Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Таърих ва предмети илми информатика

Информатика илмест, ки ҷиҳатҳои ғункунӣ, нигоҳдорӣ, коркардабароӣ ва паҳнкунии (интиқоли) информатсияро (ахборро) меомузад. Информатика дар нимаҳои асри гузашта, вақте баривоҷ гифтан оғоз намуд, ки таҷҳизотҳои махсус – компютерҳои дорои имкониятҳои дар хотир нигоҳ доштан ва табдил додани информатсияро дошта ихтироъ карда шуд, ки дар асоси онҳо инқилоби компютерӣ ба амал омадТаърих ва предмети илми информатика
1.Таърихи информатика

Информатика илмест, ки ҷиҳатҳои ғункунӣ, нигоҳдорӣ, коркардабароӣ ва паҳнкунии (интиқоли) информатсияро (ахборро) меомузад. Информатика дар нимаҳои асри гузашта, вақте баривоҷ гифтан оғоз намуд, ки таҷҳизотҳои махсус – компютерҳои дорои имкониятҳои дар хотир нигоҳ доштан ва табдил додани информатсияро дошта ихтироъ карда шуд, ки дар асоси онҳо инқилоби компютерӣ ба амал омад.
Пайдо шудани компютерҳо (мошинҳои ҳисоббарор) дар солҳои 50-ум, дар тараққиёти информатика замина гузошт, ки барои дар хотир нигоҳ доштан ва коркарди информатсия шароит фароҳам овард. Аммо одамон то замони пайдо шудани компютерҳо ҳам ба информатсия сарукор доштанд. Аз замони «абакҳо»-и қадим, ки то замони мо дар шакли чутҳои идораҳо истифода мебурданд, ки барои коркарди информатсияи ададӣ (рақами) сохта мешуданд. Таҷҳизотҳои механикӣ ба монанди арифмометрҳо, мошинҳои тугмадори хисобии барқӣ, техникаи ҳисоббарорию таҳлилӣ ва дигар таҷҳизотҳо ба вазифаҳое нигаронида мешуданд, ки татбиқи онҳо минбаъд дар компютерҳо пурра ҳалли худро ёфтаанд.
Ба ғайр аз информатсияи ададӣ дар назди назари мутахассисон ҳамеша информатсияи матни (рамзӣ) ҳам мавҷуд буд, ки ба мо дар шакли матнҳо бо забони муқаррарӣ, ҳисоботҳо дар бораи корҳои анҷом дода шуда, маълумотномаҳои муассисаҳо, мактубҳо ва ғайра маълуманд. Барои дар хотир нигоҳ доштан ва коркарди чунин информатсия инчунин дигар намудҳои таҷҳизотҳо сохта мешуд. Намуди оддии он, ҷузвдонҳое мебошанд, ки дар каталогҳои он номгуи китобҳо дар картаҳои навишташуда нигоҳ дошта мешавад. Чунин каталогҳо одатан дар китобхонаҳо васеъ истифода мешавад. Аммо дар қартаҳо дигар информатсияи ба низом даровардашударо ҳам, ки бо забони муқаррарӣ махсус навишта шудааст, нигоҳ доштан мумкин аст.
Кўшишҳои механикӣ, сипас автоматикунонии тартибу қоидаҳои ҷустуҷўи информатсия дар каталог ба пайдо шудани усулҳои илми ҳуҷҷатнигорӣ мусоидат намуд. Системаҳои дастӣ ва автоматии ҷустуҷўи информатсия маҳсули илми ҳуҷҷатнигорӣ мебошад.
Компютер ҷараёни нигоҳ доштан ва коркарди информатсияи ададӣ ва ҳам информатсияи матниро дар худ таҷассум намуд. Маҳз бо ҳамин сабаб пайдоиши компютер оғози пайдоиши илми нав гардид.
Калимаи «информатика» дар мамлакати мо ба зудӣ маъмул нагаштааст. Дар оғоз тадқиқотеро, ки ба истифодаи информатсия дар системаҳои идоракунӣ мавҷуд буд, кибернетика меномиданд ва ҳамин мафҳум дар забони мо синоними информатика шуд. Аммо баъдтар маълум гашт, ки кибернетика соҳаи мустақили илм буда, танҳо як қисми информатика аст.

2 Предмети илми информатика

Ҳар як илм предмети омўзиши худро дорад. Дар физика ҳодисаҳои табиат, дар фалсафа – қонунҳои умумии тараққиёти табиат ва ҷомеа омўхта мешавад. Информатика ҳам предмети худро дорад ва он информатсия ном дорад.
Информатсия – мафҳуми фундаменталӣ мебошад, аз ин рў пурра муайян кардани он ба воситаи мафҳумҳои нисбатан оддӣ ғайри имкон аст. Ҳар як тафсири муайянкунии информатсия дорои ягон ҷиҳати номукаммалӣ мебошад.

Ба таври оддӣ информатсия маҷмўъи маълумот ва донишҳоест, ки мо аз он истифода мебарем.
Ба маънои васеъаш информатсия инъикоси олами воқеӣ буда, дар шакли ишораҳо (сигналов) ва нишонахо (знаков) ифода меёбад. Ишораҳо хусусиятҳои физикии протсессҳо ва объектҳоро инъикос менамоянд.
Ниҳоят, предмети информатика – информатсия мебошад.
Усулҳои омўзиши он – тарз ва технологияи дастрас кардан, нигоҳ доштан, кор карда баромадан ва паҳн намудани информатсия мебошад.
Воситаи кор бо информатсия – компютер мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.