Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


Шабакаҳо ва Интернет. Муҳофизати маълумот.

Ханӯз 20 сол қабл Вазорати мудофиаи ИМА шабакаеро сохт, ки ба Интернет асос гузошт ва он ARPAnet ном дошта, бо мақсади дастгирии тадқиқотҳои илмии соҳаҳои саноати ҳарбӣ, аз ҷумла тадқиқи усулҳои сохтани шабакаҳои қисман осебдида тобовар ва дар шароити ҳассос ба таври мураттаб фаъолияткунанда сохта шуда буд. Принсипи асоси аз он иборат буд, ки ҳар гуна компютер метавонист бо компютери дигар пайваст шавад.ШАБАКАХО ВА ИНТЕРНЕТ.
МУХОФИЗАТИ МАЪЛУМОТ

Ханӯз 20 сол қабл Вазорати мудофиаи ИМА шабакаеро сохт, ки ба Интернет асос гузошт ва он ARPAnet ном дошта, бо мақсади дастгирии тадқиқотҳои илмии соҳаҳои саноати ҳарбӣ, аз ҷумла тадқиқи усулҳои сохтани шабакаҳои қисман осебдида тобовар ва дар шароити ҳассос ба таври мураттаб фаъолияткунанда сохта шуда буд. Принсипи асоси аз он иборат буд, ки ҳар гуна компютер метавонист бо компютери дигар пайваст шавад.
Интиқол додани маълумот ба воситаи шабака дар асоси протоколи Интернет (IP) созмон дода мешуд. Протоколи IP маҷмӯъи қоидаҳо оид ба кор бош абака мебошад. Шабака тавре ба нақша гирифта ва сохта мешуд, ки аз истифодабарандагон ягон ахбор дар бораи сохтори мушаххаси шабака талаб карда намешуд.
Тахминан 10 сол баъди ба вуҷуд омадани ARPAnet Шабакаҳои Мухтори Ҳисоббарорӣ, ба монанди Ethernet ва ғайраҳоба амал омад. Дар аксари стансияҳои ШЛҲ, Системаи оператсионии UNIX гузошта шуда буд, ки имконияти бо протоколи Интернет (IP) фаъолият кардан дошт.
Ташкилотҳое пайдо шуданд, ки бо истифода аз протоколи IP шабакаи мустақили худашонро месохтанд. Акнун зарурати пайваст кардани ШЛҲ бо ARPAnetба миён омад.
Яке аз чунин шабакаҳои мустақил шабакаи NSFNET буд. Онро Бунёди Милии Илмии ИМА (NSF) сохта буд.
Дар охири солҳои 80 NSF панҷ маркази азимтарини компютериро созмон дода, онҳоро барои истифодабарӣ дар муассисаҳои илмӣ дастрас гардонд. Аммо кӯшиши барои ташкили алоқа истифода бурданиARPAnet ба девори бюрократии соҳаи низомӣ рӯ ба рӯ шуда ба нокомӣ дучор гашт. Дар натиҷа NSF дар заминаи IP технологияҳо шабакаи худашро бунёд кард. Марказҳо бо хати махсуси телефонӣ ба ҳам пайваст буданд, ки имконияти гузарондани 56 Kbps доштанд.
Якҷоя истифодабарии компютерҳо истифодабарии бисёр чизҳои дигарро, ки ба компютери азамат дахл надоштанд, имконият медод. Гурухи ахбор дар шабака зиёд мешу два дар ниҳояти кор шабака ва хатҳои телефонии пайвасткунандаро пур кард.
Соли 1987 қарордод дар бораи истифодабарӣ ва рушди шабака ба ширкати Merit\’NetworkInc дода шуд. Ширкати мазкур якҷоя бо ширкатҳои IBM ва MCI бо шабакаи таълимии Мичиган машғул буд. Шабакаи ҷисман кӯҳнашуда бо хатҳои телефонии нисбатан наву зудфаъолият (тахминан 20 маротиба пурқувват) иваз карда шуд. Компютерҳои идоракунанда ҳам нав карда шуд.
Талаботи истифодабарандагони Интернет рӯз ба рӯз зиёд шудан мегирифт. Аксари мактабҳои олии ИМА, Аврупои Ғарбӣ аллакай бо Интернет пайваст буданд ва кӯшиш мекарданд, ки мактабҳои миёнаро ҳам ба ин шабака пайванданд. Истифодабарандагони шабакаи Интернет бартариҳои онро ба хубӣ дарк карда буданд. Ҳамаи ҳамин чизҳо ба бебозгашт Рушд кардани шабака ва рушди технологияҳо ва системаҳо оварда расонд.

