Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Баъзе имкониятҳои иловагии Windows

Дар ин боб, баъзе имкониятҳои иловагии системаи оператсионии Windows қайд шудаанд. Албатта, мисолҳои мазкур тамоми имкониятҳои иловагии системаи оператсионии Windows ва барномаҳои амалиро инъикос наменамоянд. Бо вуҷуди он донистани онҳо, ба боз ҳам беҳтар намудани самаранокии истифодабарии компютер мусоидат намуда метавонад.БАЪЗЕ ИМКОНИЯТҲОИ ИЛОВАГИИ WINDOWS

Маълумотҳои умумӣ:
Windows
Дар ин боб, баъзе имкониятҳои иловагии системаи оператсионии Windows қайд шудаанд. Албатта, мисолҳои мазкур тамоми имкониятҳои иловагии системаи оператсионии Windows ва барномаҳои амалиро инъикос наменамоянд. Бо вуҷуди он донистани онҳо, ба боз ҳам беҳтар намудани самаранокии истифодабарии компютер мусоидат намуда метавонад.

Реҷаи хобӣ
Дар баъзе ҳолатҳо чунин мешавад, ки шумо дар компютер якчанд барномаҳо ва файлҳоро кушода кори мураккаберо иҷро менамоед. Агар дар як нишаст он корро ба охир расонед бениҳоят хуб мешавад. Агар ин тавр нашавад, одатан шумо маҷбур мешавед ҳамаи файлҳо ва барномаҳои кушодаатонро руст намоед. Рӯзи дигар бошад, бояд аввал аз нав ҳамаи он файлу барномаҳоро кушода, ҷойҳои охирини корро дарёфт намоед ва танҳо пас аз он, ба идомаи кор шурӯъ намудан рост меояд. Розӣ шавед – ин каме дилгиркунанда аст.
Хушбахтона дар Windows ХР чунин ҷиҳатҳоро ба назар гирифтаанд. Ин ҳам бошад истифодаи «Реҷаи хобӣ\”–и (Спящий режим) хомӯш намудани компютер мебошад. Тавассути реҷаи мазкур шумо метавонед ягон барнома ва файли кушодаатонро руст накарда компютерро хомӯш намоед. Дар ҳолати аз нав ба кор даровардани компютер ҳамаи файлу барномаҳои шумо дар ҳамон тавре, ки компютерро хомӯш карда будед инъикос меёбанд.

Сохтани рамзи махсуси «Свернуть все окна»
Бо чунин ном дар қисми поёни экран рамзе мавҷуд аст, ки пахши он мизи кориро аз оинаи барномаҳо холӣ мекунад. Агар касе рамзи мазкурро тасодуфан хориҷ карда монад, чунин роҳи барқарор намудани онро пешниҳод менамоем.
Дар аввал ба бастаи C:\\WINDOWS\\Application Data\\Microsoft\\Internet Explorer\\Quick Launch (Windows 9х), C:\\Documents and Settings\\Asus\\Application Data\\Microsoft\\Internet Explorer\\Quick Launch (Windows ХР) мегузарем. Сипас файли матнӣ тартиб медиҳем ва дар он сатрҳои
[Shell]
Command=2
IconFile=explorer.exe,3
[Taskbar]
Command=ToggleDesktop
-ро дохил намуда бо номи «Свернуть все окна.SCF» файлро сабт мекунем.

