Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, шартҳои ташаккулёбӣ ва татбиқи сиёсати давлатии инноватсиониро муайян ва муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин соҳа танзим менамояд.Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, шартҳои ташаккулёбӣ ва татбиқи сиёсати давлатии инноватсиониро муайян ва муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин соҳа танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

фаъолияти инноватсионӣ – фаъолияте, ки ба таҳия ва ҷорӣ намудани инноватсия (натиҷаи нав ё такмилдодашудаи таҳқиқоти илмӣ, корҳои таҷрибавию конструкторӣ ё дигар дастовардҳои илмию техникӣ) алоқаманд буда, барои расонидани он то бозор дар шакли нав ё такмилдодашудаи маҳсулот, хизматрасонӣ, усули истеҳсолот ё дигар натиҷаи самараноки ҷамъиятӣ равона карда шудааст;
инноватсия – навоварӣ дар соҳаи техника, технология, кор, хизматрасонӣ ё идоракунӣ буда, ба истифодаи комёбиҳои илм ва технологияи пешқадаме асос ёфтааст, ки самаранокии баланди истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ дорад;
маҳсулоти инноватсионӣ – натиҷаи фаъолияти инноватсионӣ, ки дар шакли нави маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо, усули истеҳсолот ё натиҷаи дигари барои ҷамъият самаранокиаш баланд ё натиҷаи интиқоли маҳсулоту хизматрасониҳои мавҷуда, усулҳои истеҳсолот ва натиҷаҳои дигари фоиданоки ҷамъиятӣ ифода меёбад;
лоиҳаи инноватсионӣ – натиҷаи нерӯи зеҳнии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба истифодаи ғояҳои нав мусоидат намуда, бо мақсади рушди илм ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир таҳия мегардад;
иқтидори инноватсионӣ – маҷмӯи шаклҳои гуногуни захираҳои зеҳнӣ, молиявӣ, истеҳсолию технологӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра, ки барои татбиқи фаъолияти инноватсионӣ заруранд;
сиёсати давлатии инноватсионӣ – фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки ба рушд, танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ, таҳияи механизм ва татбиқи он равона карда шудааст;
стратегияи рушди инноватсионӣ – маҷмӯи тадбирҳои идоракунии давлат, ки асоси онро афзалиятҳои дарозмӯҳлат, мақсад ва вазифаҳои сиёсати инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд;
барномаи мақсадноки инноватсионӣ – маҷмӯи чорабиниҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, хоҷагидорӣ, таҳқиқотӣ, илмӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва ғайра, ки барои татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар мувофиқа бо захираҳо, иҷрокунандаҳо ва мӯҳлатҳои амалигардонии онҳо, ки ҳадафашон иҷрои самараноки масъалаҳои азхудкунӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои инноватсионӣ мебошад, равона шудаанд;
ташкилотҳои инфрасохтори инноватсионӣ – технопаркҳо, технополисҳо, инкубаторҳои технологӣ, бизнес-инкубаторҳо, фондҳои венчурӣ, фондҳои инноватсионӣ ва дигар ташкилотҳо, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун инфрасохтори инноватсионӣ эътироф гардидаанд;
фонди инноватсионӣ – шахси ҳуқуқие, ки фаъолияти он мусоидат намудан ба рушди фаъолияти инноватсионӣ тавассути маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инфрасохторӣ, инчунин дигар хизматрасониҳо дар соҳаи инноватсия мебошад;
фонди венчурӣ – шахси ҳуқуқие, ки фаъолияти он ба андӯхтани воситаҳои молиявӣ барои сармоягузории лоиҳаҳои инноватсионии таваккали баланддошта ва технологияи аълосифати аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок равона гардидааст.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
БОБИ 2. СУБЪЕКТ, ОБЪЕКТ ВА НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ
Моддаи 3. Субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ
Ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ дохил мешаванд:

шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти инноватсиониро амалӣ менамоянд;
соҳибмулкони объектҳои моликияти зеҳние, ки дар татбиқи фаъолияти инноватсионӣ иштирок менамоянд;
сармоягузороне, ки фаъолияти инноватсиониро сармоягузорӣ менамоянд;
ташкилотҳои инфрасохтори инноватсионӣ;
мақомоти давлатӣ, ки дар ҳамоҳангсозӣ ва танзими фаъолияти инноватсионӣ иштирок мекунанд.
Моддаи 4. Объектҳои фаъолияти инноватсионӣ
Ба объектҳои фаъолияти инноватсионӣ дохил мешаванд:

маҳсулоти инноватсионӣ;
дастовардҳои фаъолияти зеҳнӣ, ки дорои иттилооти нав ва самарабахши техникӣ мебошанд;
объектҳои ҳуқуқи истисноие, ки бо офаридани маҳсулоти инноватсионӣ алоқаманд мебошанд;
лоиҳаҳои инноватсионӣ ва сармоягузорӣ, барномаҳо, кору хизматрасонӣ, ки бо офаридан, истифода ва паҳн намудани маҳсулоти инноватсионӣ алоқаманд мебошанд;
дороиҳои молиявӣ ва коғазҳои қиматноки ташкилотҳои инноватсионӣ.
Моддаи 5. Намудҳои фаъолияти инноватсионӣ
Ба фаъолияти инноватсионӣ дохил мешаванд:

ҷорӣ намудани ғояҳо ва дастовардҳои нави илмӣ дар сохтори идоракунии давлатӣ;
иҷро ва хизматрасонии корҳои илмию таҳқиқотӣ, лоиҳавӣ, кашшофӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ, ки барои ба даст овардани маҳсулоти нав ё такмилдодашуда, усули нав ё такмилдодашудаи кору хизматрасониҳо, ҷараёни технологии нав ё такмилдодашудае, ки дар гардиши иқтисодӣ татбиқ мегарданд, равона шудаанд;
ташкили бозори фурӯши маҳсулот (кору хизматрасониҳо)-и инноватсионӣ;
азнавҷиҳозонии технологӣ ва омодасозии истеҳсолот;
гузаронидани озмоишҳо бо мақсади сертификатсиякунонӣ ва стандартонии ҷараёнҳои нави технологӣ, маҳсулот (кору хизматрасониҳо);
истеҳсоли маҳсулот (кору хизматрасониҳо)-и нав ё такмилдодашуда ва ё мавриди истифода қарор додани технологияи нав ё такмилдодашуда дар марҳилаи ибтидоӣ то анҷоми мӯҳлати меъёрии талофияти лоиҳаи инноватсионӣ;
ташкил ва рушди инфрасохтори инноватсионӣ;
тарғиби натиҷаҳои фаъолияти инноватсионӣ ва паҳн намудани инноватсия;
ҳифз кардан, вогузоштан ва ба даст овардани ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ (аз ҷумла ба дастовардҳои илмӣ, илмии техникӣ ва технологие, ки пурра ошкор нагардидаанд) бо мақсади азхудкунӣ ва татбиқи онҳо;
дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 6. Муносибатҳои шартномавӣ байни субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ

Фаъолияти инноватсионӣ бо мақсади азхудкунии истеҳсолӣ, таҳвили дастовардҳо ва натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва ё илмию техникӣ дар асоси шартномаҳои зерин амалӣ карда мешавад:
оид ба иҷрои корҳои лоиҳавӣ, кашшофӣ, техникӣ, илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ, ки барои татбиқи лоиҳаи инноватсионӣ зарур мебошанд;
оид ба хизматрасонӣ барои амалӣ намудани фаъолияти инноватсионӣ ва суғуртаи таваккалҳои инноватсионӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаҳо;
бо сармоягузороне, ки тартиб ва шаклҳои маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ, ҳисоб ва қабули натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳоро муайян мекунанд;
дигар шартномаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Иҷрокунанда тибқи шартномаи инноватсионӣ ӯҳдадор мешавад, ки истифодаи маҳсулот (кор ва хизматрасониҳо)-и навро омода ва таъмин намояд. Фармоишгар ӯҳдадор мешавад, ки ба иҷрокунанда ҳуҷҷатҳо ва иттилооти дахлдорро пешниҳод намуда, натиҷаи фаъолияти инноватсиониро қабул ва маблағи маҳсулотро пардохт кунад.
Бастани шартномаҳо, интихоби шарикон барои иштирок дар фаъолияти инноватсионӣ, муайян намудани ӯҳдадориҳо, шартҳои дигари муносибатҳои тарафайн, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, ҳуқуқи истисноии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ маҳсуб меёбад.
Натиҷаҳои фаъолияти инноватсионӣ моликияти ҳиссавии субъектҳои фаъолияти инноватсионие мебошанд, ки дар татбиқи он бевосита иштирок намудаанд, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
БОБИ 3. СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ИННОВАТСИОНӢ
Моддаи 7. Асосҳои сиёсати давлатии инноватсионӣ

