Суббота, Август 17Вместе создадим светлое будущее!


Оиди меҳру муҳаббат ва дустдорӣ

Оре, дустат медорам девонавор! Бо гирифтани номи зебои ту, дил дар тапишу хун дар гардиш медарояд. Бо як дидани чеҳраи моҳпайкари ту, хандаи зебандаву ширини ту, ларзаи гуворое маро иҳота мекунаду мадори роҳ гаштану ва чашмамро аз ту канданро надорам. Ин қадар зебои ва ин қадар дилрабоӣ, ки бо ин роҳ гаштану табассумҳоят маро куштаву зинда мегардонӣ. Сари таъзим фуруд меорам ба он модаре, ки туро ба ин дунё овардааст. Ту маънии ин ҳаёти манӣ. Ҳар сонияи ҳаётамро бе ту тасаввур карда наметавонам. Меҳру муҳаббате, ки нисбати ту дорам, шояд замоне Лайлӣ надошта буд. Ин қадар хиссиёту ҳаяҷон маро фаро мегирад, вакте фикри туро мекунам. Ту ҳатто намедонӣ, ки ошиқи шайдое дар кунҷи кадом хонае нишаста фикри туро дорад. Ин қадар ширину гуворои барои ман. Яқин донам, ки ҳаёт бе ту вуҷуд надорад барои ман. Ман бе ту тани беҷоне ҳастам, ки ту дар он ҷонӣ. Ту дунёи манӣ, ки ман дар он арзи ҳастӣ дорам. Ту офтобӣ, ки маро гарм мекунад. Ту моҳтобе хастӣ, ки дар шабҳои торик равшангари роҳӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.