Мафхумхои асоси оиди шабакаи глобалӣ (Интернет).

Протоколи Интернет (IP)
Интернет маълумотро пурра ба нуқтаҳои гуногуни олам мерасонад. Ин корро ровени шабакавии модели ISOOSI анҷом медиҳад.
Қисмҳои гуногуни Интернет байни ҳамдигар ба воситаи компютерҳо пайваст мешаванд, ки онро узел меноманд. Узелҳо намунаи шӯъбаҳои почтаҳо мебошанд, ки дар он ҷо дар бораи усули интиқоли пакет дар шабака, роҳи минбаъдаи пакети почта муайян карда мешавад. Байни узелҳо алоқаи бевосита мавҷуд нест.
Барои кор дар чунин ситема талаб карда мешавад, ки ҳар як узел дар бораи алоқаҳои мавҷуда, ба кадом узелҳои наздиктарин додани пакети ахбор маълумот дошта бошад, Дар Интернет узелҳо муайян мекунанд, ки пакети маълумотро ба куҷо фиристанд, онро ба куҷо фиристанд ва мефиристанд. Чунин протсесс хати сайр номида мешавад.
Узелҳое, ки ба хатисайрсозӣ машғуланд узели хатисайрсоз номида мешавад. Дар Интернет номгӯи қоидаҳо оид ба кор бо пакетҳо мавҷуд аст. Протоколи Интернет (IP) ба масъалаи адресатҳо ва чӣ кор кардан бо пакетҳо дар тӯли сафарашон сару кор дорад. Моҳияти кори протоколи IP ба қоидаҳои пакети почта монанд аст. Ҳар як пакет дорои сарлавҳа мебошад, ки дар он маълумот дар бораи адресати пакет ҷойгир карда шудааст. Ин маълумот барои ба куҷо расондани пакет басанда аст.
Адрес дар Интернет аз 4 байт иборат мебошад. Ҳангоми навиштан байтҳо аз якдигар бо нуқтаҳои зерин ҷудо мешаванд: 111.22.345.99 ё 3.33.33.3.
Адрес аз рӯи моҳият аз якчанд қисм иборат аст. Аввали адрес дар бораи қисме нақл мекунад, ки фиристанда мебошад. Қисми охири рости адрес дар бораи компютер ё хости қабулкунандае нақл мекунад, ки пакет ба он равона мегардад.
Ҳар як компютер дар Интернет мутобиқи ҳамин нақша адреси махсус дорад, ки ба индекси муқаррарии почта монанд аст.
Ахборе, ки ба воситаи шабакаҳои IP фиристода мешавад, ба қисмҳое ҷудо мешавад, ки ба пакетҳои алоҳида гузошта мешаванд. Дарозии ахбор дар дохили як пакет одатан ба 1 то 1500 байт баробар аст. Ҳангоми чунин кор бо ҳамаи истифодабарандагон ҳуқуқҳои баробар дода мешавад. Аз ин рӯ ҳар қадаре ки аз шабака бештар истифода баранд, он барои истифодабарандагони минбаъда ҳамон қадар сусттар кор мекунад.

