Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Наслҳои МЭҲ

Аз рўи нишонаҳои элементи базавӣ, ташкили мантиқӣ-функсионалӣ, иҷроиши конструктивӣ-технологӣ, таъминоти барномавӣ, нишондиҳандаҳои техникӣ ва истифодабарандагӣ ва сатҳи дастрасшавии МЭҲ аз лаҳзаҳои ба вуҷуд омадани МЭҲ онро ба чор насл ҷудо менамояндНаслҳои МЭҲ
Аз рўи нишонаҳои элементи базавӣ, ташкили мантиқӣ-функсионалӣ, иҷроиши конструктивӣ-технологӣ, таъминоти барномавӣ, нишондиҳандаҳои техникӣ ва истифодабарандагӣ ва сатҳи дастрасшавии МЭҲ аз лаҳзаҳои ба вуҷуд омадани МЭҲ онро ба чор насл ҷудо менамоянд:
Насли I – аз миёнаи солҳои 40-ум то охири солҳои 50-ум;
Насли II – аз охири солҳои 50-ум то охири солҳои 60-ум;
Насли III – аз охири солҳои 60-ум то охири солҳои 70-ум;
Насли IV – аз ибтидои солҳои 80-уми асри гузашта.
Асосҳои назариявии насли якуми МЭҲ солҳои 30-уми асри гузашта дар тадқиқотҳои олими англис А. Тьюринг ва олими амрикоӣ Э.Поста кор карда баромада шудааст. Принсипҳои асосии сохти аввалин МЭҲ-ҳо аз тарафи олими амрикоӣ Ҷон фон Нейман ҳангоми сохтани якумин намунаҳои МЭҲ баён шудааст.
Мувофиқи баъзе маълумотҳо якумин МЭҲ солҳои 1944-1946 дар ШМА аз тарафи кормандони донишгоҳи Пенсилвания бо иштироки Ҷон фон Нейман сохта шудааст. Номи он ENIAC – мошини лампавии ҳисобкунӣ буд, ки 18 ҳазор лампаро дар бар дошта, 150 КВт қувваи барқро истифода менамуд. Аз ҳамин лаҳзаҳо сохтани насли якуми МЭҲ оғоз меёбад.
Ба сифати элементи базавии насли якуми МЭҲ лампаи электронӣ истифода мешуд, элементҳои боқимонда – резисторҳо, конденсаторҳо ва трансформаторҳо буданд. Барои сохтани хотираи фаврӣ (“ОЗУ – оперативное запоминающее устройство») сараввал системаи хотира дар асоси симоб истифода шуда, баъд аз миёнаи солҳои 50-ум асосҳои ферритӣ истифода мешуданд.
Ба сифати таҷҳизотҳои дохилкунӣ ва хориҷкунӣ сараввал воситаҳои стандартии телеграфӣ (телетайпҳо, перфоратори тасмагӣ) истифода мешуданд. Сипас, махсус барои МЭҲ таҷҳизотҳои хотиравии электромеханикӣ дар асоси тасмаҳои магнитӣ, барабанҳо, дискҳо ва таҷҳизотҳои суръатноки чопӣ кор карда баромада шуданд.
МЭҲ-ҳои насли якум андозаҳои калон, суръатнокии хурд (на зиёда аз 20 ҳазор амалиёт дар сония), хаҷми хурди хотираи фаврӣ, коршоямии на он қадар баланд ва таъминоти барномавии ба сатҳи кифоя инкишоф наёфта доштанд. Дар наслҳои якуми МЭҲ асосҳои сохти мантиқии МЭҲ татбиқ ёфта, имкониятҳои ибтидоии техникаи ҳисоббарори рақамӣ равшан гардидаанд.
Соли 1948 дар ШМА Уолтер Браттейн ва Ҷон Бардин транзисторро ба вуҷуд оварданд. Аз соли 1955 транзисторҳоро ба сифати элементҳои базавӣ истифода намуданд. Транзисторҳо лампаҳои электрониро иваз намуданд ва аз ҳамин вақт давраи насли дуюми МЭҲ оғоз меёбад. Дар натиҷаи чунин ивазнамоӣ андоза, масса ва қувваи барқи истифодашаванда ба миқдори назаррас кам мегардад. Насли дуюми МЭҲ нисбати насли якум дорои суръатнокии баланд (то 500 ҳазор амал дар сония), ғунҷоиши калони хотираи фаврӣ ва имкониятхои калони мантиқӣ ва ҳисобкунӣ буданд. Акнун МЭҲ аз рўи истифодабарӣ ба намудҳо ҷудо карда мешуд: мошинҳо барои ҳалли масъалаҳои илмӣ-техникӣ, итқисодӣ, биологӣ, тиббӣ ва ғ. Ба вуҷуд омадани имконияти барноманависӣ ва пайдо шудани забонҳои алгоритмӣ ҷараёни тайёр намудани масъалаҳоро барои ҳал намудан дар МЭҲ осон гардонид.
Дар давраи рушду нумўи насли дуюми МЭҲ дар қатори МЭҲ-и якбарномавӣ МЭҲ-и бисёрбарномавӣ низ пайдо шуданд. Дар МЭҲ-и якбарномавӣ барномаҳо пайдарпай иҷро мешуданд, дар мошинҳои бисёрбарномавӣ бошад, дар як вақт иҷроиши якчанд барномаҳо имконпазир мебошад.
