Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Мафҳум, таркиб ва таносубҳои иқтисоди миллӣ

Мафҳуми «иқтисоди миллӣ» яке аз фаҳмишҳои марказии макроиқтисод ба ҳисоб меравад. Ин мафҳумро бори аввал олими амрикоӣ Василий Леонтьев ҳамчун низоми худтанзимшаванда, ки аз фаъолиятҳои гуногуни ба ҳамдигар алоқаманд таркиб ёфтааст, истифода карда буд…Мафҳуми «иқтисоди миллӣ» яке аз фаҳмишҳои марказии макроиқтисод ба ҳисоб меравад. Ин мафҳумро бори аввал олими амрикоӣ Василий Леонтьев ҳамчун низоми худтанзимшаванда, ки аз фаъолиятҳои гуногуни ба ҳамдигар алоқаманд таркиб ёфтааст, истифода карда буд.
Иқтисоди миллӣ – ин низоми таърихан бавуҷудомадаи такрористеҳсоли ҷамъиятӣ, ё ин ки маҷмўи соҳаҳою шаклҳои истеҳсолоти ба ҳамдигар алоқамандро меноманд, ки тамоми шаклҳои меҳнати ҷамьиятиро фаро гирифтааст.
Асоси иқтисоди миллиро корхонаҳо, фирмаҳо, ташкилотҳо, хоҷагиҳои хонагӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо дар низоми тақсимоти ҷамъиятии меҳнат вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд.
Иқтисоди миллӣ аз соҳаи истеҳсолӣ ва соҳаи ғайриистеҳсолӣ иборат аст.
Соҳаи истеҳсолӣ – ин маҷмўи соҳаҳои тавлидкунандаи маҳсулоти ҷамъиятӣ мебошад. Асосан ба ин соҳа саноат, хоҷагии қишлоқу савдо, нақлиёт ва дигар соҳаҳои тавлидкунандаи мол дохил мешаванд.
Соҳаи истеҳсолӣ дар навбати худ ба истеҳолоти моддӣ ва истеҳсолоти ғайримоддӣ ҷудо мешавад:
Истеҳсолоти моддӣ – истеҳсолотест, ки дар он воситаҳои истеҳсолот ва предметҳои истеьмолӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар назарияи иқтисодӣ истеҳсолоти моддиро ба истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот (соҳаи I) ва истеҳсоли чизҳои истеъмолӣ (соҳаи II) низ ҷудо мекунанд. Агар сухан дар бораи саноат равад онҳоро гурўҳи А ва гурўҳи Б меноманд.
Истеҳсолоти ғайримоддӣ аз истеҳсолоти моддӣ бо маҳсулоти худ, ки шакли ғайримоддиро дорад, фарқ мекунад. Ба истеҳсолоти ғайримоддӣ соҳаҳои илм, санъат, маданият, маориф, тандурустӣ ва ғайра дохил мешаванд.
Соҳаи ғайриистеҳсолӣ – соҳае мебошад, ки маҳсулот истеҳсол накарда, балки дар тақсимоти он ширкат меварзад. Ба соҳаи ғайриистеҳсолӣ соҳаҳои мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои динӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дохил мешаванд.
Дар назарияи иқтисодӣ таркиби истеҳсолӣ, таркиби иҷтимоӣ, таркиби соҳавӣ ва таркиби минтақавии иқтисоди миллиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Таркиби истеҳсолӣ – тақсими истеҳсолкунандагони миллиро ба субъектҳои иқтисодии асосӣ инъикос мекунад. Аслан се гурўҳи истеҳсолкунандагони асосиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: хоҷагиҳои хонагӣ, фирмаҳо ва давлат.
Таркиби иҷтимоии иқтисоди миллӣ тақсимоти онро мувофиқи шаклҳои моликият ифода мекунад. Ба таркиби иҷтимоӣ соҳаи (сектори) давлатӣ, соҳаи коллективӣ, соҳаи хусусӣ, соҳаи шахсӣ ва соҳаи омехта дохил мешаванд. Таркиби иҷтимоӣ ҳангоми таҳлили иқтисоди миллӣ нақши муҳим мебозад ва ба инкишофи ин соҳаҳо асосан мувофиқи ҳиссаи онҳо ба маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ё даромади миллӣ баҳо медиҳанд. Масалан, соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи соҳаи иқтисод нисбати маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (ММД) чунин буд: истеҳсоли молҳо – 48,9%, хизматрасонӣ – 39,6% ва андозҳо – 11,5%.
Таркиби соҳавии иқтисоди миллӣ тақсими онро бо соҳаҳои гуногуни вазифаи ягонаи иҷтимоӣ-иқтисодиро иҷрокунанда ифода менамояд. Ба таркиби соҳавии иқтисоди миллӣ соҳаҳои саноат, хоҷагии қишлоқ, илм, сохтмон ва дигар соҳаҳоро дохил мекунанд, ки ҳар яке онҳо аз зерсоҳаҳо иборат мебошанд.