Соли 1982 карордоди назорати интикол/карордоди интернет TCP/IP (Transmission Control Protocol)/( Интернет Protocol) ихтироъ карда шуд, ки он огози тантанаи Интернет ба хисоб меравад. Ба воситаи ин карордод ба хамдигар пайваст шудаанд. То 1 уми январи соли 2000 Интернет 70 –миллион компютерро ба хамдигар пайваст намудааст.
Дили шабакаи Интернетро якчанд компютерхои пуриктидор ташкил менамоянд, ки онхо ба воситаи хати алока информатсия дар ин компютерхо ба 200 млн. бит дар як сония хатхои алокаи сураъти мубодилаашон сусттар хазорхо компютерхои дигар пайваст мешаванд. Бо компютерхои навбати ба воситаи каналхои махсус ва хатхои мукаррарии телефони боз садхо хазор компютерхои дигар пайваст шуда, дар натича алокаи миллионхо компютерхоро ба воситаи шабакаи Интернет бо хамдигар баркарор менамоянд.
Тавре, ки кайд карда шуд, шабакахои локали як микдор компютерхои ягон ташкилотро бо хам пайваст кунанд хам, вале огхо дастрас намудани информатсияи дар компютерхои ба ин шабака пайваст набударо таъмин карда наметавонанд. Дар чунин мавридхо истсфодабарандагон метавонандаз шабакахои регионали истифода баран, ки онхо хамаи шабакахои локалии як регионро (ташкилотхо, нохияхо, шахрхо ва гайра) дар худ муттахид месозанд. Бисер муассисаву ташкилотхо ба мисли ташкилотхои харби, бонки ва гайра, барои хифзи информатсия дар байни худ шабакахои ташкил менамоянд. Шабакаи глобалии компютерии Интернет бошад, дар худ шабакахои зиеди локали, регионал ива корпоративиро муттахид намуда, фазои информатсионии ягонаи чахониро ба вучуд овардаас, ки аз хизмати он миллионхо одамон хар руз бархурдоранд.

Сохтори шабакавии глобалии Интернет. Ба воситаиИнтернет сели информатсия ба дастахо (пакетхо) чудо шуда, баъд ба муштариен равон карда мешавад. Се намуди асосии хизматрасонии Интернет (протокол, яъне карордод) вучуд дорад.
• Мубодилаи файли (FTR –карордоди интколи файл)
• Почтаи электрони (SMTR –карордод)
• Мубодилаи гиперматни (HTTP-карордод)

IP-адреc.
Барои дар Интернет хамдигаро бехато ефта тавонистани компютерхо, системаи ягонаи муайянкунии сурогахо (адресхо) кор карда баромада шудааст, ки асоси онро IP-адрес ташкил медихад. Мувофики он, хар як компютери бо Интернет пайвастшуда сурогаи такрорнашавандаи худашро дорад, ки вай аз 32 бит иборат аст. IP-адрес сурога аз ду кисм иборат буда, якеаш сурогаи шабака ва дигараш сурогаи компютери шабакаро ифода менамояд.
Барои истифодабарандагони Интернет дар хотир нигох доштани сурогаи ададии (IP-адрес) компютерхо кор карда баромада шудааст, ки барои ба хотир гирифтан бисер кулай аст. Ин система ба хар як IP-адреси ададии компютер номи мувофики хавзавии (рамзи) такрорнашавандаро мегузорад. Таксимкунии сурогахоро дар байни истифодабарандагон ассотсиатсияи амрикоии IntuqNic ба ухда дорад. Ин ташкилот кисми ягонаи Интернет буда, ба таври марказонидашуда идора карда мешавад. Хар гуна дастаи информатсияи ба воситаи Интернет кабул е фиристондашаванда тахти рохбаладии барномаи махсуси хидмати накл карда мешавад, ки дар он
• IP-адреси компютери равонкунанда ,
• IP-адреси компютери кабулкунанда,
• Огози вакти кабул е равон кардани информатсия,
• Анчоми вакти кабул е равон кардани информатсия нишон дода мешавад.

