Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Мохияти иктисоди ичтимоии бучети давлати

Бучети давлати-накшаи асосии молиявии мамлакат аст, ки ташак-кул, таксимот ва истифодабарии фонди марказонидашудаи воситахои пулиро хамчун шарти хатмии фаъолияти дилхохи давлат таъмин месозад…Бучети давлати-накшаи асосии молиявии мамлакат аст, ки ташак-кул, таксимот ва истифодабарии фонди марказонидашудаи воситахои пулиро хамчун шарти хатмии фаъолияти дилхохи давлат таъмин месозад.
Бучет звенои асосии системаи молияви буда, воситаи мухимтарини гузаронидани сиёсати молияви ба хисоб меравад.
Бучети давлатй хамчун замина ва базаи молиявии амал кардани давлат ва аз чониби он амали гардонидани вазифахои мухимтарини ухдадоркардаи чамъият хизмат мекунад, бинобар ин ба воситаи бучет масъалахои танзими молияви дар сатхи макроиктисодиёт дар микьёси умуман мамлакат халлу фасл мепазиранд.
Боиси тазаккур аст, ки бучети давлатӣ бахри макомотхои идораи давлати имконияти ичрои вазифахои хешро фарохам меорад, ки ба хусус, таъсиррасониро ба фаъолияти бозори молхо ва хизматхо, бозори молияви ва таксимоти даромадхо ба сохахои иктисодиёти миллиро дар назар дорад. Аз ин чост, ки бучет инструменти чамъоварии воситахои тамоми сохахои иктисодиёт барои амали гардонидани сиёсати дохила ва беруна ба шумор меравад. Тавассути бучет азнавтаксимкунии байнисо-хави, байниминтакави ва байничабхавии Мачмуи Махсулоти Дохили, танзими давлати ва вусъатноккунии иктисодиёт, маблаггузории сиёсати ичтимой бо назардошти манфиатхои дарозмуддати мамлакат амали мегардад.
Хамин тарик, дар бучет муносибатхои байнихамдигарии молиявии давлат бо пардохтгарони андозхо ва воситахои гайриандози ба бучет ва муассисахои бучети, яъне муносибати молиявии давлат бо ахоли ва субъектхои хочагидори оиди ташаккул ва истифодабарии воситахои бучети инъикос мегардад.
Зарурияти аввалиндарачаи бучет барои хамаи сохахои хаёти чомеа тартибдихи, тасдик ва ичроиши он дар асоси конун амали гардида, худи бучети кабулшуда конун хисобида мешавад.
Гани гардонидани захирахои молияви дар хазинаи давлат ба у имконият фарохам меорад, ки барномахои хаётан зарурии ичтимои, ки бахри такомулу тараккиёти фарханг, тандурусти, сохаи маориф, ва дастгирии табакахои камбизоати халк, халли проблемахои зисту истикомати равона карда мешаванд, амали гардад.
Бучет хамчун категорияи мустакили иктисоди баромад намуда, дорои хусусиятхои зерин аст:
– бучети давлати шакли махсуси иктисодии муносибатхои азнавтаксимкуниро ифода менамояд, ки он бо чамъ овардани кисми даромади милли дар ихтиёри давлат ва истифодаи он барои конеъ намудани талаботхои умумичамъияти ва сохторхои алохидаи манотики кишвар;
– тавассути бучети давлати азнавтаксимкунии даромади милии ва баъзан боигарии милли байни сохахои иктисодиёт ба вучуд меояд;
– сохаи таксимоти будчети дар таркиби молияи давлати мавкеи марказиро ишгол мекунад.
Дар баробари ин бояд кайд кард, ки мохияти бучети давлати хамчун категорияи иктисоди ба воситаи вазифахои он бештар маънидод ва аён мегардад. Кабл аз хама вазифаи асосии бучет-вазифаи таксим ва азнавтаксимкунии даромади миллй-яъне ташкили фонди мутамаркази давлатиро дар назар дорад, ки азнавтаксимкунии даромади милли байни сохахои гуногуни иктисодиёт, байни минтакахои алохидаи кишварро ифода менамояд.
Бучет аз калимаи англиси \”budjet\” гирифта шуда маънояш сабад ё халтаи хочаги мебошад.
Муносибати молияви ки байни давлат аз яктараф ва аз тарафи дигар корхонахою ташкилотхо ва ин чунин ахоли муносибатхои бучети ном дорад. Муносибатхои бучети характери объективи дорад, ки ин маънои онро дорад, ки дар дасти давлат кисми даромади милли чамъовари карда мешавад ва барои конеъ гардонидани талабот, такрористехсолот ва идораи давлат равона карда мешавад.
Бучети давлати Чумхурии Точикистон барои соли 2004 аз руи даромад ба маблаги 917300 хазор сомони ва аз руи харочот ба маблаги 942800 хазор сомони бо барзиёдии харочот нисбат ба даромад ба маблаги 25500 хазор сомони ташкил медихад.
Дар Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон” Бучети давлати Чумхурии Точикистон барои соли 2005 аз руи даромад ба маблаги 1256000 хазор сомони ва аз руи харочот ба маблаги 1291000 хазор сомони бо барзиёдии харочот нисбат ба даромад ба маблаги 35000 хазор сомони тасдик карда шудааст. Андозаи нихоии касри бучети давлати барои соли 2005 ба маблаги 35000 хазор сомони ё 0,5 % Мачмуи Махсулоти дохили мукаррар карда шудааст. Манбаи пушонидани касри бучет ба таври зайл муайян карда шудааст:
– даромад аз хусуси гардонии моликияти давлати – 10000 хазор сомони
– даромад аз фуруши векселхои хазинадори – 3000 хазор сомони
– аз хисоби депозитхои бучети чумхурияви дар Бонки Милли Точикистон ба 1 январи соли 2005 – 22000 хазор сомони
Нишондихандахои васеи касри бучет бо назардошти маблаггузории берунии Барномаи сармоягузории давлати барои соли 2005 ба маблаги 319295 хазор сомони ё 4,5 % Мачмуи Махсулоти дохили мукаррар карда шудааст.
Маблаггузории пардохти карзи асосии берунии Чумхурии Точикистон дар хачми 91369 хазор сомони аз хисоби карзхои Бонки умумичахони, Бонки рушди Осиё, гранти Иттиходи Аврупо ва депозитхои бучети чумхурияви дар Бонки милли Точикистон ба 1 январи соли 2005 муайян карда шудааст.

