Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Информатика ва технологияи итилооти – камуникатционӣ

Технологияҳои иттилоотӣ – ин маҷмўи тарзҳои ғункунӣ, ирсол, нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот дар ҳамаи намудҳои имконпазири зуҳуроти он (матнӣ, графикӣ, аёнӣ, овозӣ ва ғ.) мебошад. Тарзҳои мазкур ҳоло, асосан дар системаҳои компютерӣ ва шабакаҳо амалӣ мегарданд. Бинобар он, мафҳуми «технологияҳои иттилоотӣ»-ро бо мафҳуми «технологияҳои компютерӣ» баробар менамояндИнформатика ва технологияи
итилооти – камуникатционӣ

Технологияҳои иттилоотӣ – ин маҷмўи тарзҳои ғункунӣ, ирсол, нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот дар ҳамаи намудҳои имконпазири зуҳуроти он (матнӣ, графикӣ, аёнӣ, овозӣ ва ғ.) мебошад. Тарзҳои мазкур ҳоло, асосан дар системаҳои компютерӣ ва шабакаҳо амалӣ мегарданд. Бинобар он, мафҳуми «технологияҳои иттилоотӣ»-ро бо мафҳуми «технологияҳои компютерӣ» баробар менамоянд. Технологияҳои компютерӣ бо мафҳуми томаш – ин технологияҳои тартибдиҳӣ, ташкилёбӣ ва амалигардии системаҳои муосири компютерӣ ва шабакаҳо мебошад. Мақсади ниҳоии системаҳои компютерӣ ва шабакаҳо – саривақт ғункунӣ, ирсол, нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот мебошад. Истифодабарандаи муқаррарӣ дар амалия бо соҳаи барои технологияҳои иттилоотӣ ва компютерӣ умумӣ дучор мегардад. Бинобар он, барои ў фарқияти ин ду мафҳум аён намебошад.
Умуман, дар информатикаи амалӣ чунин масъалаҳо дида баромада мешаванд:
1. Таъминоти таҷҳизотии воситаҳои технологияҳои ҳисоббарор.
2. Таъминоти барномавии воситаҳои технологияҳои ҳисоббарор.
3. Воситаҳои алоқаи таҷҳизотҳо ва барномаҳо.
4. Воситаҳои алоқаи одам бо техникаи ҳисоббарор – истифодабаранда бо таҷҳизотҳо, барномаҳо.
Алоқа ва таъсироти мутақобиларо интерфейс меноманд:
1. интерфейси таҷҳизот – алоқа ва таъсироти мутақобилаи байни таҷҳизотҳо;
2. интерфейси барномавӣ – алоқа ва таъсироти мутақобилаи байни барномаҳо;
3. интерфейси таҷҳизотӣ-барномавӣ – алоқа ва таъсироти мутақобилаи байни таҷҳизотҳо ва барномаҳо;
4. интерфейси истифодабаранда – алоқа ва таъсироти мутақобилаи истифодабаранда бо таҷҳизотҳо ва барномаҳо.
Барнома – ин пайдарпаии ботартиби фармонҳое мебошад, ки воситаҳои таҷҳизотиро идора менамоянд. Таъминоти таҷҳизотӣ ва барномавӣ байни ҳамдигар дар алоқаи бефосила ва ногусастанӣ амал менамоянд.
Дар замони ҳозира вазифаи асосии информатика – систематизатсияи тарз ва намудҳои кор бо воситаҳои таҷҳизотӣ ва барномавии техникаи ҳисоббарор мебошад. Дар структураи вазифаҳои асосии информатика чунин равияҳоро ҷудо намудан мумкин аст:
1. Архитектураи техникаи ҳисоббарор – тарз ва намудҳои сохти системаҳои коркарди автоматикии маълумотҳо.
2. Интерфейси истифодабаранда – тарз ва намудҳои идоракунии таъминоти таҷҳизотӣ ва барномавӣ.
3. Барноманависӣ – тарз, намуд ва воситаҳои тартибдиҳии барномаҳо;
4. Табдилдиҳии маълумотҳо.
