Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


Сохторҳои асосии компютерҳои фардӣ

Блоки системавӣ қисми асоситарини компютер ба ҳисоб меравад. Дар дохили блоки системавӣ манбаи барқ, микропротсессор, хотира ва дигар элементҳои идоракунанда ва таъминкунандаи кори компютер ҷойгир шудаанд. Манбаи барқ – барои ҷараёни электрики тағйирёбандаро ба ҷараёни доимӣ додан хизмат мекунадСИСТЕМАХОИ ОПЕРТСИОНӢ.
СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ WINDOWS

Таърихи пайдоиш
Кор бо системаи оператсионии MS DOS одатан, тавассути интерфейси матнӣ амалӣ мегардад, ки дар фармонҳои аз клавиатура дохилшавандаи системаи оператсионӣ асос ёфтааст. Фармонҳои системаи оператсионии MS DOS зоҳиран ба пайдарпаии рамзҳо монанд буда, аз истифодабаранда аниқ донистани синтаксиси фармонҳоро талаб мекунанд. Зеро, дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои синтаксисии фармонҳо муоширати истифодабаранда бо компютер амалӣ намегардад.
Чӣ тавре, ки маълум аст, бо мақсади осон намудани муоширати истифодабаранда бо MS DOS барномаҳои махсус, масалан, – Norton Commander кор карда баромада шудааст, ки истифодабарандаро аз муҳити фармонии MS DOS озод намуда метавонад.
Ҳоло бошад, интерфейсҳои графикии муширати истифодабаранда бо компютер мақоми аввалиндараҷа доранд ва яке аз системаҳои оператсионии графикии хеле паҳншуда – системаи оператсионии Windows аз корпоратсияи Microsoft мебошад. Интерфейси графикии Windows дар мафҳуми «оина» асос ёфтааст ва баъзан, онро интерфейси оинавӣ низ меноманд. Нақши марказии оинаҳо дар номи худи системаи оператсионӣ (Windows – оинаҳо) таҷассум ёфтааст. Хусусияти хоси чунин интерфейсро қабл аз ҳама оинаҳо ва инчунин, тасвирҳои хурди бо осонӣ дар хотир нигоҳдошташаванда – рамзҳо (тугмачаҳо, пиктограммаҳо) ташкил медиҳанд. Тавассути пахши чунин тугмачаҳои виртуалӣ амалиётҳои мувофиқ иҷро мешаванд ва чунин ташкили одии кор ба аксарияти истифодабарандагон маъқул шудааст.
Он солҳое, ки тартибдиҳии Windows оғоз шуда истода буд, аҳамияти махсус ба муҳитҳои муттаҳидшуда дода мешуд. Масалан, ширкати VisiCorp – тартибдиҳандаи ҷадвали электронии VisiCalc бо тартибдиҳии бастаи Vision машғул буд, ки дар реҷаи матнӣ кор карда бо мушак низ идора карда мешуд. Баста бо мақсади муттаҳид намудани якчанд барномаҳо пешбинӣ шуда буд. Ширкати Quarterdesk бошад, муҳити бисёрвазифагии DESQView-ро кор карда мебарояд.
Корпоратсияи Microsoft дар ин самт роҳи дигарро интихоб менамояд. Microsoft дар назди худ мақсади тартибдиҳии муҳити графикиро мегузорад, ки барои таҳиягарони барномаҳои амалӣ асоси (платформа) стандартӣ бошад. Ба таҳиягарони барномаҳо пешниҳод намудани тамоми функсияҳои насбшуда барои амалигардонии интерфейси муоширатӣ ва ҷузъҳои он – оинаҳо, меню, лавҳаҳои муоширатӣ ва ғ. пешбинӣ шуда буд.
Баромадани аввалин навъи Windows хеле тўл кашида буд ва якчанд маротиба намоиши он ба дигар вақт гузаронида мешуд. Дар ниҳоят вақте, ки корпоратсияи Microsoft дар намоишгоҳи Comdex моҳи ноябри соли 1985 дар Лас-Вегас конфронс ташкил менамояд, навъи аввалини системаи оператсионии – Windows 1.0 пешниҳод мешавад.
