Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Коммуникатсия (иртибот) дар низоми менеҷмент

Ҳар як роҳбар нақши иртиботии худро нисбати фаъолияти тобеон амалӣ намуда, дар қабули қарорҳою иҷрои воқеии функсияҳои асосии идоракунӣ (нақшагирӣ, ташкил, мотиватсия ва назорат) бояд фаъолона ширкат варзад.1. Хадаф ва вазифаҳои итибот
2. Намудҳои асосии иртибот
3. Унсурҳо ва марҳилаҳои асосии ҷараёни иртибот
4. Самаранокии иртибот дар низоми идоракунӣ
С.1. Ҳар як роҳбар нақши иртиботии худро нисбати фаъолияти тобеон амалӣ намуда, дар қабули қарорҳою иҷрои воқеии функсияҳои асосии идоракунӣ (нақшагирӣ, ташкил, мотиватсия ва назорат) бояд фаъолона ширкат варзад.
Калимаи «коммуникатсия » аз истилоҳи лотинии «сommunis» гирифта шуда, ба забони тоҷикӣ иртибот мебошад.
Таҳвилгарони иттилоот ҳамеша саъю кўшиш мекунанд, ки бо ниёзманди иттилоот дар робита ё пайвастагӣ бошанд. Аз ин рў, иртиботро на танҳо бо иттилоот, балки тавассути ягон рамз ё нишона ба дасти истифодакунандагони он метавон расонид.
Дар ҷараёни идоракунӣ истифодаи иттилооти мукаммалу саҳеҳ нақши бузург мебозад. Иттилоот воситаи муҳими ба фаъолияти тобеон таъсир расонидани менеҷерон аст. Ҳамаи намудҳои фаъолияти идоракунӣ дар зинаҳои гуногуни он бе истифодаи оқилонаи иттилоот самараи дилҳоҳ намедиҳанд. Аз ин лиҳоз, дар низоми менеҷмент иттилоот ва иртибот мафҳумҳои бо ҳамдигар хеле наздик бошанд ҳам, вале фарқ ҳам доранд. Ҷараёни иртибот – ин мубодилаи иттилоот дар байни ду субъект, шахсони алоҳида ё гурўҳи одамон мебошад.
Дар раванди фаъолияти худ роҳбарону менеҷерон бо сели зиёди иттилоот сару кор доранд. Мубодилаи иттилоот, ки ба ташкили босуботи ҷараёни идоракунӣ ба таври мустақим таъсир мерасонад, иртиботи самаранок ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин менеҷери пурсамар – роҳбаре мебошад, ки аз миқдори зиёди иттилоот танҳо заруртаринашро ба манфиати корҳона интиҳоб ва истифода менамояд.
Иртибот дар менеҷмент барои таҳия ва таъмини иҷрои қарорҳои идоракунӣ аз мубодилаи иттилоот оғоз меёбад.
Барои гузориши мақсадҳои муайян дар назди корҳона маҳз сифати мубодилаи иттилоот таъсири ҷиддӣ мерасонад. Аз ин бармеояд, ки самаранокии фаъолияти корҳона аз судмандии иртибот вобастагӣ дорад.
Иртибот дар корҳона ҳангоми робитаи роҳбарон бо тобеон, дар ҷаласаҳои корӣ, гуфтугўҳои телефонӣ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои корӣ истифода мешавад ва тамоми паҳлўҳои фаъолияти ҳоҷагиро фаро мегирад.
Ҳадафҳои асосии иртибот дар низоми менеҷмент чунинанд:
таъмини мубодилаи самараноки иттилоот дар байни субъект ва объекти идоракунӣ;
такмили муносибатҳои байнишахсӣ дар ҷараёни мубодилаи иттилоот;
ташкили шабакаҳои иттилоотӣ барои мубодилаи иттилоот байни коргарони алоҳида ва гурўҳҳо, ҳамоҳангсозии вазифаҳо ва фаъолияти онҳо;
танзим ва ҷобаҷогузории иттилоот.
