Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Microsoft Access – Хусусиятҳои СИБА

Базаи маълумотҳо – ин якҷоягии структураи барои нигоҳ доштани ахборотҳои ҳаҷми калон дошта ва модулҳои барномави мебошад. Модулҳои барномави барои идора кардани маълумотҳо истифода бурда мешавад. Дар базаи маълумотҳо ахборотҳо дар як ё якчанд ҷадвалҳо нигоҳ дошта мешавад, ки онҳо аз сатр ва сутун иборат буда онҳоро сабт ва майдон меноманд

аз фанни технологияи информатсионӣ

Мавзуъ: Мавҳуми Microsoft Access

Иҷрокунанда: Хонандаи синфи 11«А»
Бобоев Иномxон

Ыабулкунанда: Ризоева М
Мавзӯъи 9. Мавҳуми Microsoft Access
Барномаи Microsoft Access дар қатори барномаҳои Microsoft Word ва Microsoft Excel ба таркиби бастаи барномаҳои Microsoft Office дохил мешавад. Вазифаи асосии СИБМ Access – ин ба истифодабаранда пешниҳод намудани воситаи оддӣ ва фаҳмои тартибдиҳии базаи маълумотҳои дилхоҳ мебошад. Расман, барномаи мазкур барои тартибдиҳии базаи маълумотҳо маҳорати баланди барноманависиро талаб наменамояд ва онро тамоми истифодабарандагон барои талаботҳои худ истифода бурда метавонанд. (Лекин, таҷрибаи як қатор барномасозон аз он шаҳодат медиҳад, ки истифодабарии самараноки барномаи мазкур танҳо бо алокамандии маҳорати барноманависии касбӣ амалӣ мегардад.)
Бо мақсади боз ҳам самаранок намудани натиҷаҳои истифодабарии базаи маълумотҳои дар СИБМ Access тартибдодашуда, маҳз барои барномасозон, имконияти татбиқи забони барноманависии Visual Basic for Applications (VBA) пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, СИБМ Access бо дигар барномаҳои бастаи Microsoft Office муттаҳид карда шудааст. Масалан, маълумотҳои базаи маълумотҳои дар СИБМ Access тартибдодашударо интихобан дар протсессори матнии Word омода намудан мумкин аст.
Дар тўли солҳо ширкати Microsoft кўшиш намудааст, ки СИБМ Access-ро на танҳо ба яке аз барномаҳои тавонои идоранамоии базаи маълумотҳо, балки ба яке аз воситаҳои оддӣ ва қулайи тартибдиҳии базаи маълумотҳо табдил диҳад. Азбаски барномаи мазкур ба бастаи барномаҳои Microsoft Office дохил мебошад, ба он аксарияти хусусиятҳои барномаҳои Microsoft Office хос мебошанд. Масалан, дар оинаи асосии барнома сатри меню, лавҳаи тугмачаҳо ва сатри ҳолати ҷорӣ мавқеи муайян доранд ва аксарияти амалиётҳои стандартӣ тавассути тугмачаҳо ва фармонҳои мувофиқи меню иҷро мешаванд. Истифодабарии буфери мубодилаи Office низ барои мубодилаи маълумотҳо байни барномаҳои ба монанди Microsoft Word ва Microsoft Excel имконпазир аст.
Дар он солҳое, ки мафҳуми базаи маълумотҳо ба вуҷуд омадааст, дар онҳо ҳақиқатан ҳам танҳо маълумотҳо нигоҳ дошта мешуданд. Лекин, ҳоло аксарияти СИБМ на танҳо маълумотҳоро, балки тарзҳо-ро (яъне, кодҳои барномавиро) низ дар бар мегиранд, ки тавассути онҳо бо истифодабаранда ё дигар комплекси барномавӣ таъсироти мутақобила амалӣ мегардад. Ҳамин тавр, дар СИБМ–и ҳозира на танҳо маълумотҳо балки иттилоот низ нигоҳ дошта мешавад.
Ба сифати намунаҳои анъанавии чунин базаи маълумотҳо, масалан, базаи маълумотҳои бонкҳо, системаҳои тақсимоти чиптаҳои авиатсионӣ ё роҳи оҳан, ҷой дар меҳмонхонаҳои калон ва ғ. дида баромадан мумкин аст.
Бо мафҳуми базаи маълумотҳо мафҳуми системаҳои идоракунии базаи маълумотҳо алоқамандии зич дорад. СИБМ ин комплекси воситаҳои барномавӣ мебошад, ки барои тартибдиҳии структураи базаи нав, бо маълумотҳо пурра намудани он, муҳарририи маълумотҳои он ва ба таври аёнӣ пешниҳод намудани ин маълумотҳо пешбинӣ шудааст.
Имрўз дар ҷаҳон СИБМ–и зиёде мавҷуд мебошанд. Ба гуногунии тарзи кор ва намуди объектҳои коркардшавандаи онҳо нигоҳ накарда, структураи кори аксарияти СИБМ ба маҷмўи ягонаи мафҳумҳои асосӣ такя мекунад. Бинобар он, барои фаҳмидани моҳияти базаи маълумотҳо ва тарзҳои ташкил ва идоракунии СИБМ, дар ибтидо, дида баромадани яке аз чунин системаҳои идоракунии базаи маълумотҳо кифоя мебошад.
