Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Информатсия: Хусусият ва моҳияти он

Информатсия маҷмўи маълумотест: ки аз муҳити атроф гирифта шуда (информатсияи воридшаванда): ба муҳити атроф паҳн карда мешавад (информатсияи паҳншаванда): ё дар дохили системаи махсус нигоҳ дошта мешавад. Информатсия дар шакли ҳуҷҷатҳо: нақшаҳо: расмҳо: матнҳо: садоҳо: ишораҳои равшанӣ: барқӣ инъикос карда мешавадИнформатсия: хусусият ва моҳияти он

Информатсия
Информатсия маҷмӯи маълумотест: ки аз муҳити атроф гирифта шуда (информатсияи воридшаванда): ба муҳити атроф паҳн карда мешавад (информатсияи паҳншаванда): ё дар дохили системаи махсус нигоҳ дошта мешавад.
Информатсия дар шакли ҳуҷҷатҳо: нақшаҳо: расмҳо: матнҳо: садоҳо: ишораҳои равшанӣ: барқӣ инъикос карда мешавад.
Информатсияҳамчун предмети илм дорои баъзе хусусиятҳои хоси худ мебошад. Якчанд хусусияти муҳими онро номбар мекунем.
Воҳидҳои ченкунииинформатсия: бит: байт (Б): килобайт (кБ): мегабайт (мБ): гегабайт (гБ) ва ғайра.
Компютер информатсияро бо комбинатсияи рақамҳои 0 ва 1 ба худ қабул мекунад: ки онро коди дуи меноманд. Дар аксарияти компютерҳо як рамз (ҳарфҳо: рақамҳо: фосилаи байни калимаҳо ва ғайра) бо ёрии коди ҳаштрақама навишта мешавад: ки онро коди ҳаштразряда (байт) меноманд.
Воҳидҳои стандартии ченакунии информатсия Бит ва Байт мебошанд. Бит ин воҳиди хурдтарини информатсия бо қиматҳои 0 ё ин ки 1 мебошад.
Байтвоҳиди ченакест: ки аз 8 рақами коди дуи (8 бит) иборат мебошад. Ғунҷоиши хотираи компютер бо байтҳо чен карда мешавад: бинобар ҳамин дар хотираи компютер як рамз баробари як байт аст.
1Б = 8 бит;
1кБ = 1024 Б;
1мБ = 1024 кБ;
1гБ = 1024 мБ.
Намудҳоиинформатсия. Информатсия матнӣ: садои: ададӣ: графикӣ: садоӣ: ишораи барқӣ ва ғайра мешавад. Барои дар компютер бо ҳар як намуди информатсия кор кардан: барнома лозим аст. Масалан барои кор бо матнҳо: протсессорҳои матнӣ: барои кор бо графикҳо–таҳриргари графикӣ ва ғайралозим аст.
Дар навбати худ информатсияи матниро дар компютер дар якчанд намудифода кардан мумкин аст: мактуб: факс: забонхат: ҷадвалҳо вағайра. Воҳиди хурдтарини матн ин рамз мебошад: ки боҳарфҳо: рақамҳо: аломатҳои китобатӣ: рамзҳои хизматӣ: фосилаҳои байни калимаҳо ифода меёбад. Коркарди информатсияи матнӣ ба воситаи компютеркодиронида мешавад: ки дар натиҷа матн ба амал меояд. Компютер бо худи ҳарфҳо кор накарда: балки бо кодҳои ҳарфҳо: ки аз комбинатсияи рақамҳои 0 ва 1 иборат мебошад кор мекунад. Ба ҳар як ҳарф коди мувофиқ гузошта мешавад: масалан барои ҳарфи «а» чунин код як намуд дошта: барои ҳарфи «А» дигар мебошад. Дар навбати худ ҳарфи В-и русӣ аз ҳарфи В-и лотинӣ фарқ мекунад: чунки кодҳои онҳо гуногун мебошанд. Дар натиҷа мо тугмаҳоро пахш карда: на ҳарф балки коди ҳарфҳоро барои коркарди информатсияи зарурӣ равон мекунем.
Информатсияи графикӣ аз расмҳо: нақшаҳо: ҷадвалҳо: графикҳо ва ғайраҳо иборат мебошад.
Як хусусияти информатсия -дақиқият мебошад. То кадом андоза ба воқеият наздик будани информатсияро нишон медиҳад.
Хусусияти дигари информатсия: мукаммалӣё дараҷаи гуногунҷабҳагии ифодаи объектҳо ва протсессҳо аст. Инчунин хусусияти дигари информатсия – фаҳмо будан мебошад. Хусусияти мазкур нишон медиҳад: ки информатсияи пешниҳодшуда ба одами дигар то кадом андоза фаҳмо аст. Аз ин рӯ вақте Шумо информатсияро медиҳед: кӯшиш намоед: ки он содда ва фаҳмо бошад.
Системаҳои ҳисобӣ
Маҷмӯъи усулҳои номдиҳи ва навишти ададро системаи ҳисобӣ (СХ) меноманд. Системаи ҳисобӣба мавкеӣ ва ғайри мавкеӣ ҷудо мешавад.
