Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Сатҳи зиндагии аҳолӣ ва омилҳои ба он таъсиркунанда

Мақсади асосии ҳар гуна фаъолияти иқтисодӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад…Мақсади асосии ҳар гуна фаъолияти иқтисодӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Сатҳи зиндагии аҳолӣ – гуфта дараҷаи истеъмоли неъматҳои моддӣ ва хизматҳоро меноманд.
Дараҷаи истеъмоли неъматҳои моддию хизматҳо аз рўи хароҷоти оилаҳо муайян карда мешавад. Дар навбати худ хароҷоти оилаҳо аз унсурҳои зерин таркиб ёфтаанд:

андозҳо;
пардохтҳои иҷтимоӣ;
пардохтҳо ба хизматҳои комуналӣ (барои барқ, пардохти хона ва ғайра);
хароҷот барои харидани молҳо;
хароҷотҳои иҷтимоӣ (барои фароғат, гирифтани маълумот ва ғайра);
хароҷот барои нақлиёт;
пасандозҳо ва ғайраҳо.
Дар назарияи иқтисодӣ мафҳуми сифати зиндагиро низ истифода мебаранд, ки он дар баробари сатҳи зиндагӣ нишондиҳандаҳои зеринро низ дар бар мегирад: бехатарии меҳнат, дараҷаи маданӣ, инкишофи ҷисмонӣ ва ғайра.
Дар мамлакатҳои муттарақӣ барои нишон додани сатҳи зиндагии аҳолӣ нишондиҳандаи «бузургии сабати истеъмолӣ»-ро истифода мебаранд.
Сабати истеъмолӣ гуфта маҷмўи неъматҳои истеъмолӣ ва хизматҳоеро меноманд, ки барои таъмини талаботи оилаи миёна лозим аст. Сабати истеъмолӣ аз молҳои хурокворӣ, молҳои ғайрихурокӣ ва хизматҳо таркиб меёбад.
Ба сатҳи зиндагии аҳолӣ омилҳои зерин таъсир мекунанд:

– дараҷаи даромад, ки бо афзоиши он истеъмолот зиёд мешавад ва баръакс;
дараҷаи нархҳо, ки бо болоравии онҳо даромади ҳақиқӣ кам шуда сатҳи зиндагӣ паст мешавад;
Меъёри андоз ба даромади шахсони воқеӣ ва меъёри андоз ба фоидаи шахсони ҳуқуқӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.