Мавзӯъи 10-11. Барномаи СУБД–и Microsoft Access. Стрктураи базаи маълумот, майдонҳо
Ба сифати чунин объекти омўзишӣ СИБМ Microsoft Access–ро дида мебароем. Оинаи асосии Ms Access чунин намуд дорад (Пуск=>Прог¬раммы=>Ms Access, Пуск=>Выполнить=>Msaccess):
Оинаи асосии СИБМ Microsoft Access
Структураи базаи маълумотҳои оддитарин. Ҷадвалҳо
Қайд менамоем, ки агар дар базаи маълумотҳо ягон маълумот нигоҳ дошта нашуда бошад ҳам, он базаи маълумотҳои мукаммал ҳисобида мешавад. Гарчанде, чунин базаи маълумотҳо маълумотҳоро дар бар надорад, вале он дорои структура, яъне иттилоот мебошад. Структураи база тарзҳои дохилнамоии маълумотҳоро ба база ва нигоҳдории маълумотҳоро муайян менамояд.
Базаи маълумотҳо дилхоҳ объектҳоро дар бар гирифта метавонад ва яке аз объектҳои асосии дилхоҳ базаи маълумотҳо ин ҷадвалҳо мебошанд. Ҳар як базаи маълумотҳо ақаллан як ҷадвал дорад. Дар ҳолати охирин структураи базаи маълумотҳо ба структураи ҷадвали он айниятан монанд мешавад.
Маълум аст, ки структураи ҷадвали дученакаро сатру сутунҳои он ташкил медиҳанд. Дар базаи маълумотҳо сатрҳо – навиштаҷот, сутунҳо – майдон номида мешаванд. Структураи базаи маълумотҳоро дар ниҳояти кор майдонҳои он муайян менамоянд. Масалан, агар дар база навиштаҷот набошад, ин маънои онро дорад, ки базаи маълумотҳо танҳо бо гурўҳи майдонҳои худ ташкил ёфтааст. Лекин, агар майдонҳои (ё хосиятҳои майдонҳо) ҷадвали базавӣ (асосӣ) тағйир дода шаванд, ин маънои тағйирдиҳии структураи базаи маълумотҳо ва мувофиқан ҳосил намудани базаи маълумотҳои навро дорад.
Ҷадвалҳо яке аз намуди объектҳо мебошанд, ки ба базаи маълумотҳои Microsoft Access дохил мешаванд. Дар расми зерин оинаи муоширатии асосии базаи маълумотҳо инъикос ёфтааст, ки дар он тамоми объектҳо оварда шудаанд:
Оинаи объектҳои СИБМ Microsoft Access
Дар оинаи мазкур объектҳои базаи маълумотҳои Microsoft Access – Ҷадвалҳо (Таблицы), Дархостҳо (Запросы), Шаклҳо (Формы), Ҳисоботҳо (Отчеты), Саҳифаҳо (Страницы), Макросҳо (Макросы) ва Модулҳо (Модули) инъикос ёфтаанд. Аз тамоми намуди объектҳо танҳо ҷадвалҳо барои нигоҳдории иттилоот пешбинӣ шудаанд. Дигар намуди объектҳо барои азназаргузаронӣ, муҳаррирӣ, коркард ва таҳлили маълумотҳо пешбинӣ шуда, дастраснамоии маълумотҳоро ба таври аёнӣ таъмин менамоянд.
Майдонҳо
Майдонҳо ҷузъи асосии базаи маълумотҳои барномаи Access мебошанд. Онҳо на танҳо структураи базаи маълумотҳоро муайян менамоянд, балки инчунин, хосиятҳои маълумотҳои ба ҳар як катакчаи майдон дохилшударо низ муайян мекунанд. Майдонҳои ҷадвали СИБМ Ms Access дорои чунин хосиятҳо буда метавонанд:
Номи майдон – ҳангоми амалиётҳои автоматикӣ бо база бо ин ном ба маълумотҳои майдон муроҷиат мекунанд (одатан номи майдонҳо ҳамчун сарлавҳаи сутунҳои ҷадвал инъикос меёбанд);
Намуди майдон – намуди қиматҳои майдонро муайян мекунад;
Андозаи майдон – дарозии ниҳоии маълумотҳоро (бо рамзҳо), ки дар майдон ҷойгир шуда метавонанд, муайян менамояд;
Формати майдон – тарзи форматиронии маълумотҳоро дар катакчаҳои майдон муайян менамояд;
Ниқоби дохилнамоӣ – муайянкунандаи шакли дохил намудани маълумотҳо ба майдон (воситаи автоматикунонии дохилкунии маълумотҳо);
Имзо – сарлавҳаи сутуни ҷадвалро барои майдони додашуда муайян менамояд (агар имзо муайян нашуда бошад, он гоҳ, ба сифати сарлавҳаи сутун хосияти Номи майдон истифода мешавад);
Шарти маълумотгузорӣ – маҳдудияте, ки барои санҷиши саҳеҳии маълумотҳои дохилшаванда пешбинӣ шудааст (одатан барои маълумотҳои намуди ададӣ, молиявӣ ё намуди сана дошта истифода мешавад);
Ахборот оиди хатогӣ – ахбороти матнӣ, ки ҳангоми ба майдон дохил намудани маълумотҳои хато бароварда мешавад;
Майдони зарурӣ – хосияте, ки зарурати бо маълумотҳо пурра шудани майдонро ҳангоми пурра намудани базаи маълумотҳо муайян менамояд;
Сатрҳои холӣ – хосияте, ки дохилнамоии маълумотҳои сатрии холиро иҷозат медиҳад;


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.