Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Буҷаи давлатӣ – ҷузъи асосии низоми молия. Касри буҷа

Буҷаи давлатӣ яке аз қисматҳои асосии молияи давлатӣ ба ҳисоб меравад…Буҷаи давлатӣ яке аз қисматҳои асосии молияи давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар зери мафҳуми буҷаи давлатӣ номгўи даромаҳо ва хароҷотҳои давлатӣ фаҳмида мешавад, ки тавассути он тақсим ва азнавтақсимкунии даромади миллӣ байни воҳидҳои маъмурӣ ва асосҳои иқтисодиёт фаҳмида мешавад.
Буҷаи давлатӣ гуфта нақшаи молиявии давлатиро меноманд, ки даромад ва хароҷотҳои дарназардошташудаи давлатро инъикос мекунад.
Ба воситаи буҷаи давлатӣ қариб 60%-и тақсимоти даромади миллӣ сурат мегирад. Моҳияти иқтисодии буҷаи давлатӣ дар иҷрои вазифаҳои зерин ифода меёбад:

Вазифаи аз нав тақсим намудани даромади миллӣ;
Вазифаи ба эътидол овардани истеҳсолоти ҷамъиятӣ;
Вазифаи амалӣ намудани сиёсати иҷтимоӣ.
Буҷаи давлатӣ аз ду қисм иборат аст: қисми даромадҳо ва қисми хароҷотҳо.
Ба даромадҳои буҷаи давлатӣ, тамоми андозҳо (андоз аз замин, андоз аз даромад, андоз аз фурўш ва ғайраҳо), даромад аз фаъолияти берунӣ-иқтисодӣ, пардохтҳои гуногун, ҷаримаҳо, маблағҳои фондҳои қарзӣ ва дигар сарчашмаҳои даромад дохил мешаванд. Дар маҷмўъ даромадҳои буҷаи давлатиро ба даромадҳои доимӣ ё бебозгашт (андозҳо) ва даромадҳои муваққатӣ (маблағҳои қоғазҳои қимматноки давлатӣ ва қарзҳо) ҷудо мекунанд.
Ба хароҷотҳои буҷаи давлатӣ, хароҷотҳо оид ба барномаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, хароҷотҳо оид ба мудофиа, идоракунӣ, кўмак ба дигар давлатҳо ва дигар намуди хароҷотҳои давлатӣ дохил мешаванд.
Хароҷотҳои буҷаи давлатиро вобаста ба самти истифодабариашон ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд:
1) хариди давлатӣ, яъне хароҷотҳо оид ба харидани молу хмзматҳо аз сектори хусусӣ;
2) пардохтҳои трансфертӣ, яъне пардохтҳои давлатӣ дар соҳаи иҷтимоӣ (ҷубронпулӣ, нафақа, идрор ва ғайра).
Дар ҶТ буҷаи давлатӣ дар асоси принсипи марказонии демократӣ ташкил шуда ва аз буҷаи ҷумҳуриявию буҷаҳои маҳаллӣ (вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, шўрои қишлоқ) таркиб ёфтааст.
Мувофиқи қоида ва таълимоти назарияи иқтисодӣ суммаи маблағҳои даромади буҷа бояд ба суммаи хароҷотҳои он баробар бошад, аммо дар амалия на ҳама вақт чунин ҳолат рух медиҳад. Агар хароҷотҳои буҷа аз даромади он зиёд шаванд, пас дар ин ҳолат касри буҷа ба вуҷуд меояд.
Касри буҷа гуфта маблағеро меноманд, ки зиёдшавии хароҷотҳои буҷаро аз даромадаш ифода мекунад.
Сабабҳои асосии касри буҷа инҳо мебошанд:

Кам шудани даромадҳо дар сурати авҷ гирифтани бўҳрони иқтисодӣ ва суст шудани сурати афзоиши даромади миллӣ;
Камшавии андозҳои бевосита;
Зиёд шудани хароҷотҳои буҷа;
Бесамар будани сиёсати иқтисодӣ.
Касри буҷа тавассути усулҳои зерин пўшонида мешавад:

Интишори қоғазҳои қимматноки давлатӣ (облигатсияҳо, вомбаргҳо, сертификатҳо);
Мустаҳкам намудани низоми андозситонӣ;
Интишори пул, ки онро «сеньораж» низ меноманд;
Депозитҳои давлат дар Бонки марказӣ.
Бояд қайд намуд, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ барои кам кардани касри буҷа аз чораҳои зерин низ истифода менамоянд:

зиёд намудани қарздиҳӣ нисбат ба молиякунӣ;
кам намудани кўмакпулӣ (дотатсия) ба корхонаҳои зараровар;
кам кардани хароҷотҳо оид ба идоракунии давлат;
тағир додани низоми андозситонӣ;
баланд бардоштани мавқеи буҷаи маҳаллӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.