Понедельник, Июнь 17Ояндаро бо ҳам дурахшон месозем!


100 саволу ҷавоб аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ

1. Давлат чист?
Давлат – ташкилоти њокимияти сиёсӣи љамъият мебошад, дорои дастгоњи махсуси маљбуркунї буда, салоњияти худро дар њудуди муайян амалї менамояд.
(Мафњуми њуќуќї).
Давлат – машинаест, ки њукмронии як синфро аз болои синфи дигар таъмин менамояд.(В.И. Ленин).
2. Сабабњои пайдоиши давлат?
– гузариш аз иќтисодиёти истъмолкунанда ба иќтисодиёти истењсолкунанда
– таќсимоти љамъиятии мењнат (људошавии ҷорводорї аз зироаткорї; људошавии косибон; пайдоиши савдогарон).
– афзоиши њосилнокии мењнат ва бавуљуд омадани мањсулоти изофа.
– пайдоиши моликияти хусусї.
– таназзули авлод ва пайдоиши оила.
– таќсимшавии љамъият ба синфњои оштинопазир.
1. Давлат чист?
Давлат – ташкилоти њокимияти сиёсӣи љамъият мебошад, дорои дастгоњи махсуси маљбуркунї буда, салоњияти худро дар њудуди муайян амалї менамояд.
(Мафњуми њуќуќї).
Давлат – машинаест, ки њукмронии як синфро аз болои синфи дигар таъмин менамояд.(В.И. Ленин).
2. Сабабњои пайдоиши давлат?
– гузариш аз иќтисодиёти истъмолкунанда ба иќтисодиёти истењсолкунанда
– таќсимоти љамъиятии мењнат (људошавии ҷорводорї аз зироаткорї; људошавии косибон; пайдоиши савдогарон).
– афзоиши њосилнокии мењнат ва бавуљуд омадани мањсулоти изофа.
– пайдоиши моликияти хусусї.
– таназзули авлод ва пайдоиши оила.
– таќсимшавии љамъият ба синфњои оштинопазир.
3. Шаклњои пайдоиши давлат.
Фредрих Энгелс дар асари худ «Пайдоиши оила, моликияти хусусї ва давлат» се шакли асосии пайдоиши давлатро нишон додааст: афинагї, римї, олмонї.
– Афинагї (классикї) – давлат ба таври табиї, дар асоси ба вуљуд омадани омилњо ва сабабњои он пайдо шудааст (таќсимоти љамъиятии мењнат, моликияти хусусї, таќсимшавии љамъият ба гурўњњо (синфњо) ва муборизаи оштинопазири байни онњо.
– Римї – муборизаи ањолии берун аз шањри Рим истиќоматкунанда (плебейњо) бар зидди ањолии Рим (патрисийњо) барои њуќуќњои баробар пайдо намудан бо Римињо љараёни пайдоиши давлатро тезонид.
– Олмонї – аз љониби ќабилањои олмонї (онњо дар љамъияти авлодї ќарор доштанд) забт гардидани империяи Рим (дар охири асри V мелодї) онњоро маљбур сохт, ки барои идора кардани империяи Рим давлати худро ташкил намоянд (давлати Франкњо).
4. Аввалин давлатњо дар Осиёи миёна.
– Бохтар, Суѓд, Хоразм.
5. Типњои таърихии давлат
Типњои таърихии давлат – Ба гурўњњо таќсим намудани давлатњои дар таърих мављуда ва давлатњои муосир дар асоси хусусиятњои љамъият ва давлат, вазифа, маќсад ва функсияњои онњо мебошад. Чунин типњои таърихии давлатро људо мекунанд:
– Давлатњои ѓуломдорї – Юнони ќадим, Рими ќадим ва дигарњо.
– Давлатњои феодалї – Англия, Франсия ва дигарњо, асри миёна.
– Давлатњои буржуазї (капиталистї) – Англия, Франсия, ИМА, асрњои ХVII –ХХ.
– Давлатњои сотсиалистї – СССР, дигар давлатњои системаи сотсиалистї, асри ХХ.
6. Нишонањои давлат кадомњоянд?
– Њокимияти давлатї (оммавї)– дастгоњи идоракунї ва маљбуркунї. Гурўњи махсуси одамон, ки танњо ба масъалањои идоракунӣ машѓуланд.
– Таќсимоти ањолї аз њудуд (таќсимоти марзї-њудудї). Давлат дорои њудуди муайяне мебошад, ки дар он њудуд соњибихтиёрии давлат ифода меёбад. Ањолие, ки дар ин њудуд зиндагї мекунад, шањрвандони он давлат ба њисоб мераванд.
– Соњибихтиёрии давлат – олї (баланд) будани њокимияти давлатї нисбат ба њокимияти ташкилотњо, шахсони дар њудуди давлат буда, мустаќилияти давлат дар муносибат бо дигар давлатњо, ташкилотњои байналмилалї ва минтаќавї
– Ѓун кардани андоз – он барои пойдории њокимият ситонида мешавад.
– Алоќамандии давлат ва њуќук – давлат бе њуќуќ вуљуд дошта наметавонад. Њуќуќ- давлат ва њокимияти давлатиро ба расмият дароварда, ба њамин роњ онро ќонунї (расмї) мегардонад.
7. Шакли давлат
Шакли давлат -шакли ташкили њокимияти давлатї мебошад, ки тарзи ташкилшавї, сохтор ва фаъолияти давлатиро дарбар мегирад.
Шакли давлат – шакли мављудият ва фаъолияти давлат мебошад.
Ќисмњои таркибии шакли давлат:
– Шакли идоракунии давлат
– Шакли сохти давлатї
– Режими сиёсї (давлатї)
8. Шакли идоракунии давлат чист?
Шакли идоракунии давлат – ин тарзи ташкили њокимияти давлатї аст.
Намудњои шакли идоракунии давлат:
– Монархия
– Љумњуриявї (республикавї)
9. Монархия чист?
Монархия – чунин шакли идоракунии давлат мебошад, ки њокимияти олии давлатї ќисман ё пурра дар дасти як кас – сардори давлат (фараон, шоњ, император, амир ва ѓайра) ќарор дорад.
Намудњои монархия:
– Монархияи мутлаќ – њокимияти монарх номањдуд аст.
– Монархияи мањдуд (конститутсионї) – њокимияти монарх дар асоси љорї кардани принсипи таљзияи њокимиятњо мањдуд мегардад.
10. Шакли идоракунии љумњуриявї (республикавї)
Шакли идоракунии љумњуриявї (республикавї) – њокимият ба воситаи маќомоте, ки ба мўњлати муайян интихоб мегарданд, идора карда мешавад.
Намудњои шакли идоракунии љумњуриявї (республикавї) –
– Президентї – Њукумат новобаста аз парламент аз тарафи Президент ташкил карда шуда, дар назди ў масъулият дорад.
– Парламентї – Њукумат аз намояндагони як ё якчанд њизб, ки дар парламент аксарият мебошанд, ташкил карда мешавад.
11. Шакли сохти давлатї
Шакли сохти давлатї – тарзи ташкили њудудии давлат, сохти марзиву маъмурӣи он аст.
Намудњои шакли сохти давлатї:
– Унитарї
– Федеративї
– Конфедеративї
12. Давлати унитарї (оддї)
Давлати унитарї (оддї) – Аз њудудњои алоњидаи маъмурї иборат буда, дорои маќомоти ягонаи марказї ва мањаллї, конститутсия, системаи ягонаи судї ва шањрвандии ягона мебошад (Љумњурии Тољикистон).
