Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Услубҳои идоракунӣ ва асосҳои назарияи он

Ҳар як роҳбар дар фаъолияти идоракунии худ ўҳдадориҳои худро дар як услуби муйян иҷро менамояд. Услуби идоракунӣ гуфта тарзу усули таъсир расонидан ба рафтори тобеъон дар рафти иҷрои кор меноманд.Нақша:

Мафҳум ва моҳияти услуби идоракунӣ
Гурўҳбандии услубҳои идоракунӣ
Ҳар як роҳбар дар фаъолияти идоракунии худ ўҳдадориҳои худро дар як услуби муйян иҷро менамояд. Услуби идоракунӣ гуфта тарзу усули таъсир расонидан ба рафтори тобеъон дар рафти иҷрои кор меноманд.
Ин таъсиррасониҳо аз омилҳои зерин вобастагӣ дорад:

Вазъи сиёсӣ;
Хислати фаъолияти ташкилот, сохтор ва маданияти он;
Вазъи роҳбар дар зинаи идоракунӣ;
Вазъияти роҳбарияти олӣ;
Хислати рeҷии коллективи меҷнатӣ, муносибат байни онҳо;
Сифати шахсии роҳбар, тарзи рафтор ва муносибат бо коллективӣ меҳнатӣ;
Cифатҳои шахсии тобеъон, сатҳи касбӣ, рушд ва омодагӣ ба ҳамкорӣ бо роҳбар;
Хусусияти ҳолати мавҷуда;
Ҳар як инсон ягона аст, бинобар ин ҳар як роҳбар услуби роҳбарикунии ба худ хос дорад. Вале вобаста ба рафтори роҳбарон дар фаъолияти идоракунӣ, хусусиятҳои муайяни фарқкунанда ба ин ё он гурўҳи услуби идоракунӣ алоқамандӣ дорад.Ин гурўҳбандӣ имкон медиҳад, ки роҳбаронро ба гурўҳҳои мухталиф намоем.
Бори аввал тарзи рафтори роҳбар бо тобеонро дар китоби «Самти инсонии корхона»-и Дуглас Макгрегор навишта шудааст.Чуноне, ки нуқтаи назари Макгрегор дар менеҷмент бо номи «Назарияи Х» ва «Назарияи У» машҳур гаштааст роҳбарони услуби автократӣ ва демократӣ рафтори кормандонро ҳар гуна тасаввур мекунанд ва чӣ тавр бояд онҳоро идора намуд.
Нигҳои авторитарӣ дар идоракунии бевосита буда назорати қатъиро талаб менамояд.Услуби демократи бошад тақсимоти вазифа ва ўҳдадориҳоро ҷонибдорӣ мекунад.

«Назарияи Х»

«Назарияи У»

Одамон аз аввал меҷнат карданро дeст намедоранд ва дар ҳама ҳолат коргурезанд

Меҷнат- раванди табии. Агар шароит мусоид бошад пас онҳо худашон ҳавасманд ҳастанд, ки барои меҳнат кардан ўҳдадор бошанд.

Дар ин гуна инсонҳо шўҳратпарастӣ нест, аз ўҳдадорҳо метарсанд ва чунон мешуморанд, ки онҳоро роҳбаринамоянд.

Агар ба онҳо мақсадашонро муайян созӣ пас онҳо худашон худидоракунӣ ва худназоратиро истифода менамоянд.
Башарте, ки мукофотдиҳӣ низ бо мақсад алоқаманд бошад.

Барои он, ки онҳоро барои меҳнат кардан маҷбур созӣ, назорати қатъи ва таҳдид кардан лозим аст.

Имконияти ба таври эҷодӣ ҳал намудани муаммо кам ба назар мерасад, вале ба таври зеҳнӣ зиёдтар аст.