Домены. (Ҳавзахо).
Ҳар як компютери марказӣ истифодакунандаи Интернет суроғаи худ мебошад.
Компютерҳо суроғаи рақамиро низ доранд: ки чунни навишта мешавад 114.203.15.16 ин ки инхел нависондан ҳам мумкин аст. ping 192.168.123.100 ва бо дигар усулҳоям чунин корҳоро иҷро кардан мумкин аст.
Чунин навишт мураккаб аст ва истифодакунанда кам дар ёд мегирад. Аз ин рe системае бунёд шуд: ки ба компютерҳо суроғаи фардӣ ва суроғаи рацами садӣ бо ном медиҳад.
Ин системаро DNS (DowainNameService – системаи номии мавқеӣ): ки барои паҳни маълумотҳои матнӣ истифода мешавад.
Суроғаи фардӣ чунин аст:
Истифодабаранда@ зердомен. домен
Истифодакунанда (пользователь) – ин номи шахсе: ки ин суроғаро истифода мекунад (масалан: Юсупов Аҳад)
Рамзи @ номи истифодакунандаро аз сурощаи компютери шабакавы ҷудо месозад?
Масалан: сурощаи электронии Юсупов Аҳад чунин аст:
Yusupov_Ahad@mail.ru
Дар қисми дуюми суроға номи компютери Юсупов Аҳад нишон дода шудааст: ки ба Интернет пайваст аст. Ин ном аз ду қисм иборат аст: ки аз якдигар бо нуқта ҷудо карда шудаанд. Ва як чизи дигаро қайд кардан лозим аст: ки дар вақти номи почта гузоштан фақат бо ҳарфҳои лотини (English) нависондан лозим аст.
Қисмҳо номи доменҳо (domains)-ро доранд. Калимаи «домен»-ро ҳамчун территория, мавҳеъ (область) фаҳмидан мумкин аст. Доменҳо мавқеи ҷойгиршавии истифодакунандагонро нишон медиҳанд.
Масалан: ИМА дар ибтидо аз 6 доменёо истифода мебурд:
edu- муассисаҳои таълимӣ
gov – муассисаҳои ҳукуматӣ
net– шабака
com – муассисаҳои тиҷоратӣ
org – муассисаҳо
Доменҳои mil ва gov фақат ба муассисаҳои ИМА тааллуқ доранд, доменҳои боқимонда дар тамоми ҷаҳон паҳншудаанд.
Барои мамлакатҳои дигар ба сифати домени сатҳи муқаррарӣ коди дуҳарфа истифода мешавад:
ru – Россия:
fr – Франсия:
au – Австралия:
tj – Тоҷикистон ва ғайраҳо.
Ҳар як мамлакат кӯшиш мекунад, ки доменҳои худро дошта бошад.

Шабакаи ҷаҳонии World Wide Web (WWW) ва дигар хизматрасонии Шабака.
Гипертекст як навъ разметкаҳои ба он гузошташудае мебошад, ки ягон ҷойи матни мазкур ба ҳуҷҷатҳои дигар, расмҳо, файлҳо алоқаманд мебошад Ҳангоми аз назар гузарондани гипертекст бар барномаи броузер, ки матнҳои поварақро коркард менамояд ва амалҳои мутобиқ анҷом медиҳад, дар матн калимаҳои бо ягон ранг ишорашударо ҷудо менамояд.
Агар ба болои он курсорро гузоред ва ба тугмаи ҳуҷҷати дигар пахш кунед матни дохили поварақ равшан мешавад.
Ба воситаи WWW оид ба поварақҳо ба матни ҳуҷҷати дигар ворид шудан мумкин аст. Шумо ба воситаи ин барнома ҳатто метавонед ба матни дар компютери дигар мавҷудбуда ишора намоед. Вақте шумо ҳамон ишораатонро пахш кардед матни бароятон зарури компютери бегонаро дар компютери худ мебинед, агар барномаи мултимедиа дошта бошед, пас садоҳо, мусиқӣ, суханрониро ҳам мешунавед.
Аз рӯи имкониятҳояш WWW ба Gopher монанд аст, аммо ин барномаи комилан дигар аст. Gopher дорои сохтори махсус мебошад. Ҳангоми WWW ҳуҷҷат метавонад дорои гиперматни дараҷаи мураккабиаш гуногун бошад. Истифодабаранда худаш метавонад сохтори менюро дар гиперматн созад.
Агар дар ихтиёри шумо гиперматни забони HTML дошта бошед метавонед сохтори дилхоҳи гурӯҳи кориро, аз ҷумла ҳуҷҷатҳо, файлҳо, маълумот, суратҳо, барномаҳо созед. Сохтани муҳаррирон бо интерфейсҳои дӯст яке ах проблемаҳои асосии WWW мебошад.