Тағйироти зерменюи мушак
Маълум аст, ки тавассути пахши тугмачаи рости мушак ва қисми «Отправить\”, файл ё бастаи интихобшударо ба ҷойҳои гуногун (масалан ба «Диск 3,5» ё «Мои документы»), ки дар зеррӯйхати махсус инъикос меёбанд нусхабардорӣ намудан мумкин аст. Шумо метавонед ба ин рӯйхат бастаи худро ҳамроҳ намоед. Барои ин кифоя аст, ки дар бастаи SendTo рамзи бастаи худро гузоред.
Дафтарчаи корӣ
Албатта, ҳар як шахс бо худ дафтарчаи хурдеро дорад, ки дар он рақамҳои телефон, ному насаб ва суроғаи дӯстон навишта шудаанд. Инчунин, баъзе қайдҳо, хабарҳо ва фикрҳои даркориро, ки набояд фаромӯш шаванд, аксарият дарҳол ба дафтарчаҳои худ менависанд. Биёед, мо ҳам чунин дафтарчаи электрониро дар ҷои кории худ месозем. Барои ин, файли матнӣ кушода (барномаи Блокнот) ба он ном гузоред (масалан, Дафтарча) ва дар бастаи C:\\WINDOWS\\Application Data\\Microsoft\\Internet Explorer\\Quick Launch (Windows 9х), C:\\Documents and Settings\\Asus\\Application Data\\Microsoft\\ Internet Explorer\\Quick Launch (Windows ХР) сабт кунед. Чӣ тавре, ки мебинед, дафтарчаи электронии шумо дар ҷои қулай – дар тарафи рости тугмачаи «Пуск» ба хизмат тайёр аст.
Мавқеи лавҳаи масъалаҳо
Аксарият ҳангоми кор бо компютер якчанд файлу барномаҳоро мекушоянд. Агар мушоҳида карда бошед, дар ҳолати зиёд будани чунин барномаҳои кушодашуда, дар лавҳаи масъалаҳо ҷой хеле нокифоя мешавад. Дар ин вақт истифодабарандагон одатан, аз хотир мебароранд, ки лавҳаи масъалаҳоро тағйир додан мумкин аст – масалан ба тарафи чапи экран гузоштани он.
Кушодани барномаи дӯстдоштаатон бо тугмачаи клавиатура
Ҳар як истифодабаранда гурӯҳи муайяни барномаҳоро нисбати дигар барномаҳо бештар истифода мебарад. Албатта, аксарият рамзҳои чунин барномаҳоро ба мизи корӣ ё ба лавҳаи масъалаҳо мегузоранд. Биёед боз як роҳи осони кушодани барномаҳоро дида мебароем. Барои ин, бо тугмачаи рости мушак зерменюи рамзи барномаатонро кушоед ва аз он қисми «Свойства»-ро интихоб намоед. Акнун дар сатри «Быстрый вызов» якҷояпахши тугмачаҳои Ctrl+Alt+ҳарф ва Ctrl+Shift+ҳарфро муайян намоед.
Тоза намудани мизи корӣ
Қариб ҳар як истифодабаранда мизи кории худро бо суратҳои зебо оро медиҳад. Лекин, мутаасифона ҳолатҳое мешаванд, ки сурати зебо зери рамзҳои зиёди мизи корӣ мемонад. Барои бартараф намудани чунин ҳолати кор ва пурра қонеъ намудани завқи эстетикии худ якчанд роҳҳо мавҷуданд. Яке аз чунин роҳҳоро пешниҳод менамоем.
Аввалан, зерменюи қисми лавҳаи масъалаҳоро, ки соатро дар бар дорад кушоед. Дар он ба қисми «Панели инструментов» гузаред ва аз он қисми «Рабочий стол»-ро интихоб намоед. Пас аз ин, дар тарафи чапи соҳаи мазкур тугмачаи равишнок пайдо мешавад, ки ҳангоми пахш намудани он тамоми рамзҳои мизи кори ба намуди рӯйхат инъикос меёбанд. Акнун, метавонед зерменюи мизи кориро кушоед ва қисми «Свойства-Эффекты-Прятать содержимое стола, если…»-ро (барои Windows 98), «Упорядочить значки-Отображать значки рабочего стола»-ро интихоб намоед.
