Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Почтаи электронӣ

Почтаи электронӣ – яке аз имкониятҳои қадимаи Интернет мебошад. Дар ибтидо, аксарияти шабакаҳо, танҳо чунин имкониятро пешниҳод менамуданд. Тавассути почтаи электронӣ қариб тамоми намуди маълумотҳоро ирсол намудан мумкин аст. Ба матни навишташуда файли андозааш кифоя калонро низ ҳамроҳ намудан мумкин астПочтаи электронӣ

Почтаи электронӣ – яке аз имкониятҳои қадимаи Интернет мебошад. Дар ибтидо, аксарияти шабакаҳо, танҳо чунин имкониятро пешниҳод менамуданд. Тавассути почтаи электронӣ қариб тамоми намуди маълумотҳоро ирсол намудан мумкин аст. Ба матни навишташуда файли андозааш кифоя калонро низ ҳамроҳ намудан мумкин аст. Масалан, агар шумо ба рафиқатон мактуб навиштанӣ бошед, ба он расми худ ё иттилооти овозиро ҳамроҳ намуда метавонед.
Андозаи калонтарини мактуб аз қуттии почтаи шумо вобаста аст – яъне, аз андозаи хотираи дискии аз тарафи провайдер барои қуттии почтаи шумо ҷудошуда. Масалан, ҳоло андозаи қуттии почта ба 100 Мб расида метавонад. Лекин, бо вуҷуди он, бо мақсади риоя намудани меъёрҳои маданияти шабакавӣ, ирсол намудани мактубҳои ҳаҷми на зиёда аз 1 Мб дошта тавсия мешавад.
Барои пайдо намудани қуттии почтаи шахсӣ, дастрас шудан ба Интернет кифоя мебошад. Масалан, суроғаи почтаи мо kafedraivs@mail.ru мебошад. Дар ин ҷо: kafedraivs – номи (номи шарти) истифодабаранда, mail.ru – номи сервер ва домен буда, бо аломати махсуси – @ қисмҳои номбаршуда аз ҳамдигар ҷудо шудаанд. Умуман, бо ёрии саҳифаҳои махсуси Интернет аз рўи суроғаи почта ному насаби аксарияти истифодабарандаро дарёфт намудан мумкин аст ва баръакс. Лекин, қайд менамоем, ки майдони ҷустуҷўии чунин системаҳои ҷустуҷўӣ танҳо суроғаҳои провайдерҳои асосиро фаро мегирад. Суроғаҳои почта низ бисёр мебошанд – дар Интернет ташкилотҳои зиёд мавҷуданд, ки қуттиҳои бемаблағи почтаро пешниҳод менамоянд.
Истифодабарандагони ботаҷриба одатан, якчанд суроғаҳои почта доранд – яке барои кор, дуюмин барои мактубҳои шахсӣ ва ғ. Қуттиҳои бемаблағи почта инчунин, барои нигоҳ доштани сирри истифодабаранда низ истифода шуда метавонанд ва масалан, аз рўи суроғаи почта муайян намудани шахсияти истифодабаранда номумкин мешавад.
Як қатор чунин саҳифаҳоро номбар намудан мумкин аст, ки имконияти бе маблағ кушодани қуттии почтаро медиҳанд:
1. Mail.ru
2. Narod.ru
3. Newmail.ru
4. Rambler. ru
5. Yandex. ru ва ғ.
Серверҳои мазкур аз ҳамдигар бо суръат ва устувории кор, андозаи қуттии почтаи пешниҳодшаванда ва инчунин, бо намуди дастрасшавӣ ба маълумоти почта фарқ мекунанд.

Қуттиҳои мукаммали почта
Чунин воситаҳо протоколи РОР3-ро истифода мебаранд ва ба онҳо тавассути барномаҳои оддии почта – масалан, Outlook Express дастрас шудан мумкин аст. Дар ин вақт, шумо қуттии почтаи худро бевосита барои ирсол ё қабул намудани маълумотҳо истифода намуда метавонед.
Қуттиҳои почта бо дастрасшавӣ тавассути WWW
Дар ин вақт ба шумо на танҳо қуттии почта балки, Web-саҳифаи мукаммал пешниҳод мешавад. Дар ин саҳифа шумо азназаргузаронии қуттии почтаи худ, ирсол ва қабул намудани мактубҳо ва дигар амалиётҳоро бо маълумотҳо иҷро намуда метавонед. Дастрасшавӣ ба чунин қуттӣ-саҳифа танҳо бо ном ва сирркалима имконпазир мебошад. Яке аз афзалиятҳои асосии чунин намуди ташкили почтаи электронӣ дар он аст, ки мактуби ирсолнамударо дар дилхоҳ компютери ба шабака пайвастбуда, ки бо сабабҳои гуногун дар он барномаи махсуси почтагӣ насб нашудааст, хондан мумкин аст. Зеро, барои дар чунин реҷа бо почта кор кардан, имкониятҳои Web-намоишгари муқаррарӣ кифоя мебошад ва ба чунин намуди хизматрасонӣ аз дилхоҳ марказҳои Интернет – китобхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ғ. дастрас шудан мумкин аст.

Қуттиҳои виртуалии почта
Аксарияти паҳнкунандагони хизматрасонии бемаблағи почтаи электронӣ бо баробари пешниҳод намудани андозаҳои кифоя калони хотираи дискӣ, захираҳои худро то ҳадди имкон сарфакорона истифода мебаранд. Масалан, барои маълумотҳои қабулшуда беҳтар мешавад, ки онҳо пурра ба нуқтаи аз тарафи истифодабаранда қайдшуда интиқол дода шаванд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.