Дар сахифахои рузномаю мачаллахо, телевизион ва гайра зуд-зуд навиштхои зайл
http://www.dushanbe/ru
http://www.moscovnews/ru
http://www.somoni/ru
ва гайраро вохурдан мумкин аст, ки онхо сурогахои электронии ширкату ташкилотхо е шахсони алохида буда, веб- сахифахо ном доранд. Абревиатураи WWWаз харфхои авали калимахои англисии тарчумаи «Тури чахонии анкабуд»-ро дорад, ки онро Web низ мегуянд. То пайдошавии WWWкор дар Интернет бисер захматталаб буд. Тамоми амалиетхо ба воситаи системаи оператсионии MSDOS ичро карда мешуданд, ки барои ин азед донистани номхои хеле зиеди фармону директорияхо, файлхо ва гайрахо лозим меомад. Махз пас аз пайдо шудани технологияи WWWин мушкилихо бартараф гардиданд, ва Интернет ба як шабакаи пуриктидор табдил ефт. Вазифаи асосии WWWаз он иборат аст, ки тамоми информатсияи ба воситаи Интернет дастрасшавандаро, новобаста аз намудашон (информатсияи матни, графики ва хоказо), хамчун як объекти умуми тасвир намояд.
Яке аз хосиятхои асосии WWWин истифодаи гиперматнхо ба хисоб меравад. Гиперматн (фавкматн)-нишонест, ки ба воситаи он аз дохили як хуччат якбора ба як е якчанд хуччати дигар (файлхои матни е информатсияи дигари намудхои гуногундошта) алока баркарор карда мешавад. Гиперматнро аз матни одди ба осони фарк кардан мумкин аст, чунки хангоми ба болои он овардани нишондихандаи муш , вай шакли махсусро (панчаи даст)-ро мегирад. Пас аз пахши тугмаи чапи муш, идоракуни ба кисми дигари хамин хуччат е ба хуччати дигари компютери мазкур ва е хатто ба хуччатхои компютерхои дигари ба шабакаи Интернет пайвастбуда, ки ба ин матн ягон алокамандие доранд, ба амал меояд.

Web
«Веб» (Web)-шакли мухтасари World Wide Web аст, ки онро метавон хамчун “Шабакаи чахони ” тарчума намуд. Ин мафхум системаи фавкматнии тавзеъшуда, мухити информатсияиеро ифода мекунад, ки дар асоси Интернет амал намуда, чузъи асосии онро таркиб медихад.
Асли фавкматн мушкил нест-китъаҳо ҷудогонаи матн дар санад пайвандхо ба санадхои дигарро дар бар мегиранд. Масалан, шумо санадеро аз назар мегузаронед, ки дар он сайераи Миррих зикр мешавад. Дар баробари ин, калимаи “Миррих” метавонад аз тарафи муаллифи санад ҳамчун пафванд ба санади дигаре шакл дода шавад, ки он шомили информатсияи таҳrиrи дар бораи ин сайера мебошад. Хангоми аз назар гузаронидани санад дар компютери шумо , ин пайванд бо сурати ба худ хос фарк карда меистад (аксар вакт- бо ранг ва зерхатдор будан). Кофист, ки бо муш руи пайванд клик кунед, то ба таври сареъ маълумоти лозимаро касб намуда, ба санади дигаре гузаред.

HTTP (Hypertext Transfer Protocol- карордоди интиколи фавкматн).
Дар Интернет карордодҳои мухталифи бисере мавриди истифода мебошанд, ки дар асоси онҳо теъдоди бисере аз хизматрасонии информатсияи е «замимаҳои Интернет» амал мекунад. WWW –и биноефта бар карордоди HTTP яке аз чунин замимаҳои дугона мебошад, ки дар замони хозир ба таври хеле васеъ мавриди истифода мебошад. Замимаи дуюм почтаи электрони аст, ки махсус барои мубодила кардани паёмҳо мебошад (муштарии почтаи электрони низ дар таркиби бастат MozillaFireFox дохил мебошад).

HTML (HypertextMarkupLanguage).
Хамаи сервисхои WWW забони махсуси HTML -роистифода мебаранд. HTML–ҳуҷҷатҳо файлҳои матние мебошанд, ки асоси онҳоро фармонҳои махсус ташкил додаанд.

