Контактная информация
Ҳуқуқи конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – соҳаи намоёни ҳуқуқи ҷумҳурӣ буда, маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиест, ки мувофиқи ирода ва манфиати халқ асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мустаҳкам намуда, асосҳои ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, усули таҷзияи ҳокимият, асосҳои пурра ҳокимияти халқ ва дар рафти ба амал баровардани ҳокимияти давлатии ба халқ тааллуқ дошта муносибатҳои ба вуҷуд ояндаро ба танзим меандозад. Қайд кардан зарур аст, ки ҳуқуқи конситутсионӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ, илми ҳуқуқшиносӣ ва фанни таълимӣ нисбатан зуҳуроти нав буда, пайдоиши он ба таназзули давлати шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ алоқаманд аст. Дар замони шӯравӣ ба ҷои ин фан дар тамоми мактабҳои олии ҳуқуқии иттиҳоди шӯравӣ фанни “Ҳуқуқи давлатии шӯравӣ” ё ки “Ҳуқуқи давлати ИҶШС (Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ)” ҳамчун соҳаи намоёни ҳуқуқи шӯравӣ, илми ҳуқуқшиносӣ ва фанни таълими омӯхта мешуд. Пайдоиши “Ҳуқуқи давлатии шӯравӣ” гарчӣ бо пайдоишу инкишофи ҳокимияти шӯравӣ алоқаманд дониста мешуд, бо вуҷуди ин якумин китоби дарсӣ дар ин соҳа мувофиқи Конститутсияи ИҶШС 1936 фақат соли 1938 нашр шуда буд. Инчунин меъёрҳои ҳуқуқие, ки сохти марзӣ-давлатии Тоҷикистонро ба танзим андохта, вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷистон ва сохти марзию маъмурии Тоҷикистонро муайян менамояд, ба ҳуқуқи конститутсионӣ тааллуқ доранд. Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро меъёрҳои сершуморе ташкил менамоянд, ки доираи васеи муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим меандозанд. Аз ҳама муҳимтар он аст, ки аз ҳамаи муносибатҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии гуногунҷабҳа мазмуни умумии асосии онҳо муайян карда шавад, ки муносибатҳои ҷудогона дар охир аз он сарчашма гиранд. Ин бошад барои дарёфт кардан ва шарҳи умумии ҳуқуқӣ-конститутсионӣ, муайян кардани хусусиятҳои фарқкунандаи онҳо, ки барои муттаҳид намудани муносибатҳои ҷамъиятии нишон дода шуда ва барои аз тарафи ҳар як соҳаи мустақили ҳуқуқ ба танзим даровардани онҳо замина мегарданд, имконият медиҳад. Зоҳиран, барои дуруст ҳал намудани ин масъала, аз ҳама муҳим он аст, ки ҳуқуқи конститутсиониро меъёрҳое ташкил менамоянд, ки асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷистонро муайян ва мустаҳкам мекунанд.  Бо меъёри худ ҳуқуқи конститутсионӣ асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мустаҳкам намуда, ба халқ тааллуқ доштани ҳокимияти давлатиро муқаррар мекунад. Маҳз, халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи ташкили ҳокимияти қонунбарорӣ, иҷроия, судӣ ба амал мебарорад. Ҳадду ҳудуди таҷзияи ҳокимиятро Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон муайян менамоянд. Ҳуқуқи конститутсионӣ бо роҳи муайян кардани муносибатҳои ба низоми иқтисодии ҷамъият алоқаманд, асоси моддии ҳокимиятдории халқро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муқарар мекунад.
Меъёрҳои ҳуқуқӣ-конститутсионӣ муносибатҳои вобаста ба ташкили мақомоти ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроияи давлатӣ, низоми онҳо, салоҳияти онҳо, муносибатҳои байни онҳо ва мақомоти дигари давлатиро ба танзим андохта, бо ҳамин низоми ҳокимиятдории халқро муқаррар менамояд. Ҳокимиятдории халқ бо шаклҳои гуногун, аз ҷумла, ба воситаи гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ ва маҳаллӣ (референдум) ба амал бароварда мешавад, ки ташкил ва гузаронидани онро меъёрҳои ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ба танзим меандозанд. Дар ҳуқуқи конститутсионӣ ғайр аз муносибатҳои ҳокимиятӣ, ки бешубҳа ҳиссаи зиёд доранд, муносибатҳои бо амалбарории ҳокимияти давлатӣ алоқамнд бисёранд, ки дар онҳо салоҳияти ҳокимиятӣ ва вазифаи итоат кардан ба он ҷой надорад. Масалан, дар баёни вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва худи Маҷлиси намояндагон дар асоси банди 6 моддаи 57 Конститутсия оид ба таъин ва гузаронидани раъйпурсӣ муносибатҳое ба вуҷуд меоянд, ки онҳоро мо муносибатҳои ҳокимиятӣ-давлатӣ номида наметавонем. Ба ин гурӯҳи муносибатҳо мувофиқи моддаҳои 54-56 Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (10 декабри с. 1999) муносибатҳои дар байни аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, ки нав интихоб шудаанд ва комиссияи ҳавзавии интихобот ва раъйпурсӣ ба вуҷудоянда, мисол шуда метавонад. Баъди соҳибихтиёрии давлатӣ пайдо кардани собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ҳоло аъзоёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), муассисаҳои илмӣ ва таълими онҳо ин соҳаи ҳуқуқро “Ҳуқуқи конститутсионӣ” номиданд. Дар мактабҳои олии ҳуқуқии Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб ин фан ҳамчун “Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал мекунад ва омӯхта мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.