Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


Забондонӣ аз луғатдонист

Ҳар як фан истилоҳот, ибораю ифодаҳои худро дорад ва аз ин рӯ, луғатомӯзӣ ба ҳамаи фанҳо мутааллиқ аст.
Масалан, омӯзгори география дар ҳар як дарсаш аз чанд вожаи нав истифода менамояд, ки барои хонандагон мафҳум нестанд ва ин вожаҳоро шарҳ бояд дод. Ба ин васила шогирдон боз чанд калимаю ифодаи навро аз худ менамоянд.
Луғатомӯзӣ як қисмати муҳиму ҳамешагии дарсҳои тамоми омӯзгорон мебошад, вале аз ин ҷиҳат масъулияти омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик бештар аст. Махсусан, дарси забонро бе луғатомӯзӣ тасаввур кардан имкон надорад.Ҳар як фан истилоҳот, ибораю ифодаҳои худро дорад ва аз ин рӯ, луғатомӯзӣ ба ҳамаи фанҳо мутааллиқ аст.
Масалан, омӯзгори география дар ҳар як дарсаш аз чанд вожаи нав истифода менамояд, ки барои хонандагон мафҳум нестанд ва ин вожаҳоро шарҳ бояд дод. Ба ин васила шогирдон боз чанд калимаю ифодаи навро аз худ менамоянд.
Луғатомӯзӣ як қисмати муҳиму ҳамешагии дарсҳои тамоми омӯзгорон мебошад, вале аз ин ҷиҳат масъулияти омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик бештар аст. Махсусан, дарси забонро бе луғатомӯзӣ тасаввур кардан имкон надорад. Ҳар як дарси забон аслан кор бо калимаҳост, ки дар байни онҳо калимаҳои барои шогирдон нав низ ҳастанд ва донистани маънои онҳо хазинаи луғавии хонандагонро мукаммалтар месозад. Омӯзгори забони тоҷикӣ, қабл аз ҳама, бояд ба хонандагон моҳияти луғатомӯзиро бифаҳмонад. Шарҳ диҳад, ки калимаи зиёд донистан нутқи кас, суханрониашро мукаммал мекунад, доираи имконоти гуфторашро васеъ менамояд. Огаҳӣ аз маънои калимаҳо аз шартҳои муҳими забондонист. Ин барои нишонрасу шинам истифода бурдани калимаҳо мусоидат мекунад, такрори ноҷову бемавридро пешгирӣ менамояд. Дар урфият мегӯянд, ки «ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад». Ин ҳикмат он гоҳ риоя мешавад, ки кас аз моҳияту мазмун ва мавқеи калимаю ибораҳо огаҳӣ дошта бошад.
Шарти дигари ҷалбсозии таваҷҷуҳи хонандагон ба луғатомӯзӣ дар ниҳоди онҳо бедор намудану парваридани ҳисси эҳтиром нисбат ба сухан ва забони модарист. Бо ин ҳадаф дар қатори тадбирҳои дигар омӯзгори забони модарӣ ба хонандагон бояд чунин супоришҳо диҳад:
1. Мутолиаи китобҳои бадеӣ (мувофиқи рӯйхат);
2. Омӯзиш ва таҳлили матнҳои муайян, ки дар онҳо ҳусни баён, истифодаи санъатҳои бадеӣ ва риояи мантиқ дар сатҳи баланд аст;
3. Аз ёд кардани шеърҳо ва порчаҳои насрӣ дар ситоиши забони модарӣ ва сухан;
4. Навиштани иншои мухтасар дар мавзӯъҳои «Забони мо – ҷаҳони мо», «Забондонӣ шарафмандист», «Сухани бамавқеъ ҳадафрас аст»…
Боз як шарти ҷалби диққати хонандагон ба луғатомӯзӣ шарҳу тавзеҳи он нуктаест, ки ҳар фард танҳо аз тариқи хуб омӯхтани забони модарӣ метавонад дар омӯзиши забонҳои дигар муваффақ бошад. Асоси аз худ кардани забонҳои хориҷӣ низ луғатомӯзист ва чун кас дар луғатомӯзӣ дар забони модарияш комёбу муваффақ мешавад, дар аз бар намудани луғатҳо ба забонҳои хориҷӣ низ маҳорат пайдо мекунад.
Маълум, ки дар ҷаҳони муосир нақши забони англисӣ чун яке аз забонҳои маъруфи байналмилалӣ ҳамвора меафзояд. Ҷавонони мо бо донистани ин забон ба дунёи бавусъати илму дониш ворид мешаванд, имконоташон хеле меафзояд. Дар мактаб асоси омӯзиши ин забон низ марбут ба луғатдонист.
Ман чун анъана дар поёни ҳар дарси худ ба шогирдон то дарси навбатӣ аз ёд кардани 10-15 луғати навро супориш медиҳам. Ҳар як дарси нав бо пурсиши ин супориш оғоз меёбад. Дарс то дарс дафтари луғати хонандагон комилтар ва вобаста ба ин хазинаи луғавияшон ғанитар мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.