URL.
Ин сурогаи манба дар Интернет бо якчояги протоколи ишорашуда барои дастрас ба ин манба, барномаҳо барои огоз ба сервер е номи файл дар сервер, ки ба он муроҷиат мешавад. Масалан: http://www.kstu.edu.ru/iclass/index.htm. http:// суроғаҳои минбаъда Web – саҳифа,www.kstu.edu.ru, номи каталог iclass дар сервер, index.htm- номи файл буда, навишта мешавад.
Барномаи муштари барои кор бо WWW браузер (аз калимаи лотини Browser-варакгардони кардан, чашм давондан) номида мешавад. {амчунин истилоҳи мурургар низ истифода мешавад. Вазифаи ин барнома дарефт кардани санадҳо аз сервисдиҳанда ва намоиш додани онхо барои кор мебошад.
Барои ҷустуҷуи информатсия дар Интернет барномахои махсус-Browser (броузерхо) хизмат мерасонанд. Масалан, Интернет Explorer мисоли чунин программа шуда метавонад. WWW тамоми чаҳонро ба фазои ягонаи информатсияи табдил медиҳад.
Барои ҷустуӯи информатсия сайти махсус Яндекс (yandex.ru) мавҷуд аст, ки бо ёрии он мо информатсияи лозимиро дар ёфт карда метавонем (Расми 1).

Почтаи электронӣ (E-mail)
Почтаи электронӣ (E-mail)- ин яке аз сервисёои паҳншудаи Интернет мебошад.
Почтаи электронӣ яке аз дастоварҳои бузурги технологияҳои компютерӣ мебошад. Имрӯз аллакай миллионҳо одамон дар тамоми ҷаҳон аз ин воситаи муосири алоқа васеъ истифода мебаранд. Бо вуҷуди ин почтаи электронӣ ҳамагӣ 5 фоизи шабакаро банд мекунад.
E-mail шакли электронии почтаи муқаррарӣ мебошад. Ба воситаи почтаи электронӣ корҳои зеринро анҷом додан мумкин аст:
• информатсия фиристодан;
• информатсия гирифтан;
• ба муштариён ба таври автоматӣ посух гуфтан;
• нусхаи мактубҳоро ба якчанд суроғаи дигар фиристодан;
• бо якчанд адресҳо мубоҳиса намудан.
Серверҳои зиёде мавҷуд аст, ки чунин хизматрасониро иҷро мекунанд. Ба суроғаи чунин хизматрасони E-mail фиристода мешавад, ки дар он фармонҳои ҳамон хизматрасони мавҷуд аст, дар посух ба воситаи E-mail файли зарурӣ мерасад.
Дар чунин режим истифодабарии почта танҳо ба воситаи гирифтани фармонҳои хизматрасонии ftr имконпазир мегардад.
E-mail имконият фароҳам меорад, ки телеконференсияҳо ва мубоҳисаҳо ташкил намоем. Барои ин барномаи махсуси рефлектори почта лозим аст, ки дар баъзе мошинҳои узел насб карда шудааст. Рефлектори почта баъди қабул кардани мактубҳо нусхаҳои онҳоро ба дигар обуначиён мефиристад.
Узелҳои алоқаи машғули хизматрасонии хабарӣ онро ба ҳамсояҳо мефиристад ва хабарҳо дар шабака зуд паҳн мешаванд.
Баъди насб кардани барномаи муштарӣ хизматрасонии Usenet дар компютери истифодабаранда рӯихати гурӯҳҳо сохта мешавад, ки ӯ дар онҳо хоҳиши иштирок намудан дорад ва бюллетени хабарии ӯро мудом дастрас мекунад.
Ин намуди хизматрасони пайваста аз ftp-серверҳои беном дар бораи файлҳои мавҷуда ахбор мегирад. Ҳамин барнома имконият медиҳад, ки аз рӯи ном ҷустуҷӯи файлҳо ва директорияҳо ва файлҳои номдор аз рӯи калимаҳои сарлавҳаҳояшон анҷом дода шавад


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.