Нишонањои давлатњои унитарї:
Дорои маќомоти олии ягонаи ќонугузор, иљроия ва судї мебошанд;
Дорои конститутсия, ќонунгузорї ва шањрвандии ягона мебошанд;
Дар њайати онњо дигар давлат вуљуд надорад;
Ҳудуди онњо аз ќисмњои маъмурї-њудудї иборат аст (вилоят, шањр, ноњия, шањрак ва дењот).
Дорои ќуввањои мусаллањ мебошанд, ки онро маќомоти марказии њокимияти давлатї роњбарї менамояд;
Муносибатњои берунї бо дигар давлатњо аз љониби маќомоти марказии давлат амалї карда мешаванд.
13. Давлати федеративї (мураккаб)
Давлати федеративї- давлати мураккаб мебошад, ки дар асоси давлатњои иттињодї созмон ёфта, давлатњои дар њайати он буда дорои мустаќилияти муайяни њуќуќї мебошанд (Олмон, Россия, Њиндустон).
Нишонањои давлатњои федеративї
Аъзои давлати федеративї, ки федератсияро ташкил намудаанд, мустаќилияти худро њамчун давлат дар њудуде, ки Конститутсия пешбинї намудааст, нигоњ медоранд ва дорои воњидњои маъмурӣю-њудудии худ мебошанд.
Ду системаи маќомоти олии њокимияти давлати федералї ва маќомоти субъектњои федератсия мављуд аст.
Субъектњои федератсия дорои конститутсия, салоњияти ќонунгузорї, системаи њуќуќ ва соњибихтиёрии муайяни худ мебошанд.
Чун ќоида шањрвандии умумифедаралї ва шањрвандии субъекти федератсия мављуд аст.
14. Давлатњои конфедеративї
Конфедератсия – иттињоди давлатњо, ки барои амалї намудани маќсадњои алоњида онро таъсис медињанд; аъзои ин иттињод мустаќилияти худро нигоњ медоранд; бо маќсади фаъолияти якљоя дар соњањои алоњида маќомоти иттињодиро ташкил медињанд (ИМА с. 1781-1787).
Нишонањои конфедератсия:
Дорои маќомоти умумии ќонунгузор, иљроия ва судї (ба мисли федератсия) нестанд;
Артиши ягона, системаи ягонаи андоз, буљети ягонаи давлатиро надоранд;
Мављудияти шањрвандии танњо субъекти конфедератсия таъмин шуда, шањрвандии давлати конфедеративї мављуд нест;
Давлатњои аъзои конфедератсия метавонанд дар бораи системаи ягонаи пулї, ќоидањои ягонаи гумрукї ва дигар масъалањо созишномањо ба имзо расонида онњоро амалї намоянд.
15. Режими сиёсї (давлатї) чист?
Режими сиёсї – Маљмўи воситањо ва тарзњои амалї намудани њокимияти давлатї мебошад.
Намудњои режими сиёсї: 1) Демократї, 2) Ғайридемократї (режими авторитарї, режими тоталитарї)
16. Режими демократї
Режими демократї – аз калимаи юнонии demos – халќ, cratos – њокимият гирифта шуда, маънояш њокимияти халќ мебошад. Режими демократї таърихи тўлонӣ дошта, њоло чун арзиши умумиинсонї, шакли давлатдории муосир эътироф гашта, кафолатњои њуќуќњои инсонро, иштироки васеи онњоро дар идоракунии давлат ва њаёти сиёсї, гуногунии сиёсї ва мафкуравиро, фаъолияти озодонаи њизбу созмонњои зиёди љомеаро, худидоракунии мањаллиро, раъйпурсї, низоми шаффофи интихоботро, ошкорбаёниро таъмин мекунад.
17. Режими авторитарї
Режими авторитарї – (Калимаи фаронсавии autoritare – њокимиятї ва лотинии autoritas – њокимият, таъсир) – шакли режими сиёсї буда, маънои онро дорад, ки њокимияти давлатї аз љониби гурўњи идоракунандаи сиёсї новобаста аз иродаи ќисми зиёди халќ ташкил карда мешавад. Њангоми идораи авторитарї њокимият ба як маќоми давлатї ё ин ки ба дасти як лидери сиёсї мегузарад.Масалан, президент, диктатор ва ѓайра.
18. Режими тоталитарї
Режими тоталитарї – (Калимаи лотинии totalitas – куллї, пурра, тамомият) – шакли режими сиёсї аст, ки дар он назорати пурраи давлат нисбати њаёти љамъиятї љой дорад. Хусусиятњояш давлатикунонии тамоми соњањои њаёти љомеа, ваколатњои номањдуди њокимияти давлатї, мањдудсозї ё манъи њуќуќу озодињо ва ѓайра мебошад.
19. Самтњои асосии давлат (функсияњои давлат)
Функсияи давлат – Самтњои асосии фаъолияти давлат мебошад, ки барои њалли вазифањои он татбиќ мешаванд.
Самтњои фаъолияти давлат, ки барои амалї гардонидани вазифањои иќтисодї, иљтимої, сиёсї ва идеологї равона карда шудаанд, функсияи давлатро ташкил медињанд.
Намудњои функсияњои давлат:
– Дохилї.
– Берунї.
20. Функсияи дохилии давлат
Сиёсї – Фаъолияти давлат дар соњаҳои: Иштироки шањрвандон, њизбњо ва њаракатњои сиёсї дар идоракунии давлат.
Иќтисодї – Фаъолияти давлат дар соњахои иќтисодї; банаќшагирї; тањияи барномањои иќтисодї; муќаррар намудани асосњои њуќуќии иќтисоди бозорї ва фаъолияти озоди иќтисодї, њифзи моликият, њуќуќи истеъмолкунандагон ва ѓ.
Иљтимої – Фаъолияти давлат дар соњаи иљтимої: таъмини шароит барои њаёти арзанда ва инкишофи озодонаи инсон ба воситаи кафолатњои иљтимоие, ки аз љониби давлат дода мешаванд (таъмини нафаќа, дастгирии оилањои камбизоат, маъюбон, бепарасторон ва дигарњо).
Экологї – Таъмини муњити зарурии зист барои инсон, њифзи экология ва ѓ.
Њифзи њуќуќу озодињои инсон, сохтори конститутсионї, ќонуният ва тартиботи њуќуќї – Кафолат ва таъмини арзишњои номбурда аз љониби давлат.
21. Функсияњои берунии давлат.
Мудофиа – Нигоњ доштани сатњи зарурии иќтидории мудофиавии мамлакат.
Нигоњ доштани тартиботи мављудаи љањонї – Дар арсаи љањонї нигоњ доштани сулњ, пешгирї ва аз байн бурдани љанг, яроќпартої, барњам задании яроќи ќатли ом, њамкорињои байналмилалї дар мубориза алайњи љинояткории муташаккил, терроризм ва экстримизм, маводи муҳаддир ва дигарњо.
Њамроњ шудан ба иќтисодиёти байналмилалї – Барои пешравии иќтисодии давлат њамроњ шудан ба созмонњои байналмилалї ва минтаќавии иќтисодї (Созмони байналмилалии савдо, Фонди байналмилалии асъор, Бонки умумиљањонї, Бонки Осиёии рушд ва дигарњо).
Њамкорї бо дигар давлатњо дар њалли масъалањои умумиљањонї – Љустучў ва дарёфти њалли масъалањои байналмилалї: демографї, экологї, кайњон ва дигарњо.