Лекин, дар муқоиса бо интерфейси Macintosh, ки он вақт ҳаводорони худро пайдо намуда буд, ояндаи муҳити акнун тавлидёфтаи Windows 1.0 на он қадар дурахшон менамуд. Масалан, дар Windows 1.0 оинаҳо аз болои ҳамдигар ҷойгир шуда наметавонистанд ва инчунин, мафҳуми мизи корӣ (desktop) амалӣ нагашта буд.
Соли 1987 навъи Windows 2.0 мебарояд, ки нисбати навъи ибтидоии он Windows 1.0 як қатор имкониятҳои иловагиро соҳиб шуда буд. Оинаҳои аз болои ҳамдигар ҷойгиршаванда, тугмачаҳои барқароркунӣ ва кушодани оинаҳо, имконияти ҷойивазкунии оинаҳо дар экран, ҷорӣ намудани тарзҳои клавиатурии иҷроиши фармонҳои стандартӣ ва функсияҳои меню ва ғ. номбар намудан мумкин аст.
Моҳи майи соли 1990 навъи Windows 3.0 пешниҳод шуд. Дар он дастгирии реҷаи ҳифзшуда амалӣ гашта буд, ки дар натиҷа имконияти ба барномаҳои амалӣ пешниҳод намудани фазои нисбатан зиёди хотиравӣ (то 16 Мб) пайдо шуда буд. Имконияти дар оина иҷро намудани DOS-барномаҳо ва бисёрмасъалагии шартӣ (псевдомногозадачность) татбиқ шуда буд. Интерфейси система низ мукаммалтар буд; дар ин қатор барномаи идоракунии файлҳо – File Manager ва Program Manager, воситаи омодасозии система – Control Panel, илованамоии шрифтҳои мутавозеъ, тасмаҳои варақгардонӣ ва ғ. номбар намудан мумкин аст.
Маҳз аз ҳамин навъ оғоз карда, аксарияти ширкатҳо-истеҳсолкунандагон маҳсулотҳои худро бо ибораи «for Windows» ишора менамуданд.
Ба мукаммалии худ нигоҳ накарда Windows 3.0 як қатор норасоиҳо дошт: нокифоягии захираҳои системавӣ, хатогиҳои системавии зиёд ва ғ. Ҳалли масаъалаҳои мазкур ба пайдоиши навъи Windows 3.1 оварда расонид, ки дар ибтидо танҳо ҳамчун навъи мукаммалгаштаи Windows 3.0 пешбинӣ шуда буд. Лекин, навъи мазкур, ки дар он дастгирии шрифтҳои масштабиронишавандаи технологияи TrueType татбиқ шуда, як қатор хатогиҳо назаррас ислоҳ шудаанд, онро ба маҳсулоти мукаммал табдил медиҳанд. Бинобар он, аксарияти мутахассисони солҳои 90-уми бо системаҳои оператсионии Windows кор карда, навъи Windows 3.1-ро беҳтар мешиносанд. Дар навъи мазкур татбиқи протоколи ҳуҷҷатҳои таркибии OLE, протоколи Drag-and-Drop ва дигар имкониятҳо оғоз шуда буд.
Моҳи ноябри соли 1992 корпоратсияи Microsoft навъи нисбатан мукаммалшудаи Windows – Windows for Workgroups 3.11-ро мебарорад, ки аввалин системаи Windows бо дастгирии воситаҳои шабакавӣ буд. Системаи мазкур имконияти ба як шабака (шабакаи яксатҳӣ) муттаҳид намудани якчанд компютерҳоро пешниҳод менамуд. Акнун, барои ташкил намудани шабака аз ҷиҳати барномавӣ имкониятҳои танҳо Windows кифоя мешуданд. Дар Windows for Workgroups аввалин маротиба драйверҳои 32-разрядии таҷҳизотҳои виртуалӣ (VxD) истифода мешуданд. Инчунин, системаи мазкур дар реҷаи ҳифзшудаи микропротсессорҳои 386-ум кор карда, бо ҳамин давраи микропротсессорҳои 286-ум ба анҷом расонида мешавад.
