Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Хотираи берунии компютер

Нигоҳ доштани информатсия барои истифодаи минбаъдаи он ё интиқол додани он ба одамони дигар ҳамеша барои тараққиёти тамаддуни башарӣ аҳамияти калон дошт. То замони пайдо шудани МЭҲ одам баҷойи он истифода бурдани намудҳои бешумори ҳар гунна воситаҳо, китобҳо, суратҳо, сабти магнитофонӣ, кинопленка ва ғайраҳоро ёд гирифтХотираи берунии компютер
Нигоҳ доштани информатсия барои истифодаи минбаъдаи он ё интиқол додани он ба одамони дигар ҳамеша барои тараққиёти тамаддуни башарӣ аҳамияти калон дошт. То замони пайдо шудани МЭҲ одам баҷойи он истифода бурдани намудҳои бешумори ҳар гунна воситаҳо, китобҳо, суратҳо, сабти магнитофонӣ, кинопленка ва ғайраҳоро ёд гирифт. Дар охирҳои асри ХХҳаҷми ҷараёни информатсия якбора афзуда, зарурати нигоҳ доштани он дар таҷҳизоти ғунҷоишаш калон ба миён омад ва пайдоиши МЭҲ барои коркард ва истифодаи воситаҳои интиқолдиҳандаи информатсия шароит фароҳам сохт, ки имкон медоданд информатсияро барои мўҳлати тўлонӣ ва дар шакли чамъ нигоҳ доранд.
Дискҳои магнитии чандирӣ (гибкий), сахт (жесткий) ва CD-ROM аз ҷумлаи чунин воситаҳои интиқолдиҳанда мебошанд.
Ғунҷоиш, вақти дастрасӣ ба информатсия,боэътимод нигоҳ доштани он,вақти кори бетанаффус нишондиҳандаҳои муҳими чунин воситаҳо мебошанд.
Таҷёизоте, ки сапти информатсияро дар барандаи информатсионӣ (дискета,CD-ROM) таъмин менамояд, инчунин ҷустуҷ. ва хондани онро дар хотираи фаврӣ ичро мекунад, дискдон (дисковод) номида мешавад (расми 2.2).

Расми 2.2. Дискдон барои дискет

Асоси сабт, нигоҳдорӣ ва хондани информатсияро ду принсип – магнитӣ ва оптикӣ ташкил медиҳад, ки нигоҳ доштани информатсияро баъди хомўш кардани компютер ҳам таъмин месозад. Асоси сабти магнитиро информатсияи рақамии (дар шакли сифрҳо ва воҳидҳо) ташкил медиҳад. Аз байни дискҳои магнитӣ, дискҳои чандирӣ ва сахт истифода мешавад.
Дискҳои чандири магнитӣ.Ғунҷоиши дискҳои чандири магнитии диаметрашон 3,5 дюма (89 мм) баробари 1,44 Мб аст (расми 2.3.).Чунин дискҳо барои сапт, ва нигоҳдории информатсияи начандон калонҳаҷм истифода бурда мешавад.

Расми 2.3. Дискҳои 3,5 дюма

Диски магнитии сахт (расми 2.4.) винчестер барои ба таври доимӣ нигоҳ доштани информатсияе, ки ҳангоми кор бо компютер барои барномаҳои системаи оператсионӣ, пакетҳои зуд-зуд истифодашавандаи барномаҳо,таҳриргарони матнҳо вағайра зарур аст.

Расми 2.4. Диски магнитии сахт

Диски магнитии сахт барои компютер, диски асосӣ ба ҳисоб меравад. Ғунҷоиши ин диск нисбат ба дискеткаҳо хеле зиёд буда, суръати сапти информатсия ва хондани он дар диск тезтар аст. Ғунҷоиши дискҳои сахти компютерҳои ҳозиразамон ба якчанд гегебайт баробар аст.
Диски CD-ROM (расми 2.5) барои боэътимод ва дуру дароз нигохдории информатсия хизмат мерасонанд. Диаметри диск метавонад 5,25 дюйм ё 3,5 дюйм бошад. Дар CD-ROM – ҳои стандарти то 700Мб информатсияро сапт ва нигоҳ мекунанд.