Иртибот ҳамчун омили муҳими идоракунӣ ба ташкили самараноки иттилоот бо мақсади идоракунии ҷараёнҳои навоварӣ мусоидат менамояд.
Иртибот дар менеҷмент вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
муайянкунӣ ва нақшагирии эҳтиёҷ ба иттилооот барои ҳар як зинаи алоҳидаи идоракунии корҳона;
ташкили таъмини иттилоотии низоми идоракунӣ дар корҳона;
ташкили роҳҳои самарабахши ҷараёни таҳия ва иҷрои қарорҳои идоракунӣ;
истифодаи технологияҳои иттилоотии пешқадам дар раванди татбиқи навовариҳо;
ҳамоҳангсозӣ ва назорати қарорҳои идоракунӣ, таъмини тартиботи иҷрои супориш ва нақшаҳо дар корҳона;
таҳия ва ҷорӣ намудани сиёсати ягонаи илмӣ-техникӣ дар бобати имконияти истифода бурдани технологияҳои иттилоотии муосир дар ташкили самараноки низоми идоракунӣ.
С.2. Иртиботро одатан ба ду гурўҳ қисмат мекунанд:
иртиботи байни корҳона ва муҳити берунии он;
иртиботи байни зинаҳои идоракунӣ дар дохили корҳона.
Ба гурўҳи якуми иртибот он иттилооте шомиланд, ки бо муҳити берунӣ пайвастагии дуҷониба доранд. Аз таъсири омилҳои муҳити берунӣ эҳтиёҷи корҳона ба иттилоот ва навъҳои он муайян мегардад. Ба онҳо иттилоот тавассути васоити ахбори умум, таҳвилгарони мол, истеъмолгарон, идораҳои назорати сифати маҳсулот, мақомоти танзими давлатӣ, гурўҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва ғайра дохил мешаванд.
Корҳона барои иртибот бо муҳити атроф аз воситаҳои гуногун истифода мебарад. Масалан, бо истеъмолгарон онҳо бо ёрии барномаҳои маркетингӣ ва таблиғотӣ робита мекунанд, ки дар пайванди онҳо омўзиши вазъи бозор бо ёрии сохторҳои махсуси ҳоҷагидорӣ ба роҳ монда мешавад. Риояи меъёрҳои танзими давлатӣ як тартиби хаттии пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро дар назар дорад.
Ба гурўҳи дуюм, иртиботи байни зинаҳои идоракунӣ ва қисматҳои корҳона дохил мешаванд. Мисоли равшани ин гуна иртибот – алоқаи роҳбар бо тобеон, байни сохтору бахшҳои гуногуни корҳона, роҳбар ва гурўҳи корӣ, иртиботи ғайрирасмӣ ва ғ. мебошанд.
Иттилоот дар байни зинаҳои идоракунии корҳона дар чаҳорчўбаи иртиботи умумӣ паҳн мешавад. Он бо ду роҳ ба амал меояд. Якум, аз боло ба поён, яъне агар иттилоот аз зинаи болоӣ ба поёнӣ таҳвил гардад. Бо ин роҳ зинаҳои болоии роҳбарикунанда ба тобеан доир ба масъалаҳои ҷорӣ, вазифаҳои мушаххас, тавсияҳо, супоришот ва ғайра пайваста маълумоти хаттӣ ё шифоҳӣ мефиристонанд.
Ғайр аз ин, корҳонаҳо ба иртиботе ниёз доранд, ки онҳо аз зинаҳои поёнӣ ба зинаҳои болоии идоракунӣ бояд таҳвил дода шаванд. Масалан, маълумот нисбати воридоти ашёи ҳом, миқдори коргарон, норасоии воситаҳои техникӣ ва ғайра.