22. Дастгоњи (механизми) давлатї
Дастгоњи (механизми) давлатї – низоми маќомоти гуногуни давлатї мебошад, ки ба воситаи онњо давлат њокимияти худро амалї менамояд.
Дастгоњи давлат аз маќомоти давлатї ва шахсони мансабдор иборат буда, ба маќсади функсияи њокимияти давлатиро иљро кардан аз тарафи давлат ташкил дода мешавад.
23. Маќомоти давлатї
Маќомоти давлатї – Ќисми нисбатан мустаќил ва таркибан алоњидаи дастгоњи давлат мебошад, ки дорои салоњияти муайян буда, дар љараёни амалї намудани функсияњои худ ба ќудрати ташкилї, моддї ва маљбуркунии давлатї такя мекунад.
Намудњои маќомоти давлатї:
– маќомоти њокимияти давлатї – Маљлиси Олї (маќомоти олї) ва маљлиси вакилони халќ (маќомоти мањаллї)
– маќомоти идоракунии давлатї (иљроия) – Њукумати ЉТ (маќомоти олї, марказї) ва Њукуматњои вилоят, шањр ва ноњия (маќомоти мањаллии иљроия)
– маќомоти судї
24. Давлати њуќуќбунёд
Давлати њуќуќбунёд – ин шакли њуќуќии ташкил ва фаъолияти њокимияти сиёсӣи омма аст.
Давлати њуќуќбунёд – давлатест, ки дар он њуќуќ њукмрон аст.
25. Нишонањои (аломатњои) давлати њуќуќбунёд
Нишонањои давлати њуќуќбунёд инњоянд:
1. Волоияти ќонун – ташкил ва фаъолияти давлат, маќомоти он, шахсони мансабдори давлатї, ташкилоту шахсони алоњида дар асос ва тибќи ќонун сурат мегиранд.
2. Таљзияи њокимияти давлатї – ба њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї сурат гирифта, омили асосии манъи худсарии њокимияти давлатї мегардад, фаъолияти байни онњо дар асоси принсипи «худдорї ва муќовимат» амалї мегардад. Он принсипи бунёдии давлати њуќуќбунёд буда, мустаќилияти њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї ва худнигањдории онњоро дар назар дорад. Таљзияи њокимият дар моддаи 9 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон баён шудааст.
3. Кафолати њуќуќу озодињои инсон ва шахрванд – давлат на танњо њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро эълон ва эътироф менамояд, инчунин њимоя ва њифзи онњоро бояд таъмин намояд.
4. Масъулияти байнињамдигарии давлат ва шахс – дар давлати њуќуќбунёд давлат ва шањрванд дар назди њамдигар масъулияти (љавобгарии) баланд доранд. Тавре, ки дар ќисми 3 моддаи 5 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон омадааст, давлат на танњо њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандонро эътироф мекунад, балки ўњдадор аст, ки онњоро риоя ва њифз намояд. Њамзамон давлат ва њамаи маќомоти он, шахсони мансабдор, шахрвандон ва иттињодияњои онњо вазифадоранд, ки Конститутсия ва ќонунњои кишварро риоя ва иљро намояд. (Моддаи 10 Конститутсия)
26. Љомеаи шањрвандї
Љомеаи шањрвандї – Љомеаст, ки дар он шаклњои гуногуни моликият ва намудњои фаъолияти иќтисодї, њама замина барои ташвиќи ќоидањои ѓоявї, инчунин ягонагии муайяни фардї ва љамъиятї вуљуд дорад. Маљмўи муносибатњои ѓайридавлатї ва ѓайрисиёсї (иќтисодї, иљтимої, фардї, ахлоќї, маънавї, оилавї, динї ва дигарњо) мебошанд, ки озодона (мустаќилона) амалї мешаванд ва ба њокимияти давлатї вобаста (тобеъ) нестанд.
27. Принсипњои (нишонањо, аломатњои) љомеаи шањрвандї
Приинсипњои (нишонањо, аломатњои) љомеаи шањрвандї:
– Озодии иќтисодї, гуногуншаклии моликият, муносибатњои бозорї.
– Эътироф ва њифзи њуќуќи табии инсон ва шањрванд.
– Хусусияти демократї ва ќонунї доштани њокимияти давлатї.
– Баробарњуќуќии њама дар назди ќонун ва суд, њифзи боэътимоди њуќуќњои шахсӣят.
– Гуногунандешии сиёсї ва идеологї.
– Озодии сухан, мутбуот воситањои ахбори мустаќил.
– Дахолат накардани давлат ба њаёти шахсӣи одамон, ўњдадорї ва љавобгарии мутаќобилаи давлат ва шахс.
– Сиёсати иљтимоии самарабахш, ки зиндагии арзандаи инсонро таъмин менамояд.
28. Мафњуми њуќуќ
Њуќуќ – Низоми ќоидањои ба њама њатмии рафтор буда, аз тарафи давлат ќабул, муќаррар ва тасдиќ карда мешавад ва муносибатњои муњими љамъиятиро ба танзим медарорад.
29. Нишонањои њуќуќ
– Умумињатмї.
– Кафолатнок.
– Расмї.
– Системавї.
– Бонизом.
– Бемўњлат татбиќшаванда.
– Танзимкунандаи муночибатњои љамъиятї.
30. Принсипњои њуќуќ
Принсипњои њуќуќ – Аќидаи пешбаранда, асосњои роњбарикунандае мебошанд, ки моњият ва амали њуќуќро муайян менамоянд.
Принсипњои њуќуќ:
Демократизм – Иштироки васеи одамон, иттињодияњо онњо дар ќонунгузорї ва татбиќи меъёрњои њуќуќ
Гуманизм (башардўстї) – Эътирофи њуќуќии арзишњои шахсӣят, њуќуќу озодињои он.
Адолат – Яке аз категорияњои ахлоќ ва њуќуќ, ки ба воќеияти конкретї мувофиќ омадан ва ё наомадани моњият ва њуќуќи инсонро ифода менамояд. Талаботи мувофиќати байни мењнат ва музди мењнат, љиноят ва љазо ва ѓайра.
Баробарї дар назди ќонун – Дар он ифода меёбад, ки њама новобаста аз љинс, нажод, миллат, забон, вахъи иљтимої, муносибат ба дин ва дигар њолатњо дар назди ќонун баробар мебошанд.
Љавобгарии байнињамдигарии давлат ва шахс – Љавобгарии њуќуќии шахс дар назди давлат њангоми вайрон намудани меъёрњои њуќуќ, њамчунон љавобгарии давлат барои иљро накардани ўњдадорињои худ дар назди шахс мебошад.
31. Њуќуќи фитрї (табиї) ва позитивї
Њуќуќи фитрї (табиї) – ин маљмўи њуќуќу озодињост, ки аз табиати инсон бармеоянд ва новобаста аз давлат вуљуд дошта, инкишоф меёбанд. (Њуќуќ ба њаёт, ба саломатї, ба ному насаб, озодї, амният ва ѓайра).
Њуќуќи позитивї – аз маљмўи меъёрњои њуќуќие иборат аст, ки аз љониби давлат муайян, ќабул ва таъмин карда мешаванд (Меъёрњои њуќуќи позитивї, ќонунњо, ќарорњо, одатњои њуќуќї мављуданд).
32. Мафњуми меъёри њуќуќ
Меъёри њуќуќ – нишондоди њуќуќї мебошад, ки ќоидаи рафтор, шартњои иљрои онро муќаррар мекунад.
