Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Даромади аҳолӣ ва таркиби он

Hатиҷаи тақсимоти маҳсулоти миллӣ дар даромад ифода меёбад…Натиҷаи тақсимоти маҳсулоти миллӣ дар даромад ифода меёбад.
Даромад ин суммаи маблағҳои пулие мебошад, ки дар мўҳлати муайяни вақт ба даст оварда шудаанд.
Мафҳуми даромадро барои инъикос намудани натиҷаи истифодаи омилҳои истеҳсолот низ истифода мекунанд. Ба ақидаи бештари иқтисодчиён, даромад афзоиши арзиши маҳсулоти истифодашударо бар хароҷотҳои он инъикос менамояд.
Сарчашмаҳои асосии даромади аҳолӣ ва умуман оилаҳо инҳо мебошанд:

музди кор;
даромад аз моликият (дивидентҳо, фоизи қарз, рента ва иҷорапулӣ);
пардохтҳои трансфертӣ (нафақа, идрор, кўмакпулӣ, хизматҳои бепул дар соҳаи тандурустӣ ва маориф);
даромад аз дигар сарчашмаҳо (мерос, тўҳфаҳо ва ғайра).
Ба даромадҳои аҳолӣ омилҳои зерин таъсир мекунанд;

дараҷаи ҳадди ақали музди кор;
тағирёбии нарх;
афзоиши арзаи молу хизматҳо.
Вобаста ба таъсири ин омилҳо даромади аҳолиро ба ду шакл ҷудо мекунанд: даромади номиналӣ ва даромади ҳақиқӣ.
Даромади номиналӣ гуфта, миқдори маблағи пулиеро меноманд, ки шахсони алоҳида мегиранд.
Даромади ҳақиқӣ – ин миқдори молу хизматҳое мебошад, ки бо даромади номиналӣ харида мешаванд. Аз ҳамин ҷиҳат бузургии даромади ҳақиқӣ аз дараҷаи нархҳо вобаста мебошад.
Вобаста ба қонуни будани фаъолият (меҳнат), шаклҳои зерини даромадро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:

Даромади меҳнатии қонунӣ – ин даромадҳое, ки аз ҳамаи намуди фаъолиятҳои қонунӣ гирифта мешаванд.
Даромадҳои ғайримеҳнатии ғайриқонунӣ – ин даромад аз порахурӣ, дуздӣ, фиребгарӣ ва ғайра.
Даромадҳои меҳнатии ғайриқонунӣ – ин даромад аз фаъолиятҳои меҳнатии манъшуда, масалан даромаде, ки аз баҳогузории нодурусти меҳнат гирифта мешавад.
Даромадҳои ғайримеҳнатии қонунӣ – даромадҳое, ки бо андозаҳои муайян дар вақти муайян ситонида мешавад. Масалан иҷорапулии хона, мерос, бурди лоторея ва ғайраҳо.
Дар таркиби даромадҳои аҳолии Точикистон мавқеи асосиро музди кор, фоидаи соҳибкорӣ ва даромад аз замини назди ҳавлигӣ ташкил медиҳанд. Масалан, соли 2005 таркиби миқдории даромадҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин буд: музди кор – 45,6%, нафақа, ёрдампулӣ ва идрор – 3,1%, ҷубронпулиҳо – 3,9%, даромад аз фурўши амволи ғайриманқул – 0,2%, даромад аз хоҷагҳои ёрирасони шахсӣ – 28,9% ва дигар даромадҳои пулӣ – 18,3%.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.