Моҳи июли соли 1993 Windows NT (3.51) ҳамчун системаи оператсионии сатҳи баланд барои компютерҳои навъи high-end бароварда мешавад. Системаи оператсионии мазкур аз ибтидо ҳамчун системаи оператсионии шабакавӣ пешбинӣ шуда буд, ки ҳам ба сифати сервер ва ҳам ба сифати стансияи корӣ кор карда метавонист. Windows NT–ро ҳамчун идомаи силсилаи Windows 3.х қабул намудан на он қадар саҳеҳ мешавад, зеро ба монандии зоҳирии онҳо нигоҳ накарда, системаи мазкур моҳиятан дигар аст. Windows NT ҳамчун система бо муътамадӣ ва устувории баланд тартиб дода шудааст ва гуфтан мумкин аст, ки чунин нақшаи таҳиягарон асосан амалӣ гаштааст.
Моҳи августи соли 1995 системаи оператсионии Windows 95 бароварда шуд. То баромадани он садҳо ҳазор beta-навъҳои системаи оператсионӣ фурўхта мешаванд. Баромадани Windows 95 ба як ҳодисаи марказии соли 1995 табдил меёбад. Воситаҳои ахбороти умумӣ, рўзномаву маҷаллаҳо ва тамоми ширкатҳои компютерӣ чунин навоварии соҳаи информатикаро пешвоз мегирифтанд. Ширкатҳо-истеҳсолкунандагон барои соҳиб шудан ба тамғаи “Designed for Windows 95” талош мекарданд. Сабаби чунин овозаҳо оддӣ буд – пайдоиши системаи оператсионии дар ҳақиқат мукаммал.
Ба истифодабарандагон афзалиятҳои интерфейси ба объект нигаронидашуда, аз ҷумла мизи корӣ ва рамзҳои ҳақиқӣ, нусхагирӣ ва ҷойивазкунӣ тавассути технологияи drag-and-drop, бастаҳои қабатнок, системаи файлӣ, ки номҳои дарози файлҳоро дастгирӣ мекунад ва ғ. пешниҳод шуданд. Инчунин, интерфейси барноманависии амалии 32-разрядӣ (API), фазоҳои ҳифзшудаи суроғавӣ барои барномаҳои 32-разрядии хоси система, ба равандҳо тақсим намудани барномаҳои амалӣ ва истифодабарии васеи драйверҳои виртуалиро номбар намудан мумкин аст, ки ба қатори афзалиятҳои Windows 95 дохил мешуданд.
Системаҳои оператсионии MS DOS, Windows 95 ва Windows NT (инчунин, OS/2) дар ҷадвали ҷойгиршавии файлҳо майдонҳои 16-разрядиро амалӣ мегардонанд. Чунин системаи файлӣ FAT 16 номида мешавад. Он имконият медиҳад, ки дар FAT-ҷадвалҳо на зиёда аз 65536 сабтҳо (216) оиди мавқеи қиматҳо ҷойгир карда шаванд. Аз ҳамин сабаб навъҳои ибтидоии системаҳои оператсионии мазкур одатан, бо дискҳои сахти ҳаҷми зиёда аз 2 Гб дошта кор карда наметавонистанд.
Аз навъи Windows 98 оғоз шуда, системаҳои оператсионии Windows системаи файлии нисбатан мукаммали FAT 32-ро бо майдонҳои 32-разрядии ҷадвали ҷойгиршавии файлҳо таъмин менамоянд. Чунин хусусияти системаҳои оператсионӣ имконияти истифодабарии дилхоҳ диски сахти ҳозираро медиҳанд.
Ҳамин тавр, корпоратсияи Microsoft соли 1998 системаи оператсионии Windows 98–ро пешниҳод менамояд. Система ҳам барои компютери фардӣ ва ҳам барои ташкил намудани шабакаи локалӣ имкониятҳои кифоя дорад. Ғайр аз ин, дар системаи мазкур ба истифодабарандагон имконияти пайваст намудани компютерҳо ба шабакаи глобалии Интернет пешниҳод шудааст.
Пас аз ин, системаҳои оператсионии Windows Ме/2000 мебароянд. Вале, дар амал истифодабарандагон асосан Windows 98-ро истифода менамуданд.
Дар ниҳоят соли 2001 аз тарафи корпоратсияи Microsoft навъи охирини Windows – Windows ХР пешниҳод мешавад, ки ҳоло яке аз системаҳои оператсионии паҳншудатарин мебошад. Дар Windows ХР тамоми норасоиҳои системаҳои гузашта то ҳадди имкон ислоҳ шуда, як қатор имкониятҳои нав илова шудаанд.