33. Намудњои меъёри њуќуќ
– Меъёрњои ваколатдоркунанда – ба шахс њуќуќи иљрои њаракатњои ќонуниро медињанд. Меъёрњои Конститутсия, ки ба шањрвандон номгўи зиёди њуќуќњоро доданд (ба њаёт, ба тањсил, ба мусофират ва ѓ) ваколатдоркунанда мебошанд.
– Меъёрњои ўњдадоркунанда – ба зиммаи шахс вазифаи иљро кардани њаракати ќонуниро мегузоранд. Чунончї, мувофиќи м.43 Конститутсияи Тољикистон: «Њифзи Ватан, њимояи манфиати давлат, тањкими истиќлолият, амният ва иќтидори мудофиавии он вазифаи муќаддаси шањрванд аст».
– Меъёрњои манъкунанда – содир кардани њаракатњои иљозатнагаштаро манъ мекунанд. Масалан: мувофиќи м.90 Конститутсияи Тољикистон:
«Судя наметавонад вазифаи дигареро иљро намояд, вакили маќомоти намояндагї, узви њизб ва созмонњои сиёсї бошад, ба соњибкорї машѓул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эљодї ва омўзгорї.
34. Таркиби меъёри њуќуќ
Таркиби меъёри њуќуќ – Аз шартњои татбиќи меъёр (гипотеза – калимаи лотини буда, асос, фарзияро ифода мекунад), ќоидаи рафтор (диспозитсия – калимаи лотинї буда, таќсимот, љобаљогузорї, љойгиркуниро ифода мекунанд) ва ҷорањои љавобгарї барои иљро накардани ин меъёр иборат аст. Таркиби дохилии меъёрњои њуќуќ ба саволи агар-он-гоњ-вагарна (дар акси њол) – љавоб медињад.
35. Амали меъёрњои њуќуќї
Меъёрњои њуќуќї дар фазо, замон ва ба доираи муайяни шахсон татбиќ карда мешаванд.
36. Мафњуми сарчашмањои њуќуќ
Шакли зоњирии ифодаёбї ва мустањкам кардани меъёрњои њуќуќиро сарчашмаи њуќуќ меноманд.
Сарчашмањои њуќуќї ба ќонун ва санадњои зерќонунї људо мешаванд.
37. Мафњуми Конститутсия
Конститутсия – (аз калимаи constitutio – муќаррарот, сохтор) – Њуљљати расмии дорои ањамияти, љамъиятї, давлатї ва муњими сиёсї аст, ки дар он масъалањои асосии њокимияти давлатї, асосњои сохтори иљтимоию иќтисодии љамъият, вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд, сохтори давлатї ва дигар масъалањои њаётан муњими давлатї ва љамъиятї муќаррар мешавад.
Конститутсия дорои ќувваи олиии њуќуќї (юридикї) аст. Аввалин Конститутсия 17 сентябри соли 1787 дар ИМА ва дар Фаронса 3 сентябри соли 1791 ќабул гардидаанд.
Дар Тољикистон њамагї 5 маротиба (солњои 1929, 1931, 1937, 1978, 1994) Конститутсия ќабул карда шудааст.
38. Ќонуни конститутсионї
Ќонуни конститутсионї – санади меъёри њуќуќиест, ки ќабули он дар Конститутсия пешбинї шуда, мутобиќи тартиби муќарраршуда аз тарафи маќомоти ќонунгузор ва ё бо роњи раъйпурсї ќабул карда мешавад ва муносибатњои махсусан муњими љамъиятиро ба танзим медарорад.
39. Кодекс
Кодекс – ќонуни ягона ва мураттабгаштаи дорои сатњи баланди мантиќиест, ки тавассути он соњаи муайяни муносибатњои љамъиятї пурра, бонизом ва бевосита танзим карда мешавад.
40. Ќонун
Ќонун – санади меъёрии њуќуќиест, ки маќоми олии ќонунгузорї давлат мебошад, ки бо тартиби махсус ќабул гардида, дорои ќувваи олии њуќуќї мебошад ва муносибатњои муњимтарини љамъиятиро ба танзим медарорад.
41. Санади зерќонунї
Санади зерќонунї – санади меъёрие мебошад, ки дар асос ва барои иљрои ќонунњо аз тарафи маќомот ва шахсони мансабдори давлатї дар доираи салоњияти онњо ќабул шуда, меъёрњои њуќуќро дар бар мегирад.
Намудњои санадњои зерќонунї:
– Фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон,
– Ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон,
– Санадњои меъёрии вазоратњо, кумитањои давлатї – дастурамалњо, низомномањо, ќоидањо, оинномањо ва ѓ.
– Ќарорњои маќомоти намояндагї (Маљлиси вакилони халќ) ва иљроияи мањаллии давлатї (раисони вилоят, шањр ва ноњия)
– Ќарорњои маќомоти худидораи шањрак ва дења (љамоати шањрак ва дења)
42. Мафњуми фаъолияти њуќуќэљодкунї
Њуќуќэљодкунї – фаъолияти махсуси субъектњои ваколатдор (халќ, маќомоти давлатї ва шахсони мансабдори давлатї) оид ба ќабули санадњои њуќуќї мебошад.
43. Марњилањои љараёни ќабули ќонунњо
Љарёни ќабули ќонунњо аз марњилањои муайян иборат аст:
– Ташаббуси ќонунгузорї
– Муњокима ва ќабули ќонун дар Маљлиси Намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тоҷикистон
– Љонибдории ќонун аз љониби Маљлиси Миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тоҷикистон
– Имзо ва интишори расмии ќонун аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон
Ќонунњо пас аз интишори расмиашон амал мекунанд. Интишори расмии ќонунњо дар рўзномаи «Љумњурият», «Садои мардум» «Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тоҷикистон» сурат мегирад.
44. Субъектњои ташаббуси ќонунгузорї
Субъектњои ташаббуси ќонунгузорӣ (мувофиќи модаи 58 Конститутсияи ЉТ) инњоянд:
– Узви Маљлиси Миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тоҷикистон;
– Вакили Маљлиси Намояндагони Љумњурии Тољикистон;
– Президенти Љумњурии Тоҷикистон;
– Њукумати Љумњурии Тоҷикистон;
– Маљлиси Вакилони халќи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон
Дигар маќомот ва шахсони алоњида метавонанд ба воситаи субъектњои дорои њуќуќи ташаббуси ќонунгузорї таклифњои худро пешнињод намоянд.
45. Мафњуми муносибатњои њуќуќї
Агар муносибатњои љамъиятї бо меъёрњои њуќуќ ба танзим дароварда шаванд, гоњ онњо муносибатњои њуќуќї номида мешаванд.
46. Таркиби муносибатњои њуќуќї
Таркиби муносибатњои њуќуќї:
– субъект
– объект
– мазмуни муносибатњои њукуќї (њуќуќи субъективї ва ўњдадории њуќуќї)
47. Субъектњои муносибатњои њуќуќї
Субъектњои муносибатњои њуќуќї – иштирокчиёни муносибатњои њуќуќї, ки дорои њуќуќ ва ўњдадорињо мебошанд.
48. Намудњои субъектњои муносибатњои њуќуќї:
– шахсони воќеї
– шахсони њуќуќї
– давлат
49. Объекти муносибатњои њуќуќї
Объекти муносибатњои њуќуќї – неъматњои моддї ва ѓайримоддї мебошанд, ки вобаста ба онњо муносибатњои њуќуќї ба вуљуд меоянд.
50. Намудњои объектњои муносибатњои њуќуќї:
1. Неъматњои моддї – молу мулк, ашёњои истеъмолї, пул, коѓазњои ќимматнок, манзил ва ѓайра.
