Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Маълумот дар бораи технологияи информатсионӣ

Технологияи информатсионӣ- Ин мафҳуми маълумотҳои бо технология коркард мешударо дар бар мегирад. Технолгия якчанд намуди маълумотҳоро коркард мекунад, ки имрӯз ин фанро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун технологияи информатсионии ҳисоббарор меомӯзанд. Дар мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои худ технологияҳои заруриро меомӯзанд

Маълумот дар бораи технологияи информатсионӣ

Технологияи информатсионӣ

Технологияи информатсионӣ- Ин мафҳуми маълумотҳои бо технология коркард мешударо дар бар мегирад. Технолгия якчанд намуди маълумотҳоро коркард мекунад, ки имрӯз ин фанро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун технологияи информатсионии ҳисоббарор меомӯзанд. Дар мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои худ технологияҳои заруриро меомӯзанд.
Истилоҳи «Информатсия» яке аз категорияи умуми илмӣ буда, аз калимаи лотинии infonnation гирифта шудааст. Инсон доимо бо информатсия сару кор дошта, дар тамоми фаъолияташ истифода мебарад. Вай барои қабули информатсия намудҳои гуногуни ҳиссиёташ – гӯш, бинӣ, чашм, забон ва дасту пойро истифода мебарад.
Истилоҳи информатсия яке аз мафҳумҳои фундаменталии информатикаро ифода карда, таърифи аниқи илмӣ надорад. Чунин истилоҳҳо дар математика ҳам, ба монанди нуқта, маҷмуъ вуҷуд доранд. Дар ин маврид истилоҳдор бо ёрии мафҳумҳо ифода мекунанд. Дар зери истилохи информатсия хабар, маълумот, ахборотро фаҳмидан мумкин аст. Дар илму техника информатсия гуфта маълумотеро фаҳмидан лозим аст, ки вайро ташкил додан мумкин аст; интикол додан мумкин аст; нигоҳ доштан мумкин аст; коркард кардан мумкин аст.
Агар дар бораи технология гап занем- Технология ин таҷҳизотест, ки информатсия(маълумот)-ро коркард мекунад. Мавҳуми технологияро дар ҳар куҷо ҳар хел истифода мебаранд. Мисоли оддӣ ба технология имрӯз мо метавонем техникаҳои ҳисоббарор, Таъминоти техникаҳои теликомуникатсионӣ ва ғайраро ба инобат гирифтан мумкин аст. Коркарди технологияи иттилоотиро чунин тасвир кардан мумкин аст:

1.1.Нақшаи коркарди технологияи информатсионӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.