Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Омилҳои мухити дохили ва берунии корҳона

Ҳолати муайяни фаъолияти ҳоҷагии корҳона дар натиҷаи таъсири омилҳои муҳити дохилӣ ва берунӣ муттасил тағйир меёбад. Ба омилҳои асосии муҳити дохилии корҳона, ки бояд доимо зери назорати роҳбарону менеҷерон қарор гиранд, инҳо шомиланд: мақсадҳо, вазифаҳо, сохтори ташкили идоракунӣ, технология ва одамон1.Шархи омилҳои муҳити дохилии корҳона
2.Таъсири омилҳои мустақим ва ғайримустақим ба фаъолияти корҳона
1. Ҳолати муайяни фаъолияти ҳоҷагии корҳона дар натиҷаи таъсири омилҳои муҳити дохилӣ ва берунӣ муттасил тағйир меёбад.
Ба омилҳои асосии муҳити дохилии корҳона, ки бояд доимо зери назорати роҳбарону менеҷерон қарор гиранд, инҳо шомиланд: мақсадҳо, вазифаҳо, сохтори ташкили идоракунӣ, технология ва одамон (нақшаи 4.)
Нақшаи 4. Алоқамандии омилҳои муҳити дохилии корҳона
Мақсадҳо – вазъи мушаххаси ниҳоӣ ё натиҷаи интизорӣ мебошанд, ки гурўҳи одамон барои ба он муваффақ шудан якҷоя фаъолият менамоянд. Барои он ки гурўҳи одамони дар шакли корҳона ё ташкилот муттаҳид гардида ба мақсади асосии дар наздашон барои як муддати муайян тарҳрезишуда ноил шаванд, онҳо бояд ҳамзамон як қатор вазифаҳои муҳимро иҷро намояд. Вазифаҳо ин корҳо ё амалиёти бо як тартиботу низоми муайяни ҳоҷагидориест, ки дар корҳона пешакӣ муайян карда мешаванд. Одатан се категорияҳои вазифаҳоро дар амалӣ намудани ҳар гуна фаъолияти иқтисодӣ фарқ кардан зарур аст: якум, кор бо одамон; дуюм – кор нисбати истифодаи восита ва предметҳои меҳнат ва сеюм – кор бо иттилоот. Инро ба таври возеҳу равшан аз нақшаи 5 дида метавонем.
Нақшаи 5. Категорияҳои вазифаҳо дар корҳона
Омили дигаре, ки ба муҳити дохилии корҳона, яъне ба вазъи фаъолияти он таъсири назаррас мерасонад, сохтори ташкилии идоракунӣ ба ҳисоб меравад.
Сохтори ташкилӣ ин муносибату новобастагии мантиқии зинаҳои гуногуни идоракунӣ ва паҳлўҳои функсионалӣ дар як тарзу сохти ташкилӣ мебошад, ки барои ба роҳи самарабахш расидан ба мақсадҳои ниҳоии корҳона шароити зарурӣ фароҳам месозад. Технология омили муҳим ва мустақили муҳити дохилии корҳона буда, воситаи дигаргунсозӣ ё истифодабарии ресурсҳои иқтисодӣ – ашёи ҳом, қувваи корӣ, фондҳои асосӣ ва гардон, яъне маблағҳои молиявии корҳонаҳо барои тавлид кардани маҳсулот ва расонидани хадамот ба ҳисоб меравад. Одамон ё ресурсҳои меҳнатӣ омили тақдирсоз ва пояи асосии муҳити дохилии ҳар як корҳона мебошанд. Фаъолияти дохилии корҳона аз амалиёти гуногун, ҷараёнҳо ва зерҷараёнҳо таркиб ёфтааст
Аз нақшаи 6 аён аст, ки истеҳсолот, яъне тавлиди маҳсулоту хадамот дар корҳонаҳои гуногун бо мақсади ба даст овардани фоидаи иқтисодии торафт афзун-шаванда ва қонеъ намудани эҳтиёҷи истеъмолгарон дар бозор воқеан вазифаҳои асосии ҷараёни идоракунӣ мебошанд. Вале бояд ҳотиррасон кард, ки идоракунии кадрҳо, ташкили самарабахши фаъолияти маркетингӣ, молия, ҳисоб бо назардошти дар амал ҷорӣ кардани талаботи стандартҳои байналхалқии онҳо, таҳлили нишондиҳандаҳои фаъолияти ҳоҷагӣ, аз қабили истеҳсол ва фурўши маҳсулот, воситаҳои асосӣ ва гардон, ҳосилнокии меҳнат, музди меҳнат, даромад, хароҷоти истеҳсолот, фоида ва умуман молияи корҳона ҳам дар шароити ташаккули муносибатҳои бозорӣ аҳамияти калон дорад.
С. 2. Ба фаъолияти корҳона (ташкилот) ва бахшҳои муҳими идоракунии он омилҳои муҳими берунӣ низ таъсир мерасонанд. Омилҳои муҳити берунӣ хусусияти мураккабӣ, тағйирпазирӣ ва номуайяниродоранд.
Мураккабии муҳити берунӣ дар он зоҳир мегардад, ки миқдор ва варианти омилҳое, ки корҳона бояд ба он эътино орад, басо гуногунанд. Корҳонаҳое, ки бо муҳити мураккаби берунӣ сарукор доранд, бо маълумоти зиёди барои қабули қарорҳо зарур, дучор меоянд.
Раванди дигаргуниҳое, ки дар муҳити берунӣ ба амал меояд,тағйирпазирӣ ва номуайянии онро муайян мекунанд. Тағйирпазирии омилҳои берунӣ ба фаъолияти корҳона таъсири гуногун мерасонанд.
Умуман омилҳои муҳити берунии корҳонаро ба омилҳои таъсири мустақим ва ғайримустақим ҷудо кардан мумкин аст.
Таҳвилгарони ашёи ҳом, таҷҳизот, техника ва сармоя, ресурсҳои меҳнатӣ, истеъмолгарони молу хадамот, вазъи қонуну қонуният, сохторҳои давлатии танзимгари иқтисодиёт ва ғ. ба фаъолияти ҳоҷагии корҳона таъсири бевосита мерасонанд.
Дар нақшаи 7 алоқамандии омилҳои мустақими муҳити берунии корҳона нишон дода шудааст.
Ба омилҳои таъсири ғайримустақими муҳити берунии корҳона вазъи иқтисодию иҷтимоӣ дар мамлакат, пешрафти илмӣ-техникӣ, дигаргуниҳои фарҳангию сиёсӣ, хазина ва ташкилотҳои ғайридавлатии ҳориҷӣ, миллӣ ва ғ. дохил мешаванд (нақшаи 8.)
Ҳарчанд ин гуна омилҳо ба фаъолияти корҳона таъсири бевосита надошта бошанд ҳам, ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва раванди идоракуни корҳона тағёирот ворид месозанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.