5. Бехатарии иттилоот.
6. Автоматикунонӣ – амалиёти таҷҳизоту барномаҳо бе иштироки одам.
7. Стандартикунонӣ – муайян намудани қоидаҳо ва талаботҳои умумӣ, ки ҳамҷоягии байни таҷҳизотҳо, барномаҳо ва маълумотҳои ба намудҳои гуногуни техникаи ҳисоббарор муносибат доштаро таъмин менамояд.
Ҳангоми баҳодиҳӣ ба таҷҳизотҳо ва барномаҳо мафҳуми самаранокӣ истифода мешавад. Самаранокии таҷҳизот – ин муносибати ҳосилнокии он нисбат ба нархи он бо назардошти истифодабарӣ ва хизматрасонӣ мебошад. Самаранокии барнома – ин ҳосилнокии кори истифодабарандагоне мебошад, ки бо барнома кор мекунанд.
Мафҳуми иттилоот
Иттилоот объекти асосии коркарди технологияҳои иттилоотӣ ва компютерҳо мебошад. Дар ҳаёти ҳаррўза одатан, дар зери мафҳуми иттилоот мафҳумҳои дониш, ахборот, маълумотҳо ва ғ. мефаҳманд. Таърифи ягона ва муайяни иттилоот мавҷуд намебошад. Бинобар он, дар якчанд намунаҳо мафҳуми иттилоотро иброз менамоем.
Намунаи 1. Тасаввур намоед, ки дар роҳ ҳолати нохуш – садамаи нақлиётӣ руй додааст ва ду нафар онро мушоҳида намудаанд. Шоҳиди якум ҷароҳатҳои техникӣ, ҷисмонӣ ва зиёни рўҳиро, ки ба соҳибони нақлиёт ва мусофирони онҳо расонида шудааст мушоҳида намуда, яъне дар асоси таҷрибаи ҳаётӣ ва муносибат ба ҳодиса иттилоотро ба вуҷуд оварда, онро пешкаш менамояд. Шоҳиди дуюм низ мумкин аст, чунин маълумотҳоро мушоҳида намуда, аз нуқтаи назари худ иттилоотро пешниҳод намояд. Пас, барои чӣ ҳодиса ягона буда, вале, иттилоот гуногун мешавад? Моҳияти ҳодиса дар чист ва кадом тарзҳои ба вуҷуд омадани иттилоот мавҷуданд? Сабаб дар он аст, ки ҳар як шоҳид ҳамон як намуди маълумотҳои мухталифро (ҷароҳатҳои механикӣ, пайдарпаии ҳодисаҳо ва ғ.) ба таври худ алоқаманд менамояд, ба риштаи мантиқ ворид намуда моҳияти умумии ҳодисаро ба вуҷуд меорад. Аз ин ҷо хулосае бармеояд:
• Иттилоот аз маҷмўи маълумотҳо (базаи маълумотҳо) ба вуҷуд меояд.
• Иттилоот – ин натиҷаи таъсироти мутақобила ва алоқамандии маълумотҳо мебошад.
Бинобар он, дар адабиётҳо чунин таърифи иттилоот дида мешавад: иттилоот – ин ҳосилаи алоқамандии байниҳамдигарии маълумотҳо ва тарзҳои ба онҳо монанд мебошад. Ҳамин тавр, иттилоот аз ду ташкилкунандаи асосӣ иборат аст – маълумотҳо ва тарзҳои алоқамандшавии онҳо. Агар тарзи таъсироти мутақобилаи маълумотҳо мавҷуд набошад маълумотҳо иттилоотро ташкил карда наметавонанд.
Намунаи 2. Бигзор навиштаҷоте дар забони русӣ дода шуда бошад: «знание-сила».
