Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Танзими давлатии бозори қоғазҳои қимматнок

Давлат дар бозори қоғазҳои қимматнок ҳамчун субъекти алоҳидаи иқтисодӣ ба сифати харидор ё фурўшанда метавонад баромад намояд…Давлат дар бозори қоғазҳои қимматнок ҳамчун субъекти алоҳидаи иқтисодӣ ба сифати харидор ё фурўшанда метавонад баромад намояд. Хусусан ҳангоме, ки давлат моликияташро фурўхтанӣ мешавад, ё ин ки ҳангоме, ки давлат тавассути интишори қоғазҳои қимматноки давлатӣ қарз гирифтанӣ мешавад, дар бозори қоғазҳои қимматнок ба сифати фурўшанда баромад менамояд. Давлат метавонад тавассути каму зиёд намудани ҳаҷми арзаи қоғазҳои қимматноки алоҳида ба нархи онҳо дар бозор таъсир расонад.
Бояд қайд намуд, ки давлат дар бозори қоғазҳои қимматнок на танҳо ба сифти субъекти алоҳидаи иқтисодӣ баромад менамояд, балки ин бозорро тавассути фишангҳои маъмурӣ ва иқтисодӣ танзим менамояд. Танзими давлатии бозори қоғазҳои қимматнок асосан дар самтҳои зерин сурат мегирад:

муайян намудани шаклҳои қоғазҳои қимматнок ва гардиши онҳо;
муайян намудани тартиби ташкил ва фаъолияти ширкатҳои саҳомӣ;
муайян намудани тартиби интишори қоғазҳои қимматнок;
муайян намудани механизми андозбандӣ аз амалиёт бо қоғазҳои қимматнок;
муайян намудани тартиби фаъолияти биржаҳои фондӣ ва амалиётҳо бо қоғазҳои қимматнок.
Ин амалиётҳои номбурдаро тавассути ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки фишангҳои маъмурии давлат ба ҳисоб мераванд, муайян менамояд. Фишангҳои дигари маъмурии давлат ин маҳдуд намудани хариди қоғази қимматнок аз ҳисоби қарз мебошад. Яъне давлат муайян менамояд, ки соҳибкорон кадом ҳиссаи саҳмияҳоро аз ҳисоби қарз ва кадом ҳиссаашонро аз ҳисоби сармояи худашон харидорӣ карда метавонанд.
Фишанги асосии иқтисодии давлат барои танзими бозори қоғазҳои қимматнок ин сиёсати монетарӣ мебошад. Агар Бонки марказӣ фоизи қарзро барои бонкҳои тиҷоратӣ баланд намояд, пас нархи сармояи судхурӣ афзуда қурби саҳмияҳо ва вомбаргҳо паст мешавад ва баръакс. Дар сурате, ки Бонки марказӣ меъёри захираҳои ҳатмиро барои бонкҳои тиҷоратӣ зиёд мекунад, хаҷми захираҳои қарзӣ кам шуда, фоизи қарзи бонкҳои тиҷоратӣ боло меравад ва қурби саҳмияҳою вомбаргҳо паст мешавад. Агар Бонки марказӣ меъёри захираҳои ҳатмиро барои бонкҳои тиҷоратӣ кам намояд, пас меъёри фоиз паст рафта, қурби саҳмия ва вомбаргҳо баланд мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.