Контактная информация
Пайдоиш ва инкишофи конститутсияҳои Тоҷикистон бо барпоёбӣ ва ташаккули давлати миллии Тоҷикистон алоқаманд аст. Давлати миллии мухтории тоҷик мувофиқи қарори КИМ (Кумитаи иҷроияи марказӣ)-и ИҶШС аз 27 октябри соли 1924 дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ташкил ёфт. Ҳайати марзии он иборат аз вилояти Кӯлоб, Ғарм, Душанбе, Қӯрғонтеппа ва тумани Қаротеппаи волости Сариосиёӣ собиқ ҶШҲ Бухоро, Помир ва Кӯҳистони Бадахшони вилояти Фарғона, ноҳияҳои Ӯротеппа ва Панҷакенти уезди Самарқанди ҶМШС Туркистон буд. Ташкилёбии ҶМШСТ ба воситаи қарорҳои Анҷумани якуми Шӯроҳои Тоҷикистон соли 1926 ба расмият даромад. Хусусан эъломия дар бораи ташкилёбии ҶМШСТ аз 1-уми декабри сол 1926 дар ба расмият даровардани ташкили давлатдории тоҷик дар ҳайати ИҶШС мавқеи калон дошт. Дар санадҳои Анҷумани якуми Шӯроҳои Тоҷикистон ва қарорҳои аз тарафи мақомоти олии ҷумҳурӣ то Анҷумани дуюм қабул шуда, бисёр масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ҳал гардиданд. Масалан, эъломия дар бораи милликунонии замин, об, қаъри замин ва бешазорҳои ҶШС Тоҷикистон аз 10-уми декабри соли 1992 – 6 моликияти хусусиро ба замин ва об дар Тоҷикистон бекор карда, онҳоро дастраси умум гардонид. Мувофиқи эъломия дар бораи қисмҳои миллии тоҷикии Армияи Сурхи коргару деҳқон аз 4-уми соли 1926 дар Тоҷикистон дар ташкил кардани қисмҳои миллии Армияи Сурх дар асоси ӯҳдадории ҳатмии ҳарбӣ ва таълими умумии ҳарбӣ ба нақша гирифта шуда буд. Дар қарор дар бораи ҳуқуқҳои занони ҶМШСТ ва зарурияти мубориза бо беҳуқуқии онҳо аз 12-уми декабри соли 1926 андешидани чораҳои таъҷилиро оид ба саводнок гардонии занон пешбинӣ карда шуда буд. Анҷумани Шӯроҳои Тоҷикистон баробари ташкили КИМ-и Тоҷикистон ба ӯ супориш дод, ки то Анҷумани оянда Конститутсияи ҶМШСТ тайёр намояд.
Анҷумани дуюми ҶМШС Тоҷикистон 28 апрели соли 1929 конститутсияи аввалини ҷумҳуриро қабул кард. Он мувофиқи Конститутсияи ИҶШС соли 1924 ва Конститутсияи ҶШС Ӯзбекистон соли 1927 тайёр карда шуда буд. Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон бо ҳуқуқҳои мухтори ба ҳайати Ӯзбекистон даромадани Тоҷикистонро ба тарзи конститутсионӣ ба расмият даровард. Ба воситаи Ӯзбекистон он ба ҳайати ИҶШС низ дохил гардид. Дар анҷуман қарори таърихии ба ҳайати ҶШС Тоҷикистон ҳамроҳ шудани округи Хуҷанд тасдиқ гардид. Ташкилёбии Ҷумҳурии иттифоқии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон бо санадҳои анҷумани сеюми фавқулоддаи Шӯроҳои Тоҷикистон эъломия дар бораи табдил додани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сосиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон ва бевосита ба ҳайати ИҶШС даромадани он, эъломия дар бораи ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии сосиалистии Тоҷикистон, қарор дар бораи ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 1929 ба расмият даромад. ҶШС Тоҷикистон дар ҳайати ВМКБ ва округҳои маъмурии Хӯҷанд, Ӯротеппа, Ҳисор, Ғарм, Қӯрғонтеппа (ҳозира шаҳри Бохтар), Кӯлоб ва Панҷакент ташкил ёфт. Аз ҷумҳурии мухторӣ ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфтани Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи дурахшон аст. Моҳиятан ба соҳибихтиёрии давлатӣ имрӯз соҳиб гардидани Тоҷикистон давоми мантиқии давра ба давра ба дараҷаи нисбатан баландтари давлатдорӣ соҳиб гардидани халқи тоҷик дар замони шӯравӣ мебошад.
