Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Идоракунии захираҳои инсонӣ дар соҳаи туризм

Инкишофи муосири туризм ва меҳмоннавозӣ дар захирахҳои табиӣ‚ иҷтимоӣ – иқтисодӣ‚ фарҳангӣ – таърихӣ ва албатта захираҳои меҳгнатӣ асос ёфтааст. Туризм ҳамчун соҳаи фаъолият аз тарафи инсонҳо барои инсонҳо эҷод шудааст ва фақат ба онҳо меҳмоннавозӣ хос аст…Инкишофи муосири туризм ва меҳмоннавозӣ дар захирахҳои табиӣ‚ иҷтимоӣ – иқтисодӣ‚ фарҳангӣ – таърихӣ ва албатта захираҳои меҳгнатӣ асос ёфтааст. Туризм ҳамчун соҳаи фаъолият аз тарафи инсонҳо барои инсонҳо эҷод шудааст ва фақат ба онҳо меҳмоннавозӣ хос аст. Хеҷ захираи дигаре‚ механизми маснӯӣ наметавонад эҳсоси меҳмоннавозиро ки мо дар муносибат бо дигар одамон эҳсос мекунем иваз намояд. Ана барои чӣ захираи асосии инкишофи туризм ҳамеша инсон ва захираҳои инсонист.
Дараҷаи механикунонии меҳнат дар саноат нисбат ба қиёс бо соҳаҳои саноат фавқуллода паст аст. Идоракунии одамон ҳатмӣ ва ҷузъиёти асосии менеҷменти ҳар як ташкилоти туристӣ дар баробари идоракнуии моддӣ (техникаи ташкилотӣ‚ фонди шуморавӣ ва ғ.) ва табиӣ (мавзеҳои осоишгоҳҳо‚ҳайкалҳо‚ табиат ва ғ.) мебошад.
Захираҳои меҳнатӣ аз шаклҳои дигари захираҳо фарқ мекунанд ва усулҳои махсуси идоракуниро талаб мекунанд. Хусусиёти захирахои инсонӣ дар туризм ва меҳмоннавозӣ чунинанд:
1) одамон ба соҳаи туризм меоянд‚ ширкатҳои туристӣ бо мақсадҳои муайян ва саъю кӯшиш. Онҳо барои худтатбиқкунӣ интизори кӯмаканд. Бештар онҳоро хислати худи саноат‚ афзалиятҳои моддӣ‚ карера ҷалб менамояд.
2) дар фарқият бо мошин ва ашёи хом аксуламали инсонҳо ба идоракунӣ‚ таъсири беруна – эҳсосотӣ – хирадмандона аст. Менеҷери оид ба туризм доман дар ду ҳолат қарор дорад: ё ба кори ташкилот кӯмак мекунад ё халал мерасонад. Ӯ метавонад гурусна ва аз хоб сер нашуда ба кор ояд‚ бинобар ин метавонад асабӣ бошад в бо кормандон ва меҳмонон дағалӣ кунад. Менеҷери таҷрибадор метавонад кормандонро ба натиҷаи меҳнат ҳавасманд намояд‚ ба даст овардани вазифаҳои гузошташуда илҳом бахшад. Хусусан дар соҳаи туризм ва меҳмоннавозӣ ин ҷанбаи омили инсонии инкишоф бараъло намоён аст;
3) одамон нисбат ба дигар захираҳо қобилияти худтакмилёбӣ ва худинкишофёбӣ доранд ва таҷрибадор , касбиятдор ва беҳтар мешаванд. Лекин захираҳои дигари инкишоф не.
Ана якчанд ҷанбаҳои асосии муносибатҳо ба корманд ва такмили ӯ:
– инсонҳоро ҳамчун захира баррасӣ намоед‚ на чун хароҷоти маош;
– кори гурӯҳиро пуштибонӣ намоед‚ ҳангоми татбиқи стратегияи инкишофи ширкат тамоми кормандонро хавасманд намоед;
– вохӯриҳо ташкил намоед‚ то ин ки коргаронро дар иҷроиши бизнес-вазифаҳои ҷорӣ танзим намоед;
– барномаҳои омӯзиширо барои кормандон махсусан дар соҳаи баланд бурдани сифати хизматрасониҳо муназзам такрор кунед;
– барои бардоштани сатҳи касбӣ омӯзиш ва омодагии кормандонро нафақат дар соати корӣ‚ балки (тибқи зарурият) ҳангоми истироҳат гузаронед;
– баланд бардоштани такмили мустақили кормандонро ҳавасманд намоед;
– қобилияти ба омӯзишро арзёбӣ намоед‚ то бубинед‚ то чӣ андоза коргарон ба проблемаҳои кор сарфаҳм мераванд.
