Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Муҳаррири графикии «Paint»

Барномаи Paint (дар ибтидо PaintBrush) яке аз барномаҳое мебошад, ки аз ибтидои пайдоиши системаи оператсионии Windows ба таркиби он дохил мешавад. Барномаи Paint барои тартибдиҳии тасвирҳои растрӣ – тасвирҳое, ки аз нуқтаҳои рангаи новобаста иборат мебошанд, пешбинӣ шудааст. Одатан, ҳаҷми файлҳои барномаи Paint (файлҳои намуди *Муҳаррири графикии «Paint»
Барномаи Paint (дар ибтидо PaintBrush) яке аз барномаҳое мебошад, ки аз ибтидои пайдоиши системаи оператсионии Windows ба таркиби он дохил мешавад. Барномаи Paint барои тартибдиҳии тасвирҳои растрӣ – тасвирҳое, ки аз нуқтаҳои рангаи новобаста иборат мебошанд, пешбинӣ шудааст. Одатан, ҳаҷми файлҳои барномаи Paint (файлҳои намуди *.bmp) нисбати дигар файлҳои графикӣ (масалан, файлҳои намуди *.jpeg, *.gif) даҳҳо маротиба калон мебошад.
Барои коркарди тасвирҳо барномаи мазкур имкониятҳои на он қадар васеъро пешниҳод намуда метавонад, зеро он қабл аз ҳама на барои коркард, балки барои тартибдиҳии тасвирҳои содда пешбинӣ шудааст.
Истифодабарии имкониятҳои барномаи мазкурро навомўзон мустақилона омўхта метавонанд.
Қайд менамоем, ки тавассути менюҳои барнома – дар дигар намудҳои файлҳои графикӣ (масалан *.jpg, *.gif, *.png) сабт намудани файл, ба кунҷи муайян гардонидани тасвир, инъкоси оинавии тасвир, ба мизи корӣ гузоштани тасвир, аз сканер қабул намудани тасвир ва ғ. имконпазир аст.

Барномаи Microsoft Power Point
Барномаи Microsoft Power Point имконият медиҳад, ки файлҳои намоишӣ (Презентация) тартиб дода шаванд. Дар зери мафҳуми файлҳои намоишӣ чунин файлҳое, фаҳмида мешаванд, ки ҳангоми азназаргузаронии сабтҳои файл маълумотҳои он ба таври динамикӣ, пайдарпай пайдо шуда метавонанд. Чунин файлҳо, масалан, барои муаррифии лоиҳаҳо ё ҳисоботҳои корӣ, бизнес-нақшаҳо ё ба таври аёнӣ пешкаш намудани нақшаҳо ва структураҳои корхонаҳо истифода шуда метавонанд. Барномаи Power Point барои тартибдиҳӣ ва ба қолиби муайян даровардани чунин файлҳо имкониятҳои зиёдеро пешниҳод менамояд.
Қайд менамоем, ки истифодабарии файлҳои намоишӣ тавассути таҷҳизотҳои махсуси проектиронӣ самаранокии намоишро якчанд маротиба пурқувват менамояд. Ҳоло, дар аксарияти ҳолатҳо истифодабарии файлҳои барномаҳои ба монанди Power Point тавассути таҷҳизотҳои махсуси проектиронӣ амалӣ гашта истодааст.
Барнома хеле фаҳмо буда, омўзиши он донишҳои махсуси техникиро талаб наменамояд. Икониятҳои барномаи мазкурро бо таври мустақилона бомуваффақият омўхтан мумкин аст. Илова ба ин, оиди тарзҳои истифодабарии барнома дар адабиётҳои зиёде маълумотҳои мукаммал мавҷуданд


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.