Таҳвили иттилоот аз зинаҳои поёнӣ ба сохторҳои болоӣ метавонад ба фаъолияти корҳона таъсири назаррас расонад. Мубодилаи иттилоот аз поён ба боло дар шакли ҳисобот ва ҳар гуна дарҳосту пешниҳодот сурат мегирад. Масалан, кормандони бахши тиҷоратии корҳона тарзу усули нави фурўши маҳсулотро тарҳрезӣ намуда, ин гуна фикру ақидаро бо роҳи мукотибаи хаттӣ арз мекунанд. Дар навбати худ роҳбари шўъба ин иқдомро ба роҳбари корҳона пешниҳод мекунад.
Барои ҳамоҳангсозии вазифаҳо ва амалиёт дар байни қисматҳои гуногуни корҳона мубодилаи мунтазами иттилоот зарур аст. Аз ин рў, миқдори зиёди иттилоот байни қисматҳои алоҳидаи корҳона бо тарзи мубодилаи уфуқӣ ирсол мегардад. Бо ин роҳ фаъолияти гурўҳҳои корӣ оиди назорати хароҷот, тақсими захираҳо, усулҳои нави истеҳсолот ва фурўши маҳсулот ҳамоҳанг сохта мешавад.
Роҳбарони сохторҳои мухталифи корҳона ҳамдигарро доир ба ҷорӣ намудани техникаю технологияи нав, бо роҳҳои беҳтарини иртиботию иттилоотӣ хабардор месозанд. Ба ғайр аз ҳамоҳангсозии амалҳо, иртиботи уфуқӣ боиси ҷорӣ шудани муносибатҳои баробарҳуқуқӣ дар байни бахшҳои алоҳидаи корҳона мегардад, ки дар натиҷа ба фаъолияти он таъсири мусбат мерасонад.
Иртиботи роҳбар-тобеон.
Онҳо ба тарзи иртиботи амудӣ дохил шаванд ҳам, як гурўҳи нисбатан мустақил ҳисоб меёбанд, чунки ба ҷараёни истеҳсолот ва муомилот таъсири мустақим доранд. Мубодилаи иттилоот байни роҳбар ва тобеон басо гуногуншакл буда, бо усулҳои фаъолият, самаранокии кор, ҳавасмандкунӣ, такмили қобилияти тобеон, пешниҳоду шикоятҳо, натиҷаҳои кор ва ғайра вобастаанд.
Иртибот байни роҳбар ва гурўҳи корӣ.
Азбаски тобеон ба гурўҳҳои корӣ муттаҳид шудаанд, иртиботи роҳбар бо онҳо барои ба даст овардани самаранокии идоракунӣ зарур аст. Иштироки ҳамаи аъзои гурўҳ дар мубодилаи иттилоот имконият медиҳад, ки муносибати роҳбар ва гурўҳҳо дуруст ва мақсаднок ба роҳ монда шавад.
Иртиботи ғайрирасмӣ.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳамаи он намудҳои иртиботе, ки дар боло овардем, иртиботи расмӣ ҳисоб меёбанд, яъне онҳо бо назардошти сиёсат, қоидаҳо ва дастурҳои хизматии корҳона бо истифодаи шабакаҳои расмӣ ба амал меоянд.
Иртиботи ғайрирасмӣ риояи бечунучарои қоидаҳои умумии корҳонаро сарфи назар мекунанд. Онҳо бо роҳи низоми муайяншудаи муносибатҳои шахсии байни кормандони корҳона зуҳур меёбанд.
Шабакаҳои иртиботи ғайрирасмии корҳона аз он сабаб пайдо мешаванд, ки коргарон кўшиши донистани он иттилотеро доранд, ки онро бо ёрии иртиботи расмӣ ба даст оварда наметавонанд.