Расми 2.5. Диски CD-ROM

Диски CD-ROM барои нигоҳ доштани информатсия мувофиқ мебошад, аммо кор бо онҳо нисбат ба дискҳои магнитии сахт сусттар аст. Аз ин рў одатан аз компакт-дискҳо информатсияро ба дискҳои магнитӣ рўйнавис мекунанд, зеро ки кор бо онҳо сабуктар мебошад. Ба ғайр аз ин,дар чунин дискҳо информатсияяк маротиба сабт кардамешавад. Компакт-дискҳое ҳастанд, ки дар он якчанд маротиба информатсия сапт ва тоза карда мешавад, ки онро CD-RW меноманд.
Дискҳои магнитию оптикӣ чунин камбудӣ надоранд. Дар онҳо информатсияро зуд навиштан ва хондан мумкин аст. Дискҳои магнитию оптикӣ ҳангоми интиқолдиҳии ҳаҷми калони информатсия нисбат ба дискҳои магнитии чандири боэътимодтар мебошанд.

2.6. Таҷҳизотхои (устройства) воридкунанда ва хориҷкунандаи информатсия
Тавре дар боло нишон дода шуд, барои коркарди информатсия дар компютер таҷҳизотҳое лозим аст, ки метавонад информатсияро ворид ва хориҷ созанд.
Барои ворид ва хориҷнамудани информатсия таҷҳизотҳои зерин лозим аст,
• клавиатура;
• сканер;
• дискҳо;
• муш;
• колонкаҳо;
• принтерҳо;
• монитор;
• модем.

Хотиррасон мекунем, ки рўйхати мазкур ҳоло номгўи пурраи таҷҳизотҳои ворид ва хорикунии информатсия набуда, танҳо таҷҳизоти нисбатан маъмули он мебошад.
2.6.1. Сканер
Сканер таҷҳизоти иловагии компютер ба хисоб рафта, барои ба компютер ворид кардани информатсияи графикӣ ва ёарфию ададӣ хизмат мерасонад(расми 2.6.). Дар компютер нусхаи электронии тасвири аз болои қоғаз хондашударо месозад. Тасвир метавонад матн, расм, сурат, диаграмма,ё ягон чизи дигар бошад.Ҳамаи амалиёт ба воситаи хаткашакҳои бисёрэлементаи мавҷгираки фотографӣ бо истифода аз равшанидиҳандаи дарозрўя иҷро карда мешавад.

Расми 2.6. Сканер

Яке аз имкониятёои сканерҳо ба компютер ворид кардани информатсияи матнӣ мебошад. Информатсияи графикӣ нисбат ба матнӣ фарқи зиёд дорад. Баргардони информатсияи графикӣба шакли матн вазифаи сода нест. Аммо бисёр воқеъ мешавад, ки матни аллакай чопшуда ва дар қоғаз баровардашударо вориди компютер созем ва бо ҳамин роҳ аз чопи дубораи он халос шавем. Чунин корро ба воситаи сканер кардан мумкин аст.

Принтерҳо
Принтер барои дар қоғаз чоп намудани натиҷаи коркарди информатсияҳо хизмат мерасонад. Принтерҳо вобаста ба тарзи корашон ба матрисавӣ (расми 2.8.1), рангпошанда (расми 2.8.2) ва лазерӣ (расми 2.8.3) чудо мешаванд.