2. Мањсули фаъолияти эљодї – неъматњои маънавї, асарњои санъат, адабиёт мусиќї, кино ва ѓ
3. Неъматњои шахсӣи ѓайримолумулкї – њаёт, саломатї, ќадру номус ва ѓ
51. Мафњуми соњањои њуќуќ.
Меъёрњои њуќуќие, ки муносибатњои љамъиятии сифатан якхеларо ба танзим медароранд, соњањои њуќуќ номида мешаванд.
Њамаи соњањои ҳуқуқ якљоя низоми њуќуќии Љумњурии Тољикистонро ташкил медињанд.
Соњањои њуќуќи Љумњурии Тољикистон аз инњо иборат мебошад: њуќуќи конститутсионї (давлатї), њуќуќи маъмурї, њуќуќи гражданї, њуќуќи мењнатї, њуќуќи соњибкорї, њуќуќи оилавї, њуќуќи молиявї, њуќуќи кишоварзї, њуќуќи љиноятї, њуќуќи мурофиаи љиноятї ва ѓ.
52. Тавсифи умуми соњахои асосии њуќуќ
Њуќуќи конститутсионї – маљмўи меъёрњое, ки муносибатњои муњимтарини њаёти љамъиятї, њуќуќу озодињо ва вазифањои асосии инсон ва шањрванд, сохтор ва салоњияти маќомоти давлатиро танзим менамоянд.
Њуќуќи маъмурї – ташкил ва фаъолияти маќомоти иљроияро танзим менамояд.
Њуќуќи гражданї – муносибатњои молумулкї ва шахсӣи ѓайримолумулкии ба он алоќамандро танзим менамояд.
Њуќуќи оилавї – муносибатњои вобаста ба оиларо танзим менамояд.
Њуќуќи мењнатї – муносибатњои мењнатии байни корманд ва корфарморо танзим менамояд.
Њуќуќи љиноятї – муносибатњои вобаста ба љиноят ва љазоро танзим менамояд.
53. Мафњуми њуќуќвайронкунї
Њуќуќвайронкунї – кирдори гунањкорона ва зиддињуќуќии шахсе мебошад, ки ба љамъият, давлат ё шахсони алоњида зарар мерасонад.
Њуќуќвайронкунї ба ду гурўњ људо мешавад: љиноят ва кирдори ношоям.
54. Намудњои њуќуќвайронкунї:
Кирдорњои маъмурї – кирдорњое, ки ба муносибатњои идоракунии давлатї зарар мерасонанд.
Кирдорњои интизомї – кирдорњое, ки ќоидањои тартиботи дохилии мењнатї, интизоми мењнатиро халалдор мекунанд.
Кирдорњои гражданї – кирдорњое, ки ба муносибатњои молумулкї ва шахсӣи ѓайримолумулкї зарар мерасонанд.
Ҷиноят – кирдори (њаракат ё бењаракатии) содиршудаи барои љамъият хавфноке мебошад, ки Кодекси љиноятї бо тањдиди татбиќи љазо манъ кардааст.
55. Таркиби њуќуќвайронкунї:
– объекти њуќуќвайронкунї
– тарафи объективии њуќуќвайронкунии
– субъекти њуќуќвайронкунї
– тарафи субъективии њуќуќвайронкунї
56. Мафњуми љавобгарии њуќуќї
Тањти маљбурияти давлатї аз тарафи њуќуќвайронкунандагон иљро гардидани ўњдадорињоро љавобгарии њуќуќї меноманд.
57. Намудњои љавобгарии њуќуќї
– љавобгарии маъмурї
– љавобгарии интизомї
– љавобгарии гражданї
– љавобгарии љиноятї
58. Мафњуми шуури њуќуќї
Шуури њуќуќї – маљмўи тасаввурот ва њиссиёте мебошад, ки муносибати инсонро ба њуќуќ ва зуњуроти њуќуќї ифода менамояд.
59. Таркиби шуури њуќуќї:
1.Мафкураи (идеологияи) њуќуќї – маљмўи аќидањо, назарияњо, мафњумњо, принсипњои њуќуќї мебошад.
2. Психологияи њуќуќї – маљмўи њиссиёт ва эњсосотњои њуќуќї мебошад.
60. Намудњои шуури њуќуќї:
Шуури њуќуќии оддї (муќаррарї) – дар њаёти њаррўзаи бештари ањолї бо таъсири шароитњои њаёти воќеї ташаккул меёбад.
Шуури њуќуќии касбї – мутахассисони соњаи њуќуќро дар бар мегирад.
Шуури њуќуќии илмї (назариявї) – маљмўи аќидањо ва назарияњои илмии њуќуќро дар бар мегирад.
Шуури њуќуќии фардї – ба шахсӣ алоњида таалуќ дорад
Шуури њуќуќии гурўњї – мансуби гурўњи табаќањои гуногуни љамъият мебошад.
Шуури њуќуќии љамъиятї – тамоми ањолиро дар бар мегирад.
61. Мафњуми маданияти њуќуќї
Маданияти њуќуќї – намуди маданияти љамъиятї буда, вазъи сифатии њаёти љомеаро ифода намуда, маљмўи тамоми арзишњои њуќуќиро дар бар мегирад.
62. Мафњуми ахлоќ
Ахлоќ – маљмўи ќоида ва меъёрњои рафтори одамон нисбати якдигар ва љамъият мебошад.
63. Ягонагии ахлоќ ва њуќуќ
Ягонагии ахлоќ ва њуќуќро чунин ифода кардан мумкин аст:
– намудњои гуногуни меъёрњои иљтимої мебошанд;
– дорои объекти ягонаи батанзимдарорї (рафтори одамон мебошанд);
– барои танзими муносибатњои љамъиятї равона гаштаанд;
– њамдигарро њангоми батанзимдарории муносибатњои љамъиятї пурра мекунанд;
– талаботи онњо аз бисёр љињат ба њам мувофиќ мебошад.
– ахлоќ тамоми намудњои њуќуќвайронкуниро мањкум менамояд;
64. Фарќияти ахлоќ аз њуќуќ
Фарќияти ахлоќ аз њуќуќ чунин ифода намудан мумкин аст:
– њуќуќ амалеро иљозат медињад, ки ахлоќ онро манъ кардааст;
– меъёрњои ахлоќ хислати њатмї ва ќонунї надоранд;
– риояи њуќуќ бо маљбуркунии давлатї ва риояи ахлоќ бо таъсири афкори љамъиятї таъмин карда мешаванд;
– меъёрњои њуќуќи шакли махсуси ифода доранд;
65. Мафњуми ќонуният
Ќонуният – риоя ва иљрои даќиќ, якхела ва хатмии талаботи њуќуќ аз тарафи маќомоти давлатї, шахсони мансабдор, ташкилотњо ва шањрвандон мебошад.
66. Нишонањои ќонуният:
– ягонагии ќонун
– вологии ќонун
– баробарии њама дар назди ќонун
– ногузирии љавобгарии њуќуќї
– кафолати њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд.
67. Мафњуми тартиботи њуќуќї
Тартиботи њуќуќї – чунин низоми муносибатњои њуќуќї, ки дар натиљаи амалї гаштани нишондодњои њуќуќї муяссар мегардад.
68. Мафњуми оилањои њуќуќї
Оилањои њуќуќї – таснифи њуќуќи мављудаи љањонї дар асоси нишонањои умумї ва якхелаи низоми њуќуќии онњо мебошад.
