Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Дар бораи омори давлатӣ

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи фаъолияти оморӣ ба танзим дароварда, вазифаҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мақомоти омори давлатӣ, инчунин тартиби ташкили, ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳн ва ҳифз намудани маълумоти омори расмӣ ва пеш бурдани баҳисобгирии омори расмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.(Конун аз 21.07.2010 № 630)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи фаъолияти оморӣ ба танзим дароварда, вазифаҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мақомоти омори давлатӣ, инчунин тартиби ташкили, ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳн ва ҳифз намудани маълумоти омори расмӣ ва пеш бурдани баҳисобгирии омори расмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
БОБИ1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсад ва доираи амали Қонуни мазкур

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва механизмҳои танзимкунандаро барои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирии омори расмӣ ва паҳн намудани маълумоти омори давлатӣ, ки талаботи давлат ва ҷомеаро ба иттилооти омории пурра, эътимоднок, илман асоснок ва саривақтӣ оид ба равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, демографӣ, экологӣ ва равандҳои дигари ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад, муайян менамояд.
Амали Қонуни мазкур ба ҳамаи воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд, татбиқ мегардад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

омор – маҷмӯи маълумоти миқдорӣ оид ба ҷамъи зуҳурот ё равандҳо;
омори давлатӣ – низоми ягонаи омории иттилооти давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти омори давлатӣ ташаккул меёбад;
низоми омори давлатӣ – қисми асосии таркибии низоми иттилооти давлатӣ мебошад, ки дар худ маҷмӯи маълумоти омории аввалия, ҷамъбастшуда ва маъмуриро ифода менамояд;
омори расмӣ – маълумоти аз воҳидҳои омори ҷамъоварӣ ва коркардшуда, ки тавсифҳои зуҳуроти ба амаломадаро дар маҷмӯи дахлдор нишон медиҳад;
баҳисобгирии омори расмӣ – фаъолияте, ки тибқи методологияи омори расмӣ барои гузаронидани мушоҳидаҳои оморӣ ва коркарди маълумоте, ки дар натиҷаи онҳо гирифта мешаванд, равона карда шуда, бо мақсади ташаккули иттилооти омори расмӣ андешида мешавад;
субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ – мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар мақомоти давлатие, ки ташаккулёбии иттилооти омори расмиро дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд;
воҳиди оморӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд;
ҳисоботҳои омори давлатӣ – маълумоте, ки аз ҷониби воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ бо тартиби муҳаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳомоти омори давлатӣ пешниҳод мегарданд;
иттилооти омори расмӣ – иттилооти ҷамъбастии ҳуҷҷатнокшуда оид ба тарафҳои миҳдории равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, демографӣ, экологӣ ва дигар ҷараёнҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиҳи барномаҳои корҳои оморӣ ва дигар мушоҳидаҳо ташаккул меёбанд;
методологияи оморӣ – маҷмӯи ҳоидаҳои умумӣ ва усулҳои махсуси мушоҳидаҳои оморӣ;
мушоҳидаҳои оморӣ – ҷамъоварии муназзами илман асосноки маълумот дар бораи зуҳурот ва равандҳои фаъолияти иҷтимоию иҳтисодии воҳидҳои оморӣ, ки маҳомоти омори давлатӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ ба амал мебароранд;
мушоҳидаҳои омории идоравӣ – мушоҳидаҳое мебошанд, ки субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ аз рӯи намудҳои мушаххаси фаъолият ба амал мебароранд;
низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории техникӣ-иҳтисодӣ ва иҷтимоӣ-иттилоотӣ – низоми гурӯҳбандии иттилоот оид ба воҳидҳои оморӣ аз рӯи намуди фаъолият, шакли моликият, маҳалли ҷойгиршавӣ ва гайраҳо;
регистри омори давлатӣ – махзани маълумоти ҳисобкардашудаи воҳидҳои оморӣ мебошад, ки алоҳамандиро бо регистр ва махзанҳои маълумоти иттилоотии идоравӣ дар асоси низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории техникӣ-иҳтисодӣ ва иҷтимоӣ-иттилоотӣ таъмин менамояд (Конун аз 21.07.2010 № 630);
маълумоти аввалияи оморӣ – иттилооти оморӣ дар бораи воҳиди мушаххаси оморӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолият;
маълумоти маъмурӣ – маълумотҳое, ки субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ ҳангоми амалӣ намудани вазифаҳои маъмуриашон гирифтаанд ва ба маҳомоти омори давлатӣ барои истеҳсол ва баҳисобгирии омори расмӣ пешниҳод карда мешаванд;
маълумоти ҷамъбастшуда – калон кардани нишондиҳандаҳои иҳтисодӣ ба воситаи муттаҳид кардани онҳо ба гурӯҳи ягона;
махфӣ будани омор – таъмин намудани муҳофизати маълумоти оморӣ, ки ошкор намудани онҳо тибҳи ҳонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст;
барӯйхатгирӣ – мушоҳидаи сартосарии омории воҳидҳои оморӣ, ки бояд дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ваҳту замони муайян ба ҳисоб гирифта шавад;
тадҳиҳот – ташаккул додани маълумоте мебошад, ки бо роҳи пурсиш аз воҳидҳои ҷудогонаи интихобшудаи маҷмӯи воҳидҳои баҳисобгирии оморӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд;
интихоб – усулҳо ва расмиёти интихоби воҳиди объекти омӯхташаванда мебошад, ки ба тадҳиҳот тааллуҳ дорад;
паҳн намудан – барои ҳамаи истифодабарандагон дастрас будани иттилооти оморӣ, ки махфӣ нестанд;
баҳои оморӣ – бузургии ба ҳаҳиҳат наздикшудаи иттилооти оморӣ;
метамаълумот – иттилоот дар бораи маълумотҳои миҳдории оморӣ мебошад, ки ба усулҳои ҷамъоварӣ, коркард, паҳнкунӣ, шарҳҳо ва мулоҳизоти методологӣ оид ба сифати маълумот тааллуҳ доранд;
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омори давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омори давлатӣ ба Конститутсияи (Сарҳонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуҳуҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Сиёсати давлатй дар соҳаи омор
Сиёсати давлатй дар соҳаи омор ба ташкил, ҷамъоварй, коркард, истифода, паҳн ва ҳифз намудани маълумоти омори расмй дар асоси мустақилият, методологияи илман асоснок ва меъёрҳои байналмилалй равона карда шудааст.
Моддаи 5. Принсипҳои асосии ташаккули омори давлатй
Бо мақсади таъмин намудани сифати омори давлатй, омор мувофиқи принсипҳои зерин ташаккул дода мешавад:

рӯзмарра, воқей, илман асоснок, саривақтй ва эътимоднок будани омори расмй;
холисона ва махфй будани омори расмй;
шаффоф, ошкор ва дастрас будани омори расмй;
мувофиқатпазир будани омори расмй.
БОБИ 2. МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТЙ, ВАЗИФА,
ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
Моддаи 6. Мақомоти омори давлатй

Мақомоти омори давлатй мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи ваколатдорнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мақоми ваколатдор) мебошад, ки ҷамъоварй, коркард, таҳлил, умумигардонй, паҳн намудан ва ҳифзи иттилооти омори расмиро амалй менамоянд.
Мақоми ваколатдор сиёсати давлатиро дар соҳаи омор амалй намуда, фаъолияти омориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил медиҳад ва ба воҳидҳои сохторй роҳбарй мекунад.
Моддаи 7. Вазифаҳои мақоми ваколатдор
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатй дар соҳаи омор мақоми
ваколатдор вазифадор аст:

фаъолияти омории субъектҳои баҳисобгирии омори расмй ва воҳидҳои омориро ҳамоҳанг ва назорат намояд;
фаъолияти омори дохилии идоравиро амалй намояд;
меъёрҳои оморй, аз ҷумла методология, таснифотро барои
истеҳсоли омори расмй таҳия намояд;

оид ба ташаккули Шӯрои байниидоравии оморй, низомнома ва ҳайати он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
ҳамкориро бо дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалй амалй намояд, бо онҳо мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома ва созишномаҳо бандад;
шаклҳои ҳисоботи оморй, дастурамалҳои пешниҳод намудани онҳоро таҳия ва тасдиқ намояд;
дигар ваколатҳоеро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинй гардидаанд, ба амал барорад.
Моддаи 8. Ҳуқуқҳои мақоми ваколатдор
Мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад:

аз воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ дар ҳаҷми нишондодашуда ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи мақомоти оморӣ маълумоти оморӣ, аз ҷумла маълумоти дорои сирри давлатӣ ва тиҷоратиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон гирад;
аз ҳамаи намудҳои манбаъҳо, аз ҷумла аз регистрҳои идоравӣ ва махзанҳои иттилоотӣ маълумот талаб кунад, инчунин дар асоси иттилооти мавҷуда баҳои оморӣ диҳад (Конун аз 21.07.2010 № 630);
дар байни аҳолӣ мушоҳидаҳои оморӣ гузаронад;
дурустии маълумоти омориро санҷида, дар мавридҳои ошкор шудани таҳриф, бартараф кардани онҳоро талаб кунад;
ба ҳисоботи субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ дастрасӣ дошта бошад;
истифодаи нодуруст ва тафсири маълумоти омориро шарҳ диҳад;
усули гузаронидани мушоҳидаҳои омориро муайян намояд;
мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси шартнома корҳои оморӣ, таҳлилӣ, иттилоотию ҳисоббарорӣ ва дигар корҳоро оид ба мавзӯи касбӣ ба амал барорад;
мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектҳои баҳисобгирии омори расмиро барои гузаронидани мушоҳидаҳои оморӣ ҷалб намояд;
дар доираи салоҳияти худ қарорҳо қабул кунад, ки иҷрои онҳо барои воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ ҳатмӣ бошад.
Моддаи 9. Ӯҳдадориҳои мақоми ваколатдор
Мақоми ваколатдор ӯҳдадор аст:

мувофиқи барномаю методологияҳои қабулшуда мушоҳидаҳои омори давлатиро ташкил намояд;
барои доираи васеи истифодабарандагон дастрас будани иттилоотӣ омориро таъмин намояд;
мувофиқи тартиби муқарраршуда иттилооти омориро мутобиқи ӯҳдадориҳои қабулкардашуда аз рӯи шартномаи байналмилалии имзошуда пешниҳод намояд;
муҳимият, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории мусоиди зарурии иттилооти омориро таъмин намояд;
пешбурди регистри омори давлатиро таъмин намояд (Конун аз 21.07.2010 № 630);
дар бораи тагйироти умумӣ дар омори давлатӣ ба васоити ахбори омма иттилоот ва шарҳи мухтасари заруриро пешниҳод намояд;
воҳидҳои омориро бо варақаҳои ҳисоботи омории мутамарказ ва дастурҳои методӣ (дастурамалҳо) таъмин намояд;
риояи сирри давлатй, тиҷоратӣ ва махфияти оморро оид ба воҳидҳои оморй мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
Моддаи 10. Шӯрои байниидоравии оморй

Шӯрои байниидоравии оморй дар назди мақоми ваколатдор таъсис дода мешавад.
Шӯрои байниидоравии оморй самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро дар соҳаи омор, ҷорй намудани муносибатҳои инноватсионй ва технологй, такмил додани методология ва пешниҳоди тавсияҳоро оид ба
масъалаҳои асосии фаъолияти оморӣ кор карда мебарояд.