Расми 2.8.1. Принтери матрисавӣ

Расми 2.8.2. Принтери рангпошанда

Расми 2.8.3. Принтери лазерӣ

Принтерҳои матрисавӣ бо задании нўги сўзанашон ба болои лентаи рангмолидашуда амал мекунанд. Онҳо суст кор мекунанд ва одатан садои баланд доранд. Принтерҳои матрисавӣ одатан якранга ё дуранга мешаванд.
Принтерҳои рангпошанда нисбатан босифат буда,барои чопи расмҳо муфид аст.
Дар принтерҳои лазерӣ тасвири ҳуҷҷате, ки бояд чоп шавад ба воситаи лазер аввал дар барабани махсус кашида мешавад. Дар ҳамон қитъаҳое, ки лазер аз болои барабан гузаштааст, заряди электростатистӣба амал меояд. Сипас ба болои барабан хокаи ранг пош мехўрад ва ҳамин ранг ба қитъаҳои зарядноки барабан мечаспад. Минбаъд барабан аз болои варақи қоғаз мегузарад ва рангҳояшро ба болои он мечаспонад. Барои мустаҳкам шудани ранг қоғаз аз печкаи махсус мегузарад ва ҳиссачаҳои хокаи ранг дар он обутоб ҳфта дигар пок намешавад.
Агар ба шумо миқдори зиёд чоп кардани матн, расм ё дигар ҳуҷҷатҳо лозим бошад, пас беҳтараш аз принтери лазерӣ истифода кунед. Зеро принтерҳои лезерӣ нисбатан босифаттар ва суръати чопи онҳо зиёдтар аст.
Хусусияти муҳимтарини принтерҳо имкониятҳои чопии онҳо мебошад. Имконияти чопкунии принтерҳо бо нуқтаҳо дар як дюйм (dot per inch – dpi) чен карда мешавад.
Хусусиятидуюм, суръати чопи принтерҳо – миқдори варақҳое мебошад ки дар воҳиди вақт аз принтер мегузарад.
Ҳаҷми хотираи дар принтерҳо гузошташуда ҳам яке аз хусусияти муҳими принтерҳо мебошад.
Монитор
Монитор (дисплей) таҷҳизоти асосии компютер буда, барои намоиш додани информатсияи ба воситаи клавиатура ё дигар таҷҳизотҳои воридкунӣ дохилкардашуда, инчунин барои ба экран баровардани натиҷаҳои кор хизмат мекунад(расми 2.9.).
Монитор дар зери идоракунии видеоадаптер кор мекунад. Параметрҳои асосии монитор ченаки экрани он мебошад. Воҳиди ченаки экран дюмҳо мебошанд. Масалан, экрани мониторхо 14, 15, 17, 19, 20 ва 21 дюма шуда метавонанд.

Расми 2.9. Монитор
Экрани монитор аз ду реҷаи корӣ дорад, матнӣ ва графикӣ.
Дар реҷаи матнӣ, экрани монитор аз 25 сатр ва 80 сутун иборат аст. Ба сатр ва сутунҳои экран рақамҳои тартибӣ (аз нол сар карда) вобаста карда шудаанд. Дар буриши онҳо як рамзро ҷойгир кардан мумкин аст.
Реҷаи графикии экрани монитор ба нуқтаҳои алоҳидаи равшанидиҳанда ҷудо мешавад. Миқдори чунин нуқтаҳо аз намудуди монитор вобаста аст, Масалан 640х480. Яъне миқдори чунин нуқтаҳо дар хати амудии экран 640 буда ва дар хати уфуқи 480 мебошанд

Тавсифҳои асосии монитор инҳооянд,
• имконияти нишон додан. Барои мониторҳои графикӣ миқдори нуқтаҳои дар хатҳои амудӣ ва уфуқӣ равшаншаванда (пиксел) нишон дода мешавад;
• миқдори рангҳо инъикосшуда;
• андозаи экран;
• вазн ва ҳаҷм;
2.6.4. Модем
Модемтаҷҳизоти иловагии компютер баҳисоб рафта барои ворид ва хориҷ кардани информатсия хизмат мерасонад (расми 2.10).