Намуди умумии системаи ҳисоби ғайримавқеии ин системаи ҳисобӣ римӣ мебошад: ки дар он: нақши рақамҳоро ҳарфҳо иҷро мекунанд:I – як: V – панҷ: X –даҳ: C – сад: L- панҷоҳ: D – панҷcад:M – ҳазор. Масалан: 34=XXXIV.Дар системаи ҳисобииғайримавқеӣ ҳисобкунии амалҳои арифметикӣ ноқулай ва мушкил аст: одатан он барои рақамгузории бобҳои китоб: кварталҳои сол ва ғ. истифода бурда мешавад.
Системаҳои хисобии мавкеӣ барои тасвири адад истифода бурда мешавад. Система хисобӣ: мавкеӣ номида мешавад: агар қимати рақам дар адад аз мавқеи ишғолкардааш вобаста бошад. Масалан: дар адади 446:4 раками 4 се маротиба такрор шудааст. Раками 4-и аз ҳама тарафи чап миқдори садиҳоро: раками 4-и дар ҷои дуюм буда миқдори даҳиҳо ва рақами 4-и баъди вергул бошад: миқдори воҳиди ҳиссаи даҳро муайян менамояд. Системаҳои ҳисоби дуӣ: ҳаштӣ: даҳӣ ва шонздаҳӣ мисоли системаҳои ҳисоби мавқеъӣ шуда метавонад. Барои навишти адади дилхоҳ дар системаи ҳисоби даҳӣ ҳамавақт даҳ рақамҳои гуногун 0: 1: 2: 3: 4: 5: 6: 7: 8: 9истифода бурда мешавад. Ин рақамҳоро рақамҳои базагии системаи ҳисоби даҳӣ меноманд. Худи адади даҳро асоси система меноманд. Қайд кардан лозим аст: ки асоси системаи ҳисоби мавқеи дилхоҳро ҳамчун пайдарпаии рақамҳои 1 ва 0: яъне 10 менависанд. Масалан: дар системаи ҳисоби шонздаҳӣ худи 16 ҳамчун 10 нависта мешавад.
Адади дилхоҳи Х-ро системаи ҳисоби мавқеи дилхоҳ: ки асосаш Р мебошад чунин навиштан мумкин аст:
(1)
Дар инҷо:
– рақамҳои базагии системаи ҳисобии мавқеӣ;
Р – асоси системаи ҳисобии мавқеӣ.
Рақамҳои базагии ситемаи ҳисобӣ бояд чунин интихоб карда шаванд:ки адади дилхоҳи Х ба намуди бисёраъзогии (1) навишта шавад.Масалан: дар системаи ҳисоби дуӣ рақамҳои базаги дуто 0 ва 1 мебошанд. Дар ситемаи ҳисоби даҳӣ рақамҳои базагии 10 то мебошанд (0: 1: 2: 3: 4: 5: 6: 7: 8: 9). Дар системаи ҳисоби 16-и миқдори рақамҳои базагӣ 16-то буда ғайри рақамҳои системаи ҳисоби даҳӣ: боз рақамҳои 10:11:12:13:14:15 мавҷуданд: ки ба ҷои онҳо харфҳои A: B: C: D: E: F истифода бурда мешаванд.
Асоси системаи ҳисобӣ ададе номида мешавад: ки воҳиди дараҷаи минбаъда аз воҳиди пештарааш чанд маротиба зиҳд буданро ифода кунад.
Шакли умумии навишти ададҳо иборат аз шакли навишти мухтасаркардашудаи ҷойгиркунӣ аз рӯи дараҷаҳои асосҳои системаи ҳисобӣ мебошад. Масалан:
13067810 =1·105+3·104+0·103+6·102+7·101+8
Дар мисоли мазкур 10 асоси системаи хисобӣбаҳисоб рафта: нишондиҳандаи дараҷа – ин шумораи (номер) мавқеи рақам дар навишти адад (ҳисоб аз чап ба рост: аз сифр шурӯъ мешавад) мебошад. Амалҳои арифметикиро дар системаи мазкур мутобиқи қоидаҳое иҷро мекунанд: ки ҳанӯз дар асрҳои миёна пешниҳод шуда буд. Масалан: барои ҷамъ кардани ду адади бисёрқиммата қоидаи ҷамъи сутуни истифода мешавад.
Проблемаи интихоби системаи ҳисобӣ барои ба хотираи компютер пешниҳод кардани ададҳо аҳамияти калони амалӣ дорад. Дар ҳолати интихоби он одатан чунин талабот – дилпурии ададҳои пешниҳодшуда ҳангоми истифодаи элементҳои физикӣ: сарфакорӣба эътибор гирифта мешавад.
Системаи хисобии дуи нисбатан маъмули барои ба хотираи компютер ворид кардани ададҳо мебошад. Барои тасвири ададҳо дар системаи мазкур ду рақам – 0 ва 1: яъне ду элементи физикии ҳолати устувордошта зарур аст. Ин система аз ҷиҳати сарфакорӣнисбатан қулай буда: илова бар ин ҷадвали ҷамъ ва зарб дар ин система содда мебошад (Ҷадвали 1).
Ҷамъ Тарҳ Зарб
1 0 0 1 1 0 1 10 1 0 0 1
+ + + + – – – – * * * *
0 1 0 1 0 0 1 1 0 1 0 1
1 1 0 10 1 0 0 1 0 0 0 1
Ҷадвали 1.

