Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Таърихи пайдоиши компютер (МЭҲ)

Аввалин маротиба мошини ҳисобӣ ба таври механикӣ коркунандаро олими барҷастаи фаронсавӣ Блез Паскал дар соли 1642 ихтироъ кард ва дар соли 1645 сохт. Компютери механикии Паскал амалҳои ҷамъ ва тарҳро иҷро карда метавонист ва онро «Паскалина» ном гузоштандТаърихи пайдоиши компютер (МЭХ)

Одамон хисобро дар ангуштони худ омўхтаанд. Вақте, ки ин амал камӣ кард,таҷҳизотҳои оддии ҳисобӣ пайдо шуд. Дар байни онҳо абак ҷойи асосиро ишғол намуда дар замони қадим васеъ истифода мешуд.
Абак сохтан кори мушкил нест. Танҳо дар болои тахтаварақ хатҳои рост кашидан ё дар болои хок сутунҳо кашидан кифоя аст. Ба ҳар як сутун қиммати дараҷаи ададҳо дода мешуд, дараҷаи воҳидҳо, дараҷаи даҳиҳо, садиҳо,ҳазориҳо ва ба ҳамин монанд дараҷаҳои дигар. Ададҳо ба воситаи сангрезаҳои дар сутунҳои ба дараҷаҳо ҷудошуда ишора мешуд. Аз ин ё он сутун миқдори муайяни сангрезаҳоро кам ё зиёд карда, амали ҷамъ ё тарҳ,ҳатто зарбу тақсимро иҷро кардан мумкин буд. Ба воситаи ин таҷҳизоти оддӣҳатто зарбу тарҳи чандкаратаро ҳам иҷро мекарданд.
Мутобиқи принсипи кор чути русӣ ба абакҳо бисёр монанд мебошад. Дар чут ба ҷойи сутунҳо ҳарактдиҳанда симҳои уфуқӣ мегузоранд ва ба он мўҳраҳо ҷой медиҳанд. Дар кишвари мо ҳам аз чутҳо моҳирона истифода мебурданд. Чутҳо таҷҳизоти муҳими тоҷирон, муҳосибон ва мансабдорон ҳисоб мешуд.
Аввалин маротиба мошини ҳисобӣ ба таври механикӣ коркунандаро олими барҷастаи фаронсавӣ Блез Паскал дар соли 1642 ихтироъ кард ва дар соли 1645 сохт. Компютери механикии Паскал амалҳои ҷамъ ва тарҳро иҷро карда метавонист ва онро «Паскалина» ном гузоштанд.
Соли 1673 файласуф ва математики олмонӣ Готфрид Вилгелм Лейбнитс таҷҳизоти механикии ҳисобие ихтироъ намуд, ки на танҳо метавонист амалҳои ҷамъу тарҳ, инчунин амалҳои зарбу тақсимро ҳам иҷро мекард. Мошини Лейбнитс нисбатба «паскалина» мураккабтар буд. Аммо маҳз тағйир ёфтани намуди чархҳо дар мошини Лейбнитс ба ихтирои арифмометрҳо имконият дод. Арифмометрҳо на танҳо дар асри ХIХ, инчунин то гузаштаи начандон дури замони бобоёни мо истифода мешуд.
Дар таърихи техникаи ҳисоббарорӣ олимоне мавҷуданд, ки номашон ба ихтироҳои нисбатан бузургтар дар ҳамин соҳа алоқаманд аст. Номҳои онҳоро имрўз ҳатто одамони ғайримутахассис ҳам медонанд. Математики англиси асри XIX Чарлз Бэббиҷ-ро «падари техникаи муосири ҳисоббарорӣ» меноманд.
Соли 1823 Бэббиҷ ба сохтмони мошини худ шурўъ кард. Мошин мебоист аз ду қисм – ҳисобӣ ва чопкунӣ иборат шавад. Сохтмони қисми аввали мошин соли 1833 қариб анҷом ёфта буд, аммо корҳо қатъ карда шуд.Қисми дуюми мошин, ки барои чопи ҷадвалҳо пешбинӣ шуда буд,ҳатто то нисф сохта нашуд. Пул намерасид. Корҳоро пурра қатъ намудан лозим омад.