Расми 2.10. Модем.

Бо ёрии модем маълумоти компютерро бо сими телефон интиқол додан мумкин аст. Ба воситаи модем компютерҳо ба розеткаи оддии телефон пайваст карда мешаванд ва бо ҳамин усул имконияти додугирифти информатсия байни компютерҳоба амал меояд.Инчунин бо ёрии модем одамон баякдигар мактуб менависанд, аз китобхонаҳои электронӣ матни китобҳоро мефиристанд ё ба даст меоранд. Якчанд одам,ҳар яке назди компютери худ нишаста метавонанд бо якдигарягон намуди бозиро анҷом диҳанд. Дар ҳамаи ин ҳолатҳои номбаршуда компютер ба шабакаи клмпютерӣ пайваст карда мешавад.

Клавиатура
Клавиатура таҷҳизоти асосии компютер ба ҳисоб рафта барои ворид намудани фармонҳо ва информатсияи матнӣ хизмат мекунад(расми 2.11).
Бе клавиатура кор кардан дар компютер ғайриимкон аст.

Расми 2.11. Клавиатура

Аз рўи вазифаҳое, ки тугмаҳои клавиатура иҷро мекунанд, онҳоро ба панҷ гурўҳ тақсим менамоянд,
• тугмаҳои ҳарфу ракамхо (кисми асосӣ);
• тугмаҳои функсионалӣ;
• тугмаҳои ракамҳо (клавиатураи хурд ёрирасон);
• тугмаҳои идоракунандаи курсор;
• тугмаҳои махсус.
Қисми асосии клавиатура аз ҳама калонтар мебошад. Ин қисм дар тарафи чапи клавиатура ҷойгир аст ва дар он тугмаҳои ҳарфҳу ракамҳо, аломатҳои китобӣ, амалҳои арифметикӣ ва ғайраҳо ҷойгир карда шудааст.
Қисми ёрирасони клавиатура дар тарафи рост ҷойгир мебошад. Дар он тугмаҳои ракамҳоҷой дода шудааст. Бо ин қисм иҷро кардани амалҳои арифметикӣ осон аст. Ба воситаи ин қисм инчунин курсорро ҳам баҳаракат медароранд.
Тугмаҳои идоракунандаи курсор дар байни қисми асосӣ ва қисми ёрирасони клавиатура ҷойгир шудааст. Ин тугмаҳои барои ҳаракат додани курсор истифода мешавад.
Вақте мо дар компютер кор мекунем, бояд нишон диҳем, ки дар лаҳзаи оянда бо кӣ ва дар куҷо бояд кор кунем. Ин корро мо танҳо дар экрани монитор ба воситаи муш ё тугмаҳои идоракунандаи курсор иҷро карда метавонем.
Аз ҳамин сабаб курсор – ин нишондиханда мебошад.
Курсор вобаста ба он ки бо кадом пакети барномаҳо кор мекунем, метавонад ба худ шаклҳои гуногун гирад.
Тугмаҳои функсионалӣ гуфта тугмаҳои қатори болои клавиатураро меноманд, ки дар болои онҳо F1,F2, … ,F12 навишта шудааст. Вазифаҳои онҳоро як хел шарҳ додан мушки ласт. Онҳо аз он вобастаанд, ки дар айни замон мо бокадом пакети барномаҳои амалӣ кор карда истодаем. Дар ҳар пакети барномаҳои амалӣбаҳар як тугма як намуди амал вобаста карда шудааст.
Аз қатори тугмаҳои функсионалӣба тугмаи F1 диққат медиҳем. Гап дар сари он аст, ки қариб дар аксари барномаҳои истифодашаванда ба ин тугма вазифаи ба экран баровардани кўмаки кор бо барнома бароварда мешавад.
Акнун ба вазифаҳои тугмаҳои махсус аҳамият медиҳем, яъне ба он тугмаҳое, ки танҳо дар клавиатураи компютер ҷойгир шудаанд.
Tab тугмаи таблятсия мебошад. Ин тугма борои ба якчанд аломат ба тарафи рост ба пеш ҳаракат додани курсор истифода мешавад. Чунин ҳаракат ба 8 рамз ё ба 1,27 см баробар аст.
