Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Камбизоатӣ: сабабҳо ва шаклҳои он

Аз нигоҳи илми назарияи иқтисодӣ камбизоатӣ ин вазъи иҷтимоию иқтисодии хоҷагиҳои хонагиест, ки дар дараҷаи нисбатан пасти таъмини захираҳои моддию пулӣ ва дараҷаи пасти таъмини талаботҳои маънавӣ, моддӣ ва табиӣ-физиологиашон қарор доранд…Аз нигоҳи илми назарияи иқтисодӣ камбизоатӣ ин вазъи иҷтимоию иқтисодии хоҷагиҳои хонагиест, ки дар дараҷаи нисбатан пасти таъмини захираҳои моддию пулӣ ва дараҷаи пасти таъмини талаботҳои маънавӣ, моддӣ ва табиӣ-физиологиашон қарор доранд. Дар амалияи ҷамъиятӣ аз дигар таърифҳо низ истифода мебаранд. Масалан, мувофиқи Ҳисоботи байналхалқӣ оиди тараққиёти инсоният дар соли 1996 «камбизоатӣ ин ин мавҷуд набудан, ё ин ки маҳдуд будани имкониятҳои таъмини талаботи инсонҳоро оиди гирифтани маълумот, таъмини тарзи ҳаёти солим ва дастрасии захираҳои зарурӣ, меноманд».
Мувофиқи қарори Шўрои иқтисодию иҷтимоии СММ аз 19 декабри соли 1984 ба шумули камбизоатон одамон ё оилаҳое дохил карда мешаванд, ки соҳиби захираҳои маҳдуданд ва инчунин таъминот бо захираҳо барои таъмини тарзи мақбули ҳаёт дар давлате, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, имконият намедиҳад.
Дар назарияи иқтисодӣ барои таҳлили камбизоатӣ консепсияҳои мутлақ ва нисбии муайян намудани камбизоатиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Консепсияи камбизоатии мутлақ ба ҳудуди камбизоатӣ такя менамояд, ки он ба бузургии арзиши сабати истеъмолии камтарин (минималӣ) баробар аст. Ҳудуди камбизоатӣ барои ҳар як давлат гуногун мебршад. Масалан, он соли 1998 дар ИМА ба 172,8 доллар дар як сол, соли 2001 дар Эстония ба 99 доллари амрикоӣ ва дар Қазоқистон соли 2001 қариб 144 доллари амрикоиро ташкил медод.
Алҳол Бонки ҷаҳонӣ барои муқоисаи байналҳалқӣ меъёрҳои зеринро барои муайян намудани камбизоатӣ муқаррар намудаст:

Барои давлатҳои мутарраққӣ ҳудуди мутлақи камбизоатӣ 14,4 доллари амрикоӣ дар як рўз (бо паритети қобиляти харидорӣ);
Барои давлатҳои ба иқтисоди бозорӣ гузаранда 4 доллари амрикоӣ дар як рўз (бо паритети қобиляти харидорӣ);;
Барои давлатҳои рў ба тараққӣ 1-2 доллари амрикоӣ дар як рўз (бо паритети қобиляти харидорӣ);
Мувофиқи консепсияи камбизоатии нисбӣ ба камбизоатон онҳое дохил мешаванд, ки сатҳи зиндагиашон аз стандартҳои истеъмолии мавҷуда дар давлат пастар мебошад. Ин консепсия бар тадқиқотҳои олими англис Таусента П. асос ёфта маҳрумии нисбиро аз захираҳои моддию молиявӣ ифода мекунад. Масалан, мувофиқи стандарти европоии «иҷтимоиёти камтарин» оилаҳое камбизоат ҳисобида мешаванд, ки:
Танҳо дорои ду ҷуфти пойафзол ба сари як одаманд;
Мошини ҷомашўӣ надоранд;
Яхдон надоранд;
Ба дигарон имконияти тўҳфа кардан надоранд;
Имконияти гарм кардани хонаҳояшонро надоранд;
Ҳаммом ва ҳоҷатхона надоранд;
Имконияти дар ду рўз як маротиба харидории гўшти мурғу моҳиро надоранд;
Имконияти харидорӣ намудани либоси навро надоранд ва ғайра.
Дар кишварҳои қафомонда ва рў ба инкишоф камбизоатӣ дар шаклҳои зерин зоҳир мегардад:
Гуруснагӣ;
Дастрас набудани оби нўшокии тоза;
Мавҷуд будани муриши одамон аз касалиҳои сироятӣ;
Афзоиши шумораи аҳолии бесавод.
Набудани маблағ барои харидани молҳои мўҳлати истифодаашон дурудароз;
Надоштани имконият барои гирифтани қарзи ипотекӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.