Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Сиёсати иҷтимоии давлат ва самтҳои он

Сиёсати иҷтимоии давлат гуфта маҷмўи чорабиниҳои мушаххаси давлатиро меноманд, ки барои паст кардани нобаробарии даромадҳои аҳолӣ равона карда шудаанд…Сиёсати иҷтимоии давлат гуфта маҷмўи чорабиниҳои мушаххаси давлатиро меноманд, ки барои паст кардани нобаробарии даромадҳои аҳолӣ равона карда шудаанд.
Нобаробарии даромадҳои аҳолӣ дар зери таъсири омилҳои зерин ба вуҷуд меояд: сифати кори коргарон, шумораи аъзоёни оила, вазъи саломатӣ, шароитҳои иқлим, вазъи ҷуғрофии маҳали зист ва ғайра.
Шартҳои асосии таъмини баробарии даромадҳо, ки мақсади асосии сиёсати иҷтимоии давлат мебошад «ҳифзи иҷтимоӣ» ва «кафолати иҷтимоӣ» мебошанд.
Ҳифзи иҷтимоӣ – ин низоми чораҳои мушаххаси давлатие мебошад, ки барои таъмини вазъи устувори моддию иҷтимоии шаҳрвандон равона карда шудааст.
Кафолати иҷтимоӣ – ин уҳдадории давлат дар назди аъзоёнаш оид ба таъмини талаботи онҳо мебошад.
Сиёсати иҷтимоии давлат асосан дар ду самт сурат мегирад:

Ҳифзи иҷтимоии меҳнаткашон;
Ҳифзи иҷтимоии камбизоатон.
Дар самти якум барномаҳои зерини давлатӣ оид ба шуғли аҳолӣ амалӣ карда мешаванд:

барномаҳо оид ба тақвияти афзоиши шуғл ва афзоиши ҷойҳои кор дар сектори давлатӣ;
барномаҳо оид ба тайёр намудани қувваи коргарӣ;
барномаҳое, ки барои кирояи қувваи корӣ мусоидат мекунанд.
Дар самти дуюм барномаҳои зерини давлатӣ оид ба дастгирии дараҷаи даромадҳо амалӣ карда мешаванд:

баронмаи суғуртаи иҷтимоӣ, ки аслан барои дастгирии музди кор, нафақапулӣ ва «музди кор»-и бекорон равона шудааст. Ин барнома асосан аз ҳисоби ҷамъоварии андоз аз музди кор, маблағгузорӣ шуда барои ҷубронпулӣ, музди кору нафақа ва кўмакпулӣ ба бекрон истифода карда мешавад;
барномаи кўмаки давлатӣ, ки кўмакпулиҳоро нисбати онҳое, ки меҳнат карда наметавонанд (маъюбон ва кўдакон) ва нисбати онҳое, ки дар оилаашон кўдаки бисёр доранд пешбинӣ менамояд.
Дар ИМА инчунин барномаҳои калони хўрокворӣ ба камбизоатон, баронмаи молиякунонии хизмарасониҳои тиббӣ ва дигар барномаҳои иҷтимоӣ вуҷуд доранд, ки аз буҷаи давлат маблағгузорӣ карда мешаванд.

Дар ҶТ низ чораҳои гуногун дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сурат мегирад. Масалан: нафақапулӣ, ҷубронпулиҳои гуногун, кўмакпулиҳо ба оилаҳои серфарзанд ва ғайраҳо. Инчунин аз ҳисоби буҷаи давлатӣ як қатор хизматрасониҳои бепул оид ба маърифат, тандурустӣ ва маориф сурат мегиранд. Новобаста ба чунин чорабиниҳо сатҳи қашшоқӣ нисбати соли 1991 даҳҳо маротиба афзудааст, зеро ки ингуна кўмакпулиҳо танҳо аз 20 то 35%-и музди миёнаи корро ташкил медиҳад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.