Мошин бо вуҷуди то охир сохта нашудан аз ҷониби Бэббиҷ идеяе пешниҳод гашт, ки бе он ихтирои компютерҳои муосир ғайриимкон буд. Бэббиҷба хулосае расид, ки бояд барои ҳисоббарорӣ дар хотираи компютер ададҳо нигоҳ дошта шавад.
Дар як вақт дар хотираи мошин бояд бандҳо дар бораи ба кор андохтани ҳамин ададҳо ҳам лозим буд. Минбаъд бандҳо барномаи фаъолияти компютер унвон гирифтанд ва таҷҳизоти дар хотир нигоҳдорандаи тамоми ҳисобҳоро хотираи мошин номиданд.
Аммо дар хотир нигоҳ доштани ададҳо ва барномаҳо ҳанўз ними кор буд. Муҳимаш мошин мебоист бо ин ададҳои дар барнома нишондодашуда амалиётҳоро иҷро кунад, масалан онҳоро ҷамъ ё тарҳ кунад, ҳатто имкон пайдо шавад масъалаи решаро ҳал кунад. Бо ҳамин андеша Бэббиҷ фаҳмид, ки барои иҷрои бомуваффақияти ин кор мошин бояд дорои таҷҳизоти махсуси ҳисобӣ (блок) – протсессор бошад. Маҳз бо ҳамин усул минбаъд ҷараёни ихтирои компютер тезонда шуд. Идеяҳои илмии Бэббиҷба духтари шоири машҳури англис Ҷорҷ Байрон, Ада Август Лавлейс писанд омад. Он вақтҳанўз мафҳуми МЭХ, барномасозӣ пайдо нашуда буд, вале бо вуҷуди он Ада Лавлейсро аввалин барномасози олам ҳисоб мекунанд.Ҳоло одамонеро, ки бо забони мошинҳо ба одамон масъалаҳои онро фаҳмонда метавонанд барномасоз меноманд.
Бэббиҷҳаргиз тафсилоти ихтирои худро пурра нанвиштааст. Ин корро дар як мақолааш яке аз шогирдонаш бо забони фаронсавӣ анҷом дод. Ада Лавлейс мақоларо ба забони англисӣ тарҷума карда, ба он барномаҳои худро илова кард. Аз рўи барномаҳои ў мошинҳо бояд ҳисобу китоби мураккаби математикиро иҷро мекарданд. Дар натиҷа ҳаҷми мақола се маротиба калон шуд ва Бэббиҷ имконият пайдо кард, ки мошини худро намоиш диҳад. То ҳол аксари мафҳумҳое, ки Ада дар мақолааш навишта буд, дар байни барномасозон васеъ истифода мешавад.Ба шарафи аввалин барномасози олам яке аз навтарин забонҳои барномасозӣ Ада номида шудааст.
Навигариҳои техникаи асри ХХ ба барқ сахт алокаманд аст. Баъди ихтирои чароғҳои барқӣ соли 1918 олимишўравӣ М. А. Бонч-Бруевич триггери лампавӣ ихтироъ намуд. Триггер таҷҳизотест, ки сигналҳои барқиро дар хотир мегирад.
Як триггер як сигналро дар хотир гирифта, танҳо як амалро иҷро мекард.Аммо баъди якчанд триггер имкониятҳои ҳисобкунӣҳам меафзояд. Акнун агар усули бақайдгирии сигналҳо бо кўмаки гурўҳи триггерҳо на танҳо сигналҳои ягона, балки даҳҳо, садҳо ва ғайраро кашф кунем, он гоҳ масъалаи пайдо шудани мошини электронии ҳисоббарорӣ гуфтугў кардан рост меояд.Ҳамин чизро ба назар гирифта олимони Донишгоҳи Пенсилванияи ИМА 5 июни соли 1943 қарордоде ба имзо расонданд, ки тибқи он дар олам аввалин шуда компютери электронии бо номи ЭНИАК машҳурро ихтироъ карданд.
Одатан 15 феврали соли 1946 рўзи ихтирои МЭҲҳисоб мешавад.Ҳамон рўз ЭНИАК ба кор андохта шуд. Ин калимаҳарчанд дар забони русӣ ягон маъно надошта бошад ҳам, вале аз ҳарфҳои аввали калимаҳои англисӣ сохта шудааст ва дар маҷмўъ маънояш «компютери рақамии электронӣ» мебошад.