Конститутсияҳои Ҷумҳурии Иттифоқии Тоҷикистон
Баъди ташкилёбии Ҷумҳурии Иттифоқии Тоҷикистон масъалаи аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим андохтани вазъи конститутсионии он пеш омад. Дар қарори Анҷумани 3-юми Шӯроҳои Тоҷикистон дар бораи ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки Конститутсияи ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистонро тартиб дода, барои қабул пешниҳод намояд. Анҷумани чоруми Шӯроҳои Тоҷикистон 25-уми феврали соли 1931 Конститутсияи аввалини Ҷумҳурии Иттифоқии Тоҷикистонро қабул кард. Он мувофиқи Конститутсияи ИҶШС соли 1924 тайёр карда шуда, ба ҳолату меъёрҳои он мувофиқ буд. Конститутсия вазифаи худро дар он медид, ки диктатураи пролетариатро таъмин намуда, коммунизмро дар Тоҷикистон амалӣ гардонад. Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1931 объектҳои моликиятӣ-давлатӣ, асосҳои истифодаи онҳо, зарурияти хоҷагидории коллективиро дар хоҷагии қишлоқ муқаррар кард. Ҳуқуқи соҳибихтиёрона аз ҳайати ИҶШС озодона баромадани Тоҷикистон эълон намуд. Аммо ин меъёрҳо хусусияти эъломиявӣ доштанд ва ҳеҷ гуна кафолати ҳақиқии амалӣ гардонидани он на дар худи конститутсия ва на дар қонунҳо муайян карда нашуда буд. Ба Конститутсияи соли 1931 мувофиқи супориши мақомоти давлатии иттифоқӣ Анҷумани панҷуми Шӯроҳои Тоҷикистон моҳи январи соли 1935 тағйироту иловаҳо дароварда дар таҳрири нав тасдиқ намуд. Дар он эълон карда шуд, ки ҶШС Тоҷикистон давлати сотсиалистии диктатураи пролетариат буда, вазифаҳои худро дар асоси иттифоқи коргарон ва деҳқонон ба амал мебарорад. Якуми марти соли 1937 Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон қабул гардид, ки он моҳиятан, шаклан ва мазмунан бо конститутсияи иттифоқ айнан буда, фақат оид ба баъзе ҷузъиёт аз он фарқ мекард. Ин конститутсияҳо хусусияти иттифоқии давлатро боз ҳам маҳдуд намуда, барои ба давлати марказонидашудаи абарқудрат табдил ёфтани Иттиҳоди Шӯравӣ заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд. Дар боби низоми интихобот усулҳои ҳуқуқи интихоботи умумӣ, баробар, бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ муқаррар карда шуд. Ин конститутсия 41 сол амал кард ва дар ин мӯҳлат ба он қариб ҳазор маротиба тағйироту иловаҳо дароварда шуданд.  Соли 1977 конститутсияи сеюмин ва охирини ИҶШС қабул карда шуд ва дар он хулосаҳои назариявӣ дар хусуси дигаргуниҳое, ки дар ҷамъият, давлат, ҳолати ҳуқуқии шахс ба вуҷуд омаданд, инъикос гардонида шуданд. Баробари ин дар моддаи 6 Конститутсия мавқеи ҳизби коммунистӣ дар низоми сиёсии ҷамъият ҳамчун “қувваи роҳнамои ҷамъияти советӣ, ядрои системаи сиёсии он” муайян гардид. Ин меъёр моҳиятан дар мамлакат муқаррар гардидани диктатураи ҳизби коммунистиро ифода мекард. Конститутсияии ҶШС-и соли 1977 ҳамагӣ 14 сол амал кард ва дар ин мӯҳлат ба он тағйироту иловаҳои зиёд дароварда шудаанд. Аммо баҳсу муноқишаҳое, ки нисбати бекор кардан ва ё тағйир додани моддаи 6 дар хусуси мавқеи ҲКИШ (Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ) ба вуҷуд омад, моҳиятан тақдири на фақат ҳизб, балки тақдири худи ИҶШС-ро низ ҳал кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.