Тарзҳои истифодабарӣ ва хусусиятҳои кори системаҳои оператсионии муосири навъи Windows-ро як қатор маводҳо ба забони англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ ба таври мушаххас муҳокима намудаанд. Дар ин қатор мафҳумҳои мизи корӣ, баста (папка, каталог), кор бо файлу бастаҳо, идоракунии хусусиятҳои файлҳо, насбнамоӣ, иҷроиш ва хориҷ намудани барномаҳо, насб намудани таҷҳизотҳои нав ва дигар имкониятҳои системаҳои оператсиониро номбар намудан мумкин аст.
Ғайр аз функсияҳои асосӣ, системаҳои оператсионии муосир функсияҳои иловагии гуногунро пешниҳод намуда метавонанд. Масалан:
• имконияти дастгирии шабакаи локалии компютерӣ бе истифодабарии таъминоти барномавии махсус;
• таъмин намудани дастрасшавӣ ба имкониятҳои асосии Интернет бо ёрии воситаҳое, ки ба системаи оператсионӣ насб шудаанд;
• бо воситаҳои системавӣ имконияти тартибдиҳии сервери Интернет, идоранамоӣ ва омоданамоии он;
• мавҷудияти воситаҳои ҳимоякунандаи маълумотҳо аз дастрасшавӣ, азназаргузаронӣ ва тағйирдиҳии беиҷозат;
• имконияти ба таври махсус ба танзим даровардани намуди зоҳирии муҳити корӣ;
• имконияти таъмин намудани кори новобастаи якчанд истифодабарандагон дар як компютер бо нигоҳдории омоданамоии шахсии муҳитҳои кории ҳар яке аз онҳо;
• имконияти иҷроиши автоматикии амалиётҳои омоданамоии компютер мувофиқи нақшаи додашуда ё таҳти идораи сервери дар масофаи калон воқеъбуда;
• имконияти кор бо компютер барои шахсоне, ки нуқсонҳои ҷисмӣ доранд.
Ғайр аз имкониятҳои номбаршуда, системаҳои оператсионии муосир дорои бастаи таъминоти барномавии амалӣ мебошанд, ки онҳоро дар масъалаҳои оддитарини ҳаррўза истифода намудан мумкин аст:
• хониш, муҳаррирӣ ва чопи ҳуҷҷатҳои матнӣ;
• тартибдиҳӣ ва муҳарририи тасвирҳои оддӣ;
• иҷроиши ҳисобкуниҳои арифметикӣ ва математикӣ;
• ташкил намудани рўзномаҳо ва қайдҳои корӣ;
• тартибдиҳӣ, ирсолнамоӣ ва қабулнамоии ахборотҳои почтаи электронӣ;
• тартибдиҳӣ ва муҳарририи ахборотҳои факсӣ;
• хониш ва муҳарририи сабтҳои овозӣ;
• хониши видеосабтҳо;
• тартибдиҳӣ ва хониши ҳуҷҷатҳои электронии комплексӣ, ки матн, графика, сабтҳои овозӣ ва видеоро дар бар мегиранд.
Бо ин, имкониятҳои системаҳои оператсионӣ ба охир намерасанд. Бо баробари тараққиёти воситаҳои таҷҳизотии технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои алоқа функсияҳои системаҳои оператсионӣ бефосила васеъ шуда истода, воситаҳои иҷрокунандаи онҳо мукаммал шуда истодаанд.

Барномаҳои стандартии Windows
Ба таркиби системаи оператсионии Windows гурўҳи калони барномаҳои стандартӣ дохил мешаванд. Онҳо барои иҷроиши намудҳои гуногуни амалиётҳои ҳаррўзаи истифодабарандагон пешбинӣ шудаанд. Дар навбати худ, барномаҳои стандартӣ ба чунин қисмҳо ҷудо мешаванд:
• барномаҳои стандартӣ;
• барномаҳои хидматӣ;
• барномаҳои мултимедиавӣ;
• воситаҳои махсус.

Ба қатори барномаҳои стандартӣ барномаҳои тартибдиҳии ҳуҷҷатҳои оддитарин, тартибдиҳӣ, коркард ва намоиши тасвирҳои на он қадар мураккаб, ҳисобкуниҳои оддии математикӣ ва ғ. дохил мешаванд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.