Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


Барномаи Windows Media

Барномаи Windows Media – ин воситаи универсалии садодиҳии тамоми намуди аудио ва видеосабтҳои компютер мебошад. Тавассути барномаи мазкур асосан чунин намуди аудио ва видеоиттилоот хонда мешавад: 1.компакт-дискҳои мусиқӣ; 2.аудио ва видеофайлҳо; 3.сабтҳои шабакаи глобалии ИнтернетБАРНОМАИ WINDOWS MEDIA

Барномаи Windows Media – ин воситаи универсалии садодиҳии тамоми намуди аудио ва видеосабтҳои компютер мебошад. Тавассути барномаи мазкур асосан чунин намуди аудио ва видеоиттилоот хонда мешавад:
1.компакт-дискҳои мусиқӣ;
2.аудио ва видеофайлҳо;
3.сабтҳои шабакаи глобалии Интернет.
Хониши компакт-дискҳои мусиқӣ – яке аз функсияҳои асосии барномаи Windows Media мебошад.
Барои ба компютер сабт намудани мусиқии компакт-диск – қисми «Копировать с компакт-диска» истифода мешавад. Шумо метавонед, компакт-дискро ба дискҷомаи CD-ROM гузоред ва дар қисми мазкур тугмачаи «Копировать музыку»-ро пахш кунед. Сабтҳои компакт-диск ба бастаи алоҳида нусхабардорӣ мешаванд.
Дар оинаи «Параметры» («Сервис-Параметры») қисми «Копировать музыку» мавҷуд аст, ки дар он сифати мусиқии сабтшавандаро муайян намудан мумкин аст
Қайд менамоем, ки барномаи Windows Media асосан ду намуди зичнамоиро дастгирӣ менамояд: Windows Media (стандарти ширкати Microsoft) ва MP3. Яке аз ин намудҳоро дар рўйхати «Формат файла» интихоб намудан мумкин аст.
Сатҳи зичнамоии сабтҳои хондашударо наварди «Качество копирования музыки» муайян менамояд. Он ҳар қадар росттар воқеъ бошад – сифати сабти мусиқӣ ҳамон қадар беҳтар мешавад. Агар онро ба тарафи чап наздик намоем – ҳаҷми мусиқӣ ҳамон қадар хурдттар мешавад.
Бо пахши тугмачаи «Изменить» бастаи ҷойгиршавии файлҳои мусиқии нусхабардоришударо интихоб намудан мумкин аст.
Дигар имкониятҳои барнома
Агар компютери шумо ба шабакаи Интернет пайваст бошад, он гоҳ, тавассути фармони «Файл=>Открыть адрес URL» аудио ва видеоиттилооти Интернетро дар реҷаи реалӣ дастрас намудан мумкин аст.
Барномаи Windows Media инчунин, як қатор воситаҳои идоракунии тарзи хонишро пешниҳод менамояд:
1.Воситаҳои интихоби намудҳои зоҳирии барнома;
2.Воситаҳои омоданамоии видео;
3.Воситаҳои хониши ҳаҷмӣ;
4.Эквалайзери графикӣ.
Барои интихоби онҳо тугмачаи «Выберите вид» истифода мешавад, ки рўйхати имкониятҳои номбаршударо пешниҳод менамояд.

Интихоби намуди зоҳирии барнома
Барномаи Windows Media якчанд намуд дошта метавонад.
Барои интихоби намуди зоҳирӣ – қисми «Выбор обложки» ё тугмачаи «Переключится в режим обложки» истифода мешаванд.
Дар охир қайд менамоем, ки барои хониши аудио ва видеофайлҳо барномаҳои зиёд мавҷуданд ва дар қатори беҳтаринҳо барномаи RealPlayer-ро мисол овардан мумкин аст.

Барномаи RealPlayer
Компютери ҳозира миқдори зиёди таҷҳизотҳои дохилию беруниро дар бар мегирад ва бинобар он, бо миқдори зиёди драйверҳо кор мекунад. Байни ҳамдигар мувофиқат намудани тамоми ин таҷҳизотҳо хеле мураккаб буда, баъзан зиддиятҳо ба вуҷуд меоянд. Яке аз роҳҳои ҳалли чунин масъалаҳо – ин насб намудани барномаҳои мукаммал мебошад, ки имконияти мустақилона бартараф намудани ҳолатҳои мухолифро доро мебошанд. Барои системаҳои оператсионии Windows 2000 / ХР дар қатори дигар барномаҳо барномаи RealPlayer-ро истифода намудан мумкин аст.