Корманди баландихтисосо ва таълимдида сатҳи касбияти ширкатро дар назари истеъмолкунандагон мебардорад ва ба сифати баланди хизматрасонӣ ёрдам мекунад. Ин ба тамоми кормандон‚ хусусан ба онҳое‚ ки дар толорисавдо‚ қаҳвахона‚ хадамоти ҷобаҷогузорӣ ва хизматрасониҳои фонди утоқӣ‚ гидҳо тааллуқ дорад. Ин ашхос бештар бо туристон робита доранд. Бинобар ин дар чашмони туристон онҳо «чеҳра»-и ширкатанд. Дар хориҷа чунин категорияи кормандонро бо истилоҳи «фронт-офис» ё «фронт-лайн» муттаҳид месозанд. Бечунучаро гидҳо нерӯи асосии зарбавии «фронт-офис»-и ширкат мебошанд ва қобилияти онҳо дар бовар кунондани мизоҷ дар амният ва ҷолибияти саёҳат ҳалкунанда аст.
Бархурди муосир ба идоракунии кормандон дар шакли зерин анҷом меёбад: Бо истифода аз олоти кадрии мухталиф роҳбар бояд барои кормандони худ чунин салоҳият («метавонам»‚ «медонам»., «мехоҳам» – дониш‚ малака, мақсад) ‚ ки ояндаи онҳо рафтори ташкилотии кормандон ба комёбии мақсадҳои банақшагирифтаи муассиса ва ҳалли масалаҳои гузошташуда ‚ натанҳо ҳозира ‚ балки ояндадор оварда расонд. Ҳангоми идоракунии кормандон идоракунии мақсаднок усули МВО (Management by Objectives) васеъ истифода бурда мешавад. Ин усул имкон медиҳад‚ ки дар соҳаи мураккаби захираҳои инсонӣ банақшагирӣ ва назоратро муттаҳид созем.
Хусусиятҳои идоракунии кормандонро дар муассисаҳои туристӣ ‚ ки сохторҳои ташкилотии гуногун доранд‚ баррасӣ менамоем:
1) Ожонсии туристӣ. Аз нуқтаи назари идоракунии кормандон дар сурати маҳдудияти захирахои инсонӣ (10-20 нафар) муҳимтар аз ҳама тими босамар. Вобаста ба ин технологияи қабули кормандон ва усулҳои истифодабарандат ташхиси равоншиносӣ аҳамияти муҳимро касб менамояд. Ба ғайр аз ин‚ сабзиши карера ва касбии кормандон тавассути системаи такмили ихтисос‚ коромӯзӣ – гарафи инкишоф ‚ афзоиши эътибор ва мутобиқан устувории иқтисодии тамоми ожонсӣ мебошад.
2) Меҳмонхона. Меҳмонхонаи муосири бизнесро ҳамроҳкунанда чун тарабхона‚ майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ‚ гармоба ва ҳавзҳо хадамоти коммуникатсионӣ ва хизмати маишӣ‚ бюрои туристӣ ва хадамоти ташкили конфронсҳо ва ғайра – ин комплекси қавитаринест‚ ки ба тартиби бештари кормандон дар назар дошта шудааст ва дар ин ҳолат омӯзиши кормандон дар навбати аввал муошират бо мизоҷон аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Маркази сангини ба масъалаҳои таъмини робитаи баръакс тавассути гузаронидани саволу ҷавоби иҷтимоии мизоҷон‚ такмили фарҳанги корпоративӣ‚ тарбияи эҳсоси садоқат ба ширкат дар кормандон‚ таҳкими хоҳиши фаъолияти тӯлонӣ ва эҳсоси муносибати баробари эҳтиромомез дар ҳар мавқеъ хоҳ ҷомадор‚ швейтсар‚ фаррош‚ пешхизмат‚ муносибати боэҳтиром‚ баробари нисбати худи менеҷерони меҳмонхонаро эҳсос намуд. Ҳамин тавр‚ барои (хоҳ меҳмонхона бошад‚ хоҳ тарабхона‚ ожонсии туристӣ ва ғ.) босамар ва рақобатпазирие‚ ки қобили худинкишофи ва адаптатсияи оптималии доимо ивазшавандаи шароити бозори беруна‚ қобилияти қаноатмандкунии тамоми ниёзҳои зиёдшавандаи истеъмолкунандагон ва маҳз ҳамин вазифаи стратегӣ ва асосии ҳар роҳбар буда зарур аст, ки таваҷҷӯҳи махсус дар навбати аввал ба «идоракунӣ»-и захираҳои инсонӣ зоҳир карда шавад ва аз методҳои муосири технология оқилона истифода бурда шавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.