Дар ИҶШС (СССР) аз солҳои 50-ум сар шуда, таҳти роҳбарии академик С.А. Лебедев аввалин МЭҲ-и шўравӣ сохта шуданд. Соли 1951 – МЭСМ (\”Малая Электронная Счетная Машина») дар Киев, соли 1952 – БЭСМ (\”Большая Электронная Счетная Машина») дар Москва. БЭСМ – 6, ки таҳти роҳбарии С.А. Лебедев сохта шудааст, дар тамоми ҷаҳон байни МЭҲ-и насли дуюм беҳтарин ҳисобида шуда, аз рўи архитектурааш ба МЭҲ-и насли сеюм монанд буд. БЭСМ – 6, ки суръатнокии баланд дошт (то 1 миллион амал дар сония), дар ҳисобкуниҳои илмӣ самаранок истифода шуда то соли 1981 истеҳсол мешуд.
Ба қатори насли дуюми МЭҲ мошинҳои Минск – 2, Минск – 22, Минск – 32 низ дохил мешаванд. Дар онҳо АЦПУ (\”алфавитно-цифровые печатающие устройства») ва перфокартаҳои коғазӣ барои дохилкунии маълумот истифода мешуданд.
Охири солҳои 60-ум МЭҲ-и насли сеюм аввалин маротиба бароварда шуд. Дар онҳо ба сифати элементи базавӣ схемаи интегралӣ истифода шуд. Схемаи интегралӣ – схемаи мураккаби транзисторӣ буда, қисми функсионалии мантиқан пурра мебошад. Бо истифодабарии схемаҳои интегралӣ то андозае беҳтар намудани нишондиҳандаҳои техникӣ ва истифодабарии МЭҲ муяссар гардид. Инчунин, гурўҳи таҷҳизотҳои дохилкунӣ ва хориҷкунии маълумот васеъ гардид. Тараққиёти системаҳои оператсионии мошинҳои бисёрбарномавӣ идоракунии МЭҲ-ро дар реҷаҳои гуногун имконпазир гардонид. Масалан, дар реҷаи тақсимоти вақт, барои аксарияти истифодабарандагон дар як вақт имконияти дастрасшавӣ ба МЭҲ дода мешуд.
Дар МЭҲ-и насли сеюм воситаҳои муоширатӣ бо МЭҲ тавассути истифодабарии дисплей васеъ карда шуданд. Ба шарофати он доираи истифодабарандагон, ки бевосита бо МЭҲ кор мекарданд васеъ гардид: олимон, донишҷўён, муҳандисон, иқтисодчиён, мактаббачаҳо ва ғ. Намояндагони насли сеюми МЭҲ дар ИҶШС – ЕС-1022, ЕС-1035, ЕС-1066, дар ШМА – IBM 360, IBM 370 буданд. Аз ҳамин вақт, дар асоси истифодабарии таъминоти барномавӣ гузариш аз истеҳсоли МЭҲ-и алоҳида ба истеҳсоли оилаи МЭҲ оғоз меёбад. Дар мошинҳои насли сеюм дар натиҷаи ҷудо шудани ҷараёни дохилкунӣ-хориҷкунии иттилоот ва коркарди он мураккабшавии структураи МЭҲ ба амал омад.
Аз миёнаҳои солҳои 70-ум истеҳсоли компютерҳои насли чорум оғоз ёфт, ки дар онҳо ба сифати элементҳои базавӣ схемаҳои интегралии калон (БИС) истифода мешуданд. Суръатнокии насли чоруми МЭҲ садҳо миллион амалро дар сония ташкил медод. Дар қатори баланд шудани нишондиҳандаҳои техникӣ ва истифодабарандагӣ алоқаи байни структураи компютер ва таъминоти барномавии он, хусусан бо системаи опреатсионии он зич мегардад.
Соли 1971 дар ИМА микропротсессор сохта шуда, аз ҳамин вақт тараққиёт ва истеҳсоли босуръати компютерҳои фардӣ оғоз мешавад. Соли 1975 дас асоси протсессори Intel (Intel 8080, Intel 8088) аввалин компютери фардии оммавӣ – IBM PC сохта шуд.
Ширкати Intel (INTegratid Electronics, соли 1968 ташкил шудааст) байни истеҳсолкунандагони микропротсессорҳо ҷои якумро ишғол менамояд. Соли 1971 аз тарафи ширкати Intel микропротсессори Intel 4004 бароварда шуд. Ташкилкунандагони ширкати Intel – Роберт Нойс ва Гордон Мур мебошанд. Роберт Нойс соли 1958 якумин схемаи интегралии саноатиро (Chip) ихтироъ намуд, Гордон Мур бошад, соли 1965 қонунеро ифшо намуд, ки мувофиқи он тавоноии протсессорҳо бояд дар ҳар 24 моҳ ду маротиба афзоянд. То солҳои охир (аниқтараш то соли 1995) қонуни Мур аз тарафи саноати компютерӣ тасдиқ шудааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.