Намудњои оилањои њуќуќї:
– Оилаи њуќуќи романї-олмонї
– Оилаи њуќуќи англисї-америкої
– Оилаи њуќуќи муслумонї
– Оилаи њуќуќи Њиндустон
– Оилаи њуќуќи Африќо – Оилаи ҳуқуқи Шарқи Дур

ЊУЌУЌИ КОНСТИТСИОНЇ (ДАВЛАТЇ)
69. Мафњуми њуќуќи конститутсионї
Њуќуќи конститутсионї – соњаи намоёни њуќуќи љумњурї буда, маљмўъи меъёрњои њуќуќиест, ки асосњои сохтори конститутсионии Љумњурии Тољикистонро њамчун давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона мустањкам менаомяд.
70. Асосњои сохтори конститутсионї
Боби 1 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба асосњои сохтори конститутсионї бахшида шуда, муќаррароти 13 моддаи он асосњои сохтори конститутсионии ЉТ-ро ташкил менамоянд.
Асосњои сохтори конститутсионии ЉТ чунинанд:
– низоми сиёсӣи љамъият
– низоми иќтисодї
– асосњои иљтимої ва маданї
71. Мафњуми демкоратия
Демократия – аз калимаи юнонии demos – халќ, cratos – њокимият гирифта шуда, маънояш њокимияти халќ мебошад. Шакли њокимияти љамъиятиву давлатї, ки халќро њамчун сарчашмаи ягонаи њокимият эътироф мекунад.
72. Намудњои демократия:
1. Демократияи бевосита
2. Демократияи бавосита
73. Мафњуми раъйпурсї (референдум)
Раъйпурсї – овоздињии умумихалќї оид ба масъалањои муњимтаринињаёти давлатї ва љамъиятї. Раьйпурсии Љумњурии Тољикистонро Президенти Љумњурии Тољикистон ё Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон таъин мекунанд.
74. Соњибихтиёрии халќ
Дар Тољикистон халќ баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалї мегардонад. (Моддаи 6 Конститутсияи ЉТ)
75. Соњибихтиёрии давлатї
Соњибихтиёрии давлатї – волоияти њокимияти давлатї дар њудуди давлат ва мустаќилият дар муносибатњои беруна. Соњибихтиёрии Тољикистон чунин хусусияти хоки¬мияти давлатї аст, ки дар асл олї, мустакил ва сохибистиклол будани онро ифода мекунад
Соњибихтиёрии давлатї бо 3 роњ њифз карда мешавад:
– Ҳарбї
– Иќтисодї
– Сиёсї
76. Иттињодияи љамъиятї
Иттињодияи љамъиятї – иттињоди ихтиёрї, худидора ва ѓайритиљоратии шањрвандон мебошад, ки дар асоси умумияти манфиатњо барои амалї намудани маќсадњое муттањид гардидаанд, ки дар оинномаи иттињодияи љамъиятї нишон дода шудаанд.
Иттињодияи љамъиятиро бо ташаббуси на камтар аз 3 шањрванд ташкил кардан мумкин аст.
Шањрвандон аз сини 18 солагї метавонанд муасис ва иштирокчиии иттињодияи љамъиятї бошанд.
Шањрвандони ба сини 14 солагї расида, аъзо ва иштирокчии иттињодияњои ҷамъиятии ҷавонон шуда метавонанд.
Шахрвандоне, ки ба сини 10 солагї расидаанд, аъзо ва иштирокчии иттињодияњои љамъиятии бачагона шуда метавонанд.
77. Њизби сиёсї
Зери мафњуми њизби сиёсї чунин иттињодияи љамъиятие фањмида мешавад, ки вазифаи асосиаш иштирок дар њаёти сиёсӣи љомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсӣи шањрвандон ва инчунин ба амал баровардани њокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.
Њизби сиёсї барои аз ќайди давлатї гузаштан руйхати на камтар аз њазор нафар шањрвандони тарафдорашро, ки сокини аксарияти шањру ноњияњои Љумњурии Тољикистонанд, пешнињод менамояд.
Шањрвандон танњо аз синни 18 солагї њуќуќ доранд, аъзои њизбї сиёсї гарданд.
78. Асоси иќтисодии давлат
Яке аз асосхои сохтори конститутсионии Тољикистон гуногуншаклии моликият мебошад. Дар Конститутсия эълон гардидааст, ки асо¬си иќтисодии Тоҷикистонро шаклњои гуногуни моликият ташкил медињад (моддаи 12).
Шаклњои моликият дар Љумњурии Тољикистон:
– моликияти давлатї
– моликияти коллективї
– моликияти шахсї (хусусї)
Моликияти давлатї ба гурўњњои зерин људо мешавад:
– моликияти Љумњурии Тољикистон
– моликияти Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон
– моликияти мањаллї
Замин, сарватњои зеризамини, об, фазои њавої, олами набототу њайвонот ва дигар боигарии табии моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онњоро ба манфиати халќ кафолат медињад.
79. Конститутсияи (Сарќонун)-и Љумњурии Тољикистон
Сарќонуни давлат дар он зоњир мегардад, ки вай сарчашмаи асосии њуќуќии дорои олии эътибор аст, ки дар низоми њуќуќии Тољикистон љои баландтаринро ишѓол менамояд. Њар як конститутсия новобаста аз низоми иљтимоии давлат вазифањои муассисї, ташкилкунандаги, сиёсати беруна, идеологї (ѓоявї) ва њуќуќиро адо менамояд.
80. Заминањои таёр ва ќабули Конститутсияи соли 1994
Дар аввали моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи конститутсияи нав дар ду вариант: лоихаи конститутсияи љумњурии президентї; лоињаи кон¬ститутсияи ҷумҳурии парлумониро гурӯҳи кории комиссияи консти¬тутсионй пешниход кард. Комиссияи конститутсионй баъди омӯхтану муњокимаи онњо барои ба муњокимаи мардум пешнињод кардан вари¬анти лоихаи конститутсияи љумхурии президентиро тавсия кард. Раёсати Шурои Олї бо ќарори худ аз 13 апрели соли 1994 лоихаро интишор кард ва ба комиссияи конститутсионї супориш дод, ки таклифу эъродњои мардумро оиди такмил додани лоиња ба њисоб гирад ва ба лоиња таѓйиротњои лозимї дароварда, то якуми июли соли 1994 онро ба Раёсати Шурои Олї пешнињод намояд. Лоињаи конститутсияи нави ЧТ 21 -22 апрели соли 1994 дар рӯзномањои љумњурї интишор гардид ва муњокимаи он оѓоз ёфт. Лоиҳа иборат аз муќаддимаи мухтасар, 10 боб ва 100 модда буд. Дар он бисёр меъёру холатҳои лоихаи соли 1992 ба муњокимаи мардум пешниход гардида инъикос ёфта буд. Баробари ин, баъзе меъёрњои хислати демократї дошта аз он партофташуда, меъёрњо дар хусуси вазъи њуќуќии ВМКБ умуман аз матни ин лоиҳа берун монда буд. Ва фаќат баъди таклифњои боисрори намояндагони ВМКБ ва аъзоёни коммисияи конститутсионї ба лоиха боби 7 дар бораи ВМКБ дохил карда шуд. Дар нимаи аввали моњи июли соли 1994 комиссияи конститутсионї варианти ислоњшудаи лоињаро маъќул донист ва барои ба Шўрои Олї тавсия кардан ба Раёсати он пешнињод намуд. 21-22 июл Конститутсия дар иљлосияи нуздањуми Шўрои Олй мухокима гардида ба раъйпурсй тавсия карда шуд.