Вазифаи дигари бучети давлати дар танзими давлатии иктисодиёт ифода меёбад, ки бо баробари дар раванди таксимоти истифода шудани андозу харочотхои бучети онхо ба сифати фишангхои танзими иктисодиёт ба кор бурда мешаванд. Тавассути сиёсати фискали ва сафарбаркунии харочотхои бучети танзим ва хавасмандкунии давлатии иктисодиёти милли, фаъолияти сохибкори, фаъолияти сармоягузори ва сармоягузории хоричи баланд бардоштани самаранокии истехсолоти чамъияти маблаггузори ва таракки додани сохахои гайриистехсоли ба вучуд оварда мешавад.
Ва нихоят, вазифаи сеюми бучет дар ичрои амалиёти назорати инъикос мегардад. Мохияти вазифаи назорати дар он аст, ки азбаски бучет ба таври объективи бо воситаи ташкил ва истифодабарии фонди марказонидашудаи давлати чараенхои иктисодиро ба манфиати дигар иктисодиёти Милли инъикос мекунад, махз назорати катъии макомот-хои дахлдор оиди холати ин сохахо маълумот медихад.
Асоси вазифаи назоратиро харакати воситахои бучети ташкил мекунад, ки бо нишондихандахои муайяни даромад ва харочоти давлат инъикос мешавад.
Дар шароити мукаммалгардонидани ислохоти дигаргунсозихои бозори дар сохаи молиёт масъалахои мухимму актуали дар сиёсати бучети аз кабили:
– мукаммал гардонидани ягонагии бучети;
– ба ичро расонидани харочотхои давлати;
– марказонидани тамоми даромадхо ва воситахои бучети давлати дар суратхисобхои ягонаи хазинадори;
– реструктуризатсияи карзи давлати;

– ва гайрахо ба хисоб меравад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.