Шӯрои байниидоравии оморӣ ҳуқуқи баррасии масъалаҳои махсуси омори расмӣ, таъсиси гурӯҳҳои корӣ ва даъвати коршиносонро дошта, ба ҷаласаҳои худ метавонад коршиносони берунаро низ даъват намояд. Шӯрои байниидоравӣ барои маслиҳат метавонад ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва шӯроҳои омории давлатҳои дигар муроҷиат намояд (Конун аз 21.07.2010 № 630) .
Низомномаи Шӯроро мақоми ваколатдор таҳия намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Конун аз 21.07.2010 № 630).
БОБИ 3. ТАШКИЛ ВА ПЕШ БУРДАНИ БАҲИСОБГИРИИ ОМОРИ РАСМӢ
Моддаи 11. Барномаҳои омори давлатӣ

Бо мақсади таъмини самаранокии фаъолияти оморӣ ва рушди минбаъдаи омори давлатй барномаи ягонаи бисёрсолаи омор ба мӯҳлати на камтар аз 5 сол ва барномаи солонаи корҳои оморй, ки рӯйхати шаклҳои баҳисобгирии омориро бо нишон додани мӯҳлати пешниҳоди онҳо дар бар мегиранд, таҳия карда мешаванд.
Барномаҳои омори давлатй аз ҷониби мақоми ваколатдор таҳия карда шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 12. Баҳисобгирии омори расмй

Баҳисобгирии омори расмиро мақоми ваколатдор мутобиқи барномаи солонаи корҳои оморй, дар асоси мушоҳидаҳои омории ҳуҷҷатнокшуда, аз ҷумла маълумоти аввалияи оморй ва маълумоти маъмурй ба амал мебарорад.
Воҳидҳои оморй вазифадоранд, ки маълумотро ба мақоми ваколатдор дар шакли муқарраргардида саривақт, пурраю дақиқ ва ройгон пешниҳод намоянд.
Субъектҳои баҳисобгирии омори расмй ба мақоми ваколатдор, ба ҳамаи махзанҳои маълумот, регистрҳо ва ба дигар маълумот имконияти дастрасиро пешниҳод менамоянд (Конун аз 21.07.2010 № 630).
Моддаи 13. Методологияи оморй

Методологияи оморй усули ҷамъоварй ва гурӯҳбандии маълумоти аввалияи оморй ва маълумоти маъмурй, баҳодиҳии дақиқияти иттилооти омори расмй, ба танзим даровардани онро, ки барои омӯхтани зуҳуроти миқдорй дар равандҳои иҷтимой, иқтисодй равона карда шудаанд, ташаккул медиҳад.
Унсурҳои таркибии методологияи оморй мушоҳидаҳои оморй, истифодаи нишондиҳандаҳои умумигардонидашудаи оморй ва таҳлили онҳо мебошанд.
Моддаи 14. Мушоҳидаҳои оморй

Мушоҳидаҳои оморй нисбати воҳидҳои оморй ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмй, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, аз тарафи мақоми ваколатдор гузаронида мешавад. Мушоҳидаҳои оморй вобаста ба усули гузаронидан метавонанд сартосарй ва интихобй бошанд.
Мушоҳидаҳои сартосарй ин ташаккулёбии маълумот мебошад, ки аз ҳамаи воҳидҳои оморй барои ташкили омори расмй гирифта шудаанд.
Мушоҳидаҳои интихобӣ ин ташаккулёбии маълумот мебошад, ки аз ҳисми муайяни воҳидҳои оморӣ аз рӯи намудҳои ҷудогонаи фаъолият, мувофиқи методологияи махсус гирифта шудааст.
Тарзи гузаронидани мушоҳидаҳои оморӣ аз тарафи мақоми ваколатдор ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ муайян карда мешавад, агар тартиби дигар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда нашуда бошад.
Ҷамъоварии маълумоти аввалияи оморӣ аз рӯи шаклҳои мушоҳидаҳои оморӣ ба амал бароварда шуда, пешниҳоди ин маълумот аз тарафи воҳидҳои оморӣ ё бо роҳи пурсиши онҳо ва қайди далелҳо сурат мегирад.
Шаклҳои мушоҳидаҳои оморӣ ва дастурамалҳо оид ба пур кардани онҳо, ки субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ таҳия кардаанд, аз тарафи мақоми ваколатдор тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 15. Регистри омори давлатӣ (Конун аз 21.07.2010 № 630)