Наслҳои компютерҳо
Пайдоиши МЭҲё компютерҳо яке аз нишонаҳои муҳими инқилоби илмию техникии муосир баҳисоб меравад. Истифодаи васеъи компютерҳо ба он оварда расонд, ки миқдори зиёди одамон бо асосҳои техникаи ҳисоббарорӣ ошно шуданд, барномасозӣ бошад тадриҷан ба ҷузъи фарҳанг табдил ёфт. Аввалин компютерҳои электронӣ дар нимаи авали асри ХХ пайдо шуданд. Онҳо нисбат баҳисобкунакҳои механикӣ, ки танҳо амалҳои ҷамъ, тарҳ ва зарбро иҷро мекарданд, корҳои зиёдтарро иҷро мекарданд. Ин мошинҳои электронӣ имконият доштанд масъалаҳои мураккабро ҳам иҷро кунанд. Ба ғайр аз ин, онҳо ду хусусияти фарқкунандае доштанд, ки мошинҳои пештара надоштанд№
I. Яке аз хусусиятҳо аз он иборат аст, ки аз рўи вазифаи гузошташуда бо тартиб амалиёти муайянеро иҷро кунанд ё пайдарпай масъалаҳои намудҳои гуногунро иҷро кунанд;
II. Имконият доранд информатсияро дар хотираи махсус нигоҳ доранд.

Насли аввал. Компютерҳо бо лампаҳои электронӣ.

Ихтирои лампаҳои электронию вакуумӣ ба олимон имконият дод, ки идеяи сохтани мошинҳои ҳисоббарорро ба амал оранд.
Компютерҳо дар асоси лампаҳои электронӣ, солҳо 40-уми асриХХ пайдо шуд. То солҳои 30-юм лампаҳои электронии вакуумӣ одатан Лампаи дар радиотехника истифода мешуд.электронӣ
Истифодабарии лампаи электронӣба сифати элементи асосии МЭҲ проблемаҳои зиёдеро ба миён овард. Бо сабаби он, ки баландии шишаи лампа 7 см аст, андозаи мошинҳо калон буд. Дар ҳар 7-8 дақиқа яке аз лампаҳо аз кор мемонд ва азбаски дар компютерҳо миқдори чунин лампаҳо ба 15-20 ҳазор мерасид,ҷустуҷў ва иваз кардани лампаҳо вақти зиёдеро талаб мекард. Ба ғайр аз ин, онҳо миқдоризиёди гармӣ хориҷ мекарданд ва барои истифодабарии компютерҳои навиҳамон замон ҷойгиршавии лампаҳо системаҳои махсуси хунуккунӣ лозим буд. Барои сарфаҳм рафтан ба схемаҳои компютери азим бригадаҳои муҳандисон лозим буданд. Компютерҳо таҷҳизоти воридсозӣ надоштанд, аз ин рў маълумот ба хотира бо кўмаки пайваст кардани калиди махсус ба сўрохии махсус анҷом дода мешуд.
Мисоли мошинҳои насли аввал Mark 1, ENIAC, EDSAC мебошад. UNIVAC аввалин мошинест, ки информатсияро дар хотир нигоҳ медошт. Инчунин компютерҳое ҳам сохта шуда буданд, ки дар онҳо ба ҷойи перфокарталентаи магнитӣ истифода мешуд.