Барои онҳое, ки забони русиро намедонанд навиштаҷоти мазкур танҳо ҳамчун маълумот қабул карда мешавад: ҳамчун ду пайдарпаии ҳарфҳо – знание, сила. Яъне, тарзи алоқамандии байниҳамдигарии маълумот дар ин ҳолат мавҷуд нест ва сабаби он надонистани маънои калимаҳо мебошад. Агар тарзи алоқамандии маълумотҳо яъне, маънои калимаҳо (знание-дониш, сила-нерў) дода шуда бошад, пас дар чунин ҳолат маълумотҳо алоқаманд мешаванд ва (якҷоя бо тарзи алоқамандиашон) ба иттилоот табдил меёбанд: дониш-нерў.
Ҳамин тавр, иттилоот дар натиҷаи маълумотҳои объективӣ ва тарзҳои алоқамандкунии субъективӣ ба вуҷуд меояд ва ҳосил мешавад. Иттилоот танҳо дар ҳолати таъсироти байниҳамдигарии маълумотҳо ва тарзҳои алоқамандии онҳо ба вуҷуд меояд ва тағйир меёбад: чунин лаҳзаро ҷараёни иттилоотӣ меноманд. Дар ҳамаи дигар ҳолатҳо, он ҳамчун маълумот мавҷуд мебошад.
Ҳамаи ҷараёнҳо ва ҳодисаҳоро ишораҳо (сигнал) ҳамроҳӣ менамоянд. Ишораҳои қайдшуда маълумотро ба вуҷуд меоранд. Маълумотҳо – ин ишораҳои қайдшуда мебошанд. Тарзи физикии қайди ишораҳо намудҳои гуногун дошта метавонанд: навиштаҷот, ҷойивазкунии механикӣ, тағйирёбии нишондиҳандаҳои барқӣ ва дигар хусусиятҳои материалҳо. Вобаста аз тарзи қайдшавӣ маълумотҳо метавонанд дар барандаҳои (носитель) гуногун нигоҳ дошта шаванд – дар коғаз, кассета, диск, расм ва ғ.
Ҳангоми дар технологияҳои ҳисоббарори муосир коркард намудани иттилоот асосан чунин хусусиятҳои он зарурӣ ҳисобида мешаванд:
1. Дараҷаи бъективӣ будани иттилоот. Иттилоотро объективӣ ҳисобидан мумкин аст, агар ба ҳосилшавии тарзҳои субъективии алоқаманднамоии маълумотҳо саҳми камтарин дошта бошанд яъне, маълумотҳои объективӣ нисбат ба тарзи алоқамандии маълумотҳо аввалиндараҷа бошанд.
2. Дараҷаи субъективӣ будани иттилоот. Иттилоот танҳо аз маълумотҳо иборат буда наметавонад, мавҷудияти тарзҳои алоқаманднамоии субъективии маълумот зарур аст.
3. Мукаммал будани иттилоот – кифоя будани маълумотҳои ташкилкунандаи иттилоот.
4. Саҳеҳ будани иттилоот. Иттилоот саҳеҳ ҳисобида мешавад, агар дар он ишораҳои асосӣ (зарурӣ, лозимӣ) нисбат ба ишораҳои иловагӣ нисбатан аниқтар қайд шуда бошанд.
5. Комилан мувофиқ (ҷавобгў) будани иттилоот (адекватность) – дараҷаи мувофиқати иттилоот ба ҳолати объективӣ. Дар асоси нопуррагӣ ва ё аниқ набудани маълумот иттилоот метавонад ҳолати объективии ҳодисаро пурра инъикос накунад.
6. Дастрас будани иттилоот – дараҷаи имконпазирии гирифтани иттилоот.
7. Актуалӣ будани иттилоот – дараҷаи мувофиқати иттилоот ба лаҳзаи ҷории вақт.
Маълумотҳо
Маълумотҳо – қисми ташкилкунандаи иттилоот буда, аз ишораҳои қайдшуда иборат мебошанд. Тарзи бақайдгирии физикӣ дилхоҳ шуда метавонад: тағйирёбии сатҳ, тағйирёбии нишондиҳандаҳои барқӣ, магнитӣ, оптикӣ, тағйирёбии сохти химиявӣ ва ғ. Вобаста ба тарзи қайднамоӣ барандаи маълумотҳо муайян карда мешавад: қоғаз, тасмаҳои магнитӣ, дискҳо.
