Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Бозори ҷаҳонӣ: таркиб ва хусусиятҳои он

Инкишофи иқтисоди ҷаҳонӣ ба бозори ҷаҳонӣ сахт вобаста мебошад…Инкишофи иқтисоди ҷаҳонӣ ба бозори ҷаҳонӣ сахт вобаста мебошад.
Бозори ҷаҳонӣ гуфта механизми иқтисодиеро меноманд, ки алоқамдии иқтисодҳои миллии мустақилро таъмин менамояд.
Бозори ҷаҳонӣ соҳаи мубодилаи байни давлатҳоро ифода намуда дорои таркиби хело мураккаб мебошад. Умуман бозори ҷаҳонӣ аз қисмҳои зерин таркиб ёфтааст:

бозори байналхалқии молҳо, ки бозори байналхалқии чизҳои истеъмолӣ, бозори байналхалқии дастгоҳу таҷҳизот ва бозори байналхалқии ашёи хомро дар бар мегирад;
бозори байналхалқии қувваи корӣ, ки аз бозори байналхалқии мутахассисон ва бозори байналхалқии коргарон таркиб ёфтааст;
бозори байналқии хизматҳо, ки аз бозори байналхалқии литсензия, бозори байналхалқии хизматҳои нақлиёт, бозори байналхалқии хизматҳои суғуртавӣ ва бозори байналхалқии дигар намуди хизматҳо таркиб ёфтааст;
бозори байналхалқии асъор.
Дар муқоиса ба бозори дохилӣ, бозори ҷаҳонӣ дорои як қатор хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Ин хусусиятҳои бозори ҷаҳонӣ инҳо мебошанд:

нисбат ба бозори миллӣ дар бозори ҷаҳонӣ ҳаракати захираҳо, молҳо ва хизматҳо хеле суст мебошад;
ҳаракати молу хизматҳо дар бозори ҷаҳонӣ пеш аз ҳама ба дахолати давлат вобаста мебошад;
бозори ҷаҳонӣ дорои низоми нархии худ мебошад, ки онро нархҳои ҷаҳонӣ меноманд;
объекти бозори ҷаҳонӣ танҳо мол ва хизматҳое буда метавонад, ки қобилияти баланди рақобаткунӣ дошта бошад;
дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба бозори миллӣ рақобат хело тезу тунд сурат мегирад ва танҳо сифат меъёри асосии баҳодиҳии молу хизматҳо буда метавонад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.