Насли дуюм. Компютерҳои транзисторӣ.
Олими физик Ҷон Бардин ва муҳандисУолтер Браттен аввалин Транзистори амалкунандаро истеҳсол карданд.
Аввалин компютерҳо дар асоси транзистор дар охири солҳои Транзистор 50-уми асри гузашта сохта шуд. Дар миёнаҳои солҳои 60-ум бошад аллакай таҷҳизотҳои нисбатан хурдҳаҷм истеҳсол шуд. Ширкати Digital Equipment соли 1965 аввалин мини-компютери PDP-8-ро, ки баробари яхдон буд, истеҳсол намуд.
Ҳамчун як таҷҳизоти асосии МЭҲ истифода шудани транзистор ба даҳҳо маротиба хурд шудан ва дилпуртар гаштани компютерҳо оварда расонд.
Хусусияти муҳими транзистор аз он иборат аст, ки метавонад ҷойи 40 лампаи электрониро иваз намояд ва бо суръати баланд кор кунад, илова бар ин аз худ гармии кам хориҷ менамояд.
Дар баробари дар протсессор иваз шудани транзисторҳо бо лампаҳои электронӣ, усулҳои нигоҳдории информатсия такмил ёфтаҳаҷми хотира ҳам калон шуд. Лентаи магнитиро, ки бори нахуст дар компютери UNIVAC истифода шуда буд,ва он ҳамчун воситаи ворид ва хориҷкунандаи информатсия истифода мебурдагӣ шуданд. Дар миёнаи солҳои 60-ум бошад дар дискҳо нигоҳ доштани информатсия маъмул гашт. Навигариҳои сохтмони компютер имконият дод, ки миллионҳо амал дар як сония иҷро карда шавад. Компютерҳои транзистории аввалин «Стретч» (Англия),«Атлас» (ИМА) мебошанд. Дар ҳамон замон СССР баробари дигар давлатҳо қадам мегузошт ва дар ин ҷо МЭҲ-ҳои аҳамияти ҷаҳонидошта ба монанди «БЭСМ-6» сохта шуд.

Насли сеюм. Нақшаҳои интегралӣ.

Тавре, ки транзисторҳо ба бунёди насли дуюми компютерҳо мусоидат намуд, нақшаҳои интегралӣ ба давраи нави тараққиёти техникаи ҳисоббарорӣ – тавлиди мошинҳои насли сеюм асос гузошт. Аввалин нақшаҳои интегралӣ соли 1964 ихтиро гардид.
Дар ибтидо онҳо танҳо дар техникаи кайҳонӣ ва ҳарбӣ истифода мешуд.Ҳоло чунин нақшаҳоро дар ҳама ҷо, аз ҷумла дар таҷҳизотҳои маишӣҳам вомехўрем.Нақшаи интегралӣ
Компютерҳои муосирро бе нақшаҳои интегралӣ тасаввур кардан душвор аст.
Пайдоиши нақшаҳои интегралӣ воқеан инқилобе буд дар соҳаи техникаи ҳисоббарорӣ. Танҳо чунин нақшаҳо метавонанд ҳазорҳо транзисторҳоро иваз кунанд. Транзистор бошад ҳамагӣ 40 лампаи электрониро иваз мекард. Суръати МЭҲ-ҳои насли сеюм 100 маротиба афзуда,ҳаҷми мошинҳо якчанд маротиба хурд шуд. Боз як бартарии мошинҳои насли сеюм аз он иборат аст, ки истеҳсоли онҳо нисбат ба мошинҳои насли дуюм борҳо арзон шуд. Тавассути ҳамин бисёр ташкилотҳо тавонистанд соҳиби компютер шаванд.Ҳамин ҷиҳат ба он оварда расонд, ки талабот ба МЭҲ-ҳои барои иҷрои вазифаҳои мухталиф пешбинишуда афзуд.

Насли чаҳорум. Нақшаҳои калони интегралӣ.

