Суббота, Сентябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Ҳуқуқ

Все бесплатно от InfoPage.TJ

Мафҳуми ҳуқуқи конститутсионӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ

Ҳуқуқ
Ҳуқуқи конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон - соҳаи намоёни ҳуқуқи ҷумҳурӣ буда, маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиест, ки мувофиқи ирода ва манфиати халқ асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мустаҳкам намуда, асосҳои ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, усули таҷзияи ҳокимият, асосҳои пурра ҳокимияти халқ ва дар рафти ба амал баровардани ҳокимияти давлатии ба халқ тааллуқ дошта муносибатҳои ба вуҷуд ояндаро ба танзим меандозад. Қайд кардан зарур аст, ки ҳуқуқи конситутсионӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ, илми ҳуқуқшиносӣ ва фанни таълимӣ нисбатан зуҳуроти нав буда, пайдоиши он ба таназзули давлати шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ алоқаманд аст. Дар замони шӯравӣ ба ҷои ин фан дар тамоми мактабҳои олии ҳуқ

Пайдоиш ва инкишофи конститутсияҳои Тоҷикистон

Ҳуқуқ
Пайдоиш ва инкишофи конститутсияҳои Тоҷикистон бо барпоёбӣ ва ташаккули давлати миллии Тоҷикистон алоқаманд аст. Давлати миллии мухтории тоҷик мувофиқи қарори КИМ (Кумитаи иҷроияи марказӣ)-и ИҶШС аз 27 октябри соли 1924 дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ташкил ёфт. Ҳайати марзии он иборат аз вилояти Кӯлоб, Ғарм, Душанбе, Қӯрғонтеппа ва тумани Қаротеппаи волости Сариосиёӣ собиқ ҶШҲ Бухоро, Помир ва Кӯҳистони Бадахшони вилояти Фарғона, ноҳияҳои Ӯротеппа ва Панҷакенти уезди Самарқанди ҶМШС Туркистон буд. Ташкилёбии ҶМШСТ ба воситаи қарорҳои Анҷумани якуми Шӯроҳои Тоҷикистон соли 1926 ба расмият даромад. Хусусан эъломия дар бораи ташкилёбии ҶМШСТ аз 1-уми декабри сол 1926 дар ба расмият даровардани ташкили давлатдории тоҷик дар ҳайати ИҶШС мавқеи калон дошт. Дар санадҳои Анҷумани якуми Шӯроҳои Тоҷикис

Функсияҳои давлат

Ҳуқуқ
Функсияҳои давлат - самтҳои асосии фаъолияти давлат мебошад, ки моҳият ва таъиноти иҷтимоии давлатро ифода намуда, бо мақсади иҷрои мақсад ва вазифаҳои давлат роҳандозӣ мешаванд. Истилоҳи "функсия" аз калимаи лотинии "functio" гирифта шудааст, ки маънояш "иҷро намудан, амалӣ намудан" аст. Мафҳуми "функсия"-ро аввалин маротиба файласуф ва олими олмонӣ - Лейбнитс (1646-1716) ба илм ворид намудааст. Функсияи давлат чун мафҳуми илмӣ ва самти фаъолияти давлат як қатор хусусиятҳо дорад: 1. Мафҳуми "функсияи давлат" аз мафҳуми "вазифаи давлат" фарқ мекунад. Вазифаи давлат - мушкилии (проблема) ҳаётан муҳими ҳалталаб мебошанд, ки дар назди давлат дар марҳилаи муайяни таърихӣ қарор доранд. Функсияҳои давлат - самтҳои муайяни фаъолияти давлат мебошад, ки баҳри иҷрои вазифаҳои давлат ба сомон ме

АМАЛИЁТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Ҳуқуқ
Сиёсатмадорон чор шохаи асосии фаъолияти террористиро дар замони муосир муайян карданд:- дар бобати ҷойгиршавии онҳо дар солҳои 80- уми асри XVIII дар Россия, Аврупо ва баъдтар дар Амрикои Шимолӣ. (далее…)

