Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Клавиатура ва қисмҳои он

Backspace (¬) – ҳангоми пахш намудани ин тугмача курсор ба тарафи чап ба як мавқеъ мекӯчад ва рамзи аз тарафи чапи курсор ҷойгирифтаро тоза мекунад. Enter –дар ҳолати пахши он иҷроиши фармонҳои додашуда иҷро карда мешавад, ба ѓайр аз ин курсорро аз як сатр ба сатри дигар мекучонад
Клавиатура ва қисмҳои он

Клавиатура барои дохил кардани ягон рамз, ахбор, фармон ва идора кардани компютер хизмат мекунад. Клавиатура аз тугмачаҳо иборат аст, ки шумораи онҳо аз 109 то 112 то мебошанд.

Тугмачаҳои клавиатура ба шаш гурӯҳи зерин ҷудо карда мешавад:
1. Тугмачаҳои ҳарфӣ – ададӣ;
2. Тугмачаҳои функсионалӣ;
3. Тугмачаҳои идоракунии компютер;
4. Тугмачаҳои идоракунии курсор;
5. Тугмачаҳои ададии иловагӣ;
6. Индикаторҳо.

1. Тугмачаҳои ҳарфӣ – ададӣ ба тугмачаҳои машинаҳои чопӣ монанд буда, бо воситаи онҳо рамзҳо, рақамҳо, ҳарфҳо ва дигар аломатҳои гуногун дохил карда мешаванд.

Вобаста аз барномаҳои истифодашаванда тугмачаҳо метавонанд таъиноти худро дигар кунанд.
1. Тугмачаҳои функсионалӣ (аз F1 то F12) дар қисми болоии клавиатура ҷойгир мебошанд. Ин тугмачаҳо дар барномаҳои гуногун вазифаҳои гуногунро иҷро менамоянд.

3. Тугмачаҳои идоракунии компютер – ба ин гурӯҳ тугмачаҳо зерин дохил мешаванд;

Backspace () – ҳангоми пахш намудани ин тугмача курсор ба тарафи чап ба як мавқеъ мекӯчад ва рамзи аз тарафи чапи курсор ҷойгирифтаро тоза мекунад.

Enter –дар ҳолати пахши он иҷроиши фармонҳои додашуда иҷро карда мешавад, ба ѓайр аз ин курсорро аз як сатр ба сатри дигар мекучонад.
Shift (тарафи рост ва ҳам тарафи чап)- ҳангоми пахши ин тугмача дар якҷоягӣ бо ягон тугмачаи ҳарфӣ, рамзҳои дар регистри боло буда бо ҳарфҳои калон чоп мешавад. Агар индикатори Caps Lock фурӯзон бошад, он гоҳ ҳангоми пахши Shift ҳамаи рамзҳои дар регистри поён буда чоп мешаванд.
Ctrl ва Alt – дар клавиатураи компютерҳои фардӣ ин тугмачаҳо (чӣ тарафи чап ва чӣ тарафи рост) дар алоҳидагӣ ягон вазифаро иҷро намекунанд ва дар якҷоягӣ бо дигар тугмачаҳо истифода мешаванд. Масалан, пахши якҷояи Ctrl + Alt + Delete – ҳолати шахшудаи компютерро ислоҳ менамояд, Ctrl + s – сабти ҳуҷҷатҳо таъмин мекунад, Ctrl + с – нусхабардорӣ, Ctrl + v – гузоштани нусхабардори, Alt + х -баромадан аз он барномаро мефаҳмонад, таъмин менамояд ва ѓайра.
Caps Lock – ин тугмача индикатори Caps Lock фурӯзон ва хомӯш мекунад. Агар индикатор фурӯзон бошад, он гоҳ ҳамаи рамзҳои дар регистри болои буда, чоп мешаванд. Агар дар ин ҳолат тугмачаи Shift якҷоя бо ягон тугмачаи ҳарфӣ пахш карда шавад, он ҳарфҳои дар регистри поён буда бо ҳарфҳои хурд навишта мешаванд.
Tab – (табулятсия) курсорро ба як миқдори муайяни мавқеъ ба тарафи рост мекӯчонад. Инчунин ин тугмача барои гузоштани сархат (абзас) истифода мешавад.
Esc – тугмачае мебошад, ки дар вақти пахш намудани он иҷрошавии фармонҳоро бекор мекунад.
Print Screen Sysrq – агар ин тугмача якбора бо тугмачаи Shift пахш карда шавад ва дар ин ҳолат Num Lock фурӯзон бошад, он гоҳ ахбороти дар экран мавҷудбударо ба принтер мебарорад.
Инчунин дар ҳолати нишондиҳандаи мушакро ба болои мизи корӣ ё нишонаи дигар барномаҳо гузошта, тугмачаи Alt ва Print Screen Sysrq якҷоя пахш намоем, он нусхабардорӣ карда мешавад.
Sroll Lock – ин тугмачаро бо тугмачаи Ctrl якҷоя пахш намоем, иҷроиши барномаро боз медорад ва барои давом додан, тугмачаи дилхоҳро пахш намудан лозим аст.
Pause Break – ин тугмача рафти иҷроиши барномаи истифодашудаистодаро мувақкатан боз медорад. Барои давом додан, тугмачаи дилхоҳро пахш намудан даркор аст.
4. Тугмачаҳои идоракунии курсор – ин тугмачаҳо дар байни тугма-чаҳои ҳарфӣ – ададӣ ва тугмачаҳои ададии иловагӣ ҷойгир мебошад.

