Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Сарвати миллӣ ва таркиби он

Ба ҷуз аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, барои баҳо додан ба иқтисоди миллӣ…Ба ҷуз аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, барои баҳо додан ба иқтисоди миллӣ, мафҳуми сарвати миллиро низ истифода мебаранд.
Сарвати миллӣ гуфта тамоми неъматҳои моддиеро меноманд, ки дар ҷамъият вуҷуд доранд ва ба воситаи меҳнати одамон дар тамоми давраи инкишофи ҷамъият ба вуҷуд оварда шудаанд.
Барои ҳисоб намудани сарвати миллӣ бо пешниҳоди бахши омории СММ мафҳуми «активҳо» ва мафҳуми «пассивҳо»-ро истифода мебаранд.
Активҳо – гуфта чунин объектҳои моликиятро меноманд, ки субъектҳои хоҷагидорӣ дар асоси ҳуқуқи моликиятдорӣ, соҳибӣ ва истифода кардани онҳо фоидаи иқтисодӣ мегиранд.
Пассивҳо гуфта ўҳдадориҳои муайянро оид ба пардохти қарз меноманд.
Активҳо бо ченакҳои арзишӣ низ ифода карда мешаванд, бинобар ҳамин арзиши тамоми моликиятҳои субъектҳои хоҷагидориро низ муайян кардан мумкин аст. Маҷмўи бузургии активҳо бо истиснои бузургии пассивҳо сармояи худиро тащкил медиҳад, яъне:

∑А-∑П=Сх
Дар сатҳи иқтисоди миллӣ сармояи худиро активҳои холис (АХ) меноманд. Активҳои холис бузургии сарвати миллиро инъикос мекунанд. Аз ҳамин ҷиҳат:

Сх =Ах = сарвати миллӣ

Таркиби сарвати миллӣ (активҳои холис) аз унсурҳои зерин иборат аст: (нақшаи 1).
Активњои молиявї

Активњои модии такроршаванда

Активњои модии такрорнашаванда

Активњои моддї

Сарвати миллї (активњои холис)

Нақшаи 1. Таркиби сарвати миллӣ
Активҳои моддии такроршаванда гуфта – активҳоеро меноманд, ки дар натиҷаи фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ба вуҷуд омадаанд. Ба ин шакли активҳо дохил мешавад:
1) биноҳои истиқоматӣ;
2) биноҳои истеҳсолӣ;
3) таҷҳизотҳо;
4) захираҳои табиие, ки ба истеҳсолот ҷалб карда шудаанд;
5) тадқиқотҳои илмӣ;
6) барномаҳои компютерӣ;
7) асарҳои бадеӣ ва ғайра.
Активҳои моддии такрорнашаванда – активҳое мебошанд, ки ба ҷараёни истеҳсолот вобаста нестанд. Ба ин шакли активҳо дохил мешавад:
1) замин;
2) боигарии қишри замин (канданиҳои фоиданок);
3) ёдгориҳои таърихӣ;
4) предметҳои санъатӣ;
5) маснуоти аз сангҳо ва металлҳои қимматбаҳо тайёршуда, ки дар ихтиёри давлат ва хоҷагиҳои хонагӣ вуҷуд доранд;
6) патентҳо;
7) ҳуқуқи муаллифӣ ва ғайра.
Активҳои молиявӣ дар ҳамон ҳолат ба активҳо дохил мешаванд, ки агар ҳамчун воситаи андўхти арзиш баромад намоянд. Ба активҳои молиявӣ дохил мешавад:
1) тилло;
2) пулҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ;
3) қоғазҳои қимматнок, аз ҷумла саҳмия ва вомбаргҳо;
4) захираҳои суғуртаи техникӣ.
Сарвати миллӣ тавассути якчанд омилҳо афзоиш дода мешавад. Ба ин омилҳо дохил мешаванд:

ҳосилнокии меҳнат;
сарфакории захираҳо;
афзоиши омили меҳнат дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ;
нигоҳдории активҳои ғайримоддӣ (патентҳо, ҳуқуқи муаллифӣ, асарҳои бадеӣ, тадқиқотҳо ва ғайраҳо);
афзоиши активҳои молиявӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.