Ба таври ҳақиқӣ ва ё «тоза» мо наметавонем, ки услуби корбарии ин ё он роҳбарро авторитарӣ ва демократӣ гўем. Мо танҳо аз ҷиҳати зиёдтар майл доштан ба ин ё он услуб аз ҷиҳати хусусият, сифати корбарӣ ва ё қобилият шабеҳият доштанашро гуфта метавонему халос.
2. Гурўҳбандии услубҳои идоракунӣ
Қариб ним аср шудааст, дар боби иҷтимоӣ- равонии менеҷмент барои омўзиши услуби роҳбарӣ мавод ва назарияҳои хело зиёд ҷамъ омадаст, ки ҳар яке қарина ва асосҳои гуногуни услуби идоракунӣ доранд.
Яке аз аввалин тадқиқоҳои услуби роҳбарикуниро Курт Левин гузаронида буд. Тадқиқоти ё ин услуби индивидуалии роҳбар буд, ки солҳои 30-уми асри гузашта коркард шудааст ва то ҳол маъмултарин ба ҳисоб меравад.
К Левин тамоми услубҳои роҳбариро ба се гурўҳ ҷудо менамояд, ки инҳо услуби авторитарӣ, услуби демократӣ ва услуби либералӣ (саҳлангор)

Услуби авторитарӣ(аз калимаи лотинии auctoritas –ҳокимият) – услуби идоракуниест, ки яккаҳукмрониро мепарастад. Автократ «ҳама чиро худам медонам» ва ба эътирози дигарон тоқат надорад. Дар бораи тобеъон маълумоти мукаммал надорад. Ба ҳеҷкас боварӣ надорад, фармонҳои кориро ба таври кўтоҳ, тез ва бо таҳдид месупорад. Эҳсосоти тобеон ва коллективро ба инобат намегирад. Кор бо коллектив ба таври фаври ва бо миқдори зиёд бе муайян кардани мақсади аниқи ҳар як корманд сурат мегирад. Овози роҳбар ҳалкунанда буда аз коллектив xудо мебошад.
Тадқиқот нишон медиҳад, ки услуби авторитари дар ду ҳолат пурра амалӣ мегардад: а) дар шароити истеҳсолот. б) ходим агар ба услуби авторитарии роҳбар розӣ бошад.
Лекин дар ҳама гунна ҳолат услуби авторитарӣ метавонад муваффақбошад:

Таъминоти аниқ ва фаврии идоракунӣ;
Фароҳам овардани таъсироти ягонаи роҳбарикунӣ барои расидан ба мақсади асосӣ;
Кам кардани мўҳлати қабули қарор, ва дар ташкилотҳои хурд таккон барои дигар кардани шароити берунӣ;
Захираҳои махсусро талаб намекунад;
Вале дар баробари афзалиятҳо боз камбудиҳои худро дорад:

Истифода накардани истеъдод ва эҷодкории тобеон;
Мавxуд набудани ҳавасмандии меҳнат;
Вазнин будани системаи назорат;
Ғайриқаноатбахш будани иҷрокунандагон аз меҳнати худ;
Вобастагии зиёди тобеон аз шиканҷаи роҳбар ва ғайра.
Услуби демократӣ(аз калимаигрекии. demos – халқва …krate – ҳокимият)– ин услубест, ки ҳокимият тақсим кардашудааст, бинобар ин ўҳдадориҳо ба ҳаряк корманд тақсим карда шудааст.Услуби демократӣ сухани пучухолӣ набуда дар шакли коллективона – бо ба инобат гирифтани фикри коллектив сурат мегирад. Мавқеи роҳбар дар ин услуб байни гурўҳ мебошад, яъне роҳбар худро ҳамчун аъзои гурўҳ меҳисобад. ҳар як аъзои коллектив метавонад ба ҳама гунна масъала озодона фикрашро баён намояд. Оид ба назорат бошад демократ танҳо натиҷаро интизор мешавад. Чунин шароит барои худинкишофдиҳии кормандон хело имконпазир буда бамақсадрасиро наздик менамояд.
Ин услуб низ афзалиятҳои ба худ хос дорад, ки таври зайланд:

ҳавасманд гардонидани кормандон ва истифодаи васеи қобилияти эxодӣ ва зеҳнии кормандон.
Самаранок истифода бурдани шартномавӣ-модии ҳавасмангардонии кормандон;
Бедор кардани механизми рўхии ҳавасмандгардонии кормандон;
Баланд бардоштани қаноатмандии кормандон аз меҳнат;
Ташкили муҳити хуби корӣ
Лекин услуби демократӣ дар ҳама гуна шароит қабул карда намешавад. Чун қоида ин услуб натиҷаҳои хуб медиҳад агар:

Коллективи мустаҳкам ва таъғирнопазир бошад;
Кормандони баландихтисос;
Мавҷудияти кормандони фаъол, эҷодкор ва бомасъулият;
Шароити хуби истеҳсолӣ ва ғайра.
Чунин шароит ҳама вақт вуҷуд дошта наметавонад, илова бар ин барои сохтани чунин шароит ва интихоби услуби демократӣ танҳо эҳтимолан имконпазир аст. Пиёда кардани чунин имконият дар амалия– ин кори осон нест.
Ақибаш дар он, ки дар тадқиқоти нимасра омадаст, ки хоҳ услуби авторитарӣ бошад ва ё хоҳ демократӣ алоқамандии кори самаранокӣ гурўҳ дар ин усулубҳо муайян карда нашудааст. ҳар ду услуб тақрибан нишондиҳандаҳои якхела доранд.

Дар услуби либералӣ (аз калимаи лотинии. liberalis – озод) бошад тобеон дар коркарди қарор қариб, ки пурра озодиро ба даст меоваранд ва худтанзимкуниро интихоб менамоянд. Дар ҳалли масъалаҳо роҳбар кам иштирок мекунад ва амалан ягон супориш намедиҳад. Услуби либералӣ ин набудани обрўву эътибори роҳбар буда мавқеи роҳбарро тобеон муайян месозанд. Аксаран услуби либералиро саҳлангорона меноманд.
МАВЗЎИ СЕМИНАР: Услуби демократии идоракунӣ

Чаро имрўз дар низоми идоракунӣ услуби демократӣ ҳукмфармост.
Принсипҳои ҷомеаи демократиро дар чӣ мебинед
Муқоисаи услуби демократӣ ва либералӣ
Ҳокимияти халқиро чӣ тавр тасаввур менамоед
Халқ дар низоми демократии ҳокимият
МАВЗЎИ КМРУ-и 1: Ҳалли масъалаҳои ҳолатӣ
Вазифа. Таркиб ва мазмуни усулҳои иқтисодиро дар расм акс намоед ва нақшаи рушди иҷтимоии гурўҳи меҳнатиро тартиб диҳед.
Саволҳо барои муҳокима

Чӣ тавр усулҳои иҷтимоии идоракуниро муайян кардан ва аз байни онҳо усулҳои махсусро доир ба ҳалли муаммоҳои иҷтимоии ташкилот ҷудо намудан мумкин аст?
Сохти усулҳои иҷтимоии идоракунӣ бо кадом палўҳои талаботи кормандони ташкилот алоқамандӣ дорад?

МАВЗЎИ КМРУ-и 2: Пурсиши мавзўъ ва ҷамъбасти дарс
Саволҳо барои худсанҷишӣ:

Услуби идоракунӣчист?
Бори аввал тарзи рафтори роҳбар бо тобеондар кадом китоб ва аз ҷониби кӣнавишта шудааст?
Нуқтаи назари Макгрегор дар менеҷмент чӣ гуна буд?.
Аввалин тадқиқотҳои услуби роҳбарикуниро кадом олим гузаронида буд
Услуби авторитарӣ чист?
Услуби демократӣ чист?

Супоришҳо барои кори мустақилона
Ба саволҳои зерин дар шакли хаттӣ ҷавобҳои мухтасар нависед:

Мафҳуми усулҳои иқтисодии идоракунӣ чиро ифода менамояд?
Усулҳои иқтисодии идоракунӣ аз рўи хусусиятҳои таъсири қонунҳои амалкунанда, самтнокӣ ва таъсиррасонии идоракунӣ ба фаъолияти корхона кадомҳоанд?
Таркиб ва мазмуни усулҳои иқтисодии идоракунӣ чист?
Механизмҳои иқтисодии идоракуниро номбар ва тавсиф намоед.
Истифодаи усулҳои иқтисодии идоракунӣ дар хоҷагидорӣ ва таъсири онҳо ба самаранокии фаъолияти корхонаҳо чӣ гунаанд?
Мафҳуми усулҳои иҷтимоии идоракуниро таъриф намоед.
Нақшагирии рушди иҷтимоии гурўҳи меҳнатӣ, таркиб ва мазмуни нақша кадомҳоанд?
Усулҳои баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоии гурўҳи меҳнатиро номбар ва тавсиф намоед.
Усулҳои батанзимдарории иҷтимоӣ кадомҳоанд?
Истифодаи усулҳои иҷтимоии идоракунӣ ва таъсири онҳо ба фаъолияти кормандони ташкилот?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.