Низоми иртиботи ғайрирасмӣ метавонад овозаҳоеро тавлид созад, ки онҳо ба самаранокии фаъолияти корҳона таъсири манфӣ расонанд. Бо воситаи иртиботи ғайрирасмӣ кормандон иттилооти зиёд, ба монанди ихтисор кардани вазифаҳои корӣ, чораҳои нави ҷазодиҳӣ, тағйирот дар сохтори корҳона, истеъфои роҳбарон, муносибати оилавии шахсони алоҳида ва ғайраро метавонанд ба даст оранд.
Тадқиқоти ҷудогона нишон доданд, ки аксар вақт иттилооти бо воситаи иртиботи ғайрирасмӣ паҳншуда ба ҳақиқат наздиканд. Ду нуқтаи назар оиди аз байн бурдани ин сарчашмаҳои иттилоотӣ вуҷуд доранд:
паҳн намудани то ҳадди имкон миқдори зиёди иттилоот тавассути шабакаҳои иртиботи расмӣ;
дастгирии шабакаҳои иртиботи ғайрирасмӣ ва дохил намудани менеҷерон ба ин шабакаҳо барои алоқаҳои баръакси иттилоотӣ.
Дар як қатор мавридҳо, фикру ақидаҳои дар гурўҳҳои ғайрирасмӣ пайдошуда тавассути шабакаҳои ғайрирасмӣ ба маълумоти роҳбар мерасанд, ки имконияти қабули қарорҳои дуруст ва ё бартараф намудани ҳолатҳои низоиро фароҳам меоваранд.
С.3. Аз он ки иттилоот ҳамаи самтҳои фаъолияти корҳонаро фаро мегирад, пас маълум мешавад, ки самаранокии фаъолияти он аз бисёр ҷиҳат бо самаранокии ҷараёни иртибот вобаста аст. Вале аксар вақт дар корҳонаҳо дар раванди ҷараёни иртибот иттилоот таҳриф мегардад ва ё нодуруст қабул карда мешавад. Сабаб дар он аст, ки иттилоот ба дасти ниёзманд ба зудӣ ва пурра намерасад.
Дар раванди мубодилаи иттилоот ҳарду тарафи манфиатдор нақши муҳим мебозанд. Самаранокии мубодилаи иттилоот танҳо ҳамон вақт таъмин мегардад, ки агар як тараф онро дуруст таҳвил намояд ва тарафи дигар онро аниқ тафсир кунад. Аз ин рў вазифаи асосии ҷараёни иртибот ин таъмини дуруст таҳвил намудан ва қабул кардани иттилоот мебошад.
Ҷараёни иртибот тарзи мубодилаи иттилоотии байни ду ва ё зиёда шахс мебошад.
Барои дуруст фаҳмидани моҳият ва мазмуни ҷараёни мубодилаи иттилоот ва шартҳои самаранокии он донистани марҳилаҳои асосӣ ва унсурҳои таркибии он воҷиб аст.
Дар ҷараёни иртибот чор унсури зеринро аз ҳамдигар фарқ бояд кард (нақшаи 8.1.):
1.Таҳвилгар – шахсе, ки фикру андешаро тавлид месозад, иттилоотро ҷамъ меоварад ва онро таҳвил менамояд.
2.Хабар – моҳияти иттилоот, ки бо тарзи шифоҳӣ ва ё бо ёрии рамзҳо таҳвил дода мешавад.
3.Шабака – воситаи асосии таҳвили иттилоот.
4.Қабулкунанда – шахсе, ки иттилоот ба ў таъин шудааст, онро қабул ва тафсир мекунад.

Нақшаи 8.1. Унсур ва марҳилаҳои ҷараёни иртибот
Дар ҷараёни иртибот таҳвилгар ва қабулкунандаи иттилоот бо марҳилаҳои зерин алоқаманд мегарданд:
тавлиди фикру андеша;
интиҳоби шабакаи таҳвили иттилоот;
таҳвил;
тафсир.