Регистри омори давлатӣ воситаи баҳисобгирии омори расмӣ мебошад ва рӯйхати ҳатмии нишондиҳандаҳои маъмурӣ ва аввалияи омориеро дар бар мегирад, ки фаъолияти воҳидҳои омориро мувофиқи низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории техникӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-иттилоотӣ тавсиф менамояд (Конун аз 21.07.2010 № 630).
Пеш бурдани регистри омори давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдор амалӣ мегардад (Конун аз 21.07.2010 № 630).
Субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ, ки регистр ва махзани маълумоти иттилоотиро дар бораи воҳидҳои оморӣ таъсис медиҳанд ва пеш мебаранд, барои ташаккул додан ва муҳиммият гардонидани регистри омори давлатӣ ба мақоми ваколатдор иттилооти заруриро ройгон пешниҳод менамоянд (Конун аз 21.07.2010 № 630).
Моддаи 16. Паҳн намудани иттилооти омори расмӣ

Паҳн намудани иттилооти омори расмӣ аз тарафи субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ тавассути нашрияҳои расмӣ, ҷойгир намудан дар шабакаҳои иттилоотии дастраси умум ва телекоммуникатсионӣ, барандаҳои электронӣ, инчунин бо пешниҳод намудани маълумот ба воситаҳои ахбори омма амалӣ карда мешавад.
Мақоми ваколатдор сари вақт дар бораи санаи чопи нашрияҳо ва метамаълумот иттилоот паҳн мекунад.
Тамоми истифодабарандагон ҳуқуқи дастрасии баробар ва яквақтиро ба маълумоти омори расмӣ доранд, ба истиснои маълумоти махфии дорои иттилооти инфиродӣ дар бораи воҳидҳои ҷудогонаи оморӣ.
Паҳн намудани маълумоти аввалияи оморӣ метавонад танҳо бо розигии воҳидҳои оморӣ, ки иттилоотро пешниҳод кардаанд, сурат гирад.
Субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи маълумоти махфиро аз дастрасӣ ва ошкоркунии ғайриқонунӣ таъмин менамоянд.
Моддаи 17. Таъминоти ташкилӣ, молиявӣ ва моддӣ-техникии корҳои оморӣ

Корҳои омори давлатӣ, ки мувофиқи барномаҳои тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мешаванд, аз буҷети давлатӣ маблаггузорӣ карда мешаванд.
Хароҷот барои амалӣ намудани корҳои иловагии оморӣ аз ҳисоби фармоишгари ин корҳо маблаггузорӣ карда мешавад ва маблагҳои бадастовардашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумқурии Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии мақоми ваколатдор истифода мегарданд.
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 18. Кафолатҳои ҳуқуқии воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ

Мақоми ваколатдор ба воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ махфӣ нигоҳ доштани маълумоти аввалияи омориро кафолат медиҳад.
Мақоми ваколатдор коркард, нигоҳ доштан ва ҳифзи маълумоти аввалияи омориро дар шароитҳои кафолатдиҳандаи пешгирӣ кардани онҳо аз дуздӣ, талафот ё таҳрифот таъмин менамояд.
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 20. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон \”Дар бораи омори давлатӣ\”
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 \”Дар бораи омори давлатӣ\” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 10, мод. 127; с. 2003, № 4 мод. 136; с. 2006, № 3, мод. 161; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 998) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
12 январи соли 2010 № 588


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.