Caps Lock навишти ҳарфҳоро аз хурд ба калон табдил медиҳад.Ҳангоми пахш кардани тугмаи Caps Lockдар қисми болоии тарафи рости клавиатура чароғак фурўзон мешавад. Ин чароғак нишон медиҳад, ки дар айни ҳол реҷаи ҳарфҳои калон ба кор дароварда шудааст. Барои ба реҷаи ҳарфҳои хурд баргардондан лозим аст, ки бори дигар тугмаи Caps Lock, пахш карда шавад.
Shiftин тугма дар алоҳидагӣ ягон функсияро аниқ надорад. Ҳангоми дар якҷоягӣ бо дигар тугмаҳо пахш намудани онҳо амалиётҳои гуногун иҷро карда мешавад. Тугмаи Shift – ро пахш намуда шумо ҳарфи бароятон зарурро пахш менамоед,ҳарфи аввал калон мешавад ва сипас онро сар дода ҳарфҳои дигарропахш кардан мегиред,ҳарфҳои боқимонда хурд мешаванд.
Тугмаҳои Ctrl,Alt,Shift-ротугмаҳои бисёрфунксиягӣ меноманд, зеро онҳо қариб аксар вақт барои бо дигар тугмаҳо якҷоя кор кардан истифода мешаванд. Масалан, Alt+F4 пўшондани равзанаи ҷорӣ, анҷом додани кор бо системаи Windowsистифода мешавад. Тугмаҳои мазкур дар клавиатура дутоӣ мебошанд, аз ин рў бо ҳамоне кор кардан лозим аст, ки барои дасти шумо мувофиқ аст.
Del – барои пок кардани аз ҷониби рости курсор қарордошта истифода мешавад.
Baсkspace (ç) – барои пок кардани рамзи аз тарафи чапи курсор қарордошта истифода мешавад.
Insert – реҷаи вставкаи компютерро ба реҷаи замена табдил медиҳад.
Реҷаи вставкава реҷаи замена чӣ маъно дорад.
Дар реҷаи вставка,ҳангоми илова кардани матн баҳуҷҷати аллакай сохташуда, матни пештар сохташуда пок нашуда, танҳо ба ҷониби рост мекўчад.
Дар реҷаи замена ҳангоми илова кардани матн баҳуҷҷати аллакай сохташуда, матни пештар сохташуда пок мешавад ва ба ҷойи он матни нав пайдо мешавад.
Масалан, шумо матне сохтед, ки дар он навишта шудааст, «Маҷлис рўзи шанбе дар кафедраи ММТИ барпо мегардад». Барои иваз кардани ин ҷумла ба ҷумлаи нави «Маҷлис рўзи шанбе соати 1100 дар кафедраи ММТИ барпо мешавад» курсорро дар матн баъди калимаи шанбе гузошта «соати 1100» нависед. Дар ин ҳолат ҳар чизе, ки баъди калимаи шанбе навишта шуда буд, пок намешавад ва танҳо ба тарафи рост мекўчад.Ҳамин реҷаивставкааст.
Агар ба шумо лозим бошад, ки калимаи «маҷлис»-ро ба «ҷаласа» иваз намоед, пас барои иҷрои ин амал лозим аст, ки ба реҷаи замена гузаред. Барои ба реҷаи замена гузаштан тугмаи Insert – ро пахш кардан лозим аст. Баъди ин шумо курсорро пеш аз ёарфи авали калимаи маҷлис гузошта калимаи навро менависед.Ҳарфҳои калимаи «маҷлис» пок шуда ҷойи онро ҳарфҳои калимаи «ҷаласа» мегирад. Ин реҷаи замена аст.
Enter — бандҳоро барои иҷро кардан медиҳад.
Тугмаҳои идоракунандаи курсор зеринанд,
¬ — ҳаракати курсор батарафи чап;
® — ҳаракати курсор ба тарафи рост;
— ҳаракати курсор ба як сатр боло;
¯ — ҳаракати курсор ба як сатр поён;
Home — курсорро ба авали сатр меорад;
End — курсорро ба охири сатр мебарад;
Page Up — курсорро ба саҳифаи боло, ба авали ҳуҷҷат мебарад;
Page Down — курсорро ба саҳифаи охири ҳуҷҷат мебарад.