СИЁСАТИ ЗИДДИ ТЕРРОРИСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳуқуқ
Вазъи ҳозираи байналмиллалӣ моро водор месозад, ки ҳамаи самтҳои фаъолияти мақомотҳои давлатиро барои таъмини сулҳу осоиштагӣ ва мувозинати кишварамон равона кунем, қайд кард Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрии худ бо қушунҳои танкии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон.Терроризм яке аз ҷиноятҳои махсусан вазнини замони муосир аст, ки дар бисёр мавридҳо на танҳо хусусияти миллӣ, балки хусусияти байналмилали низ дорад. (далее…)

НАМУДҲОИ ТЕРРОРИЗМ

Ҳуқуқ
1. Бе нақша ва инфиродӣ- дар ин ҳолат амалиёти террористиро як ё ду нафар ба анҷом мерасонанд, инчунин оид зери сарпарастии ягон шахси ҳуқуқӣ намеистанд.2. Нақшавӣ ва дастаҷамъӣ- амалиётҳои террористие, ки нақшаи он аз тарафи ягон созмон тартиб дода шуда, онро амалӣ мегардонад. (Масалан ИРА, Ал- Қоида, Давлати Исломӣ) Созмонҳои террористӣ- паҳнгаштатарин фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба ҳисоб мераванд.1) Миллӣ- мақсади соҳиб гаштани соҳибихтиёрии миллии худро дорад. (далее…)

ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

Ҳуқуқ
Муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар солҳои охир хеле зиддиятнок ва муқовиматомез гардидаанд, хосияти бераҳмонаи бараҳнагиро ба худ гирифтааст.Ҷараёнҳо ва нерӯҳои сиёсӣ беш аз беш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор месозанд. Дар ин қатор ҷараёни экстремизми сиёсӣ яке аз масъалаи муҳимест, ки тамоми кишварҳои дунё ва дар қатори онҳо мамлакати моро ҳам ба ташвиш овардааст. (далее…)

МАФҲУМИ ТЕРРОРИЗМ

Ҳуқуқ
Нигоҳ накарда ба мафҳуми ҳуқуқии терроризм, мазмуни аслии он ҳоло ҳам ба пуррагӣ маълум нагаштааст. Зери мафҳуми \"террор\" (аз лотинӣ \"тарс\", \"ваҳм\") сиёсати дахшатнок ва муносибати зӯроварона фаҳмида мешавад, ки ҳатто дар сатҳе, аст, рақиби хешро ба тарзи ҷисмонӣ несту нобуд созад. Гарчанде, ки амалиётҳои террористӣ таърихи чандин ҳазорсола дошта бошад ҳам, вуҷудоии ин мафҳумро бештар ба давраи ҳукмронии диктатураи якобинӣ дар Фаронса, солҳои 1793 алоқаманд мекунанд. (далее…)

Терроризм ва терроризми байналмиллалӣ

Ҳуқуқ
Терроризм чун вабои асри XXI имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки аз сӯи бархе кишварҳои абарқудрат созмон дода шуда, сармоягузорӣ мегарданд ва бо истифода аз номи дини мубини Ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд. Терроризм, ки аз он ба унвони даҳшатафканӣ ва ё ҳаросафканӣ ёд мешавад, ба ҳар гунна амалкард ё таҳдид барои тарсонидан ва ё осеб расонидан ба шаҳрвандон, гурӯҳҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ гуфта мешавад. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, да

Назарияи давлат ва ҳуқуқ

Ҳуқуқ
Илмҳои ҳуқуқшиносӣ- маҷмӯи донишҳои сиёсиву ҳуқуқиеро, дар бар мегиранд, ки дар ҳудуди онҳо ва тавассути онҳо омӯзиши назариявӣ ва амалии ҳодисоти давлатию ҳуқуқӣ бо тамоми ҷиҳату алоқамандиҳо ва зуҳуроти ба онҳо хос амалӣ мегардад.Ҷамъият- ин иттиҳоди таърихан ташаккулёфтаи одамонест, ки байни худ аз рӯи воситаҳои муайяни истеҳсоли, неъматҳои моддии ҳаётии зарур алоқаманд ҳастанд. (далее…)