Таркиби минтақавии иқтисоди миллӣ мувофиқи ҷойгир шудани қувваҳои истеҳсолкунандаи миллӣ дар кишвар муайян карда мешавад. Асосан ба таркиби минтақавӣ ноҳияҳои иқтисодиро дохил мекунанд. Масалан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои шимолӣ, ноҳияҳои ҷанубӣ, ноҳияҳои марказӣ (тобеъи марказ) ва ноҳияҳои Бадахшони Кўҳиро аз ҳамдигар ҷудо намудан мумкин аст.
Мақсадҳои асосии ҳамагуна иқтисоди миллӣ инҳо мебошанд:

таъмин намудани суръати бештари афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти миллӣ, ба хотири паст намудани шиддати бўҳрони иқтисодӣ;
таъмин намудани дараҷаи устувори нархҳо, ба хотири маҳдуд намудани беқурбшавии пул ва таъмини мувозинати тақозою арза;
таъмин намудани содироти бештар ба хотири афзоиши содироти соф (фарқи байни содирот ва воридот) ва таъмини ҷиҳати мусбии тавозуни пардохт;
таъмини дараҷаи баланди шуғли аҳолӣ ба хотири таъмини ҳамаи аҳолӣ бо музди кор, ҷои кор ва талаботи бо маблағ таъминбуда.
Таносубҳои иқтисоди миллӣ ва таъмини мувозинати онҳо яке аз масъалаҳои асосии макроиқтисод ба ҳисоб мераванд.
Таносубҳон иқтисоди миллӣ гуфта муносибати миқдории байни қисматҳо ва соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти ҷамъиятӣ, инчунин муносибати байни соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиро меноманд.
Таносубҳои иқтисодиро таносубҳои макроиктисодӣ низ меноманд, ки вобаста ба ҳар як низоми иқтисодӣ хусусияти ташкилшавии худро доранд. Масалан, дар шароити иқтисоди бозорӣ онҳо дар асоси қонунҳои бозор ташкил карда мешаванд.
Низоми таносубҳои макроиқтисодӣ аз қисмҳои зерин иборат аст:
1) Таносубҳои умумииқтисодӣ, яьне таносубҳо байни соҳаҳои калонтарини иқтисоди миллӣ. Масалан, дар байни истеҳсолоту истеъмолот, дар байни истеъмолот ва пасандоз, дар байни соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва ғайримоддӣ.
2) Таносубҳои байнисоҳавӣ, яъне дар байни соҳаҳои иқтисоди миллӣ. Масалан, дар байни саноат ва хоҷагии қишлоқ.
3) Таносуби дохилисоҳавӣ, яъне байни намудҳои истеҳсолоти дохили соҳаҳо. Масалан, байни трактор ва комбайнҳо дар хоҷагии қишлоқ ва ғайра.
4) Таносубҳои минтақавӣ, яъне таносубҳои умумииқтисодӣ, соҳавӣ ва дохилисоҳавӣ дар ҳудуди минтақаҳои алоҳида.
5) Таносубҳои байнидавлатӣ, яъне таносуб байни давлатҳо дар асоси тақсимоти байналхалқии меҳнат.
Таносубҳои макроиқтисодиро инчунин вобаста ба шакли инъикосшавиашон ба таносубҳои ашёӣ-натуравӣ, таносубҳои арзишӣ ва таносубҳои тақсимоти захираҳои меҳнатӣ ҷудо мекунанд.
Таносубҳои ашёӣ-натуравӣ муносибати байни истеҳсол ва истеъмоли молу хизматҳои алоҳидаро инъикос мекунад. Масалан, байни истеҳсол ва истеъмоли равғани растанӣ ва ғайра. Таносубҳои мазкур дар асоси тавозуни моддӣ таҳлил карда мешаванд.
Таносубҳои арзишӣ муносибати байни унсурҳои алоҳидаи маҷмўи маҳсулоти миллиро инъикос мекунанд. Масалан, даромади байни корхонаҳо, байни давлатҳо, байни гурўҳҳои аҳолӣ ва ғайра.
Таносубҳои тақсимоти захираҳои меҳнатӣ муносибати байни захираҳои меҳнатии соҳаҳои истеҳсолот ё минтақаҳои алоҳидаро инъикос мекунанд. Масалан, таносуби байни захираҳои меҳнатии шаҳру деҳот ва ғайра.
Мувофиқи ақидаи бештари иқтисодшиносон таносубҳои асосии иқтисоди миллӣ ин таносуб байни соҳаи I (истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот) ва соҳаи II (истеҳсоли чизҳои истеъмолӣ), инчунин таносуб байни фонди истеъмол ва фонди маблағгузорӣ мебошанд, зеро ки аз ин таносубҳо суръати афзоиши такрористеҳсоли ҷамъиятӣ вобастагии бештар дорад. Азбаски таносубият (мувофиқат) байни таносубҳо устувор нест бинобар ҳамин мувозинати иқтисоди миллӣ низ устувор буда наметавонад. Сабаби ҷой доштани чунин ҳолат дар он аст, ки дар зери таъсири прогрессии илмию техникӣ ва истеъмолоти умумӣ таносубҳо низ тағир меёбанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.