Асосҳои сиёсати давлатии инноватсиониро ташкил медиҳанд:
стратегияи рушди инноватсионӣ;
барномаҳои мақсадноки инноватсионӣ, ки мутобиқи стратегияи рушди инноватсионӣ таҳия шуда, аз вазифаҳо барои давраи муайян, нишондодҳои назоратшаванда, номгӯи чорабиниҳои алоҳида ва чораҳои дастгирии давлатие иборат мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ пешниҳод мегарданд;
иттилоот оид ба натиҷаи фаъолияти инноватсионӣ, ки барои ҳар як барномаи алоҳида асоси низоми мониторинги татбиқи сиёсати инноватсионӣ ба ҳисоб меравад.
Сиёсати давлатии инноватсионӣ инҳоро дар бар мегирад:
принсипҳои асосии ташаккулёбии стратегияи рушди инноватсионӣ;
усулҳои татбиқ, механизм ва манбаъҳои маблағгузории стратегияи рушди инноватсионӣ;
самтҳои афзалиятноки фаъолияти инноватсионӣ;
намудҳои афзалиятноки маҳсулоти инноватсионӣ.
Моддаи 8. Стратегияи рушди инноватсионӣ

Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ (минбаъд – мақоми ваколатдор) дар асоси барномаҳои дарозмӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Баъди анҷоми мӯҳлати татбиқи стратегияи рушди инноватсионӣ мақоми ваколатдор оид ба татбиқи он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи ҷамъбастӣ пешниҳод менамояд.
Моддаи 9. Барномаҳои мақсадноки инноватсионӣ

Бо мақсади рушди фаъолияти инноватсионӣ дар асоси стратегияи рушди инноватсионӣ барномаҳои мақсадноки инноватсионӣ таҳия карда мешаванд.
Тартиби бақайдгирии давлатӣ, ташкилу гузаронидани ташхис ва озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки бо мақсади ворид намудан ба барномаи мақсадноки инноватсионӣ пешниҳод мегарданд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
БОБИ 4. МАҚСАД, ВАЗИФА ВА ПРИНСИПҲОИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ИННОВАТСИОНӢ
Моддаи 10. Мақсад ва вазифаҳои сиёсати давлатии инноватсионӣ
1. Мақсади асосии сиёсати давлатии инноватсионӣ баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таъмини рақобатпазирии исгеҳсолкунандагони ватанӣ дар асоси таҳия ва паҳн кардани дастовардҳои заминавиест, ки инноватсияро беҳтар гардонида, рушди устувори иҷтимоию иқтисодй ва ноилшавй ба ҳадафҳои миллии стратегиро таъмин менамояд.
2. Вазифаҳои асосии сиёсати давлатии инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию иқтисодй, ташкилй ва ҳуқуқй бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, бо истифода аз иқтидорҳои инноватсионй, технологияҳои аз ҷиҳати энергетикй каммасраф ва аз ҷиҳати экологй тозае, ки барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мусоидат мекунанд;
ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқй, ки рушди фаъолияти инноватсионй ва ҳимояи манфиатҳои субъектҳои фаъолияти инноватсиониро таъмин менамояд;
дастгирии давлатии субъектҳои фаъолияти инноватсионй ва ташаккули инфрасохтори инноватсионй;
ҷалби субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна ба фаъолияти инноватсионй;
таъмини ҳамкории илм ва истеҳсолот;
мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалй дар соҳаи фаъолияти инноватсионй, ҳифзи манфиатҳои миллй ва моликияти зеҳнй;
ҷалби сармояи бонкҳо, дигар сохторҳои молиявй ва маблағгузориҳои шахсй барои таъсис ва дар амал ҷорй намудани инноватсия;
мусоидат ба ташаккули низоми тайёр кардани мутахассисон, бозомӯзй ва такмили ихтисоси онҳо дар соҳаи фаъолияти инноватсионй.
Моддаи 11. Принсипҳои сиёсати давлатии инноватсионӣ
Сиёсати давлатии инноватсионй ба принсипҳои зерин асос меёбад:

таъсис, нигоҳдорй, рушд ва истифодаи самараноки иқтидори инноватсионй;
эътирофи афзалиятнокии фаъолияти инноватсионй;
танзими давлатии фаъолияти инноватсионй дар ҳамбастагй бо фаъолияти самараноки механизми рақобатпазир дар соҳаи инноватсия;
шаффоф ва ошкор будани интихоби самтҳои афзалиятноки фаъолияти инноватсионй, механизмҳои ташаккул ва татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои инноватсионие, ки ба манфиати давлат амалй карда мешаванд;
ҳамгироии фаъолияти инноватсионй, сармоягузорй, илмй, илмию техникй ва илмию таълимй;
мутамарказонии захираҳо бо мақсади рушди фаъолияти инноватсионй;
махфияти натиҷаҳои инноватсионие, ки аз рӯи моҳияти худ сирри давлатй мебошанд; – ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти инноватсионй ва моликияти зеҳнй.
БОБИ 5. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ
Моддаи 12. Шаклҳои танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ
1. Мақомоти давлатй шаклҳои зерини танзими фаъолияти инноватсиониро истифода менамоянд:

муайян намудани афзалиятҳои рушди инноватсия;
таҳия, татбиқ ва маблағгузории барномаҳои мақсадноки инноватсионй ва дигар барномаҳо, аз ҷумла дар самти ҳавасмандгардонии рушди фаъолият ва инфрасохтори инноватсионй;
пешбинии маблағҳои буҷетй барои маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионй, корҳои илмию таҳқиқотй, таҷрибавию конструкторй ва технологй доир ба самарабахшии натиҷаҳои фаъолияти инноватсионй, ҷойгиронии фармоишҳо ба таҳвили мол, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо барои эҳтиёҷоти давлатй ва маҳаллй бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ҷойгир намудани фармоиши давлатй барои хариди маҳсулоти дар натиҷаи фаъолияти инноватсионй истеҳсолшуда дар доираи барномаҳое, ки мутобиқи сиёсати давлатии инноватсионй тасдиқ шудаанд;
таъсиси фондҳои инноватсионй ва венчурй, сармоягузории таъсис ва рушди дигар субъектҳои фаъолияти инноватсионй, саҳмгузорй, аз ҷумла ҷалби сармояи хориҷй бо мақсади таъсиси субъектҳои фаъолияти инноватсионй, ки барои рушди равандҳои инноватсионй муҳиманд;
андешидани чораҳои зарурй оид ба тарғиби фаъолияти илмию техникй дар воситаҳои ахбори омма ва баланд бардоштани сатҳи ҷалби сармоя ба фаъолияти инноватсионй.
2. Танзими давлатии фаъолияти инноватсионй аз ҷониби мақомоти давлатй метавонад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи дигар шаклҳо амалй гардад.
Моддаи 13. Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ

Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионй аз ҷониби мақомоти давлатй дар шаклҳои зерин амалй мегардад:
маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотй, таҷрибавию конструкторй ва технологй барои ба вуҷуд овардани маҳсулоти нав ё такмилдодашуда, технологияи нав ё такмилдодашуда, ки барои истифодабарии амалй таъин шудаанд;
ба субъектҳои фаъолияти инноватсионй барои ихтиёрдорй ё истифодабарй пешниҳод намудани молу мулки давлатй, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнй ва воситаҳои фардикунонидашудаи ба онҳо баробар;
муқаррар намудани имтиёзҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
мусоидат ба рушди корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки ба фаъолияти инноватсионй машғуланд;
дастгирии истеҳсолию технологии субъектҳои фаъолияти инноватсионй;
расонидани хизматҳои махсусгардонидашуда ва машваратй;
маблағгузории корҳо оид ба тайёр намудан ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии мутахассисон дар соҳаи фаъолияти инноватсионй;
фароҳам овардани шароити зарурии ташкилй, ҳуқуқй ва иқтисодй, ки сармоягузориро барои татбиқи сиёсати давлатии инноватсионй таъмин менамояд;
ташаккули инфрасохтори инноватсионии илм, истеҳсолот ва хизматрасонй;
иштирок дар ташкили истеҳсолоти рақобатпазир;
таъмини бозори кафолатноки фурӯши маҳсулоти инноватсионй дар асоси фармоиши давлатй;
пешбарии инноватсияҳои ватанй ба бозори хориҷй;
дигар шаклҳои дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионй, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионй дар мӯҳлати талофияти лоиҳаи инноватсионй, вале на зиёда аз панҷ соли баъди татбиқи амалии он таъмин карда мешавад.
Дастгирии давлатии азхудкунй ва паҳнкунии маҳсулоти инноватсионй дар давраи муқарраршуда пешниҳод гардида, дар ин мӯҳлат он маҳсулоти инноватсионй ҳисобида мешавад.
Моддаи 14. Талаботи асосӣ ба лоиҳаҳои инноватсионие, ки барои дастгирии давлатӣ пешниҳод мешаванд
Лоиҳаҳои инноватсионии барои дастгирии давлатй пешниҳодшаванда бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:

дорои пешниҳодҳое бошанд, ки бо мақсади ягонаи таъсиси инноватсияҳо муттаҳид шудаанд;
дорои асосноккунии техникй ва мақсаднокии иқтисодии татбиқи лоиҳаи инноватсионй бошанд;
дар ҳолатҳое, ки дастгирии давлатй бо шарти баргардонидани маблағ ба буҷет амалй мешавад, тасдиқи баргардонидани маблағ пешниҳод карда шавад;
дорои ҳуҷҷатҳое бошанд, ки мавҷудияти навоварй, мӯҳлати муайяни вақт, ки дар давоми он маҳсулот инноватсионй ҳисобида мешавад, инчунин ҳимояи ҳуқуқии лоиҳаи инноватсиониро таъмин карда тавонанд;
дорои нақша ва ҷадвали татбиқи лоиҳаи инноватсионй бошанд;
дорои хулосаи ташхисии мусбии мақоми ваколатдор бошанд, ки маводи пешниҳодгардидаи лоиҳаи инноватсиониро ҳамаҷониба арзёбй намояд.
Моддаи 15. Тартиби пешниҳод ва асосҳо барои рад намудани лоиҳаҳои инноватсионие, ки барои дастгирии давлатӣ пешниҳод шудаанд

Тартиби аз ҷониби субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ пешниҳод кардани лоиҳаҳои инноватсионӣ барои дастгирии давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор муқаррар карда мешавад.
Агар лоиҳаи ииноватсионии ба дастгирии давлатӣ пешниҳодшуда ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгӯ набошад, мақоми ваколатдор дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи муроҷиати субъекти фаъолияти инноватсионӣ ба он раддияи далелнок мефиристад.
Асосҳо барои рад намудани дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ инҳоянд:
мувофиқат накардани лоиҳаи инноватсионии пешниҳодгардида ба талаботи моддаи 14 Қонуни
мазкур;

қарздор будани субъекти фаъолияти инноватсионӣ дар назди ташкилотҳои қарзӣ ва буҷет.
Аз рӯи қарори мақоми ваколатдор оид ба рад намудани дастгирии давлатии лоиҳаи инноватсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 16. Манбаъҳои маблағгузории фаъолияти инноватсионӣ
Фаъолияти инноватсионӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, грантҳо ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.
Моддаи 17. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ салоҳияти зеринро дорад:

самтҳои асосии сиёсати давлатии инноватсиониро муайян менамояд;
стратегияи рушди инноватсиониро тасдиқ менамояд;
мақоми ваколатдорро дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ муайян менамояд;
татбиқи барномаҳои мақсадноки инноватсиониро назорат мекунад;
барои ташкил ва рушди инфрасохтори инноватсионӣ чораҳои зарурӣ меандешад;
чораҳои дастгирии давлатии фаъолияти инноватсиониро муайян менамояд;
дигар салоҳиятро дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Моддаи 18. Ваколатҳои мақоми ваколатдор дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ
Мақоми ваколатдор дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ваколатҳои зеринро дорад:

стратегияи рушди инноватсионӣ ва барномаҳои мақсадноки инноватсиониро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
ташхис ва озмуни лоиҳаҳои инноватсиониро мегузаронад;
мониторинги фаъолияти субъектҳои фаъолияти инноватсиониро тибқи самтҳои мақсадноки фаъолияти онҳо, ки стратегияи рушди инноватсионӣ тасдиқ намудааст, амалӣ менамояд;
ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ барои ихтиёрдорӣ ё истифодабарӣ молу мулки давлатӣ, дастовардҳои фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонидашудаи ба онҳо баробарро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
ваколатҳои дигарро дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Моддаи 19. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ дохил мешаванд:

дар асоси стратегияи рушди инноватсионӣ ва барномаҳои мақсадноки инноватсионӣ таҳия намудани арномаҳои мақсадноки инноватсионии маҳал ва пешниҳод намудани онҳо ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи дахлдор;
ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор барои ихтиёрдорӣ ё истифодабарӣ пешниҳод намудани молу мулки давлатӣ, дастовардҳои фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонидашудаи ба онҳо баробар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– амали намудани ваколатҳои дигар дар соҳаи фаъолияти инноватсиони бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 20. Ҳамкории байналмилалии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ
Ҳамкории байналмилалии субъектҳои фаъолияти инноватсионИ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амали карда мешавад.
Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеИ ва ҳуқуқИ барои риоя накардани муқаррароти Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарИ кашида мешаванд.
Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
16 апрели соли 2012,
№ 822


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.