Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Ба танзимории хосиятҳои экрани манитор (Windows XP)

Ҳангоми кор дар Windows истифодабарандаи компютер имконият дорад, ки шакли экран ва элементҳои онро мувофиқи таъби худ ба тартиб орад. Истифода баранда метавонад, ки барои сатрҳои сарлавҳа ва менюи равзанаҳо, матнҳои ҷудокардашуда ва ғайра тобишҳои рангиро мувофиқи таъби худ интихоб намояд

аз фанни технологияи информатсионӣ

Мавзуъ: Ба танзимории хосиятҳои экрани манитор

Иҷрокунанда: Хонандаи синфи 11«А» Ёrубов Ҷаҳонгир

Қабулкунанда: Ризоева М

БА ТАНЗИМОРИИ ХОСИЯТҲОИ ЭКРАНИ МОНИТОР
Ҳангоми кор дар Windows истифодабарандаи компютер имконият дорад, ки шакли экран ва элементҳои онро мувофиқи таъби худ ба тартиб орад. Истифода баранда метавонад, ки барои сатрҳои сарлавҳа ва менюи равзанаҳо, матнҳои ҷудокардашуда ва ғайра тобишҳои рангиро мувофиқи таъби худ интихоб намояд. Барои ороиш ва зебу зиннат додани Мизи кории система истифодабаранда дар ихтиёри худ воситаҳо ва имкониятҳои сершумор дорад. Барои батанзимории хосиятҳои экран, дар Панели идо- ракунии Windows мо бояд нишонаи Экранро интихоб кунем ва равзанаи папкаи онро кушоем. Равзанаи робитавии Свойства: Экран (Хосиятҳои экран) дар расми 51 оварда шудааст.
Батанзимории экран ба воситаи шаш тугмаи қабатии равзана – Фон (Замина), Заставка (Ороиш), Оформление (Батартиборӣ), Эффекты (Таъсирот), Web (Web), Настройка (Танзим) амалӣ гардонида мешавад. Тугмаи қабатии Замина имконият медиҳад, ки ранг ва нақшу нигори заминаи Мизи корӣ интихоб карда шавад. Объекте, ки ба сифати заминаи Мизи корӣ истифода бурда мешавад, асосан аз папкаи С:\\Windows гирифта мешавад. Агар объектҳои папкаи Windows қобили қабули истифода- баранда набошанд, он гоҳ ў тугмаи командавии Обзор-и рав занаро пахш намуда, расму нақшу нигорҳои ба худ мувофиқтарро дастрас намуда метавонад.

Ҳангоми интихобкунии объекти заминавӣ, система бо ёрии тугмаҳои коман- давии Узор… (Нақшу нигор…), Расположить (Гузошта ша-вад) ва Применить (Тадбиқ карда шавад) ба истифодабаран- дашароит муҳайё месозад, ки объект таҳрир ва сабт карда шуда, дар мобайн ё тамоми экран ҷойгир карда шавад. Тугмаи қабатии Ороиш барои интихобкунии тасвири ди- намикии экран ва фосилаи вақти пайдошавии он хизмат ме- намояд, ки он ҳангоми бо компютер кор накардани истифо- дабаранда, ба таври автоматӣ ба кор медарояд. Дар вақтикори тасвири динамикии экран информатсияи аслии дар экранбуда нопадид мегардад. Ин информатсия вақте аз нав пайдо мешавад, ки агар истифодабаранда ягон тугмаи клавиатура ё мушро пахш намояд. Дар ин мавридҳо баъзан мегўянд, ки экран ба реҷаи дамгирӣ гузаштааст. Дар ҳақиқат ҳам ҳангоми пайдошавии тасвири динамикии экран, монитор ба реҷаи сарфакунии энергия мегузарад.
Тугмаи қабатии Батартибории равзанаи Хосиятҳои экран барои танзими намуди зоҳирии элементҳои идоракунии Windows пешбинӣ карда шудааст. Бо ёрии воситаҳои танзимгари ин тугма пеш аз ҳама рангҳо ва ҳуруфҳо интихоб карда мешаванд. Воситаҳои иловагии танзими ороишии Мизи корӣ дартугмаи қабатии Таъсирот пешбинӣ карда шудаанд. Бо ёрии тугмаи қабатии Web-саҳифаҳои Итернетро дар Мизи корӣ ҷойгир кунонидан мумкин аст. Тугмаи қабатии Танзими равзанаи Хосиятҳои экран ба- рои ба танзимории параметрҳои ғунҷоишӣ ва рангии экран хизмат мерасонад. Миқдори рангҳои дар экран истифодаша- ванда бо ёрии рўйхати Цветовая палитра (Палитраи рангӣ) ва ғунҷоиши нуқтаҳои экранӣ бо ёрии тездаваки Область экрана (Соҳаи экран) ба танзим оварда мешаванд. Қиматҳоиҳудудии ин параметрҳо аз хосиятҳои видеоадаптер ва мони тор вобастаанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.