Ҷараёни иртибот бояд дар муддати кўтоҳтарин сурат гирад, вале мумкин аст, дар баъзе ҳолатҳо душворӣ ҳам пайдо гардад.
Тавлиди фикру андеша. Ҷараёни иртибот аз интиҳоби иттилоот, яъне тавлиди фикру андеша оғоз меёбад. Таҳвилгар бояд донад, ки кадом хабар таҳвил мегардад. Дар ҳамин марҳила пайдо шудани мушкилот ҷой дорад, зеро бархе аз роҳбарон масъаларо бодиққат наомўхта, иттилооти ҳомро таҳвил мекунанд, ки ягон манфиат намебахшад.
Барои он ки мубодилаи иттилоот самаранок гардад, омилҳои зиёди ҳолатиро бояд ба назар гирифт. Масалан, агар роҳбар ҳоҳад, ки оиди натиҷаҳои кор мубодилаи иттилоот намояд, вай бояд аниқ донад, ки сухан доир ба тарафҳои мусбат ва манфии корманди алоҳида ё гурўҳи одамон меравад. Дар ин ҳолат танҳо тавсиф ва ё танҳо танқид кардан шояд дуруст набошад.
Интиҳоби шабакаи таҳвил. Дар ин марҳила фикрро бояд нахуст ба хабар табдил дод (бо ёрии рамзҳо, калимаҳо, имову ишора, оҳанги гуфтор ва ғ.). Рамзгузорӣ фикрро ба хабар табдил медиҳад.
Шабакаи таҳвили иттилоот бояд бо намуди интиҳобкардаи рамз мувофиқ бошад. Шабакаҳои маъмултарин – инҳо таҳвили шифоҳӣ, маводҳои хаттӣ, воситаҳои электронии алоқа, почтаи электронӣ, факс, телекс ва ғ. мебошад.
Интиҳоби воситаи иттилоот бояд танҳо бо як шабака маҳдуд набошад. Истифодаи миқдори зиёди воситаҳои иртибот имконият медиҳад, ки иттилоот ҳар чи зудтар қабул гардад. Агар роҳбар як маълумотро шифоҳӣ таҳвил намояд ва тарзи хаттии онро низ пешниҳод намояд, самаранокии механизми иртиботӣ бештар мешавад. Қайд кардан бомаврид аст, ки ҳамаи иттилоотро ҳаттӣ таҳлил намудан шарт нест, чунки онҳо боиси зиёд шудани сели қоғазу қоғазтавлидгароии бефоида мегардад ва идоракунӣ дар ин маврид равияи самарабахшиашро гум мекунад.
Таҳвил. Дар ин марҳила таҳвилгар бо шабакаи интиҳобкардааш иттилооти заруриро ба қабулкунанда мерасонад. Бояд зикр намуд, ки баъзан таҳвилро ҳамчун ҷараёни пурраи иртиботӣ қабул мекунад. Аммо дар асл, тавре ки фаҳмидем, он танҳо як марҳилаи муҳими иртибот ҳисоб меёбад. Роҳбар дар ин марҳила бояд иттилоотро аниқ баён намояд ва барои саҳеҳ расидани он ба қабулкунанда мустақиман мусоидат кунад.
Самаранокии иртибот аз тавлиди бомавриди фикру андеша, маҳорати дурусти интиҳоб намудани шабакаи таҳвил ва ба қабулкунанда расонидани он аст.
Тафсир. Қабулкунанда маълумотро қабул намуда, онро тафсир мекунад. Дар ҷараёни тавсир рамзҳои таҳвилгари иттилоот ба фикрҳои қабулкунанда табдил меёбад. Агар рамзҳои ирсолкунанда бо қабулкунанда мувофиқ ояд, он гоҳ қабулкунанда ба маънои фикри ирсолкунанда сарфаҳм меравад. Бо ин амалиёт ҷараёни мубодилаи иттилоот ба итом мерасад, вале дар он ҳолат, ки фикри дуруст маънои баръаксро ба миён наоварад.