Кушодан тавассути…
Дар зерменюҳои системаҳои оператсионии Windows NT/2000/ХР қисми муҳими «Открыть с помощью…» мавҷуд аст, ки барои дар барномаҳои гуногун кушодани файлҳо пешбинӣ шудааст. Дар системаи оператсионии Windows 98 аввалан чунин ҷиҳат пешбинӣ нашуда буд. Лекин, аз ин ҳолат ҳам баромадан мумкин аст. Барои ин, кифоя аст агар, зерменюро бо пахши тугмачаи Shift кушоед.
Кӯтоҳ оиди Windows 98
Агар каме хаста шуда бошед, метавонед дар сатри фармонҳо (Пуск-Выполнить, барои Windows 98) сатри «start /m «C:\\Windows\\Application Data\\Microsoft\\WELCOME\\WELDATA.EXE» You_are_a_real_rascal» –ро дохил намоед. Чӣ тавре, ки мебинед тартибдиҳандагони системаи оператсионии Windows 98 низ худро «зери парда» намондаанд.
Ҳисобкунак (Калькулятор)
Агар мисоли арифметикиро дар ягон барномае навишта натиҷаашро бароварданӣ бошед, шарти мисолро бо аломати «=« ба сатри ададии ҳисобкунак нусхабардорӣ намоед. Чӣ тавре, ки мебинед ҳисобкунак натиҷаро ба таври автоматикӣ мебарорад. Дар реҷаи Муқаррарӣ ҳисобкунак амалҳоро аз чап ба рост иҷро менамояд (яъне, ҳамчун пайдарпаии тугмачаҳои пахшкардашуда қабул мекунад), дар реҷаи Муҳандисӣ (Инженерный) бошад, ҳамаи қоидаҳои арифметикӣ риоя мешаванд.
Барномаҳои зиддивирусӣ
Агар шумо барномаи зиддивирусии DrWeb-ро истифода баред, беҳтар мешавад номи DRWEB.EXE, DRWEB.INI, DRWEB.HL1 ва DRWEB.HL2 –ро тағйир дода шаванд (албатта бе тағйирдиҳии қисмҳои васеъшудаи ном). Зеро ҳолатҳое мешаванд, ки вирусҳои махсус (масалан, резидентӣ) кори барномаи DrWeb-ро назорат мекунанд ва метавонанд имкониятҳои онро истифода баранд.
Дар ин маврид, инчунин, қайд менамоем, ки агар шумо барномаи зиддивирусии Norton AntiVirus–ро ба Windows ХР муҷаҳҳаз карданӣ бошед, назорат баред то, ки барномаи хидматии Нақшагири супоришҳо (Планировщик заданий) дар ҳолати корӣ бошад. Дар акси ҳол, ҳангоми муҷаҳҳазнамоӣ ба хатогӣ дучор шудан мумкин аст.
Инъикоси рӯзҳои ҳафта
Албатта, ҳама медонанд, ки барои фаҳмидани рӯзҳои ҳафта якчанд роҳҳо мавҷуданд, масалан – истифодаи тақвими компютер. Лекин, иҷозат диҳед боз як роҳи осонро қайд намоем. Дар аввал оинаи «Языки и региональные стандарты» –ро кушодан лозим аст (Пуск-Настройка-Панель управления-Языки и региональные стандарты). Сипас ба қисми «Дата» ва баъд ба сатри «Полный формат» мегузарем. Дар ин сатр намуди сана ба таври рамзӣ инъикос ёфтааст. Акнун, кифоя аст агар, ба охири он дддд (барои Windows 95/98/Ме) ё dddd -ро (барои Windows ХР) ҳамроҳ намоем.
Нишондиҳандаи мушакро ба болои нишондиҳандаи соат гузоред. Чӣ тавре, ки мебинед, ҳамчун эзоҳ, на танҳо сана ва моҳ балки рӯзи ҳафта низ инъикос меёбад. Қайд менамоем, ки агар ба ҷои dddd – ddd нависед рӯзҳои ҳафта бо ду ҳарф ишора мешаванд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.