Шумо акнун медонед, ки қисмҳои электромеханикии мошинҳои ҳисоббарорро лампаҳои электронӣ, ҷойи лампаҳоро транзисторҳо ваҷойи транзисторҳоро нақшаҳои интегралӣ гирифт. Эҳтимол чунин ба назар рассад, ки МЭҲ тамоми имкониятҳояшро истифода бурд. Дар ҳақиқат боз чӣ чизро ихтироъ кардан мумкин.
Барои ба ин савол ҷавоб гуфтан ба ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта назар мекунем. Маҳз дар ҳамон солҳо бори аввал андешае пайдо шуд, ки оё дар як кристалл аз як нақшаи интегралӣ зиёдтар ҷойгир кардан мумкин аст ё не. Маълум шуд, ки ҷойгир кардан мумкин будааст.Тараққиёти микроэлектроника ба он овард, ки дар як кристалл ҳазорҳо нақшаҳои интегралӣҷойгир карда мешавад. Аллакай соли 1980 протсессори марказии компютери начандон калонро дар кристалли баробари 1,61см2 ҷойгир кардан мумкин буд. Нақшаи калони
Давраи микрокомпютерҳо оғоз ёфт. Суръати компютерҳои интегралӣ
ҳозиразамон нисбат ба компютерҳои насли сеюм 10 маротиба, нисбат ба дуюм 1000маротиба ва нисбат ба якум 100000 маротиба зиёдтармебошад.
Ҳанўз 40 сол пеш компютерҳои UNIVAC қариб 2.5миллион доллар арзиш дошт. МЭҲ-ҳои муосир бошад бо вуҷуди суръати баланд ва дигар имкониятҳо доштан камарзиш буда бештар дилпур мебошанд ва ҳаҷман калон нестанд. Ширкатҳои азими Microsoft® ва Intel®ҳоло дар соҳаи тараққиёти компютерҳо нақши калон доранд. Ширкати аввал агар барои тараққиёти соҳаи барномасозии компютерӣ мусаллаҳ шуда бошад, ширкати дуюм бо сабаби истеҳсол намудани микропотсессорҳо машҳур шудааст.

Насли панҷуми МЭҲ
Дар назди насли панҷуми МЭҲ вазифаҳое гузошта мешавад, ки нисбат ба вазифаҳои дар назди МЭҲ-ҳои наслҳои пешин гузошташуда комилан фарқ мекунад. Агар дар назди мошинҳои наслҳои I ва IV вазифаи маҳсулнокии зиёдтар дар ҳисоббарорӣ, калонтар кардани ҳаҷми хотира гузошта шуда бошад, пас дар назди мошинҳои насли панҷум дорои фаросати сунъӣ (имконияти аз андешаҳои пешниҳодшуда хулосаи мантиқӣ баровардан),тараққиёти хирадмандсозии компютерҳо, аз байн бурдани монеаи байни одам ва компютер гузошта шудааст.
Компютер ҳоло дар манзили зист ҳам истифода мешавад. Бозиҳои компютерӣ, мусиқӣ, тамошои филмҳо аз тариқи компютер басо қуллай мебошад. Аллакай ҳоло компютерҳо метавонанд информатсияро аз дастхат ё мошиннавис, аз овози одам хонанд, овози соҳибашонро шиносанд ва аз як забон ба забони дигар тарҷума кунанд.Ҳамин ҷиҳат имконият медиҳад, ки тамоми одамон,ҳатто онҳое, ки дар ин соҳа дониш надоранд аз компютер метавонанд истифода баранд.