6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар раъй¬пурсии умумихалкї кабул гардид. Натиљаи расмии раъйпурсї чунин буд: дар 64 њавзаи овоздихї 2685724 шањрванд ба рўйхат гирифта шуда, дар раъйпурсй 2535437 нафар ё ин ки 94,4% ширкат варзиданд. Ба тарафдории Конститутсия 2352554 нафар, ё ки 87,59%, муқобили Кон¬ститутсия 105300 нафар, ё ки 3,92% овоз доданд. Бо њамин натиља Конститутсияи ЉТ соли 1994 маъқул дониста шуда, ба амал даромад.
Ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 таѓийроту иловањо бо роњи раъйпурсии умумхалќї ворид карда шуаданд.
81. Мазмуни Конститутсияи соли 1994
Конститутсияи мазкур аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Консти¬тутсия аз муќаддимаи мухтасар, ки пеш аз бобњои Конститутсия љой дода шудааст, cap мешавад. Гарчи дар он меъёрњои њуќуќї љой надоранд, вале бо вуљуди ин њолатњои он барои тамоми матни Конститутсия ху¬сусияти заминавї дорад. Чунки дар онњо аз номи халќи Тољикистон сабабу асосњои ќабули Конститутсия ва мувофиќи маќсаду мароми халќ муќаррар кардани меъёрњои конститутсионї нишон дода шуда¬аст. Њар як ќисми муќаддима бо ин ё он бобу моддањои Конститутсия алокамандї дорад. Масалан, дар муќаддима дар хусуси муќаддас донистани озодї ва њуќуќи шахс гуфта шудааст, ки он ба мазмуни матни моддаи 5, боби 2-юм (моддањои 14-47) ва баъзе моддањои боби 8-ум таъсири бевосита мерасонад.
Бобњои Конститутсияи Тољикистон:
Боби 1 – Асосњои сохтори конститутсионї – моддахои 1 – 13
Боби 2 – Њуќуќ, озодї, вазифањои асосии инсон ва шањрванд – моддањои 14 – 47
Боби 3 – Маљлиси Олї – моддањои 48 – 63
Боби 4 – Президент – моддањои 64 – 72
Боби 5 – Њукумат – моддањои 73 – 75
Боби 6 – Њокимияти мањаллї – моддањои 76 – 80
Боби 7 – Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон – моддањои 81 – 83
Боби 8 – Суд – моддањои 84 – 92
Боби 9 – Прокуратура – моддахои 93 – 97
Боби 10 – Тартиби таѓйири конститутсия – моддањои 97 – 100
Ба њамин тариќ, мазмуни Конститутсияи ЉТ соли 1994 давраи њози¬раи барпоёбии давлати сохибихтиёри Тоҷикистон ва хусусиятњои он, њолати њуќуќии инсон ва шањрванд, вазъи њуќуќии ВМКБ, ва сохти марзию маъмурӣи Тољикистон, низом, тарзи ташкилёбї ва фаъолияти маќомоти давлатии љумњуриро инъикос мекунад.
82. Мафњуми вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд
Вазъи њуќуќии шахс, њолати њуќуќии шањрвандони Тољи¬кистон, њолати њуќуќии хориљиён ва шахсони бешањрвандро дар бар мегирад. Таркиби њолати њуќуќии инсон ва шањрванд аз падидањои њуќуќии шањрвандӣ, соњибњуќуќии конститутсионй, усулњои њолати њуќуќї, њуќуќу озодї ва вазифањои асосї, кафолати њуќуќу озодї ва вазифањои инсон ва шањрванд иборат аст.
83. Мафњуми шањрвандї
Шањрвандї – алоќаи устувори сиёсї-њуќуќии инсон бо давлат аст, ки дар маљмўи њуќуќњо, ўњдадорињо ва масъулияти байнињамдигарии онњо ифода меёбад.
84. Шањрванди Љумњурии Тољикистон
Дар моддаи 15 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон омадааст ки «Шаҳрванди Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрванди давлати дигар эътироф намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун ва шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон нишон дода шудааст.
Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷи супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷи дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад.
85. Асосњои ба даст овардани (соњибият ба) шањрвандии Љумњурии Тољикистон
Асосњои ба даст овардани шахрвандии Љумњурии Тољикистонро ба 2 гурўњ људо менамоянд:
– аз рўи таваллуд
– бо роњи ќабул
Дар моддаи 15 –уми Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи шањрвандии Љумњурии Тољикистон» аз 4 ноябри соли 1995 чунин асосњои ба даст овардани шахрвандии Љумњурии Тољикистон нишон дода шудаанд:
1. Аз рўи таваллуд:
2. Аз рўи тартиби баќайдгирии он:
3. Дар натиљаи ќабул шудан ба шањрвандї
4. Дар натиљаи барќарор шудан ба шањрвандии Љумњурии Тољикистон:
5. Бо роњи интихоби шањрвандї (оптатсия) дар сурати таѓйир ёфтани мансубияти давлатии ќаламрав ва аз рўи асосњои дигаре, ки шартномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон пешбинї кардаанд:
6. Аз рўи асосњои дигаре, ки њамин ќонун пешбинї намудааст.
86. Асосњои ќатъ гаштани шањрвандии Љумњурии Тољикистон.
Асосњои ќатъ гаштани шањрвандии Љумњурии Тољикистонро ба 2 гурўњ људо менамоянд:
– бо роњи баромадан аз шањрвандї
– бо роњи мањрум намудан аз шањрвандї
Дар моддаи 27 –уми Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи шањрвандии Љумњурии Тољикистон» аз 4 ноябри соли 1995 чунин асосњои ќатъ гаштани шањрвандии Љумњурии Тољикистон нишон дода шудаанд:
1. Дар натиљаи баромадан аз шањрвандї;
2. Дар натиљаи аз даст додани шањрвандї;
3. Дар натиљаи бекор шудани ќарори ба шањрвандї ќабул кардан;
4. Дар натиљаи мањрум кардан аз шањрвандї;
5. Бо роњи интихоби шањрвандї (оптатсия) њангоми таѓйир ёфтани мансубияти давлатии њудуд ва мутобиќи асосњои дигаре, ки дар шартномањои байналхалќии Љумњурии Тољикистон пешбинї шудаанд;
6. Мутобиќи асосњои дигаре, ки дар њамин Ќонуни конститутсионї пешбинї гардидааст.
87. Маќомоте, ки масъалањои шањрвандиро дар ЉТ њал менамоянд.
Сарќонуни Тољикистон халли масъалањои шањрвандии љумњу¬риро ба салоњияти Президент вогузор менамояд (моддаи 69).
Ќонун ѓайр аз Президент маќомоти дигарро – Комиссия оид ба масъалањои шањрвандии назди Президент, Вазорати корњои до¬хилї, Вазорати корњои хориљї, намояндагињои дипломатї ва консулии Тољикистон дар кишварњои хориљиро низ барои њалли масъ¬алањои шањрвандї ваколатдор кардааст.
98.Мафњуми шањрванди хориљї
Шањрвандони хориљї дар Љумњурии Тољикистон шахсоне эътироф мешаванд, ки мансубияти шањрвандони Љумњурии Тољикистон намебошанд ва њуљљате доранд, ки мансубияти онњоро ба шањрвандии давлати дигар тасдиќ мекунад.
Мутобиқи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба шањрвандони хориљї дар Љумњурии Тољикистон њуќуќу озодињои дахлдор кафолат дода мешавад.