Insert – барои дар ду реҷа дохилкунии рамзҳо истифода бурда мешавад:
– дохилкунии рамзи иловагӣ бе ивазкунии рамзи пештар дохилкар-дашуда;
– дохилкунии рамз бо ивазкунии рамзи пештар навишташуда.
Delete – ин тугмача барои тоза намудани рамзе, ки аз тарафи рости курсор мавҷуд аст, истифода бурда мешавад.
Home – тугмае мебошад, ки дар вақти пахш кардан, нишонаи курсорро ба аввали сатр мекӯчонад.
End тугмае мебошад, ки дар вақти пахш кардан, курсорро ба охири сатр мекӯчонад.
Page Up ва Page Down тугмачаҳое мебошад, ки дар вақти пахш кардан курсорро ба як саҳифа, ба боло ва ё як саҳифа ба поён мекӯчонад.
«Ctrl + Home» тугмаҳое мебошад, ки дар вақти якҷоя пахш кардан, курсорро ба аввали саҳифа бармегардонад.
«Ctrl + End » тугмаҳое мебошанд, ки дар вақти якҷоя пахш кардани онҳо курсорро ба охири саҳифа ҷойгир мекунад.
5. Тугмачаҳои ададии иловагӣ – чунин тугмаҳое мебошанд, ки дар вақти фурӯзон будани тугмачаи Num Lock онҳо вазифаи тугмачаҳои ададиро, дар ҳолати акс вазифаи тугмачаҳои идоракунии курсорро иҷро менамоянд. Рамзҳо бошанд амалҳои арифметикиро ифода намуда, дар вақти пахш намудани он, амалиёти мазкурро иҷро менамоянд. Рамзи . – ҷудокунии қисми касриро нишон медиҳад.

Num Lock– тугмачае мебошад, ки индикатори Num Lock – ро фурӯзон ва хомӯш мекунад. Агар индикатор фурӯзон бошад, он гоҳ клавиатураи ададӣ ададҳо ва аломатро чоп мекунад, агар «индикатор» хомӯш бошад, он гоҳ вазифаи тугмачаҳои идоракунии курсорро дар экран иҷро менамояд.
6. Индикаторҳо

Num Lock бо пахши тугмачаи Num Lock фурӯзон ё хомӯш мегардад. Агар лапмаи индикатор фурӯзон бошад, он гоҳ пахши ҳар як тугмача ҳамон ададеро, ки дар он навишта шудааст, чоп менамояд. Тугмаҳои /, *, -, + аломати амалҳои арифметикиро ифода менамояд.
Агар лампаи индикаторӣ Num Lock хомӯш бошад, он гоҳ ин тугмачаҳо амалиёти тугмачаҳои идоракунии курсорро иҷро менамоянд.
Лампаи индикатори Caps Lock фурӯзон бошад, он гоҳ тугмачаҳои ҳарфӣ дар регистри болоӣ кор мекунанд, яъне ҳарфҳои калон чоп мешавад. Ба ададҳо ва рамзҳо ин дахл надорад. Агар дар ин вақт тугмачаи Shift – ро пахш кунем, он гоҳ ҳарфҳо дар регистри поён чоп карда мешаванд, яъне ҳарфҳои хурд чоп карда мешаванд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.