Хосиятҳои иттилоот бо хосиятҳои барандаҳои он зич алоқаманд мебошад. Барои иваз намудани баранда маълумотҳо табдил дода мешаванд. Масаълаи табдили маълумотҳо яке аз масъалаҳои асосии информатика мебошад. Ин аз он сабаб аст, ки ҳангоми автоматикунонии кор бо намудҳои гуногуни маълумотҳо, зарурати ба намуди ягона овардани маълумот ба вуҷуд меояд. Дар техникаи ҳисоббарор маълумотҳо дар намуди пайдарпаии ду рамзҳо ифода меёбанд: 0 ва 1. Чунин тарзи ифода намудани маълумотҳоро кодгузории дуӣ меноманд. Ҳар як рамзи 0 ва 1 бит номида мешавад (bit – намуди кўтоҳкардашудаи ибораи англисии binary digit – рақами дуӣ). Ирсоли битҳо (пайдарпаии дуӣ) байни таҷҳизотҳои технолгияҳои иттилоотӣ тавассути генератсияи ду ишора амалӣ мегардад: ба рамзи 1 импулси баланд – дар ноқил шиддати баланд (тақрибан 2В), ба рамзи 0 импулси паст – дар ноқил шиддати паст (тақрибан 0,5В) мувофиқ меояд. Суръати ивазшавии шиддат тавассути таҷҳизоти махсус – генератори тактӣ муайян мегардад. Бо суръати баланд ивазшавии шиддат пайдарпаии импулсҳоро ба вуҷуд меорад. Маҳз бо сабаби ба импулсҳо мувофиқ гузоштани пайдарпаии рақамҳои 0 ва 1, техникаи ҳисоббарорро баъзан техникаи рақамӣ (цифровая техника) низ меноманд. Принсипи кор бо техникаи ҳисоббарор ба идоракунии тақсимоти ишораҳои рақамӣ (яъне, импулсҳои ба рақамҳои 0 ва 1 мувофиқ гузошташуда) байни таҷҳизотҳо асос ёфтааст. Ҷараёни табдилдиҳии ишораҳои намуди дилхоҳ ба ишораҳои рақамӣ дискретизатсия ё худ табдилдиҳӣ ба рақамҳо номида мешавад.
Ҳоло, намуди беҳтарини ирсоли ишораҳо ва бо сифати баланд ифода намудани маълумотҳо тавассути таҷҳизотҳои рақамӣ – таҷҳизотҳое, ки бо ишораҳои рақамӣ кор мекунанд, амалӣ мегардад.
Барои ба пайдарпаии рақамҳои 0 ва 1 табдил додани маълумотҳо (яъне, барои кодгузории дуӣ) тарзҳо ва ҷадвалҳои гуногун истифода мешаванд. Ғайр аз ин, барои кодгузории маълумотҳои матнӣ як тарз истифода мешавад, барои маълумотҳои графикӣ ва овозӣ – тарзи дигар. Тарзҳои мазкурро мухтасар дида мебароем.
Маълумотҳои матнӣ – ин пайдарпаии рақамҳо, ҳарфҳои (англисӣ, русӣ ва забонҳои миллӣ) калон ва хурд, аломатҳои китобатӣ, рамзҳои асосии амалиётҳои арифметикӣ ва як қатор рамзҳои умумӣ мебошанд. Барои ба намуди дуӣ – битҳо, табдил додани маълумотҳои матнӣ якчанд системаҳои кодгузорӣ истифода мешаванд. Дар байни онҳо системаи нисбатан машҳур ва аз тарафи омма қабулшуда – ин системаи кодгузории ASCII (American Standard Code for Information Interchange) – коди стандартии амрикоии мубодилаи иттилоотӣ, мебошад. Системаи ASCII аз тарафи муассисаи стандартикунонии миллии Амрико – ANSI (American National Standard Instute), кор карда баромада шуда, амалӣ гаштааст. Муассисаи мазкур филиали амрикоии ташкилоти Байналхалқии стандартҳо – ISO (International Standard Organization) мебоша


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.