88. Мафњуми шахсӣ бешањрвандї (апатрид)
Шахсӣ бешањрвандї (апатрид) – шахсест, ки шањрванди Љумњурии Тољикистон нест ва исбота мансубияти хешро ба шањрвандии ягон давлати хориљї надорад.
89. Њуќуќ ва озодињои шахсї (фардї)
Њуќуќ ва озодињои шахсї маљмўи њуќуќ ва озодињои табиї ва људонопазире мебошанд, ки ба инсон аз лањзаи таваллуд таалуќ дошта, ба шањрвандї алоќаманд нестанд.
Хусусияти хоси њуќуќу озодињои фардие, ки дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон танзим ёфтаанд, аз он иборат аст, ки аксари онњо ба шахс, яъне њар як инсон таъин шуда, ба шањрвандї алоќаманд нестанд. Онњо ба њар кас аз рўзи тавлидёбї тааллуќ дошта, таљовузнопазиранд. Ин гурӯҳ аз њуќуќу озодиҳое иборат аст, ки барои њифзи њаёт, озодї, ќадру номус, шаъну шарафи инсон ва дигар њуќуќњои фитрї, ки ба њаёти шахсї, хусусии ў алоќаманд мебошанд, таъин гардидаанд.
90. Низоми њуќуќу озодињои шахсї (фардї)
Њуќуќу озодињои шахсӣро дар асоси Конуститутсияи Љумњурии Тољикистон чунин тасниф карда мумкин аст:
Њуќуќ ба њаёт – Моддаи 18. Ҳар кас ҳаққи зиндагӯ дорад.
Ҳеч кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин.
Њуќуќ ба дахлнопазирии шахсї – Моддаи 18. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тибби ва илми қарор додани инсон манъ аст.
Њуќуќ ба њифзи судї ва ёрии њуќуќї – Моддаи 19. Њар кас кафолати њифзи судї дорад. Њар шахс њуќуќ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки тибќи ќонун таъсис ёфтааст, баррасї намояд.
Њељ касро бе асоси ќонунї дастгир, њабс кардан мумкин нест. Њар шахс аз лањзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.
Њуќуќ ба фарзияи бегуноњї – Моддаи 20. Њеч кас то эътибори ќонунї пайдо кардани њукми суд дар содир кардани љиноят гунањгор дониста намешавад.
Њуќуќ ба дахлнопазирии манзил – Модаи 22. Манзили шахс дахлнопазир аст.
Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.
Њуќуќ ба махфї будани мукотиба, гуфтугў бо телефон – Моддаи 23. Маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефони, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст.
Дар бораи ҳаёти шахсӣи инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.
Њуќуќ ба мусофират ва озодона интихоб кардани мањалли зист. Моддаи 24. Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, таркии чумҳурї ва бозгашт ба он ҳақ дорад.
Њуќуќ ба озодии виљдон ва эътиќод – Моддаи 26. Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайрави намояд ва ё пайрави накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.
91. Њуќуќ ва озодињои сиёсї
Њуќуќ ва озодињои сиёсї– маљмўи њуќуќ ва озодињои ба шањрванди давлат додашуда мебошанд, ки ба ў имконияти дар њаёти љамъиятї-сиёсї ва иштирок дар корњои идоракунии давлатро медињанд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодӣ
Њуќуќ ва озодињои иќтисодї – маљмўи њуќуќ ва озодињое мебошанд, ки имкони яти таъмини озодна ихтиёдорї кардани моликият ва фаъолиятро дар соњаи меҳнат ва соњибкорї медиҳанд.
92. Низоми њуќуќ ва озодињои иќтисодї.
Њуќуќ ба моликият ва мерос – Моддаи 12. Асоси иқтисодӣёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.
Давлат фаъолияти озоди иқтисодї, соҳибкорї, баробарҳуқуқї ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медихад.
Моддаи 32. Ҳар кас ҳақ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.
Ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.
Њуќуќ ба мењнат ва интихоби касб – Моддаи 35. Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекори ҳақ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад.
93. Њуќуќ ва озодињои иљтимої
Њуќуќ ва озодињои иљтимої – маљмўи њуќуќњо ва озодињоест, ки ба шахс сатњи арзандаи зиндагї ва њангоми маљудияти шароитњои муайян имконияти аз давлат гирифтани арзишњои моддиро таъмин менамояд.
94. Низоми њуќуќ ва озодињои иљтимої
Њуќуќ ба ташкили оила – Моддаи 33. Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.
Њифзи модарї ва кўдакї – Моддаи 34. Модару кудак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.
Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд.
Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхори менамояд
Њуќуќ ба манзил – Моддаи 36. Ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатї, ҷамъиятї, кооперативї ва хусусї таъмин карда мешавад.
Њуќуќ ба истироњат – Моддаи 37. Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи кори, рухсатии ҳарсолаи пули, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст.
Њуќуќ ба њифзи саломатї – Моддаи 38. Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатї дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатї истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмони ва туризм тадбирҳо меандешад.
Њуќуќ ба таъминоти иљтимої – Моддаи 39. Ҳар шахс дар пиронсолї, ҳангоми беморї, маъюбї, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимої дорад.
95. Њуќуќ ва озодињои фарњангї
Њуќуќ ва озодињои фарњангї – маљмўи њуќуќњо ва озодињое мебошанд, ки имкониятњои инсонро оид ба амалї гардонидани муносибатњои фарњангии ба рушди маърифати љомеа нигаронидашуда ифода менамоянд.
96. Низоми њуќуќу озодињои фарњангї
Њуќуќи иштирок дар њаёти фарњангии љомеа
Њуќуќ ба тањсил
97. Тавсифи умумии вазифањои конститутсионии инсон ва шањрванд
Вазифаи конститутсионї – ин рафтори њатмии муайяни шањрванд, ки дар конститутсияи давлат муќаррар карда шудааст.
98. Низоми вазифањои конститутсионии инсон ва шањрванд
Вазифаи риояи ќонунњо ва эњтироми њуќуќњои инсон – Моддаи 42. Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ озоди, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
Вазифаи њифзи Ватан ва манфиатњои давлат ва љомеа – Моддаи 43. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
Вазифаи њифзи табиат, ёдгорињои таърихї ва фарњангї – Моддаи 44. Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.
Вазифаи пардохтани андоз ва бољњои муќаррарнамудаи ќонун – Моддаи 45. Додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад.
Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд.
99. Вазъи њуќуќии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркиби ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят тағйир дода намешавад. (Боби 7, моддаи 81 Конститутсия).
100. Мафњуми соњибихтиёрии давлатї
Соњибихтиёрии давлатї яке аз падидаи њуќуќї – конститутсионї буда, бо сохибихтиёрии халќ зич пайваста мебошад ва дар натиљаи амалї гардонидани соњибихтиёрии миллї ташаккул меёбад.
Соњибихтиёрии ЉТ -хусусияти мустаќилона ва новобаста аз њокимияти давлатњои дигар, мувофиќи иродаи халќ вазифањои худро дар дохили давлат ва берун аз он ба амал баровардан аст. Шаклњои ба амал баровардани соњибихтиёрї
Сохибихтиёрии давлатӣ дар се хусусияти он: хокимияти олии дав¬латӣ, ваҳдати он ва истиклолияти давлат таҷассум меёбад. Ин се хусусият мустақилии давлатро дар муайян кардани сиёсати дохилӣ ва хоричӣ ифода мекунад. Сохибихтиёрии ҳақиқӣ ба давлат чунин як имкониятеро фароҳам меорад, ки сиёсати дохилию хориҷиашро мус¬такилона ва озодона амалӣ гардонад.


Один комментарий

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.