Алоқаҳои баръакс. Барои тасдиқи натиҷаҳои нигаронӣ ҳатман алоқаҳои баръакс зарур мебошад. Бо воситаи ин гуна робитаҳо таҳвилгар ва қабулкунандаи иттилоот нақшҳои иртиботии худро иваз мекунанд. Акнун қабулкунанда ба таҳвилгари маълумоти ҷавобӣ табдил меёбад, ки бо тартиби баръакс ҳамаи марҳилаҳои ҷараёни иртиботиро дар бар мегирад.
Алоқаҳои баръакс имконият медиҳанд, ки то чӣ андоза дуруст қабул шудани маълумоти аввала муайян карда шавад. Бо воситаи алоқаҳои баракс самаранокии ҷараёни мубодилаи иттилооти идоракунӣ баланд мегардад. Алоқаи баръакс воситаи кам намудани нофаҳмиҳое мебошад, ки дар ҷараёни иртибот бо роҳи таҳрифи иттилоот ба амал меоянд. Сарчашмаҳои таҳрифи иттилоот гуногун мебошанд ва онҳоро дар зер шарҳ медиҳем.
С.4. Тавре, ки дар боло қайд намудем, иртибот дар ҳамон ҳолат самаранок мегардад, ки агар қабулкунандаи иттилоот маънои онро дуруст ва айнан дарк намояд. Дар акси ҳол иртибот натиҷаи матлуб намедиҳад.
Омилҳое, ки имконоти самара бахшидани иртиботро паст мекунанд, монеаҳои иртиботӣ номида мешаванд. Монеаҳои иртиботӣ ба макро – ва микромонеаҳо қисмат мешаванд. Микромонеаҳо иртиботӣ ба тамоми ҷараёни иртибот ва фаъолияти корҳона садди роҳ мегарданд. Ба ин гуна монеаҳо таҳрифи иттилоот, талабот ба иттилооти мураккаб, ба сатҳи байналхалқӣ баромадани робитаҳои корӣ ва болоравии нақши забонҳои ҳориҷӣ дохил мешаванд. Микромонеаҳои иртиботӣ – муносибати таҳвилгари иттилоот нисбати қабулкунандаи он ва баръакс, набудани алоқаи баръакс дар ҳолатҳои мушаххаси корҳои нисбатан хурд ба сифати иртибот таъсири манфӣ мерасонад.
Монеаҳо дар роҳи ташкили иртиботи байнишахсӣ
Новобаста аз гуногунии усулҳои иртибот, тибқи тадқиқоти олимони ҳориҷию ватанӣ роҳбарон аз 50 то 90% вақти худро ба мубодилаи байнишахсии иттилоот сарф мекунанд.
Дар роҳи амалигардонии иртиботи байнишахсӣ баъзан монеаҳое пеш меояд, ки бо нодуруст қабул намудани иттилоот, алоқаи баръакси ғайриқаноатбахш, гўш надодан ба ақидаи тарафи муқобил вобастагӣ доранд.
Монеаи паҳншудатарин дар ҷараёни иртибот – ин нодуруст ё ғалат дарк намудани мазмуни иттилоот аз ҷониби қабулкунанда мебошад.
Одамон вобаста ба сатҳи дониш, малака ва таҷрибаи ҳаётиашон иттилоотро гуногун қабул мекунанд.
Қисми зиёди иттилоот бо роҳи шифоҳӣ, бо воситаи ишора ва оҳанги овоз таҳвил мешавад. Аз ин рў, дар иртибот на танҳо чӣ гуфтан, балки чӣ тавр гуфтанро низ бояд ба эътибор гирифт.
Омили дигаре, ки ба самаранокии мубодилаи иттилоот таъсири манфӣ мерасонад, алоқаи баръакси ғайриқаноатбахш мебошад. Мавҷуд будани алоқаи баръакс нофаҳмиҳоро дар ҷараёни иртибот аз байн мебарад.