Тавлиди компютери фардӣ
Солҳои 80-уми асри ХХ дар физика кашфиёти зиёд ба амал омад, ки имконият доданд андозаи МЭҲ хурд карда шавад. Аз ин рў идеяи сохтмони МЭҲ-и фардӣ ба маён омад, ки онро ҳоло компютерҳои фардӣ меноманд.
Ҳанўз дар солҳои 80 ширкатҳо компютерҳое истеҳсол мекарданд, ки нисбат ба компютерҳои ҳозиразамон фарқ доштанд.Қариб як сол дар бозор талабот аз пешниҳод пеш меистод. Ширкати «Эпл» (Apple) ба ин мусобиқа ҳамроҳ шуд, ки ҳоло яке аз ширкатҳои машҳури истеҳсолкунандаи компютерҳо мебошад.
Таърихи бунёди ширкат ҷолиб аст. Баҳори соли 1976 ду нафар Стефен Возняк ва Стивен Ҷобс вохўрданд.
Стивен Ҷобс вақти вох.рӣ бо Возняк 16 сола буд ва дар ширкати бонуфузе дар вазифаи барномасози бозиҳо кор мекард. , ҳам ба техника шавқу рағбат дошт ва мехост компютери фардӣ созад. , орзу дошт, ки дар борааш дар газетаҳо нависанд, аммо кораш барор намекард., дар 13 солагиаш компютер сохт. Бо қарори шўрои илмии шаҳре, ки Стивен дар он мезист,рўзи муаррифии компютераш муқаррар карда шуд. Стивен худаш журналистонро даъват намуд ва хост, ки дар назди онҳо компютерашро ба кор андозад, аммо бо сабаби расидани симҳои барқ компютер дар пеши назари одамон сўхт.Ў ниҳоят бо ҳамин сабабқаҳрамони мақолаҳои газетаҳо шуд.
Ниҳоят ду нафар ҷавон бо ҳам вохўрданд ва дар дил орзу доштанд дар олами электроника навигарие ворид кунанд. Онҳо орзу доштанд, ки компютери фардӣ созанд. Гаражи Стивен вазифаи лабораторияро иҷро мекард. Қисмҳои эҳтиётии компютерро онҳо аз ширкатҳое, ки кор мекарданд,ҷамъ намуданд. Талабот ба ин компютерҳо зиёд буд. Бо усули ғайрирасмӣ онҳо 200 компютер сохтанд. Ду ширкати калоне, ки расман ба истеҳсоли компютерҳо машғул буданд рақобати ширкати «Apple»-ро фаҳмиданд. Баъдтар ширкати «Apple»-ро ширкати калонтаре харидва он ба корпоратсия табдил ёфт.
Ҳоло ин ширкат бо номиIBM машҳур аст. Чӣҳодиса р.й дод, киIBM дар соҳаи истеҳсоли компютерҳои фардӣ муваффақият пайдо кард. Ширкати IBM дар ибтидо ба сохтани мошинҳои калон машғул буд ва вақте ки талабот ба мошинҳои калон кам шуд. Роҳбарияти ширкат қарор кард, ки ба сохтани компютерҳои фардӣ шурўъ кунад.
Ширкат барои сохтани компютерҳо аз рўи нақшаҳои аллакай дар бозор мавҷуд кор мекард. Ин роҳ арзон ва дастрас буд. Илова бар ин компютерҳои сохтаи ширкат барои истифодабарандагон ҳам аз ҷиҳати арзиш дастрас буд.Щайр аз ин протсессорҳо ҳам р.з аз р.з пурқввуат шудан мегирифтанд. Аз ин рў IBM дар муддати кутоҳ мавқеи худро дар бозор пайдо кард ва машҳур шуд.

Архитектураи компютер (МЭҲ)
Таҷҳизотҳои компютери фардӣ ва тавсифи онҳо
Компютер (МЭҲ) ин таҷҳизоти универсалии бо барномаҳо идорашаванда буда барои нигохдорӣ, коркард ва паҳнкунии информатсия хизмат мекунад.
Архитектураи МЭҲ тасвири умумии сохтор ва вазифаҳои компютер мебошад, ки барои фаҳмидани принсипҳои кор ва системаҳои фармонҳои МЭХ пешбини шудааст. Архитектура, тавсифи деталҳои техникӣ ва физикии таҷҳизотҳои копютерро дар бар намегирад.
Бахшҳои асосии архитектураи МЭҲ – протсессор, хотираи дохилӣ, хотираи берунӣ, тачҳизотҳои воридкунанда ва хориҷкунанда мебошанд.
Намуди оммавии МЭҲ дар замони мо компютери фардӣ мебошад. Компютери фардӣ шакли хурди МЭҲ буда, барои кори шахсии истифодабаранда пешбинӣ мешавад ва барои истифодабаранда аз ҷиҳати таъминоти барномаҳо муносиб мебошад.
Амалан тамоми моделҳои компютерҳои муосири фардӣ намуди магистрали архитектура доранд. Дар расми зерин накшаи (схемаи) таҷҳизотҳои компютер бо принсипи магистралӣ сохташуда нишон дода шудааст.

Расми 1. Архитектураи компютер (МЭҲ)

Бахшҳои асосии компютер ва тавсифи онҳо.
Дар расми 1. бахшҳои асосие, ки бе мавҷудияти онҳо кори компютер ғайриимкон аст, нишон дода шудааст. Минбаъд вазифа ва тавсифи ҳар як бахш ҷудогона оварда мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.