои асосии банақшагирӣ
5.Корҳоро вобаста аз зарурият ва моҳияташон ба чанд гурўҳ ҷудо кардан мумкин аст.
Тестҳо:
1 Идоракунии вақтро чӣ гуна ба роҳ мондан мумкин аст?

Ба таври банақшагирӣ
Ҷавобҳои а) ва б) дурустанд
Ба таври ҳисоб намудани соатҳо
Ба таври назорат ва маҳдудият
2.Мақсадҳои шахси аз чӣ иборатанд?

Мақсадҳои дарозмуддат
Ҳама ҷавобҳо дурустанд
Мақсадҳои кутоҳмуддат ва фаврӣ
Мақсадҳои миёнамўҳлат
3.Вақти кориро ба нақша гирифта ҳар як роҳбар бояд ба кадом саволҳо ҷавоб гўяд?

Ман ба чӣ ноил гаштам
Ман чӣ мехоҳам
Ҳама ҷавобҳо дурустанд
Ман ба чӣ мақсад мерасам
4. Вобаста аз шакли моликиятдорӣ ташкилотҳо чигуна мешаванд?

Тиҷорати ва ғайритиҷорати
Иқтисоди, сиёсӣ, иҷтимоӣ
Хусусӣ,давлатӣ,мунитсипиалӣ,омехта
Шахси ва давлати


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.