Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Мафҳум, сабабҳо ва шаклҳои таваррум

Дар баробари бекорӣ ва касри буҷа таваррум (инфлятсия) низ яке аз масъалаҳои асосии номувозинатии макроиқтисодӣ ба ҳисоб меравад…Дар баробари бекорӣ ва касри буҷа таваррум (инфлятсия) низ яке аз масъалаҳои асосии номувозинатии макроиқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Таваррум гуфта номувофиқ будани тақозою арзаи пул ва дигар таносубҳои иқтисодиро меноманд, ки дар афзоиши нархҳо намудор мешавад.
Дар амалияи ҷамъиятӣ дар зери мафҳуми таваррум – паст шудани қобилияти харидории пул, афзоиши умумии нархҳо ё ин ки ҷараёни зиёд шудани миқдори пули нақдро дар муомилот низ мефаҳманд. Ҷараёни таваррум аз рўи нишондиҳандаи дараҷаи таваррум муайян карда мешавад ва ин нишондиҳанда чунин андоза карда мешавад:

дар ин ҷо: Дб – дараҷаи таваррум; – индекси нархҳои истеъмолӣ бо нархҳои соли ҷорӣ; – индекси нархҳои истеъмолӣ бо нархҳои соли гузашта.
Вобаста ба дараҷаи таваррум шаклҳои зерини онро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:
1. таварруми мўътадил;
2. таварруми ҷаҳанда;
3. таварруми аз эътидол зиёд (гиперинфлятсия).
Таварруми мўътадил гуфта, таваррумеро меноманд, ки афзоиши дараҷаи нархҳоро то 10% – инъикос мекунад. Ин шакли таваррум ба фаъолияти иқтисодӣ ягон таъсири манфӣ нарасонида, баръакс боиси афзоиши арзаи молу хизматҳо шуда метавонад.
Таварруми ҷаҳанда гуфта таваррумеро меноманд, ки афзоиши дараҷаи нархҳоро то 100% инъикос мекунад. Ин шакли таваррум ба кам шудани маблағгузорӣ оварда мерасонад ва боиси васеъ шудани доираи иқтисоди сиёҳ мегардад.
Таварруми аз эътидол зиёд – таваррумест, ки афзоиши дараҷаи нархҳоро дар як сол беш аз 1000% ва дар як моҳ то 50% ифода мекунад. Дар ҳолати мавҷуд будани чунин шакли таваррум пасандоз ва маблағгузорӣ кам мешаванд, ки камшавии онҳо ба кам шудани ҳаҷми МММ оварда мерасонад. Агар маҷмўи арза зиёд нашавад, ҷамъият ба пастшавии рушди иқтисодӣ (стагнатсия) омада мерасад.
Дар илми назарияи иқтисодӣ вобаста ба сабабҳои пайдоиши таваррум шаклҳои зерини онро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:
1. таварруми тақозо;
2. таварруми арза;
3. таварруми таркибӣ.
Таварруми тақозо барзиёд будани маҷмўи тақозоро бар маҷмўи арза ифода мекунад. Чунин ҳолат ҳангоми мавҷуд будани шуғли пурра ба миён меояд, зеро ки афзоиши як қисми маҷмўи тақозо боиси қафо мондани маҷмўи арза мегардад. Агар тақозо ба молҳои талаботашон зиёд (орд, бензин, замин ва ғайра) афзояд, пас чунин ҳолат рўй медиҳад.
Таварруми арза, дар натиҷаи афзоиши хароҷотҳои истеҳсолӣ ба вуҷуд меояд ва онро таварруми хароҷотӣ низ меноманд. Ин шакли таваррум, баландшавии дараҷаи нархҳоро дар натиҷаи афзоиши хароҷотҳо, ифода мекунад. Хароҷотҳои истеҳсолӣ бошанд, пеш аз ҳама, дар натиҷаи афзоиши нархи ашёи хом, ё ин ки афзоиши дараҷаи музди кор зиёд мешаванд.
Таварруми таркибӣ, дар натиҷаи вайрон шудани таносубҳои байнисоҳавӣ ба миён меояд. Масалан, кам шудани арзаи молҳои кишоварзӣ боиси афзоиши нарх мегардад ва ҳамин тавр афзоиши нарх ба дигар соҳаҳо низ (хусусан ба соҳаи саноат) таъсир мекунад ва дар маҷмўъ дараҷаи нарх зиёд мешавад.
Бояд қайд намуд, ки ғайр аз сабабҳои номбаршуда сабабҳои дигари мавҷудияти таваррум низ вуҷуд дорад. Аз ҷумла:

Фаъолияти эмиссионии (интишори пул) давлат. Асосан дар замони муосир бисёри давлатҳо эмиссияро ба хотири афзоиши маблағгузорӣ ва пўшонидани қарзи дохилию касри буҷа истифода мебаранд, ки ин ҳолат ба таваррум оварда мерасонад.
Монополияи иттифоқҳои касаба, ки зиёд кардани музди корро талаб мекунанд. Дар натиҷаи афзоиши дараҷаи музди кор нархҳо зиёд мешаванд ва боз иттифоқҳои касаба дараҷаи музди корро баланд мекунанд. Ҳамин тавр занҷири таваррум дароз мешавад.
Фирмаҳои калон. Ин фирмаҳо имконият доранд, ки ба молу хизматҳояшон нархҳои монополӣ таъин намоянд ва дар натиҷа афзоиши умумии нархҳо ба вуҷуд меояд, ки ин ҳолат ба таваррум сабаб шуда метавонад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.