Азбаски 23=8 ва 24=16 аст: бинобар он се разряди (дараҷаи) адади дуӣ: як разряди ҳаштӣ ва чор разряди адади дуи як разряди шонздаҳи ҳосил мекунад. Аз ин рӯ барои кӯтоҳ намудани навишти суроғаҳо ва ҳар чизе: ки дар хотираи фаврӣи компютер мавҷуд аст: системаҳои ҳисобии шонздаҳӣ ва ҳаштиро истифода мебаранд.
Дар ҷадвали 2 аввалин 16 адади натуралии дар системаҳои ҳисобии даҳӣ: дуӣ: ҳаштӣ ва шонздаҳӣ навиштшуда нишон дода шудааст.
Ҷадвали 2.
10 2 8 16
0 0000 0 0
1 0001 1 1
2 0010 2 2
3 0011 3 3
4 0100 4 4
5 0101 5 5
6 0110 6 6
7 0111 7 7
8 1000 10 8
9 1001 11 9
10 1010 12 A
11 1011 13 B
12 1100 14 C
13 1101 15 D
14 1110 16 E
15 1111 17 F

Барои сохтани барнома ва дар дигар вазъиятҳо дар барномасозӣ проблемаи гардонидани ададҳо аз як системаи мавқеӣ ба дигараш актуалӣ мебошад.Агар асоси системаи нави ҳисобӣ аз ягон ҷиҳат ба системаи кӯҳнаи ҳисобӣ рост ояд: пас алгоритми гузариш хеле содда мебошад: аз тарафи рост ба чап ҳамаи дараҷаҳоро аз рӯи миқдорашон дар як гурӯҳи ба нишондиҳандаи баробараш муттаҳид карда: ин гурӯҳи дараҷаҳоро ба рамзи мувофики системаи ҳисобии нав иваз намудан лозим аст. Аз ин алгоритм ҳангоми истифодабарии гардонидани ададҳо аз системаи ҳисобии дуӣ ба ҳаштӣ ё шонздаҳӣ мувофиқ мебошад.
Масалан:1001012 = 458:10111002 = 5C16
Гардонидани ададҳо аз системаҳои ҳисобии ҳаштӣё шонздаҳӣ ба дуи мутобиқи тартиби чаппа иҷро карда мешавад: як аломати системаи кӯҳнаи ҳисобӣ ба гурӯҳи дараҷаҳои системаи нави ҳисобии миқдоран ба нишондиҳандаи қатори системаи нави ҳисобӣ баробар иваз карда мешавад. Масалан: 4328=100 0110102 Е516=11101012
Тавре дида мешавад: агар асоси як системаи ҳисобӣ аз ягон ҷиҳат ба дигараш мувофиқ ояд: пас гузариш ниҳоят содда мешавад. Дар ҳакикат аз қоидаҳои гардонидани ададҳо аз як системаи ҳисоби мавқеӣ ба дигараш истифода мешавад.
Тарзи гардонидани адад аз системаҳои ҳисобии дуӣ:ҳаштӣ ва шонздаҳӣбадаҳӣ чунин аст:
1. гузариш аз ситемаи шонздаҳӣба даҳӣ;
73В516=7·163+3·162+11·161+5·160=2962110
2. гузариш аз ситемаи ҳаштӣ ба даҳӣ;
4278=4·82+2·81+7·80=27910
3. гузариш аз ситемаи дуи ба даҳӣ;
10011112=1·26+0·25+0·24+1·23+ 1·22+1·21+1·20=7910

Барои гардонидани адад аз системаи ҳисобии даҳӣба системаи ҳисобии дуӣдар поён нишон дода шудааст:
барои гузариши қисми бутун. Адади дар системаи асосӣ мавҷуд бударо пай дар пай ба асоси системаи нави ҳисобӣ тақсим карда: бақияашро ҷудо мекунем. Рақамҳои бақияи аз рӯи тартиби чаппа навишташуда: адади дар системаи нави ҳисобӣ пайдошударо нишон медиҳад;
барои гузариши қисми касрӣ. Қисми касриро ба асоси системаи нави ҳисобӣ пай дар пай зарб зада:қисмҳои пурраро ҷудо менамоем: ки минбаъд дар системаи нави ҳисобӣ навишти қисми касрии ададро ташкил медиҳад.
Аз ҳамин қоида вақти аз системаи ҳисоби даҳӣ гузаштан қуллай аст: зеро мо ба арифметикаи он одат кардаем:
Мисол: 999:3510=1111100111: 010112

қисми бутун: қисми касрӣ:


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.