Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Низоми молиявӣ ва таркиби он

Молия яке аз унсурҳои асосии механизми хоҷагидорӣ ба ҳисоб меравад. Мафҳуми «молия» аз калимаи лотинии «finansia» гирифта шуда маънояш даромад ё ин ки пардохт мебошад…Молия яке аз унсурҳои асосии механизми хоҷагидорӣ ба ҳисоб меравад. Мафҳуми «молия» аз калимаи лотинии «finansia» гирифта шуда маънояш даромад ё ин ки пардохт мебошад.
Молия гуфта муносибатҳои иқтисодиеро меноманд, ки ба ташкил, тақсим ва истифодаи фондҳои маблағҳои пулӣ вобаста мебошад.
Молия ва умуман низоми молиявӣ, дар натиҷаи пайдоиши давлат ва инкишофи муносибатҳои молию пулӣ ба вуҷуд омадааст.
Низоми молиявӣ – ин маҷмўи муносибатҳо ва институтҳои молиявиро меноманд.
Муносибатҳои молиявӣ гуфта низоми муносибатҳоро оид ба тақсимоти маҳсулоти ҷамъиятӣ, тавассути ташкил, тақсим ва истифодаи фондҳои маблағҳои пулӣ меноманд.
Объектҳои асосии муносибатҳои молиявӣ ин пардохтҳо ба буҷа, андозҳо, ҷаримаҳо, ёрдампулиҳо, пасандозҳо ва дигар мафҳумҳои молиявӣ ба ҳисоб мераванд.
Субъекти муносибатҳои молиявӣ инҳо мебошанд: давлат, фирмаҳо, ташкилотҳою иттиҳодияҳои гуногун ва аҳолӣ.
Муносибатҳои молиявӣ дар байни давлат ва корхонаҳо, ташкилотҳо, фирмаҳо; байни худи фирмаю ташкилотҳо; дар байни аҳолию давлат ва дар байни давлатҳо ба вуҷуд меоянд.
Моҳияти иқтисодии молия дар иҷрои вазифаҳои он ифода меёбад. Вазифаҳои асосии молия инҳо мебошанд:

Вазифаи ҷамъоварии захираҳои пулӣ, ки дар ҷамъоварии маблағҳои пулӣ ва ташкили заминаи моддии ҳастии давлат ифода меёбад.
Вазифаи танзимкунӣ, ки мақсади он ҳавасмандкунии субъектҳои иқтисодӣ мебошад. Тавассути ин вазифаи молия, сиёсати зидди беқурбшавии пул ва сиёсати сохтори давлатӣ сурат мегиранд.
Вазифаи тақсимотӣ, ки дар тақсимоти даромади миллӣ ва ташкили захираҳои пулӣ ба воситаи буҷа, ифода меёбад.
Вазифаи назоратӣ, ки назоратро аз болои фаъолияти корхонаю ташкилот ва иттиҳодияҳою фирмаҳо ифода мекунад.
Дар шароити муосир низоми молиявӣ аз се зина иборат аст:
1. Молияи марказонидашуда (давлатӣ), ки қисмати асосии молияро дар бар мегирад. Ба ин шакли молия дохил мешаванд: суғуртаи давлатӣ, қарзи давлатӣ ва буҷаи давлатӣ.
2. Молияи марказониданашуда (хусусӣ), ки ба он фонди маблағҳои пулие дохил мешавад, ки дар ихтиёри фирмаю ташкилотҳо ва иттиҳодияҳо мебошанд.
3. Молияи аҳолӣ, ки аз қисмати даромадҳо ва қисмати хароҷотҳои буҷаҳои аҳолӣ иборат аст.

Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ташкили низоми молиявӣ аз принсипҳои марказонии демократӣ ва федерализми фискалӣ истифода мекунанд. Принсипи марказонии демократӣ ба низоми маъмурӣ-ҳукумфармоӣ хос буда, тақозо мекунад, ки муассисаҳои молиявии поёнӣ бояд дар асоси нишондиҳандаҳои муассисаҳои молиявии марказӣ амал кунанд. Принсипи федерализми фискалӣ асосан ба мамлакатҳои муттарақӣ хос мебошад. Мувофиқи ин принсип буҷаҳои маҳаллӣ ба буҷаи давлатӣ даромаду хароҷоти худро мувофиқ намекунанд. Буҷаҳои маҳаллӣ чорабиниҳоро оид ба муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар чорабиниҳоро маблағгузорӣ менамоянд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.