Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Миқдори пули барои муомилот зарур

Пул ҳамчун фишанги молиявӣ омили асосии тарақкиёти иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҷиҳат низоми пулӣ яке аз қисматҳои муҳими иқтисоди миллӣ мебошад…Пул ҳамчун фишанги молиявӣ омили асосии тарақкиёти иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҷиҳат низоми пулӣ яке аз қисматҳои муҳими иқтисоди миллӣ мебошад. Низоми пулӣ ин шакли таърихии ташкили муомилоти пулист, ки тавассути қонунгузорӣ муайян карда шудааст. Дар таърихи иқтисод ду шакли низоми пулӣ: низоми металлӣ ва низоми аломатҳои пулӣ маълум мебошанд. Албатта чунин таснифот нисбист, зеро ки дар ҳарду низомҳо шаклҳои дигари пул низ гардиш менамоянд. Низоми пулҳои металлӣ дар навбати худ ду шакл дошта метавонад: биметаллизм (яъне дар гардиши пулӣ якчанд металл ба сифати пул истифода мешавад) ва монометаллизм (яъне дар гардиши пулӣ танҳо як намуди металл ба сифати пул истифода мешавад). Низоми пулҳои қоғазӣ низ дар навбати худ ду шакл дошта метавонад: низоми пулҳои бозоргир (гардишашон тез) ва низоми пулҳои сохта. Ба низоми пулҳои бозоргир пеш аз ҳама пулҳои нақд ва ва ба низоми пулҳои сохта бошад пулҳои амонатгузоштаи субъектҳои хоҷагидорӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ, саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар намудҳои қоғазҳои қимматнок дохил мешаванд.
Дар назарияи муомилоти пулӣ назарияи миқдории пул мавқеи хосса дорад, ки тавассути он миқдори пули барои муомилот зарур муайян карда мешавад. Миқдори пули барои муомилот зарур – ин маҷмўи ҳамаи воситаҳои пулии дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ мавҷудбударо мефаҳманд, ки вазифаҳои воситаи муомилот, пардохт ва андўхтро иҷро мекунанд.
Миқдори пули барои муомилот зарур тавассути қисмҳои таркибии он, ё ин ки тавассути агрегатҳои пулӣ шарҳ дода мешавад. Агрегатҳои пулӣ ин нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва таркиби миқдори пули барои муомилот зарур мебошанд. Дар назарияи иқтисод агрегатҳои М0 , М1, М2, М3 ва L-ро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.

М0 – пулҳои накдӣ;
М1 – ин М0 + пул дар суратҳисобҳои ҷорӣ, яъне амонатҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ, ки онҳоро амонатҳои дархостӣ низ мегўянд;
М2 – ин М1 + амонатҳои мўҳлатноки ҳаҷмашон майда;
М3 – ин М2 + амонатҳои мўҳлатноки ҳаҷмашон калон;
LМ- ин М3 + қоғазҳои қимматнок ва асъори хориҷӣ.
Дар амалияи ҷамъиятӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ бошад, шакли мукаммал ва ягонаи агрегатҳои пулӣ вуҷуд надорад. Дар давлатҳои алоҳида ин агрегатҳо вобаста ба системаи баҳисобгирии бухгалтерӣ дар шаклҳои гуногун истифода карда мешаванд. Масалан, дар Бритониёи Кабир ба М0 инчунин амонатҳои бонкҳои тиҷоратӣ дар бонки марказӣ низ дохил карда мешаванд. Ё ин ки дар Олмон ба М3 амонатҳо бо евро низ дохил карда мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба системаи баҳисобгирии бухгалтерии соли 2005, агрегатҳои пулӣ дар шаклҳои зеринашон истифода мешуданд:

М0 – пулҳои накдӣ;
М1 – ин М0 + амонатҳои дархостӣ;
М2 – ин М1 + дигар амонатҳо ва қоғазҳои қимматноки давлатӣ;
Консепсияҳои гуногуни назарияи миқдории пул низ ҷой доранд, ки аз ҷониби намояндагони мактабҳои марксистӣ, монетаризм ва неоклассикӣ пешниҳод карда шудаанд. Ин консепсияҳо инчунин назарияҳои тақозо ва арзаи пулро ифода менамоянд. Формулаҳое, ки онҳо барои муайян намудани миқдори пули барои муомилот зарур пешниҳод намудаанд бо номҳои «баробарии марксистӣ», «баробарии кембриҷӣ» ва «баробарии Фишер» маълум мебошанд.
«Баробарии марксистӣ», аз ҷониби Карл Маркс дар асари ў «Оид ба танқиди иқтисоди сиёсӣ» дар шакли зерин пешниҳод карда шудааст:

Дар ин ҷо:
М – миқдори пули барои муомилот зарур;
∑Р – маҷмўи нархи молу хизматҳо;
П – маблағи пардохтҳои мўҳлаташон расида;
ВП – арзиши умумии пардохтҳои ҳамдигарро пўшонанда, яъне молҳое ки бо ҳамдигар иваз карда мешаванд (бартер);
V – суръати миёнаи гардиши пул.
Мувофқи консепсияи марксистӣ ва «баробарии марксистӣ», миқдори пули барои муомилот зарур бояд бо миқдори молу хизматҳои истеҳсолшуда баробар бошад. Дар сурате, ки миқдори пул аз арзиши молҳою хизматҳои истеҳсолшуда зиёд мешавад, таваррум ба вуҷуд меояд ва дар ҳолати баръакс, миқдори пул барои хариди молу хизматҳо намерасад.
«Баробарии кембриҷӣ» тавассути формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
М= kPY
Дар ин ҷо: М-миқдори пули барои муомилот зарур;
P- дараҷаи мутлақи нарх ё ин ки дефлятори ММД;
Y- маҷмўи маҳсулоти дохилии ҳақиқӣ;
k- коэфисенти пуликунонии ММД, ки бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

яъне миқдори миёнасолонаи пули барои муомилот зарур, тақсими ММД.
Мувофиқи «баробарии кембриҷӣ» агар ҳаҷми арзаи пул зиёд шавад, дараҷаи нархҳо низ зиёд мешавад ва баръакс.
«Баробарии Фишер» бо номи олими машҳури амрикоӣ Ирвинг Фишер, ки яке аз намояндагони асосии монетаризм ба ҳисоб меравад, машҳур аст ва шакли зеринро дорад:

ки дар ин ҷо;
M – миқдори пули барои муомилот зарур;
V – суръати миёнаи гардиши пул (дар давоми сол);
Q – миқдори молу хизматҳои фурўхташуда (дар давоми сол);
P – нархи миёнаи молу хизматҳо (дар давоми сол);
P х Q – ин маҷмўи маҳсулоти дохилии номиналӣ.
Баробарии Фишерро тағир дода, формулаи зеринро муккамал кардан мумкин аст:

Аз «баробарии Фишер» ва «баробарии кембриҷ» чунин бармояд, ки агар бузургии k кам бошад, пас барои харидани миқдори молу хизматҳои истеҳсолшуда бояд суръати гардиши пулро (V) зиёд кардан зарур аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.