Суббота, Декабрь 14Вместе создадим светлое будущее!


Оиди ишқ

Ишқ зиндагиро рангин месозаду ба одам боли парвозро медиҳад. Ишқ ҳиссиёти бузургу пок мебошад, ки Худованд дар қалби инсон ҷой мекунад. Мисли асал ширин асту лекин ҳангоме, ки аз шаҳдаш чашидан мехоҳед, чун заҳр талх аст. Дар дили на ҳар як одам ин ҳиссиёти пок маскан мегирад. Ишқ ҳиссиёти хушест, ки руҳи инсонро қувват мебахшад ва ором менамояд, агар муҳаббати дутарафа бошад. Вақте уро мебинед, ба гирду атроф тамоман аҳамият намедиҳед. Аз дунёи асл дур мешавед. Чашмонатон роҳгум мезанад. Нигоҳи у ба шумо қувваи илоҳӣ мебахшад. Пеши шумо ҳамаи муаммову мушкилиҳо ҳеҷанд. Вақте нохост ба ёдатон меоред, хурсандии бепоён руҳи шуморо фаро мегирад. Ба гушатон гапи ҳеч кас намедарояд, намехоҳед, ки лаҳзаҳои бо у будан ба охир расад. Ишқро мукофот гуфтан мумкин аст. Мукофоти ғамангез, сузанда, дарднок… Шахсе, ки ошик мешавад, фаромушии ҳама чизро мекунад. Шабҳо бо ёди ёр бедорхобӣ мекашаду аз доғи фироқи он азоби рухӣ мекашад. Ишқ ин дустдории аз ҳад зиёд, ҳисси дилбастагӣ, меҳру муҳаббат ба касе ё ба чизест. Дарди дили ошиқеро танҳо ошиқи дигаре мефаҳмад мегуянд. Ба фикри ман ҳар як инсон ишқро ба хости дили худ қабул мекунад ва сузиши он дар дили ҳар як шахс гуногун аст. Якеро ишқ хушбахт месозаду дигареро як умр гирён. На дар ҳама холат ишқи дутарафаро дидан мумкин аст. Яке шахсеро дуст медораду дигаре бо ёди ёри дигар. Одами ошиқ метавонад, қаҳрамониро низ нишон бидиҳад, зеро у аз ҳеҷ чиз наметарсад. Барои хурсандии дили маъшуқааш у ҳама корро карда метавонад. Баъзан шахсеро мебиниву бо як нигоҳ ба дилат писанд меояд. Аксарият онро ишқ аз нигоҳи аввал мегуянд. Кам ҳолатҳоеро дидан мумкин аст, ки ҳарду тараф якдигарро дуст доранд… Ишқ ин дардест бедаво, ишқ ин шаҳдест ширинтар аз асал ва талхтар аз заҳр. Ишқ атои Худованд аст. Ишқ ҳамонест, ки ту дар ҳама ҳолат ба ёрат хушбахтиро орзу мекунед. Ишқ ҳамонест, ки ба у дуо мекуниву бо ёдаш умр ба сар мебаред. Ба хотири дидани хушбахтии у. Агар сухан дар бораи ишқ равад, ҳатман калимаҳои вафо, меҳр садоқат низ ба миён меояд. Муҳаббат ҳиссиёти олии инсон аст. Ишқ ин дарде будаасту табибаш ҳамоне аст, ки аз ишқи у дард мекашед… Ошиқ шудан ин аст: Ҳангоме ошиқ мешавед, шуморо як ҳиссиёти аҷибе фаро мегирад, гуё ин ошиқӣ аст. Ҳар ҷое, ки меравед, уро дидан мехоҳед, ҳар коре мекунед дар хаёлатон танҳо симои уст, дар ҳар соат овози ширини уро шунидан мехоҳед, ҳангоми хобидан бо хаёли у хоб мекунед, дар субҳ бо умеди дидори у чашм мекушоед, дар забонатон танҳо номи уст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.