Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Мошини Электронии Ҳисоббарор

МЭҲ – мошини электронии ҳисоббарор, аввалин маротиба солҳои 40-50-уми асри гузашта барои автоматикунонӣ ва баланд намудани суръати ҳисобкуниҳо пайдо шудаанд. Дар солҳои 60-ум академик В.ММошини Электронии Ҳисоббарор
МЭҲ – мошини электронии ҳисоббарор, аввалин маротиба солҳои 40-50-уми асри гузашта барои автоматикунонӣ ва баланд намудани суръати ҳисобкуниҳо пайдо шудаанд.
Дар солҳои 60-ум академик В.М. Глушков ба се равияи глобалии фаъолияти инсон ишора намудааст, ки дар онҳо талабот ба истифодабарии МЭҲ мавҷуд мебошад:
автоматикунонии ҳисобкунӣ;
автоматикунонии системаи идоракунӣ;
масъалаҳои тафаккури сунъӣ.
Ҳоло МЭҲ дар идоракунӣ, маориф, тандурустӣ, экология ва ғ. истифода мешаванд. МЭҲ-и муосир маълумотҳои ададӣ, матнӣ, ҷадвалӣ, графикӣ, овозӣ ва видеомаълумотро коркард намуда метавонад.
МЭҲ – ин маҷмуи воситаҳои техникӣ ва барномавӣ мебошад, ки маълумотҳоро коркард намуда метавонад ва барои автоматикунонӣ ва ҳалли масъалаҳои истифодабарандагон пешбинӣ шудааст.
Истифодабаранда – ин шахс ё гурўҳи шахсоне, ки мувофиқи дархости онҳо коркарди маълумотҳо дар МЭҲ гузаронида мешавад.
Структураи МЭҲ – ин маҷмўи элементҳои техникӣ, барномавӣ, таҷҳизотӣ-барномавӣ ва алоқаи онҳо мебошад. Масалан, структураи техникӣ маҷмўи таҷҳизотҳои техникиро мефаҳмонад, ки аз онҳо МЭҲ ва алоқаи байниҳамдигарии онҳо таркиб ёфтааст. Донистани структураи МЭҲ барои таҳлили кори ҷузъҳои алоҳидаи (модулҳо) таҷҳизотӣ ва ҳам барномавӣ зарур аст.
Архитектураи МЭҲ – ин иерархияи бисёрсатҳии воситаҳои таҷҳизотӣ-барномавӣ мебошад, ки аз онҳо МЭҲ таркиб меёбад. Дар ҳар як сатҳ ташкил ва татбиқоти гуногун имконпазир аст. Татбиқоти мушаххаси сатҳҳо хусусиятҳои таркиби структуравии МЭҲ-ро муайян менамояд. Дар архитектураи МЭҲ масъалаҳои асосии ташкили ҳисобкуниҳо ҳалли худро меёбанд. Масалан, аз тарафи Ҷон фон Нейман чунин архитектураи МЭҲ-ҳои аввала муайян гардидааст: МЭҲ аз се сатҳи асосӣ иборат аст – протсессор, таҷҳизоти хотираи фаврӣ (ТХФ, «ОЗУ»), таҷҳизоти дохилкунӣ ва хориҷкунӣ (ТДХ, «УВВ»)
Нақшаи мазкур дар муайян намудани архитектураи наслҳои ояндаи МЭҲ нақшаи принсипиалӣ мешавад. Бинобар ин, онро баъзан принсипи сохти МЭҲ аз рўи Нейман меноманд. Таҷҳизоти техникӣ, ки амали протсессорро ба вуҷуд меорад, элементи базавии МЭҲ номида мешавад. Масалан, барои насли якуми МЭҲ вазифаи элементи базавиро лампаи электронӣ иҷро менамуд, барои насли дуюм – транзистор, барои насли сеюм – схемаи интегралӣ, барои насли чорум – схемаи интегралии калон (\”БИС»).
Ба таҳлили архитектура ва структураи МЭҲ мутахассисони зерин машғул мебошанд:
Муҳандис-схемотехникҳо – нақшаи таҷҳизотҳои алоҳидаи техникиро тартиб медиҳанд ва тарзҳои ҳамҷоянамоии онҳоро коркард менамоянд.
Барномасозони системавӣ – барномаҳои идоракунии воситаҳои техникиро тартиб медиҳанд, ки алоқа ва таъсироти байниҳамдигарии сатҳҳо ва ташкили ҷараёни ҳисобкуниро таъмин менамоянд.
Барномасозони татбиқкунанда – гурўҳи (баста, «пакет») барномаҳоро тартиб медиҳанд, ки алоқаи байниҳамдигарии истифодабарандагонро ҳангоми ҳал намудани масъалаҳои онҳо бо МЭҲ таъмин менамоянд.
Истифодабарандагон тавассути нишондиҳандаҳои зерин бо архитектура ва структураи МЭҲ, дар сатҳи нисбатан баланд дучор мешаванд ва алоқа менамояд


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.