Картаи овозӣ
Компютерҳои ҳозираро бе садодиҳии овозҳо тасаввур намудан душвор аст. 15-20 сол қабл овози ягонаи компютер танҳо ба намуди сигнали лаҳзавӣ аз баландгўяки хурди он мебаромад. Аз дигар тараф, маҳз овози компютерӣ ҳоло сабаби пайдоиши мултимедиа гаштааст, ки тамоми маълумотҳои иттилооти компютериро – аз матнҳо ва графикаи статикӣ то видеои рақамӣ бо дастгирии каналҳои зиёди овозӣ имконият медиҳад.
Дар ибтидои пайдоиши компютерҳои навъи IBM PC, бо онҳо танҳо доираи хурди олимон ва мутахассисон кор мекарданд ва бинобар он, ба имкониятҳои овозии компютер на он қадар аҳамияти назаррас дода мешуд. Бо васеъ шудани доираи истифодабарандагон ва тараққиёти пуршиддати ҳосилнокии компютер татбиқи воситаҳои таҷҳизотии овозӣ ва стандартикунонии онҳо имконпазир гардид.
Нисбати мавзўи стандартикунонии садодиҳии овоз қайд намудан лозим аст, ки ҳоло стандартҳои ягонаи марказонидашуда мавҷуд намебошанд. Чунин ҳолат ба он оварда расонидааст, ки як қатор ширкатҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизотҳои овозӣ стандартҳои худро кор карда баромадаанд. Масалан, дар аксарияти ҳолатҳо таҷҳизотҳои бо таҷҳизоти Sound Blaster (ширкати Creative Labs) ҳамҷоя буда, стандартӣ ҳисобида мешаванд.
Садо – ин лаппиши механикии (вибратсия) муҳити чандир (газ, моеъ, ҷисми сахт) мебошад.
Дар КФ сабт ва ҳосилнамоии сигналҳои овозӣ (сухан, мусиқӣ ва дигар садоҳо) тавассути картаи овозӣ ба амал оварда мешаванд. Овозе, ки бо воситаи картаи овозӣ ҳосил мешавад тавассути системаҳои акустикӣ (кувватдиҳандаҳо, баландгўякҳо) садо дода мешавад. Сабти овоз тавассути микрофон ба амал оварда мешавад. Баландгўякҳо ва микрофон ба картаи овозӣ тавассути бандарҳои махсус пайваст мешаванд.
Платаи картаи овозӣ ба яке аз слотҳои платаи системавӣ гузошта шуда, амалиётҳои ҳисобкуниро иҷро менамояд, ки ба коркарди овоз алоқаманд мебошанд.
Чӣ тавре, ки қайд намудем истеҳсолкунандаи нисбатан машҳури картаи овозӣ ширкати Creative Labs мебошад, ки силсилаи картаҳои овозиро бо номи Sound Blaster – SB Pro, SB16, инчунин AWE32 мебарорад. Картаҳои овозии навъи Sound Blaster одатан стандартӣ ҳисобида мешаванд.
Картаи овозӣ аз се модул иборат аст:
1.модули овози рақамгардонишуда;
2.синтезатори бисёровозаи зуддӣ;
3.модули интерфейси таҷҳизотҳои берунӣ.
Модули овози рақамгардонишуда – барои сабти рақамӣ, садодиҳӣ ва коркарди овози рақамгардонишуда пешбинӣ шудааст. Ба таркиби он дохил мешаванд:
1.табдилдиҳандаи аналогӣ-рақамӣ – сигнали овозии аналогии дохилшавандаро ба намуди рақамӣ табдил дода ба хотира менависад;
2.табдилдиҳандаи рақамӣ-аналогӣ – овози рақамгардонишударо аз хотира ба намуди аналогӣ мегардонад;
3.қувватдиҳанда – овозҳои аналогиро барои минбаъд ба баландгўякҳо баровардан қувват медиҳад.
Синтезатори бисёровозаи зуддӣ – барои ҳосилнамоии сигналҳои овозии намуди мураккаб пешбинӣ шудааст. Ду намуди синтезаторҳоро фарқ менамоянд:
1.Синтезатори зуддӣ (FM – Frequency Modulation) – лаппишҳои овозии намуди синусоидалии зуддӣ ва амплитудаашон муайянро ҳосил менамояд. Натиҷаи синтези зуддӣ ба намуди файли васеъшавиаш .Mod оварда мешавад; сифати беҳтаршудаи овоз таъмин карда мешавад.
2.Синтезатори мавҷӣ (WS – Wave Synthesys) – ҳосилнамоии овоз дар асоси ҷадвалҳои мавҷӣ, ки дар он ҷо намунаҳои садодиҳии асбобҳои мусиқӣ сабт шудаанд ба амал оварда мешавад. Натиҷаи синтези мавҷӣ ба намуди файли васеъшавиаш .Wav ба вуҷуд меояд.
Модули итерфейси таҷҳизотҳои берунӣ аз интерфейси пайвастшавӣ ба дискҷомаҳо, бандарҳои бозӣ ва интерфейси асбобҳои электромусиқавӣ – MIDI (Musical Instruments Digital Interface) таркиб ёфтааст.
