Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Фоизи қарз ва бозори захираҳои қарзӣ

Унсури муҳимтарини шартномаи қарзӣ дараҷаи фоизи қарз ба ҳисоб меравад.Унсури муҳимтарини шартномаи қарзӣ дараҷаи фоизи қарз ба ҳисоб меравад. Фоиз ҳамчун қарз ҳамеша вуҷуд надошт. Пайдоиши пулҳои фулузӣ, сармояи пулӣ, фоиз ва судхўрӣ, ки бо онҳо тамаддун оғоз меёбад, танҳо дар дараҷаи муайяни рушди истеҳсолоти молӣ имконпазир гардид. Дар баробари ин фоиз унсури ҳатмии қарз намебошад. Дар марҳилаи аввали муносибатҳои молию пулӣ қарз барои сабуксозӣ ва васеъ намудани мубодила истифода мешуд. Танҳо баъди гирифтани фоидаи мустақим аз қарз, гирифтани маблағи иловагӣ ба қарз имконпазир гардид.
Қарзҳои бепул дар марҳилаи авали капитализм низ ҷой доштанд. Пешниҳоди сармоя ба соҳибкори бегона на танҳо ба даст овардани фоида, инчунин нигоҳдории сармоя низ ҳаст. Агар қарз бе фоиз вуҷуд дошта тавонад, онгоҳ фоизи бонкӣ бевосита бо ҳаракати қарз вобаста аст.
Фоизи бонкӣ як шакли нархи қарзи ба сифати ҳавасмандгардонии фаъолияти тиҷоратӣ истифодашаванда мебошад.
Чун ҳамагуна нархҳо – нархи қарз низ калобишҳои муайян дорад. Андозаи вай аз таносуби тақозо ва арза дар бозори пул, инчунин дараҷаи хавфи қарздиҳанда вобаста ба арзаи миқдори муайяни пул ба қарздиҳанда вобаста мебошад. Дар ҳар як созишномаи қарзӣ хавфи дар мўҳлати муайяншуда пўшонида нашудани қарз вуҷуд дорад. Аз рўи дараҷаи хавф ҳаҷми он, қисми фоизе муқаррар карда мешавад, ки вай гўё ҳаққи хавфи хатар аст. Вобаста аз намуди бонкҳо хавфҳо (риск) низ аз ҳамдигар фарқ карда мешаванд. Масалан, барои бонки навовар (инноватсионӣ) хусусияти хавфҳои баланди ба қарздиҳии сармояи венчурӣ (сармояи хавфӣ) асосёфта хос мебошад. Дар ин маврид кафолати аз тарафи давлат додашаванда ва истифодаи ҳуқуқи ба гарав мондани амволи ғайриманқул мавқеи муҳим дорад. Дар бонкҳои тиҷоратӣ хавфи бозоргирии номувозинатӣ, яъне имконияти аз тарафи бонк сари вақт иҷро кардани ўҳдадориҳои худ пайдо шуданаш мумкин аст. Ин намуди хавф ҳангоми қарздиҳӣ ба ташкилотҳое низ пайдо мешавад, ки вазъи молиявии ноустувор, бинобар тақсим намудани якчанд суратҳисобҳои як мизоҷ дар бонкҳои гуногун доранд.
Бозори захираҳои қарзӣ ин соҳаи махсуси муносибатҳои пулию молӣ мебошад, ки фонди қарзӣ ҳамчун объекти хариду фурўш баромад мекунад. Ба таври мушаххас гуфтан мумкин аст, ки бозори захираҳои қарзӣ зерсистемаи муносибатҳои бозорие мебошад, ки бо шарти бозгардонӣ, ҷамъоварӣ ва азнавтақсимкунии маблағҳои пулиро барои рушди иқтисодӣ таъмин менамояд.
Асоси объективии мавҷудияти бозори қарзӣ қонунияти гирдгардиши воситаҳои пулӣ мебошад, ки бояд вобастагии байни маблағҳои пулии муваққатан озод ва тақозои ба он пайдошавандаро дар шакли мувозинат нигоҳ дорад. Ихтилофоти пайваста афзояндаи боҳаракати маблағҳои пулӣ вобастабуда тавассути бозори қарзӣ дар ҷараёни ташаккули тақозо ва арза ба сармояи қарзӣ ҳалли худро меёбад.
Ба бозори захираҳои қарзӣ аз нуқтаи назари институтсионалистӣ муассисаҳое дохил мешаванд, ки бо арза ва тақозои худ ба фонди қарзӣ баромад мекунанд. Одатан муассисаҳои қарзию молиявӣ бо арза ва ширкатҳои амалкунандаю давлат бо тақозо баромад мекунанд. Таҳлили нисбатан амиқ аз омезиш ва ба ҳамдигар алоқаманд будани тарафайн шаҳодат медиҳад: ҳам ин ва ҳам он гурўҳи муассисаҳо мунтазам ва ҳатто дар як вақт ҳам аз тарафи пешниҳодкунанда ва ҳам аз тарафи талабкунанда ба фонди қарзӣ баромад мекунанд.
Бозори қарзӣ бояд дар байни бонкҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои гуногун, фондҳои нафақа, ширкатҳои суғурта ва биржаҳои фондӣ тақсим шавад.
Дар шароити низоми идораи маъмурӣ-фармонфармоӣ ҳаҷми захираҳо ва самти истифодаи онҳо расман бо нақшаҳои қарзӣ, танзими гардиши пул бошад бо нақшаи хазинавӣ муайян карда мешуданд. Ин нақшаҳо (ҳам қарзӣ ва ҳам хазинавӣ) хусусияти директивӣ (дастурӣ) дошта аз тарафи Ҳукумат тасдиқ карда мешуданд. Ҳаракати захираҳои қарзӣ хусусияти бешаклона дошт:
– ба арзаю тақозо асос наёфта буд;
– қарз барои маблағгузории хароҷоти буҷа истифода мешуд;
– бозгашти қарз (принсипи асосии қарз) таъин намегардид;
– фарқияти байни маблағгузорӣ ва қарздиҳӣ ба ҳамдигар омезиш ёфта буд.
Бозори захираҳои қарзӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

Тақсими фонди қарзӣ;
Иштирок дар ташкили комплексҳои нави иқтисодӣ;
Хизматрасонии савдои хориҷӣ ва суратҳисобҳои байналхалқӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.