Монеаи дигар дар ҷараёни иртибот – ин надоштани маҳорати шудани тарафи дигар аст. Маҳорати ба суханҳои дигарон бо самимият ва хеле бодиққат гўш кардан ба роҳбар шарту зарур аст. Вале баъзан дар амал чунин ҳолатҳо мешавад, ки роҳбар худро чунон вонамуд мекунад, ки ба суханони ҳамсўҳбаташ мароқ дорад. Дар асл бошад, фикру хаёли ў дар ҷои дигар аст. Бодиққат гўш кардан ба суханони шахси гўянда ё ҳамсўҳбат заруртарин сифати менеҷери пурсамар ҳисоб меёбад. Агар роҳбар кормандонро бодиққат гўш кунад, он гоҳ вай доир ба шарҳи пурраи масъала диққат медиҳад ва самаранокии ҷараёни иртибот баланд мегардад.
Ба ғайр аз бодиққат гўш карда тавонистан боз як қатор воситаҳои дигари судманд низ мавҷуданд, ки барои баланд бардоштани самаранокии иртиботи байнишахсӣ истифода мешаванд. Ба қатори онҳо шомиланд:
пеш аз таҳвили иттилоот омўзиши амиқи фикр;
ҳамеша ба душвориҳои имконпазири забонӣ тайёр будан;
ба ҳусни забон, оҳанги гуфтор, имову ишораи худ диққат додан;
ба ҳиссиёти тарафи дигар аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан;
кўшиши бавуҷудории алоқаи баръакс.
Монеаҳои иртиботӣ дар корҳона
Такмили маҳорати муносибат намудан бо одамон самаранокии ҷараёни идоракуниро одатан баланд мебардорад. Вале дар роҳи мубодилаи иттилоот дар корҳона монеаҳое пайдо мешаванд, ки бо моҳияти иртиботи байнишахсӣ ягон алоқамандӣ надоранд. Дар ин маврид, роҳбар бояд монеаҳои ҳангоми мубодилаи итттлоот дар корҳона пеш меомадаро хуб донад ва садди роҳи онҳо гардад.
Таҳрифи иттилоот. Яке аз монеаҳои паҳншудатарин дар роҳи иртиботи корҳонавӣ ин таҳрифи иттилоот мебошад. Таҳрифи иттилоот иллатҳои гуногун дорад. Баъзан ин гуна монеаҳо барқасдона набуда, ба душвориҳои муносибатҳои байнишахсӣ вобастаанд. Вале таҳрифи барқасдона ҳам метавонад ҷой дошта бошад. Агар қабулкунанда бо иттилоот розӣ набошад, вай барои ҳадафҳои хеш маънои онро дигар мекунад.
Миқдори зиёди иттилоот низ метавонад монеаи иртиботи самаранок гардад
Ғайриқаноатбахш будани сохтори корҳона низ метавонад монеаи иртиботӣ гардад.
Муносибатҳои ғайриқаноатбахш байни қисматҳои таркибии корҳона, ҳолатҳои низоӣ дар байни онҳо ва кормандони алоҳида низ ба ҷараёни иртиботӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
зимни нақшагирии иртибот маслиҳати дигаронро низ ба назар гиред;
диққати асосиро ба мазмуни иттилоот равона созед;
имконотеро истифода намоед, то иттилоот ба ҷои таъиншуда саҳеҳ расад;
чӣ тавр ҷараён доштани иртиботро аз назар дур накунед;
иртиботро на танҳо ба имрўз, балки ба фардо низ барқарор намоед;
кўшиш намоед, то корҳои Шумо бо суханҳоятон мувофиқ афтад;
маҳорати гўш кардани тарафи дигарро сайқал диҳед;
пайваста кўшиш кунед, ки монеаҳои забонӣ надошта бошед.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.