Тавассути MIDI ба картаи овозӣ рақами асбоби мусиқӣ, рақами нота, хусусиятҳои бозии мусиқинавоз (давомот, қувва ва тарзҳои пахши клавишаҳо) ирсол мешаванд. Маълумотҳои мазкур ҳангоми синтези мавҷӣ ба вуҷуд оварда шуда дар MIDI-файлҳо нигоҳ дошта мешаванд. Овоз тавассути маълумотҳои MIDI-файлҳо ҳосил мешавад.
Нишондиҳандаи асосии картаи овозӣ:
•разряднокӣ;
•зуддии дискретизатсия;
•миқдори каналҳо (моно, стерео);
•имкониятҳои функсионалӣ;
•ҳамҷоягӣ.
Разряднокӣ – миқдори битҳое, ки барои кодгузории овозҳои рақамӣ истифода мешаванд: 8, 16, 32, 64. Ҳоло, талаботи минималӣ ба разряднокӣ – 16 мебошад.
Зуддии дискретизатсия – миқдори ченкуниҳои амплитудаи сигнали аналогии овозӣ дар сония мебошад. Ҳар қадар зуддии дискретизатсия зиёд бошад, ҳамон қадар овози рақамгардонишуда ба намуди ибтидоиаш мувофиқат менамояд. Ҳар қадар разряднокӣ ва зуддии дискретизатсия зиёд бошад, ҳамон қадар овози рақамгардонишуда ҷои зиёдро ишғол менамояд.
Барои сабт намудан ва садодиҳии сухан зуддии дискретизатсияи 6-8КГс кифоя мебошад, барои мусиқии сифати миёна – 20-25КГс, барои овози баландсифат – на камтар аз 44КГс лозим аст.
Садодиҳии овоз тавассути як канал имконпазир аст – моноовоз ё тавассути ду канал – стереоовоз. Стереоовоз ду баробар зиёд хотираро талаб менамояд.
Имкониятҳои фунсионалӣ – вобаста аздар картаи овозӣ мавҷуд будани синтезатори зуддӣ ё мавҷӣ, имконияти синтезатор барои коркарди овоз (миқдори садоҳо, модулятсия, филтронӣ), мавҷудияти протсессорҳои махсус, воситаҳои таҷҳизотии фишурдакунӣ ва барқароркунӣ, имконияти илова намудани намунаҳои нави садодиҳӣ муайян мешаванд.
Ҳамҷоягии картаи овозӣ нисбат ба намудҳои навъи Sound Blaster баҳо дода мешавад. Нишондиҳандаҳои SB Pro: 8-разрядӣ, зуддии дискретизатсия барои моно – 44,1 КГс, барои стерео – 22,05 КГс, дорои FM ва WS-синтезаторҳо мебошад. Нишондиҳандаҳои SB 16: 16-разрядӣ, зуддии дискретизатсия 8-44,1 КГс, дорои FM ва WS-синтезаторҳо, дорои идоракунандаи автоматикии сатҳи сабткунӣ аз микрофон ва идоракунандаи барномавии тембр мебошад. Ғайр аз картаҳои мазкур боз мавҷуданд: AMD Inter wave (32-разрядӣ, 48 КГс, ТХФ-и хос-1Мб), GUS (Gravis Ultrasound Standart), AWE32 (8 ва 16-разрядӣ, 5-44КГс).
Барои кор бо маълумотҳои овозӣ таъминоти барномавии мувофиқ истифода мешаванд: барномаҳои коркарди мусиқӣ, сухан, «мошинҳои гўё», аудиобарномаҳо ва ғ.
Барномаҳои коркарди мусиқии MUSMAKER, PIANOMAN, Seream Tracker, Whacher Tracker, Ezpho, Маэстро ва ғ. мавҷуданд. Онҳо барои дохилкунии эффекти овозӣ ба хотираи КФ истифода мешаванд, ки мусиқии аз берун (магнитофон, телевизор, радио ва ғ.) дохилшавандаро бо ёрии клавиатура тавассути кодгузории сабти нотавӣ дохил менамоянд. Ҳангоми пахши тугмачаи КФ мусиқиро ҳосил менамоянд (реҷаи клавесин), мусиқии дохилшавандаро ба таври автоматикӣ ба намуди нота менависанд. Инчунин, тавассути барномаҳои мазкур маҳсули дигар барномаҳо бо мусиқӣ ороиш дода мешаванд, мусиқии дохилшуда ба таври касбӣ коркард мешавад, бо воситаи таҷҳизоти ба КФ пайвастбуда мусиқӣ хонда мешавад.
\”Мошинҳои гўё» аз рўи матни дохилшуда сухан ҳосил менамоянд. Барномаҳои коркарди сухан реҷаи кори мошинҳои гўёро (баландии овоз, тембр, суръати садодиҳӣ) муайян менамоянд, дар экран оссиллограммаи суханро ҳосил менамоянд, ҷудо кардан ё гузоштани қисмҳои суханро имкон медиҳанд.
Аудиобарномаҳо – Sound Resorder, Mediaplecr нишондиҳандаҳои овозро муайян менамоянд.
Имкониятҳои микросхемаи асосии картаи овозӣ микропротсессори асосии компютерро аз функсияи идоранамоии садодиҳии овоз озод менамояд. Бо ёрии картаи овозӣ на танҳо садодиҳии овоз, балки сабтнамоӣ ва коркарди овоз низ амалӣ мегардад


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.