Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Ташкилотҳои байналхалқии молиявию асъорӣ ва нақши онҳо дар танзими муносибатҳои асъорӣ

Дар ҷаҳони муосир барои танзими муносибатҳои байналхалқии асъор ва таъмини устувори ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ, як қатор ташкилотҳои (институтҳои) байналхалқии молиявию асъорӣ нақши муҳим доранд…Дар ҷаҳони муосир барои танзими муносибатҳои байналхалқии асъор ва таъмини устувори ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ, як қатор ташкилотҳои (институтҳои) байналхалқии молиявию асъорӣ нақши муҳим доранд. Калонтарин ташкилотҳои байналхалқии молиявию қарзӣ – Фонди байналхалқии асъор (ФБА), Бонки байналхалқии таҷдид ва тараққиёт (ББТТ) ва Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиёт (ТҲИТ) ба ҳисоб мераванд.
ФБА – органи марказии танзимкунандаи низоми асъорӣ буда, соли 1944 дар конфронси Бреттон-Вудск ташкил шудааст ва аз соли 1947 инҷониб фаъолият мекунад. Вазифаҳои асосии ФБА инҳо мебошанд:

танзими қурби асъор;
дастгирии устувори ҳампоягиҳои асъорӣ;
додани қарз ба аъзоёни фонд;
интишори воситаҳои пардохт дар ҳолати зарурӣ ва ғайра.
ББТТ – ҳамчун як ташкилоти байналхалқии молиявию асъорӣ соли 1944 дар конфронси Бреттон-Вудск ташкил карда шудааст ва ба фаъолият соли 1946 оғоз намудааст. ББТТ – ташкилоти молиявию байналхалқие мебошад, ки вазифаи асосии он додани қарзи дарозмуддат барои таъмини тараққиёти иқтисодии аъзоёнаш мебошад. Шарти асосии аъзо шудан ба ББТТ ин аъзо будан ба ФБА мебошад.
ББТТ ба Бонки ҷаҳонӣ дохил шуда дорои шўъбаҳои зерин аст: Ширкати байналхалқии молиявӣ (ШБМ) ва Ассотсиатсияи байналхалқии тараққиёт (АБТ).
ШБМ – пеш аз ҳама сохтори хусусиро дар мамлакатҳои рў ба инкишоф маблағгузорӣ менамояд.
АБТ – ба мамлакатҳое, ки дар онҳо даромад ба сари аҳолӣ на кам аз 400 долларро ташкил медиҳад, қарзи имтиёзнок ва ҳатто қарзи бефоиз медиҳад.
Дар байни ташкилотҳои байниҳукуматии молиявӣ Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиёт (ТҲИТ) нақши муҳим дорад. Ба он тамоми мамлакатҳои мутараққӣ дохил мешаванд. Вазифаи асосии ин ташкилот барои амалӣ намудани сиёсати макроиқтисодӣ тавсия додан аст.

Барои танзими низоми минтақавии асъорӣ соли 1979 Низоми Европаи асъорӣ (НЕА) ташкил карда шуд, ки вазифаи он мустаҳкам намудани қурби асъор ва интишори воҳиди асъор (Евро) мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.