Esc — рад намудани иҷрои амали пештараи анҷомнаёфта.
Pause — муваққатан боздоштани кори компютер. Барои давом додани кор тугмаи дилхоҳатонро дар қисми асосии клавиатура пахш мекунед.
Print Screen — ҳангоми пахш намудани ин тугмача чизҳои дар экран бударо ба буфери ивазкунӣ (обмена) мегузорад.
Буфери ивазкунӣҷойи муваққатан нигоҳ доштани қисми буридашуда ё нусхабардоришудаи информатсия мебошад.
Чизҳои дар буфери ивазкунӣ мавҷудбударо дар ҷойи дилхоҳи ҳуҷҷат гузоштан мумкин аст. Дар айни замон буфери ивазкунӣ пок намешавад ва информатсияи дар он мавҷударо ба ҷойи дилхоҳатон чанд маротибае, ки хоҳед гузоштан мегиред.
Информатсия дар буфери ивазкунӣмавҷудбуда, вақти хомўш кардани компютер пок мешавад.
Вақте ба буфери ивазкунӣ информатсияи нав мегузоранд, информатсияи пештара пок мешавад.
Ҳангоми ворид намудани матн шумо бояд дар байни калимаҳо фосилаҳо (пробел) гузоред. Барои иҷрои ин амал дар қисми поёнии клавиатура тугмаи дарози беном мавҷуд аст, ки онро «фосила» меноманд.

2.6.7. Муш
Муш таҷҳизоти махсусест, ки барои идоракунии курсор хизмат мерасонад ва аз ҷониби чап ё рости клавиатура,ҷойгир карда мешавад(расми 2.12).
Муш яке аз таҷҳизотхои асосии компютер ба хисоб рафта барои тезтар ичро намудани амалхо дар компютер хизмат мерасонад.

Расми 2.12. Муш

Муш ду ё се тугма дорад. Одатан тугмаи мобайнӣ истифода намешавад,вале ду тугмаи чапу рост истифода мешавад.
Муш таҷҳизоти хурдест, ки дар кафи дасти одам ҷой мегирад.
Агар муш ба компютер пайваст бошад, дар экран нишондиҳандаи (указател) он дар шакли тирча( ) ё ягон аломати дигар пайдо мешавад. Ҳаракати нишондиханда ба воситаи ҳаракат додани муш дар болои миз ба амал оварда мешавад. Барои ба воситаи муш интихоб кардани банд зарур аст, ки мушро дар болои мизҳаракат дода нишондиҳандаро ба болои объекти зарурӣ гузоред ва тугмаи чапи мушро пахш кунед.
Муш агар ба кор дароварда шуда бошад ҳаракат додани он дар болои миз,ҳаракати нишондиҳандаашро дар экрани монитор ба амал меорад. Мушро бояд танҳо бо ангуштон ҳаракат диҳед. Агар бо ангуштон ҳаракат додани муш ба масофаи зарурӣ ба пеш имкон надошта бошад, пас беҳтараш мушро бардошта ва ангуштро аз болои тугмааш нагирифта мушро ба қафо бурдани лозим аст. Сипас мушро дубора ба болои миз гузошта онро дубора ба ҳаракат медароред.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.