Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Хусусияти бозори қоғазҳои қимматнок. Биржаи фондӣ

Бозори қоғазҳои қимматнок яке аз шаклҳо ва қисматҳои маъмули бозори сармоя буда, барои ҳамаи субъектҳои иқтисодӣ сарчашмаи асосии захираҳои инвестисионӣ ба ҳисоб меравад.Бозори қоғазҳои қимматнок яке аз шаклҳо ва қисматҳои маъмули бозори сармоя буда, барои ҳамаи субъектҳои иқтисодӣ сарчашмаи асосии захираҳои инвестисионӣ ба ҳисоб меравад. Пайдоши бозори қоғазҳои қимматнок ба мавҷудият ва инкишофи талабот ба захираҳои қарзӣ мебошад. Бозори қоғазҳои қимматнок бошад бар истифодаи сармояи судхурӣ (қарзӣ) асос меёбад ва ҳаракати (хариду фурўши) қоғазҳои қимматнок ин истифодаи сармояи пулиро ба мақсади судхурӣ (даромади муфт гирифтан) ифода менамояд. Дар чунин сурат қоғазҳои қимматнок шакли ҳуҷҷати қарзиро мегирад.
Вазифаи асосии бозори қоғазҳои қимматнок ин зудҳаракатии (мобилизатсия) маблағҳои пулии субъектҳои иқтисодӣ барои ташкил ва равнақи истеҳсолот мебошад. Бозори қоғазҳои қимматнокро метавон ба бозори аввалиндараҷа ва дуюмдараҷа ҷудо намуд. Дар бозори аввалиндараҷа қоғазҳои қимматноки навинтишоршуда хариду фурўш карда мешаванд, ки дар натиҷа интишоркунандаи он соҳиби сармояи пулӣ ва харидорон соҳиби қоғазҳои қимматнок мегарданд. Нархи қоғазҳои қимматноки дар бозори авалиндараҷа харидуфурўшшаванда ба арзиши номиналии онҳо, яъне маблағе, ки дар онҳо нишон дода шудааст баробар аст. Соҳибони қоғазҳои қимматнок метавонанд онҳоро ба дигар субъектҳои иқтисодӣ фурўшанд ва ин боиси пайдоиши бозори дуюмдараҷаи қоғазҳои қимматнок мегардад. Дар ин шакли бозор нархи (қурби) қоғазҳои қимматнок ба омилҳои гуногун аз қабили даромади ширкатҳои саҳомӣ, вазъи сиёсӣ, ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ ва фоизи қарзи бонкӣ вобаста мебошад. Масалан, агар даромади ширкатҳои саҳомӣ афзояд, пас қурби саҳмияҳои ширкат низ меафзояд ва баръакс. Бо дарназардошти таъсири омилҳои номбурда қурби қоғазҳои қимматнок дар бозор чунин ҳисоб карда мешавад:

Дар бозори дуюмдараҷаи қоғазҳои қимматнок гардиши биржавӣ ва гардиши ғайрибиржавиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Гардиши биржавии қоғазҳои қимматнок ин хариду фурўши онҳо дар биржаи фондӣ мебошад.
Гардиши ғайрибиржавии қоғазҳои қимматнок ин хариду фурўши онҳоро берун аз биржаҳо ифода мекунад. Сабаби асосии ҷой доштани гардиши ғайрибиржавӣ дар он аст, ки ҳар як биржаи фондӣ талаботҳои худро дорад ва на ҳама ширкатҳо ба ин талаботҳо розӣ мешаванд. Гузашта аз ин хариду фурўши қоғазҳои қимматнок берун аз биржа хароҷоти ширкатҳоро кам мекунад. Дар бештар мавридҳо ба ин кор фирмаҳои махсуси брокерӣ сару кор доранд. Воситаҳои асосии гардиши ғайрибиржавӣ ин алоқаи телефонӣ, интернет, факс ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд.
Биржаи фондӣ гуфта бозори муташаккили қоғазҳои қимматнокро меноманд, ки дар он хариду фурўши онҳо сурат мегирад. Биржаи фондӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

алоқамандии харидорон ва фурўшандагони қоғазҳои қимматнокро таъмин менамояд;
қурби қоғазҳои қимматнокро таҳлил намуда муносибати сармоядоронро нисбати ҳар яки онҳо муайян менамояд;
ба сифати механизми ҳаракати сармоя аз як соҳа ба соҳаи дигар баромад менамояд.
Биржаҳои фондӣ метавонанд ба сифати ширкатҳои саҳомӣ дар асоси моликияти коллективӣ ва ба сифати муассисаи давлатӣ дар асоси моликияти давлатӣ ташкил карда шаванд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.